Давлату савлат низ “лимит”-е дорад

rahmon.jpg

Магар дар хама чиз президент гунахкор аст? Агар сармост, барк нест, газ нест, об нест, орд гарон шудааст, сармояи давлатро медузданд, мардикорон кушта мешаванд… хамаи ин айби президент аст? Ин суолест, ки худи Рахмон дар миён мегузорад, то посухи “на”-ро бишнавад (мусичаи бегунох!). Пурсиши посухдорест, ки химоятгарони вай аз он сипар дуруст мекунанд.

Донимшмаъоби дигар мегуяд, агар начоти як миллат дар дасти як шахс бошад, войи он миллат, ки сазовори марг аст. Аз кадом китобе хондааст, зеро сухани ошное ба назар мерасад, мисли онки бори дигар, дар пайти дигар ва аз каси дигаре шунидаем ё хондаем.

Вале инро хам шунидаем ё хондаем, ки “духтар чигуна? — Модар намуна”. Ё худ русии “короля играет свита”. Умки рахбарии хар сарварро ончи муайян мекунад, ки дар атрофаш кихоро чамъ овардааст. Агар он тавре аз чаласаи аввали соли хукумати Точикистон бармеояд, вазирон бепарво ва ношояманд, раисон дар гами мардум нестанд ва шахрдор кори худро дуруст ичро намекунад, ин аст ба истилох, характеристикаи рахбар, зеро касонеро чамъ кардааст, ки ноухдабароянд.

Шумо як бор ба одамони тасодуфй ва ношоиста бовар мекунед. Равед, ки боз иштибох кардеду ду бор ба онхо бовар кардед, аммо агар хамаи 15 сол чунин иштибохро такрор ва ба афроди дуругин бовар мекунед, пас худи шумо чизе беш аз тасодуф ва дуруг нестед.

Хурондану пушондан ва ба кор таъмин кардани 7 миллион нафар кори сахте нест ва як сохибкори доно метавонад, хеле осон ба ин максад бирасад. Худи чаноби Рахмон дуруст фармуд, ки халки мо хеле бомаърифат ва хунарманд аст, агар камтарин мадад шавад, худ аз ухдаи таъмини худ мебарояд. Пас, аз барои худо, дар ин 15 сол оё он камтарин мадад ба ин мардум расонда шуд? Пас чи чои даъвои сарварию рахбарист?

Президент Рахмон хануз охирин шонсе дорад, ки дар фурсати хеле ками дигар хукумати коро ва гамхори мардум ба вучуд орад, харчанд мебинем, ки на дар гами мардум, балки дар гами атрофиёни ношуди худ фуру рафтааст. Агар дар ин охирин мухлат низ хамин гуна машгули дуругбозихо бимонад, худо медонад, ин мулкро чи дурнамое дар пеш хохад буд.

One Response

  1. Яъне, 15 соле, ки аз гура халво напухт!
    D

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: