Театр ва ё сирк?

Ба назари Шумо чунин намеояд, ки вожаи “сирк” ғайриоддист? Оре, мо як замон онро таври дигаре менавиштем: Цирк! Ва дафъатан ширинкороне монанди Юрий Никулин ба ёди мо мерасид ва шахсе монанди Карандаш ё дар камтарин ҳолат маймунҳои шўху худбовар, ки ба назар мерасид, моро ҳеч хаёл мекунанд…

Хотира аз замони кўдакй ё наврасист. Вақте бузург шудем, дидем, ки тамоми умр ширинкор буданд чи сахт аст ва саҳнаи он ки маймунҳо ба шерҳо амр медиҳанд чи дарднок. Бадбахтист, ки имрўз дар ҳама гуша ва канори дунё бузинаҳо дар сари коранд ва ба шерҳо дастури амал медиҳанд. Онҳо ҳатто ба шерҳо савор мешаванд ва онҳоро мисли харон метозанд.

Шоири саршиноси мо, Бозор Собир, зиндагиро ба саҳнаи театр монанд кардааст, уи дар он ҳар фарде ниқоб дар руй мехоҳад нақше бибозад. Вале ба назари ман зиндагии имруз на театр, балки тсирк аст. Шоирону нависандагон ба ҳамон ширинкор ва ё луттиҳо табдил ёфтаанд, палангҳо гурба шудаанд ва аксари кул хазанда.

Пурсиши ман аз Шумо ин аст, ки оё шеред ва ё маймун. Оё метавон чунин андешид, ки замоне шерон сарвар хоҳанд буд ва бузинаҳо мақоми аслии худро пайдо хоҳанд кард? Пурсиши сахт. Ва бепосух. Номуайян…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: