Хандону шакарафшон, вале на бо мо?

Rubi from Tajikistan sold in Chicken Street in Kabul

Ба назари Шумо ин акси чист? Касе агар дар умри сараш як бор хам лаълро дида бошад, холо онро ин чо бишинохт. Аммо касе, ки номи онро факат дар ашъори шоирони бенавои мо шунидааст, ба сад гумон рафт.

Ин лаъли Бадахшон аст, ки чанде пеш дар бозори санги Кобул ба фурўш рафт. Санги хеле бузург, 200 қирот ё карат, дар холе ки калонтарин лаъли то холо кашфшуда 325 карат аст. Пас ин санг дар чои дувум мебошад. Албатта, шояд баъд аз коркард хурдтар шавад, вале ин мухим нест, мухим он аст, ки давлати Точикистон ва мардуми точик аз фурўши ин сарват қироне ё дираме суд накардаанд ва гумруки кишвар низ аз берун рафтани ин санги гаронбахо хабаре надораду марзбонон хам чизе намедонанд.

Аз Точикистон будани ин санг низ тасодуфан ошкор шудааст. То ин вакт лаъли зиёде дар ин бозор ва бозорҳои дигар на хамчун лаъли Бадахшон ё санги Точикистон, балки хамчун моле аз Бирма, Непал ва Хиндустон (дар бадтарин холат Покистон) ба фурўш мерафтаанд. Дертар як лаборатория бо номи AIGS lab бо омузиши ин сангхо ба натичае расид, ки онхо ба сангхои хамсони кишвархои номбаршуда монанд нестанд ва пас аз чанде эълом дошт, ки ин сангхо аз Точикистон бароварда шудаанд. Илму дониш дархоро мекушоянд ва асрорро низ…

Хафтае пеш даллолони бозори чахонии тило изхори хайрат карданд, нархи тило босуръат боло мераваду хачми тилое, ки Точикистон ба бозор мефиристад, то рафт кам мешавад. Дар холе ки нархи тило аз нархи нафт хам баландтар шудааст, тилои Точикистон 50% камтар тавлид мешавад. Мегуянд, сармоя нест, тачхизоти зарурй нест, мутахассис нест ва гайра.

Нархи лаъл дар бозори чахон аз нархи алмос ё бриллиант баландтар аст. Хар грамми лаъл 100 доллари амрикоист ва хар грамми алмос 75. Оё мо медонем, ки Точикистон чи кадар лаъл мефурўшад? Аслан кишвар лаъл мефурўшад ва ё хамаи он аз рохи кочок ба бозорхои чахон меравад? Агар мо дар Бадахшон Кўхи Лаъл дорем, чаро мардуми Бадахшон зори як лингча орди Оғохонанд? Касе ин мавзуъро пажўхиш кардааст? Магар ин чо хам илму дониши зиёд даркор аст ё факат фаросот ва хушмандй?

Афроди зиёде аз мамолики гуногун ба Точикистон сафар мекунанд ва мегуянд, ба махзи дидани Бадахшоне, ки кухи лаъл дорад. Бархе аз мансабдорони кишвар масъалаи раводиди сафару рохбаладии онхоро хал мекунанд. Пас аз бозгашт ин афрод аз тарики интернет ба фурўши лаълу зумурраду лочварди Точикистон сар мекунанд. Метавонед, ин сомонахоро боз кунеду худ бихонед.

Кулохи машхури Мономах лаъле дорад аз Бадахшон. Мудири ширкати Ост-Индиа ба маликаи Бритониё гарданбандеро хадия карда буд, ки аз Аврангзеб ба дасти шохи сикхҳо афтода буд ва ба номи Лаъли Темурланг машхур буда, низ аз Бадахшон дарёфт шудааст. Ин санг холо дар Кохи Букингами Лондон махфуз аст. Хеч кадоме аз подшохони мо чунин ороишторо надошт ва мардуми Бадахшон ба хамон шевае зиндагй мекунад, ки дар ахди Мономах.

Онро факат дар шеъри бузургонамон хондаем. Лаъли ноб, пайконй, руммонй, гавҳаркаш, гухарбор… Ва хатто шакарафшон. Аммо харгиз дахони мо аз он шакар ширин нашуд, ки нашуд. Магар пайташ нарасидааст?

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: