Хушхабаре дар бораи зода шудани TajikWord

ДУРУД БАР ЗАФАР 

Ин хабар дар хакикат муждаи нек аст. Дастае аз олимони точик тахти сарварии мудири бахш дар Пажухишгохи математикаи Фархангистони Улуми Точикистон, академик Зафар Усмонов, нахустин мухаррири компютерии матнро бо номи TajikWord омода карданд. Ин нармафзор матни навиштаи моро аз нигохи сарфу нахв дунбол мекунад ва мадад медихад, ки бегалат нависем. Он бо барномахои WindowsXP ва Vista хамкор шуда метавонад.

ВОЖАНОМАХО

Пас аз Ватани азизи мо хушхабар хам мерасидааст, харчанд барои бисерихо ахамияти ин навоварй чандон бузург набудааст, ки сатре ба он набахшиданд. Олимони баномуси точик инчунин лугатхои компютерии точикй ба русй ва русй ба точикиро бо беш аз 70 000 вожа ва иборахо омода карданд. Муборак аст!

ЗАБОНИ МУОСИР Ё МУЪОСИР?

Албатта, бояд дид, ки Мухаррири матн ва вожаномахо то кучо ба талаботи замона посухгў мебошанд, зеро аз як сў мебояд бисёр галатхои пешинаро ислох кард ва забони ноби моро аз навоварихои бесаводона ва кур-куронаи охирзамон хифз намуд. Беназмихо ва худсариву худдонамихои зиндагии имруза ба забони мо хам асар гузошта, кори олимонро моро ба маротиб душвортар кардааст.

РУ БА АЛИФБОИ НИЁКОН?

Масъалаи дигар ин аст, ки агар мо хуруфи сирилликро хамингуна хифз карданй бошем, бояд душвории истифодаи 7 харфи вижаи худро бознигарй кунем, ки бо сабаби на дар хамаи браузерхо хоно буданашон, банда гохе аз истифодаи онхо худдорй мекунад. Шояд рохе бошад, ки бо ислохоти хурде тадричан ин душворихоро аз байн бурд. Гохе ман талош мекунам, аз калимахое истифода кунам, ки чунин хуруф надошта бошанд ва табъан ин чиз сабаби камрангии (аввал навиштам — кашшокии) забон мешавад.

ДАРИЧАЕ БА БЕРУН

Агар мо, тавре ба назар мерасад, ба ин зудихо ба расмулхати ниёкон бозгаштанй набошем, бояд аз олимони азизи худ як дархости дигар низ бикунем. Бигзор барномаи компютерие дуруст кунанд, ки бо гузоштани матни сириллик ва як “ангушт задан” онро ба матни форсй гардонад ва хамчунон бо андохтани матни форсй ва як нохунзанй онро сириллик кунад. Ин робитаи моро бо чахони берун кавитар хохад сохт, зеро бехтарин осори чахонй ва охирин бозёфтхои илми дунёро метавон, хеле зуд дастраси мардуми худ кард.

КАДРИ ЗАР БИДОНЕМ

Вакте дар пеши номи Зафар Усмонов вожаи “академик”ро менавиштам, намедонистам, ки у дарвокеъ академик аст. Маъмулан олимони боамали мо ками дар кам ба чунин унвон ноил мешаванд. Дар холе ки эшон академик хастанд, бояд унвони баландтареро сохиб шаванд ва ё чоизаи давлат насиби он кас ва шарконашон шавад, зеро кореро карданд, ки Билл Гейтс накарда буд.

One Response

  1. زیزدان و از ما بر آن کس درود — که از داد ومهرش بود تار پود.

    این یک گام بسیار بزرگ در نگهداری زبان فارسی ( تاجیکی ) است، . درود بر آفریده گار این نرم ابزار.

    به امید بهروزی تاجیکان.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: