Асрори даргирии Рашт ифшо мешавад?

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки ҳамаи тафсилоти даргирии моҳи феврал дар Рашт ошкор гаштааст, аммо ба омилони он ҷазо дода наметавонад. Ба ин тартиб на онҳое муҷозот мешаванд, ки ин ҳодисаро тарҳрезӣ ва амалӣ карданд, на онҳое, ки сабаби қатли фармондеҳи нерӯҳои вижаи Вазорати корҳои дохилӣ Олег Захарченко шуданд. Бори дигар бингарем ба матлабе, ки 7 феврал «Андеша» ба чоп расонда буд.

Хабарнигори пуёи «Азия Плюс» Далер Гуфронов ва шариконаш талош кардаанд, асрори даргирии нерухои Вазорати умури дохилии Точикистонро ифшо кунанд. Вале икрор кардаанд, ки харду чониби ходиса хануз омода нестанд, хамаи хакикатро баён доранд. Биноан пурсишхои зиёде бепосух мондаанд.

Изофа ба пажухиш ва саволномаи муаллифони бочасорат бояд ин пурсишхоро хам дунбол кард, ки агар муовини раиси УБОП-и вазорат Розик Назрибеков ва сардори ситоди фаврии вазорат Алик Абдуллоев аллакай дар Гарм буданд ва дар чаласаи солона ширкат доштанд, чаро хайати дигаре аз вазорат хамрох бо дастаи ОМОН ба ин чо сафар кардааст? Ва аз чй раиси УБОП Рачабалй Махмадалиев низ ба чаласае рафтааст, ки муовинаш он чо буд? Оё ба чаласахои дигар бахшхои минтакаии УБОП низ онхо дар хамин хайат ширкат мекарданд?

Чаро вазири умурии дохилии Точикистон, Мамадназар Солехов гуфтааст, дастаи ОМОН дар Рашт коре надошт, балки ба нохияи Чиргатол рафтанй буд? Он гох казияи зарурати ширкати он дар чаласаи солона дар Гарм, маълум мешавад, газоф аст? Сарбозони катории ОМОН низ дар чаласахои бахшхои минтакаии УБОП ширкат мекунанд?

Дар кадомин лахза вазъият аз зери назорат берун рафта, ба тирандозихо оид шудааст? Оё бо омадани ОМОН ва ё пас аз гуфтугухо? Ва нихоят, дар баёнияи вазорат гуфта мешавад, фиристодагони Душанбе танхо максад доштанд, дар чаласаи солона ширкат кунанд. Вале хамзамон фармондехи бахши УБОП Мирзохуча Ахмадов ва тобеъони вай дар чандин чиноят дар водии Рашт айбдор мешаванд. Пас ин талоши баргузории чаласа буд ва ё «разборка»?

One Response

  1. Tabrik baroi paido shudani imkoni roidihi

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: