Фарҳанг

val.jpg
 «Ман номи худро танхо барои он ки бо «Аллох» хамоханг буд, иваз кардам. Ба хотири ин ки ба гуши аврупоиён форам бошад ва номи худои мусулмононро ба ёд наоварад. Махсусан, ки «Алла» бо хуруфи лотинй мебоист бо як «эйч» дар охираш навишта шавад, яъне ингуна мебуд — Allah.
  
Хамин гуна овозхони рус Валерия номи аслияшро ифшо кард, ки Алла Перфилйева будааст.

Чавонони точик на танхо аз сурудхои безавкона, частухези бехуда ва таннамоишдихии Валерия ба важд меоянд, балки бисёре аз хонандахои русро дуст медоранд. Диски ин афрод дар дуконхои Душанбеву Хучанд фаровон ба фуруш мераванд. Баъзе аз овозхонхои мо аз хамин гуна афрод пайравй мекунанд. Онхо хатто аз таронахои русие, ки дар онон точикон мавриди масхара карор мегиранд, таблиг мекунанд ва дискхои «Равшану Джамшуд»-ро мехаранд.

То кай фарханги хамарузаи мо зери таъсири русхо, ки дар аврупо «барбар» шумурда мешаванд, бокй хохад монд?
___________________________________

Аз бойгонии ин гуша:

Наврўз — иди мардумист ё давлатй?

                    ***

Гито — дилдодаи табиат ва нилуфар 

                     ***
                     ***
                     жжж 
                     жжж
                     жжж
                     жжж
                     жжж
                     жжж
                     жжж
                     жжж
                     жжж
                     жжж
                     жжж
Дар бораи масчиде навишта будам, ки намози шом вориди он шудам ва як пирмарди қоматхамидаро дидам, ки яккаву танҳо намоз мегузошт. Дар шигифт афтодам, ки ин пирамард худаш имоми намози худаш буд. Аз дуои вай дарёфтам, ки марде дар деха намондааст, ба намоз биёяд ва канори пирмард биистад. Дуо мекард, ки рафтагони роҳи дарозу пурхатари мардикории Русия зудтар баргарданд, то у дигар ба танҳой намоз нагузорад.Дусти арчмандам навишт, магар хабар надорам, чигуна масчидҳоро мебанданд, чавонону навхатонро аз рафтан ба масчид манъ мекунанд, фатвои номуборакии зан дар масчидро медиҳанд. Ва имруз тасодуфан чашмам ба навиштае дар интернет афтод, ки тибқи он 300 масчидро дар Точикистон баста ё тахриб кардаанд ва ё ба ороишгоҳу сартарошхона табдил додаанд. Ин амали зиштро онҳое анчом додаанд, ки орзу доранд, ба хамаи риштаҳои зиндагии мардум назорат кунанд. Онҳо фикр мекунанд, бо фуру афтондани дару девору меҳроб мешавад, Худоро аз дили инсонҳо берун ронд ва бо овехтани аксҳои бузурги хеш дар кучаҳои баъзан пур аз ахлот худро ба дили инсонҳо чой кард. Магар мутмаъинанд, ки ингуна осон хоҳанд тавонист, кореро бикунанд, ки падарони коммунисти онҳо бо тиру тонку завлонаву маҳбас ва миллионҳо куштаву захмиву зиндонй натавонистанд, бикунанд?Нахустин майли як наврас ба дину масчид аз пурсишҳои азалии “Ман кистам? Аз кучо меоям ва ба кучо меравам? Дар атрофи ман чист ва ман бояд чигуна бошам?” маншаъ мегирад. Ин аввалин гоми худшиносист. Онҳое, ки ба ин майли зотии инсонҳо мухолифат меварзанд, мардуми худшинос, бедор ва сарзиндаро барои хеш хатар мешуморанд. Пас он чанг идома дорад ва сулҳ танҳо гургоштие будааст, барои ҳифзи пирузии “ғолибон”?Аммо як дусти меҳрубонам аз Душанбе менависад, бастани бархе аз масчидхо сабабгори бамаротиб пуриздихом шудани масчидхои дигар гашт. Вай меафзояд, ҳар руз ъангоми бозгашт аз коргоҳ мебинад, ки одамон саф андар саф ба суи масчид мераванд, айнан монанди намоишҳои рузи Якуми май. Ин посухи онҳост ба зуроварии ҳукумат.

11 Responses

  1. man ba in kornamoihoi «Hoji» (haifi in nom ba tu) Emomali Rahmon haironam. Sarvari khalqi musulmon baroi on ki khudro ba garbiho khub nishon doda qarz bigirad va on ham ba kisai haromkhuronu muftkhuron dokhi shavad, dinu imoni khudro furukhtaast.

  2. Ман кабул надораам!
    Галат – дар хар касаба шуданаш мумкин аст ва ислох кардани галатихо ва камбудихо
    нишонаи сатхи ихтисос ё чи тавре мегуянд «проффесионализм» мебошад.
    Дар соли бузургдошти забони точики(2008!) харруза аз телевезион суруди «чомасафедонем –хамхуни Сиёвушем»-ро пахш мекунанд . Ва ачиб он аст ки , ки забони моро шикаста месароянду ба ягон кас фарк надорад!!! Хайр, худатон бахо дихед ,вакте ки калимахои точикии «Намепушем»-ро -«намепуушем» , намекушем –ро – « намекуушем» ва гайраро аз тарики телевизион шикаста хонанду олам гулистон бошад дигар чи чои сухан. Мусикасози машхур устод Саидкул Билолов шеъри граматикааш дурустро ба як колаби мусикии кач мачбуран андохта талаффузи дурусти калимахои точикиро шикаст. Агар ягон «рэппери чавон» ё «сарояндачахои кучагй» чунин корро мекард , як туфоне дар элитаи мусиканависону фарханги мо ба вучуд меомаду, уро хатман махкум мекарданд ва «зинда ба зинда мехурданд». Ва шояд барои мо вакте фаро расидааст ,ки нанигарем ба мартабаи он «КЙ-мегуяд», балке бингарему фахмем «ЧЙ-мегуяд»!!!
    Вакте ки чунин «халтураро» як композиторхои баландмаком тавлид мекунанд ва ТВ он-ро рох медихад чи маъно дорад?! Яъне шахсони дастнорасу «бехато» хастанду – ва чи коре кунанд
    бояд мо кабул дорем?? На- ман кабул надорам!!!

  3. САЛАФИ КИРО ГУЯНД?
    Салаф ба каломи араб шомил буда, маънии аслиаш гузашта аст ва ба сифати салаф шахсоне ёд карда мешаванд, ки корхои накуро дар Ислом анчомиданд ва унвонии «САЛАФИ СОЛИХИН»ро, яъне унвонии Гузаштагони накукорро мушарраф гаштанд.

    Дар Чумхурии Точикистон бошад имрузхо гурухе ба номи салафия дида мешавад, ки даъвои Исломро мекунанду аксарияти корхоро бидъату хато мехисобанд ва худро пайравони хакикии Хазрати Мухаммад (саллаллоhу ъалайhи васаллам) мешуморанд. Оре хар як фарди мусулмон бояд ва бешакку шубха пайрави расули акрам (саллаллоhу ъалайhи васаллам) бошад, на пайрави ягон роху равиш ва на пайрави ягон мазхабу олим.
    Агар мазхаб бидъат бошад, пас салафи гуфтан бидъат нест, магар?
    Албатта салафи гуфтан хам бидъат аст, ё инки дар тамоми чамомадхои салафиён гайбат кардани мусулмоне одат шудааст «ГАЙБАТ ОДАТИ ЗИШТЕСТ ДАР ИСЛОМ, КИ ХУКМИ ОН БАРОБАРИ ХУРДАНИ ГУШТИ БАРОДАР АСТ», инчунин дар хакки бародарони исломи бадгумониро раво мепиндоранду бо нафрат ёдашон мекунанд. Яъне хилофи ояйи каримаи Куръон мекунанд «ИННАМАЛ МУЪМИНУНАЛ ИХВА» Агар Салафиён барои ислохи камбудихо ё бидъатхо дар дини мукаддаси Ислом ба чумхури ташриф оварда бошанд, ин амали некест ногуфтани, чунки дини хакикии мукаддаси ИСЛОМ сар то по тарбияту рушноист, ки окибати инсонро ба «ЧАННАТ»-и абади бурда мерасонад. Дуруст аст, ки аксарияти муллохои мо ИСЛОМ-ро ба кулли намедонанд, вале надонистани ИСЛОМ шаходат аз он медихад, ки дар Чумхурихои Осиёи маркази, махсусан дар Точикистон зиёда аз 70 сол буд, ки ахли куфр хукумат ронданд ва тули ин солхо уламои хакикии исломро нобуд гардониданд, китобхои зиёдро сузониданд ва махдудиятхоро дар дин чори намуданд. Онхое, ки ба ном диндор буданду илми кофии исломи надоштанд пешвоёни дин гардиданд, аз нодони бидъатхо чори намуданд ва билохира динро манбаъи даромади худ карор доданд. Чунин муллохои нодон то холо хам хастанд, вале ин маънои онро надорад, ки дар Точикистон гайри салафия дигар пешвоёни хакикии дин нест. Пешвоёне хастанд бехтарин амалхои расули акрам (саллаллоhу ъалайhи васаллам)-ро ичро мекунанд, аз хама мухим он аст, ки дар бахсхои илми одоби хакикии исломи, одоби паёмбари гиромикадрамон Мухаммад (саллаллоhу ъалайhи васаллам)-ро ичро карда ба дигарон низ таълим медиханд. Аксарияти Салафиён чи? На одоб дар онхо дида мешавад ва на тарбия. Дар аксари маврид дагалона муносибат карда, ба чои муттахидшавии мусулмонон парокандагиро байни чамъият тавсия медиханд. Ин суханон ба тамоми салаффиён тааллук надорад, чунки дар байни эшон шахсоне низ хастанд, ки сидкан дар дини мубини Ислом хидмат кардаистодаанд, вале аксари салафиёни имруза махсусан ахли уламоашон аз кабили Мухаммадиву Умед, ба шахсони фитнаангез шомиланд. Чунки айби мусулмонеро ошкоро ва бидуни одоби исломи дар чамъият овоза карда , байни мусалмонон ихтилоф андохтаанд, ки дар мавриди шунидани номи салафия аз чониби ханафимазхабони Точикистон, аксарияташон аз нодониву нофахми ба салафиён нафрат меоваранд. Аз нигохи дини мукаддаси Ислом, нафрат доштан нисбати бародарони мусулмон катъиян манъ ва нодуруст буда, окибати моро ба парокандаги мерасонад, вале ин нафрату бадбини аз нодурустии даъвати салафиён огоз ёфтааст.Яъне барои фахмонидани кори хак хатман ва бечуну чаро одоби паёмбари Ислом, Хазрати Мухамад (саллаллоhу ъалайhи васаллам)-ро бояд истифода намуд. Мухаммади ва шогирдонаш бошанд чи кор кардаистодаанд? дар бахсхои илми хамеша хилофи Ислом мекунанд, яъне худро ба кулли хак шумурда, одоби исломиро ба чо намеоваранд ва шахсонеро, ки ба кулли дар акидаи худ пайвастаанд аввалан Шиъахоро бадном карда онхоро кофир эълон мекунанд, баъдан мазхаби Абу-Ханифаро хато гуфта, охиста-охиста нисбати ин 2 равия нафрату бадхохиро чо менамоянд. Акидаи Салаф ин аст, ки Шиъахои Ирон ба кулли кофиранд, вале ин нодуруст аст, чунки новобаста аз Шиъа будан хар касе набошад, хох ахли тасаннуъ ва ё ахли салафу тассаввуф, яъне хар касе бошад, ки Хукми ИЛОhИ ва шариъати Исломиро инкор намояд ва ба ояхои каримаи Куръони Шариф имон наоварад-У КОФИР АСТ. Вале фикр мекунам, ки на хамаи Шиъахо дар акидаи куфранд ва на хамаи эшон кофиранд.
    Агар тамоми Шиъахои Ирон кофир бошанд, пас саволе ба миён меояд, ки чаро Ирон дар маъракахои Исломи то хол ширкат меварзад, чаро аз номи Исломи бузург баромад мекунад, Чаро дар баробари ахли куфр истодагари мекунад. Ё инки мо мусулмонон номуси исломи надорем, ки кофире аз номи дини мо баромад карда, ин дини мукаддасро бадном кардааст ва солхои сол аст, ки ифтихори Ислом мекунад, худро дар чахон давлати Исломи муаррифи кардааст, магар у кофир аст? Агар шиъахои Ирон кофир бошанд , пас мо беномус хисоб мешавем, ки таи 40-сол аст, ки кофир ба чахониён худро Мусулмон муаррифи кардааст ва шаъни мусулмононро паст задааст, вале мо аз номи бузургу мукаддаси дини худ дифоъ намекунем ва шаъну шарафи дини худро химоя намекунем.

    Шояд ин хама бозихои сиёсии ахли куфранд, ки ба хотири аз байн бурдан ва пароканда кардани мусулмонон пешбини шуда, максад ихтилоф андохтан дар чомеаи Исломист. Фикр мекунам, ки максади асоси-фитнаангези асту халос. Факат хадаф хами насту бас. Чаро тули ин солхо хам салафиён арзи хасти менамуданд ва хам шиъахо, вале ба кули ахли куфр зикр намудани Шиъахо аз чониби салафиён иброз намешуд, факат онхоеро кофир мегуфтанд, ки заруриёти диниро инкор мекарданд ва ба баъзе масъалоти шаръи имон надоштанд, вале имруз бошад чи? Тамоми Шиъахои Иронро ба куфр мехонанд, то ки ягон мусулмон дифоъи ислом нанмояд. Шиъахоро дар давоми хокимияти Исломи ташкил намуданашон хеч кас нагуфт ки кулли эшон кофиранд ва замоне, ки Амрико иброз намуд, ки бояд Иронро бизанад, ногахон аз кучое Ахли Салаф ба ном гурухе дар манотики мусулмонон пайдо гаштанд, ки тамоми Шиъахои Иронро ба куфр Хонда, китобхои хоинони Исломро аз номи «ШИЪА» БАРОВАРДА МУНТАШИР ГАРДОНИДАНД.
    Ай Мусулмонон!!! Шумо пеш аз хама ба хуш оед, фикр кунед ончи шунидед, тачзияву талил ва тахкик намуда, пас он амал намоед. Чаро мо бояд чизеро шунидем бе тахкик амал кунем. «Оё ин аз руи адолат аст?» Не албатта, чунки бе тахкик амал кардан фардо «РУЗИ КИЁМАТ» чавобгарии чидди дорад. Хеч вакт аз ёд набояд баровард, ки суханвари аз амалкуни сар то по фарк доранд. Яъне шахси воъиз бояд ба гуфтаи хеш амал намояд, агар дар кирдору рафтори у аз гуфтахояш дида нашавад, пас барои бовар кардани у тахкик лозим аст.

    ВОЪИЗОН ХУД ЧИЛВА ДАР МЕХРОБИ МИНБАР МЕКУНАНД,
    ЧУН БА ХИЛВАТ МЕРАВАНД, КОРХОИ ДИГАР МЕКУНАНД.

    Агар салафиёни имруза даъватгари асил бошанд, бояд аввалан одоби исломи дошта , гузаштагони Исломро гайбату тухмат нанмоянд, махсусан Имоми Аъзам (р.ъ)-ро, ё инки Ояйи Карима ба онхо тааллук надорад.

    «АССАБИКУНА ВАСАБИКУН»,
    яъне пешиниён аз Шумо дида пешкадамтар буданд ва аз Шумо дар хама чабха бартари доштанд. Онхоро ба неки ёд кунед. Фардо рузи киёмат ягон салафи, ё ханафиву шиъаро аз кирдорхои якдигар намепурсанд, факат аз амалхои кардаи худ пурсида мешаванд+..
    АЙ МУСАЛМОНОН БЕДОР ШАВЕД, КИ ИН ОЛИМОНИ ФИТНААНГЕЗ «БАЪЗЕ АЗ САЛАФИЁН ВА ХАНАФИЁНУ ШИЪАХО» ШУМОРО БА ГУМРОХИ МЕАНДОЗАНД.
    Яке аз нишонахои шайтони лаъин он аст, ки ихтилоф андозад аз рохи кач вагар аз рохи кач ихтилоф андохтан ба у муйасар нагардад, ба рохи рост ручуъ мекунаду мусалмонро аз рохи рост фиреб медихад, яъне он шахсоне, ки бо АХЛИ ФИТНА, агар хамрохи дошта бошандд кори хакке, ки шуниданд онро кабул намоянд акидаи хаккро бипазиранд, вале бо онхо дар иртибот нашаванд, ки окибаташон гумрохист. Махсусан бо Мухаммади ва амсоли эшон.
    Аз кулли хонандагон хохиш менамоям, ки ба ихтилоф дода нашавед ва барои шубханокии чизе ё касе тахкик намуда, пасон амал намоед.

    (СУХАНОНИ МАЗКУР БА ХАММАИ САЛАФИЁН ТААЛЛУК НАДОРАД, ФАКАТ БА ОНОНЕ, КИ ДАЪВАТРО БО ФИТНА ЯКЧОЯ ИСТИФОДА БУРДАИСТОДААНД)

    ВАСАЛАМУ ЪАЛАЙКУМ ВАРАhМУТУЛЛОhИ ВА БАРАКОТУh

  4. Агар Шумо як бор бо таваччух ба чехраи хамон Алла, ки исмашро тагйир додааст бингаред пас хохед дарёфт, ки на нур дораду на ….. Ин чехра манфур аст….

  5. Агар пайравони хонадони Пайгамбар Шиъахо кофир бошанду пайравони котилони хонадони Пайгамбар мусалмон бошанд ВОЙ бар ислом .Ку мантик эй рахгумони бесохиб монда…

  6. Salom FARHANGI MO.» Farhang hastii millat ast .» agarchi in gaphoim president ham boshad lekin durustand. Ammo farhang boyad pesh ravad na qafo.

  7. КИ МАН ШАХРИ ИЛМАМ АЛИЯМ ДАР АСТ
    ДУРУСТ ИН СУХАН КАВЛИ ПАЙГАМБАР АСТ
    фирдавси

    Дил агар Худо шиноси бирав дар рухи Али бин,
    Ба Али шинохтам ман ба Худо касам Худоро…
    На Худо тавонамаш гуфт на башар тавонамаш хонд,
    Муттахаййирам чи номам шахи мулки ЛО-фаторо

  8. gul guftoki nakhati dini doram hamrohi rasul hamnishini doram buyam zi muhamadu rangam zi ali

  9. farhangi moro burdan ehtiyot kunen ki khudatonro ham az bain nabarand

  10. Фарханги моро набурдаанд, вохима накунед, ин аст аввалаш ки мо холо низ инчо бо лафзи ширини дари харф мезанем,
    Ислом неруи бузург аст ва на ягон хукуматдору на ягон идеологи бузурги дигар сари рохи онро гирифта наметавонад, дар ин масъала бехудагуи накунед ки иншооллох саросар хар як инсони руи замин мусалмон хохад шуд, ки инро на ман гуфтаам.
    Дигар дар масъалаи фарханг гуфтани хастам ки Эй ватандуст агар медони ки боигарии ватани мо ягона ва нотакрор дину фарханги мост? Ва имруз корро аз хифзи дуи ин бояд огоз кард, агарчанде ислом ба хифзи мо он кадар мухточ нест, Фарханги мо имруз мухточ ба ерии мост, нахуст х,оли бади хати мост, дар кирилли менависему чихати фонетикаи забонамон бо харфхо пайванди комил надорад, яъне «бардак»! намешавад ки олимону ватандустон корро аз хамин огоз кунанд? чаро нисбати гузариш ба хати форсии ниегониамон харф назанем? охир ман ин гуна фикру андешахоро мебинам имрузхо дар интернет ки бовар кунед ба фикрам хар касе алифбои худро дорад, Ъ – ана ин харф имруз харфи х, шудаасту бо кимчи бало навигарихо, шояд ки ин тавр осон бошад, лекин то кай халки точик бо ким кадом харфхои бегонаи лак,к,у-лук, бояд андешарони кунад дар холе ки асрхои зиед мо бо он хати ниегонамон истифода мекардему ягон мушкилие набуд ва имруз ба мо хама руза мегуянд ки он хат ба талаботхои замонави чавобгу нест, е ин ки хукумат метарсад ки агар чавонон бо хати арабиасос шинос шаванд исломикунии чомеъа суръати тез мегирад? дар ин холат як пешниходе дорам: агар аз хати араби тарсанд, агар тарсанд ки хонда тавонистани хар бачаи точик китоби Куръон барои давлатдории мо хатари чиддие дорад, пас биеед ба хати пахлави мегузарем, агар хато накунам як алифбои аз 44 харф иборат доштаанд гузаштагони мо пеш аз хучуми арабхо хануз дар давраи сосониен, ба фикрам.., пас биеед он хатро кабул кунем то ки баъд мо аккалан аз Авастои гузаштагонамон бохабар шавем)

  11. dar dunto in gapora dar bolosh pul moned namegirand tu chi guftestay

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: