Касе зарарҳои маҳалгароиро баршумурдааст?

Донишманди мо М. Ғиёсов дар шумораи саввуми нашрияи «Ориёно»(17.01.2008) зери унвони «Идеяи миллӣ чист?» хулосаҳои муҳимеро ба миён гузоштааст. Дар яке аз бахшҳои мақолааш вай маҳалгароиро яке аз монеъаҳои сангини ваҳдат ва якпорчагии миллат ва аз падидаҳои мухолиф ба ташаккули Идеяи Миллӣ шумурда, сипас ин гуна шарҳ медиҳад: 

«Маҳалгароӣ дар зоти худ айбе надорад, муҳаббат ба хешу табор ва ҳамшаҳриву ҳаммаҳал як кашиши табиӣ буда, дар дасти инсон нест. Вале дар давлатдорӣ наметавон аз ин меъёрҳо истифода кард, зеро сиёсати маҳалгароёна дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо таваҷҷӯҳи бештар ба минтақаи хос дар тахсиси имконоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра боиси норозигии иҷтимоӣ ва нобоварии мардуми маҳрум мегардад.» 

Суханони хеле сода ва олиҷаноб. Вале оё ҷаноби олияшон «Ориёно» мехонда бошад ва гуше дар кишвар ин садоҳоро мешунида бошад? Рост аст, ки маҳалгароӣ аз сарварони ҳозира сар нашудааст ва таърихи он ба замони шуравӣ бармегардад, аммо сарварони он давра метавонанд, худро «сафед» кунанд, ки Маскав онҳоро ба бозӣ меандохт, сарварони кишвари мустақили имрузаро кӣ бозӣ медиҳад? 

Ин ҳам шояд начандон муҳим аст, зеро гуфтаанд, «дили нохоҳамро узри бисёр». Муҳим ин аст, касоне , ки имруз ин бемориро густаришу тақвият медиҳанд, чи хиёнати бузурге ба ояндаи миллат мекунанд ва касоне, ки ин ҳамаро мебинанду сукут меварзанд, ба ин ҷиноят шариканд. Асари мараз ва сиёсати кунунӣ баъд аз даҳсолаҳо ру хоҳад зад ва он наслҳо моро нахоҳанд бахшид. Афсус, донишмандони мо зарарҳои маразро барои ояндаи миллат якояк барнашумурдаанд, вагарна шояд ҷаноби олияшон низ намехост, ки аберу чабераш ба чунин оянда ру ба ру гарданд.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: