Ман кистам?

Ман Рустам Назиров (Субҳонӣ) аз дӯстони деринаи ҷаноби Тоҷвар, собиқ афсари артиши Тоҷикистон ва ҳоло муҳаққиқ дар яке аз донишгоҳҳои Ландан мебошам. Тарҷимаи ҳоли ман барои бисёре аз шумо, хонандагони азиз, ҳеч далеле намедиҳад, ки ҷонибдори кадом ақоиди сиёсиям ва аз кадом равишҳои сиёсии кишвар ҳимоят мекунам. Ман бетарафам ва ҳизби ман мардуми Тоҷикистону ояндаи Тоҷикистон аст. Зодгоҳи ман низ аҳамияте надорад, зеро аз он рӯзе ки дур аз ватан сафар кардам, онро фаромӯш сохтам ва дар посух ба ин суъол мегуям, ки зодаи Тоҷикистонам.

Тавре хонандагони доимии «Андеша» огоҳанд, моҳи июни имсол устод Тоҷвар олиҳимматона раҳбарии ин торнигорро ба ман доданд. Агарчанде ки бисёр мухолифат кардам, гуфтанд, агар ватанатро дӯст медорй, ин кори муҳимро бесоҳиб нагузор. Ман танҳо бо ваъдаи он кас, ки ҳамеша ба имдодам хоҳанд расид, ин корро бар зимма гирифтам ва идома хоҳам дод. Вале ишон гуфтанд, аз аввали моҳи сентябр дигар дар кори ин торнигор ширкат нахоҳанд кард. Танҳо ба хотири ҳифзи саломатии ҷаноби Тоҷвар, ки пизишкон ҳама гуна афсурдагиро бар ишон мамнӯъ кардаанд, ман ин дархостро наметавонам рад бикунам. Валекин дар айни замон аз ҳамаи ҳамандешони азиз даъват мекунам, маро дар пешбурди ин амали хайр танҳо нагузоранд. Тавре Тоҷвар мегуфтанд: Сарбаланд бошем!

МАТНИ СОБИҚА БА ҚАЛАМИ ТОҶВАРИ БУНЁДГУЗОРИ «АНДЕША»

Эй кош, донистамe, ки ман кистаме. Дар Тоҷикистон зода шудаам. Ватанам ва мардумамро дӯст медорам. Агар чун сабза умеди бардамидан доштам, орзуям ин буд, ки боз тоҷик ба дунё биёям ва боз дар он сарзамини афсонаҳои сабз аз хок бардамам. Дар хуни ман хотираҳои ҳазорсолаи ниёконам зиндааст ва ҳар шаб дар анбӯҳи дардҳо маро мехобонаду ҳар субҳ бо умеди пирӯзиҳо бедор мекунад. Ягона орзуи ман хушбахту сарбаланд дидани мардуми азизи ман аст. Барои ин орзу ман хар руз коре хохам кард. Бигзор кам ва хурд, аммо аз тахти дил ва бо хамаи ишку тавону неру. Барои ин ман аз касе хеч дастмузд, чоиза ё подоше намехохам, факат аз Худованди бузургу мехрубон дархост мекунам, ки маро ба орзуям бирасонад ва ин мардумро озоду сарбаланд дорад ва хор накунад…

113 Responses

  1. Salom Barodari aziz Tojvar. Biser saiti olijanob. Agar imkonyat boshad dar borai khudaton kame ziedtar ma’lumot medoded biser khub meshud 🙂
    Biser gamangez navishated, sabab dar chist :)?

  2. Дуруд бародари ба дил наздику аз чашм дур!
    Дируз, сомонаи туро ёфтам. Хондам, бисёр чолиб дарёфтам. Навиштахои ту хакикатанд, дарду гами хар як фарди ин миллатанд. Эх кош, мисли ту сохибхирадон зиёд бошанду мардуми рохгумкардаро даст гиранд, рах нишон диханд. Эх кош Эзиди пок моро часорату матонат, аклу фаросат бахшад, то худро окибат бишносем… Манкурти бас аст!

  3. Манам як точики бечораам ки ба ватани худ ягон кор карда наметавонам ба чуз дарди дили худро ба касе ифшо намудан. гуё барои ин суханхоро гуфтан дахони маро касе баста бошад.Шояд тарсе дар вучуди ман бошад.
    Сомонаи шуморо мутолиа намуда хеле хушхол шудам, ки касе ба ватани мо месухтааст ва мехохад вокеан ватан ватан бошад. мардумаш хушхолона ва бе танкиси умр ба сар барад. ба гуфти бобохомо: рахмат ба падарат.
    Бигзор чунин сайтхо зиёд бошанд.

  4. Салом марди хирад!
    Аз навиштахоят бар меояд, ки ту вокеан марди худшиноси, гамхор ва миллатдуст хасти. Вакте сомонаро аз риштаи тахлил гузаронидам бисёр матолиб ба хакикат наздиканд. Аммо чи бояд кард?
    истеъфои Рахмонов ё дур кардани хешу пайвандони чаноб.
    Вале мардуми мо дар хоби гафлат хаст. Он намоишхои бардуруг ба ки лозим. Мардум бинад, сарвари давлат чи кадар гамхор. Чи жожу мож.
    Кош баромадаш дар телевизион дилсузона бошад на барои реклама ва ором кардани мардум, ки мо кор карда истодаем. Хамаи шахсоне, ки чаноб барояш мухлат дод ки камбудихо ислох шавад, набояд чунин мекард. баракс хамшро ба истеъфо пешниход менамуд ва як кисмашро суд мекард.
    Чи илоч агар хамин тавр бошад. Мегуем мегуем вале…..

  5. Cалом Устод. Акнун чанд чизи маро дар колаби насри илмии «ПАРЕШОНИЯ» мутолиа кунед. Вокеан бисёр хушам омад, ки ин «мутуни» ирфониро мутолиа мекунам. Чизи дигар барои ман он аст, ки Шумо кобилияти бисёр хуби нигорандаги доред, аммо чи чизе шуморо «часпидааст», ки наметавонед асари асил ва ё буланд биофаред. Харчанд, ки асархое барои ман асил ва буланд доред ва ман онхоро хондаам. Бовар кунед Шумо, Сайф Рахимзоди Афарди ва чан нафари ба шумори дигар ба адабиёти муосири мо насри зехнгароёнаро (насри интелекткали) овардед, ки то хол ин хонандаи «холобегам»и точик ва мунаккидони дар гами нон буда («дар гами нон буда» вокеан ин ибора брои андеша аст) аз он истикбол накардаанд. Базехо зимни баходихи ба сомона ва навиштахои Шумо Шуморо дар катори бузургоне мондаад, ки албатта шумо бузургед. Вале ман хело афсус мехурам, ки онхо ба Шумое бахо додаанд, ки дар веблок хастед, на ба Шумое, ки дар навиштахои чидии илми ва адаби хастед. Ба хар хол онхо Шуморо рушанфикр, худогох, ва хулоса болотар аз Кант ва поёнтар аз Худову пайгамбар карор додаанд. Вале шумо хамеша дар тан либоси факири доред ва худро аз навиштахои онхо хеле поёни поён мегиред. Чи чиз имкониат намедихад, ки бузургии Шумо ба таври автомотик нубуг кунад. Ба хар хол ман аз шумо навиштани як румонеро хохиш мекунам,ки дар колаби насри зехнгарои бошад ва аз рузгори ин мардум кисса кунад.Бигзор он фонтастики бошад. Ё бигзор реоли. Ман барои шумо боз навиштаеро дар хошияи китоби охиронатон, ки калами кардаам мефиристам. Албатта ба таври инфироди. Мунтазир бош Устод. Бо умед И-и калон и-и хурд.

  6. дуруд бар шумо.

  7. Салом Каюмарс, агар ин сомонаи тартибдодаи Шумо бошад, хеле хуб. Комёби мехохам. Аммо дигаронро фаромуш кардан хуб нест.
    Насрулло.

  8. Салом устод (харчанд медонам ва шояд пайхас мекунам, ки кистед ва мухим нест, ки ин чо азь исми шумо ёдовар шавам) Бародар Насрулло ин чо менависанд, ки ин сойти Каюмарс аст. Каюмарси додарчаи киёматии ман аст. Уро дуст дорам, зеро хамрох лату куби баъзе муштзуронро хурдаем, аз дарди хамдигар хеле вокифем. Ин сойт аз у нест. Валло ба худо аз у нест. Зеро Худо накунад, ки баъзе качфахме аз номаи бародар Насрулло аз Каюмарс дониста ба у зараре расонанад. Худо аз он руз нигохбон бошад.
    Ин сойт танхо аз нафарест, ки соли 1992 бори аввал ба унвони «Гуреза» ва хамчуг Ватандори беВатан кадам ба Маскав ва баъдтар фаротар аз он (чониби мамолики Гарб) гузоштааст. Танхо нафарест, ки (ин хам бошад бори авал, ки чехраву исми хешро нишон намедихад) аз навиштахои каблиаш аз сабку услубаш варо метавон шинохт. У кист? Борхо аз ман хам суол мекунанд, ки «за рулем»-и ин сойт кист?
    Охир барои шумо мардуми пурсуол чи фарке дорад кй кист? Маколеро ба ёд оваред «Мангар, ки кй мегуяд, бингар чй мегуяд». Ахсант ба Шумо устод.

  9. Дуруд ба хамаи ёрони азиз!

    Бо тамоми масъулият мегуям, номам Каюмарс нест ва хар кас агар чунин ном дорад, бояд аз он ифтихор бикунад. Номи ман Точвар аст.

    Оре, дур аз ватан ба сар мебарам, аммо бо гаму дарди ватан. Мебояд дар ин рузхои сахт дар пахлуи мардуми худ, ёру дуст ва хешу таборам бошам, наметавонам, аммо талош мекунам ба хар кас тавонам, мададе кунам. Ин навиштахо хам ба хайси карзи фарзандист дар назди ватан ва модар.

    Ба каси муайяне душманй намеварзам, аммо аз хамаи онхое, ки масъулияти ояндаи ин марзу бум ва ин миллатро бар душ гирифтаанд, талаб дорам, дар гами мардум ва насли оянда бошанд. Президент Рахмонро хуб мефахмам, дилам барояш месузад, ки гаравгони як дастаи белаёкат ва худхох аст. Вай мехохад, коре барои мардуми худ бикунад, аммо неруяш намерасад. Баъдан бисер одами хубу борахм аст ва касеро сахт озурдан намехохад. Аммо масъулияти бузурги худро то ба охир дарк накардааст. Ман аз у маком ё мансабе намехохам, факат мехохам, кудакони точик намиранд ва точик як миллати сарафроз гардад. Агар метавонад, бикунад, агар наметавонад, рохро барои дигарон, намояндагони насли чавон боз кунад, то шояд каси дигаре тавонад, мушкилотро осон гардонад.

    Махалгароёнро аз душманони шахсии худ медонам ва хар кучо хастам даст ба гардани онхо хохам зад.

    Аз озодии сухан чонибдорй мекунам, зеро бе ин ягон чомеаи дунё кадаме ба пеш рафта наметавонад. Хамзамон озодии мутлаки суханро дуст надорам ва курбони касе мешавам, ки суханаш на танхо озод, балки бомаъулият бошад.

    Чистонро хам дуст намедорам ва шуморо ба гуфтахои дусти чавонам Набиюлло мутаваччех мекунам ки мангар кй мегуяд, бинигар чй мегуяд. Ин чо чй менависад…

    Сарбаланд бошем!

  10. Як иловаи дигар.

    Ин сатрхоро барои онхое менависам, ки хамдарди миллати хешанд ва мехоханд, бе ягон гараз, то андозае ки имкон доранд, ба мардуми худ, ба хамдигар мадад расонанд.

    Онхое, ки аз ин навиштахо маънихои дигар мебардоранд, худ медонанду худо. Коре ба онхо надорам. Шояд ба хамин сабаб номи ман мухим набошад, балки баракс хонандаро мунхариф кунад.

    Намехохам маро ба ин ё он махал, гурух, махфил, минтака, иттиход, созмон ва хизбе рабт диханд. Ба гайр аз Хизби Ишки Ватан ва Миллат.

    Ба бархе аз масъалахо ба он хотир даст мезанам, ки мехохам, онхо фаромуш нашаванд, аз мадди назар дур намонанд ва боз боиси фанду фиреб хурдани мардуми бечораи мо нагарданд.

    Гохе барои он менависам, ки дар ин дафтари хотираи худам бокй монанд ва пас аз муддате ба онхо баргардам.

    Пурсиши «Ман кистам?» на факат ба ман нигаронида шудааст, балки ба хар яке аз мо. Вакте худро шинохтем, Худоро хам мешиносем, Ватанро хам ва Миллатро низ.

  11. Durud bar shumo Tojvar!

    Soite ki roh andokhtaed, voqean jolib-o khondanist! Dast marizad! Man Shamsiya hastam, az baxshe farsi BBC dar Dushanbe. Mekhoham ki dar borai blognavisii tojikistoniyon barnomae rodioi tahiya bikunam, ke khele baroyam jolib ast. baroi in bo chand nafar ba istoloh «blogger»-ho mekhoham musohiba kunam, va agar shumo muvofikat bokuned, khele oli khohad bud! Andesha az jolibtarinhost! bo ijoza e-mailamro meguzoram, va muntaziri javobi shumo memonam :

    shamsiya.qasim@gmail.com

    bo sipos, shamsiya.

  12. Бародари азиз!
    Гумон мекунам, ин бехтарин сайти дунё аст. Бумуболига мегуям.
    Навиштахои пурдард, дарди миллати бесохибу гарибу тахкирдида… Аз хама мухимаш, хис мешавад, ки андешахои Шумо аз руи гаразхои сиёси ва чохталаби нестанд, балки дарди дилу гами точиконаанд. Аз ин чихат, ба дили ман наздиканд.
    Хуб мешуд, агар адреси e-mail -и худро низ дар сомона чой медодед, то тавонам бо Шумо мукотиба дошта бошам.

    Бо эхтиром-точике дар Маскав

  13. Умари чон,

    Шумо лутф ва муболига мекунед. Ман хам чун як фарзанди Точикистони азиз мубталои хамаи беморихое хастам, ки ватани ман гирифтор аст. Мо хама дар як холати хамсон хастем ва факат мушкили робитаву тафохум дорем.

    Ман фикр намекунем хеч ягон фарзанди ин сарзамин ба ватани худ бадй мехоста бошад, аммо хама иштибохе мекунем, гохе рахгум мезанем.

    Вале аз номаи Шумо замин то осмон миннатдорам ва орзуи сарбаландии хамаи точикон ва мову шуморо дар катори онхо аз даргохи Яздони пок мекунам.

    Агар номаи хусусй менависед, ки на барои нашр аст, бинависед, лек ишора кунед, ки барои ом нест, мустакиман ба ман мерасад ва хусусй ба шумо посух хохам дод.

    Сарбаланд бошед.

  14. Салом бародар Точвар. Аз худованди рахмон бароятон саломати ва сарбаланди таманно дорам. Худоё чунин фарзандони бомаърифати точикро саъодату хушбахти ато фармо. Аммо баъд: Куллияи навиштахотон хак аст. Сад афсус, ки ин гуфтахо ба гуши касоне, ки дар хакки онхо гуфта шудааст намерасад. Бародар Точвар мардуми точик азоби интихоби худро мекашанд. Банда аслан бовар надорам ки дили Рахмон (агар дил дошта бошад) ба мардум бисузад ва бихохад барои ин мардум коре бикунад. Бале гуфтахо хубанд ва аз ин гуфтахо бихамдиллох зиед шуда истодаанд, вале аз гур хабар хасту аз Рахмон не. Илочи кор ин аст, ки таекеро мегирию ин кавми манкурти точиккушро пеш- пеши таек месози. Гумон мекунам танхо рохи халоси ин асту бас. Раиси Чумхур Рахмон аз рузе, ки ба шахр омад эълом дошта буд, ки мо бо хун омадем ва бо хун меравем. Соддаги аст, агар гумон кунед, ки ин кавми манкурти точиккуш ба хости худаш аз хукумат даст мекашад. Аз худованд шабу руз талаб дорам аз ин балоеро ки ба сари мардуми точик овардааст бо лутфу карами худ решакан созад. Барои Шумо бародар Точвар ва захматхои кашидаатон аз сидк ташаккур мегуям ва бароятон муваффакиятхо орзумандам. Сарфароз бошед. Маъассалом.

  15. Бародари азиз Точвар!
    Барои посухи нома сипос мегуям.
    Дер гох аст, дар чустучуи сайте будам, ки дар он аз холи точикони дур аз Ватани азиз афтода, хусусан мухочирони Русия бинависам. Пеш аз хама, барои рохбарони Точикистон. Зеро атрофиёни тамаллуккори Президент сайтхои гайри кабули худро дар Точикистон пешбанд кардаанд. Чанд маротиба бевосита ба сайти Президент навистам, аммо бовар дорам, ки чунин навиштахои дардолудро пеш аз он, ки Президент бихонад, аз сайт нест мекунанд.
    Ман ба Шумо хамфикрам, ба Президент дилам месузад. У инсони хубу равшанфикр аст, аммо чун хама одамони шири хомхурда камбудихо хам дорад. Камбудии бузургтаринаш ин аст, ки худро бо хушомадгуёни танпарвар ихота кардааст. Шиори онхо ин аст: «Ман ба ту кор надорам, ту ба ман!» Дил мехохад бо тамоми овоз чун Лохутии бузург фарёд занам:
    Вакилону вазиронанд хоин, фош мегуям,
    Агар бар зери тегам, ё ба руи дор, ё хар ду!
    Точики бечора то ин дам зарари рухи медид- беобруги дар натичаи чанги бемаъни, бенавои ва факру ниёз. Ин кам буд магар, ки акнун аз холабегамии вазирон миллионхо доллар аз хазинаи бе ин хам касоди давлати точикон бар боди фано рафт…
    …Гуфтанихо бисёр аст. Афсус, ки минбари ошкоре нест…
    Кош сайти Шуморо дар Точикистон рох медоданд…

  16. Умари азиз,

    Хамаи гуфтахои Шумо дар бораи президент ва атрофиёнаш пурра дурустанд. Хуб, такдиру насиби мо, точикон хамин будааст, ки барои забони модарии худ ба по хезему барои дину мазхаби худ шиъор занему окибат ба чунин мушкилот гирифтор шавем.

    Аммо, харчи шуд, гузашт ва ончи имруз хаст, дарег, ки хаст. Имруз аз дасти мо рафтааст. Ба гуфти раовншиносон агар факат бишинему нола кунем, танхо ба гузаштаи бузурги миллати худ бинозем ва хамаи буду шуди худро ба ду-се тани тасодуфй марбут донем, ахволе ки дорем, хамин хел мондан мегирад.

    Мо бояд дар бораи оянда фикр кунем, ки оянда чй кор мекунем. Оё ба чоои як дангарагй як хисорй меояд ё аштй ва хамаи ахлу авлоду хамкишлокашро ба тори сар мо мегузорад ВА ё мо муттахид мешавем, донишу заковат ба кор мебарем ва аз байни хамаи мардуми Точикистони сарсабз бехтарин одамонро интихоб мекунем, ки мамлакатро обод карда тавонанд?

    Ин саволи асосист ва хар касе, ки ояндаи бехтари ватанашро мехохад, бояд дар сари хамин чизхо фикр ва АМАЛ кунад. Ман бисёр фикр кардам ва аз дастам факат хамин омад, ки ин сафхаро боз кунаму дарди диламро руи он бигузорам, то шояд хамдилону хамназароне пайдо кунам.

    Умари чон,
    Барои ман дар сад сол мухим нест, ин навиштахои маро шикамгафсони хукумат мехонанд ё на. Ба фикрам, агар хонанд хам, аклашон ин чизхоро намегирад ва ё виждон надоранд, ба холи халки худашон нигох кунанд.

    Барои ман бузургтарин хушбахтй ин аст, ки Шумо ва чавонони мисли Шумо ин навиштахоро бихонанд. Агар умр бокй буд, ободии ватанро аз дасти афроди мисли Шумо бубинам, агар бевафой кард, фарзандонам ба рузи бехтаре бирасанд.

    Сарбаланд бошем!

  17. Дар мачлисе, ки Президент вазиронашро «танбех» дод, аз забони у сухане шунида шуд, ки маро сахт дар хайрат гузошт: » Афсус, мо дигар кадрхои болаёкат надорем, то ки вазиронро иваз кунем.»
    Ин чи гап аст? Магар Президент намедонад, ки кадрхои хуб ва мутахассисони болаёкат, ки баъзе якчанд маълумоти оли доранд, дар Русия муздурию мардикори мекунанд? Чаро донишу неруи ин чавононро барои ободии Ватан чалб накарда, бечораноли мекунад?
    Бовар дорам, агар Президент тарзи фикру акида ва корбарии худро дигар накунад, аз ин ба баъд хам дар интихоби кадрхо на аз руи донишу малакаи хар кас, балки аз руи дарачаи хешу табори ва аз нигохи махалгарои амал кунад, ин хама обруяшро, ки то ин дам бо нуги сузан чамъ кард, бо панчшоха бод хохад дод. Гурусна ба шер мезанад, гуфтаанд. Мардуми чангдидаву балокашидаи точик то холо сабру токат мекунад, «чанг нашавад-шуд, як бало карда рузамонро мегузаронем» мегуяд. Аммо Худо накунад, ки косаи сабр лабрез гардад…
    Гохо маро Восеъ ба ёд меояд. Кухистониён орзу доштанд, ки аз асорати мангит озод шаванду мири худро дошта бошанд. Шуриши Восеъро оммаи бенаво васеъ дастгири намуд . Аммо рузе фаро расид, ки шуришгарон ба айшу нуш дода шуданд, ба молу мулки бечорагон, ба зану духтарони мардум тачовуз намуданд. Онгох мардум аз шуришгарон дилсард шуданд, ки боиси галабаи амир шуд…
    … Метарсам, ки хамин таърих такрор нагардад. Дар он сурат ман аз тахти дил афсус хохам хурд. Афсус барои Эмомали Рахмон, ки дар огоз як фарзанди оддии дехкон буду имруз бакулли дигар аст. «Ман бачаи эрка надорам»-ин суханонаш то хануз дар гушам садо медиханд. Чи шуд, ки имруз дар ихотаи «бачахои эркаи» хушомадгу, танпарвар, ришвахур ва баднафс , ки бемуболига хоинону душманони миллатанд, мондааст? Магар чашмашро шира гирифтааст?

  18. Salom Tojvar!
    Imruz avvalin bor ba dargohi shumo qadam zadam! Umedvoram in avvalinu okhirinbor nakhohad bud!

    Mekhoham shumoro ba site-i navtasisi mo da’vat kunam: http://www.tojik.ucoz.ru

    dar qismi «Sadoi hamvatan – Forum» shumo metavoned bo digar hamvatanon hamsuhbat shaved va az fikru aqidahoi onho bokhabar shaved… Mo az doshtani shumo fakhr mekunem! Ba mo shumo barin insonhoi ozodfikr lozimand!

    Dar amoni Khudo!
    Darius!

  19. Дуруд бар Darius!

    Сипосгузорам аз даъвати Шумо ва баъд аз навиштани ин нома вориди торнамои Шумо хохам шуд.

    Махфили ёрони мо як Дориюш дорад, шахси донишманд ва дилсафед, гамхори донои миллати хеш. Холо бояд коре кард, ки дуи Шуморо аз хам фарк кардан мумкин бошад.

    Бубинем. Инак, меравам ба сомонаи Шумо.

  20. Салом ба хар касе ки дар дилаш як заррае мехру мухаббат ва тавачух нисбати миллати бостонии Точик дорад ва шарики гаму андух ва шодиву хурсандии ин мардум сарбаланд ва мутаммаддин мебошад.

    Рости чои хуши аст ки дар кадом як гушаи дунё нафароне вучуд доранд ки бо тамоми хасти ин миллати бузургро дуст дошта аз ахволи он бохабаранд ва дигаронро ба ин масъуляти хело хам бузург (аз масъулият хам бузургтар – карзи модари) рахнамои менамоянд.

    Хар харфу хар калимае ки самимона аз дил гуфта мешавад бар дилхо асар намуда дар онхо менишинад.
    Ман бародар Точварро барои ин ташаббуси нагз ва икдоми начиб ташаккур гуфта ба у гуфтаниам ки ту танхо наи балки хазорон хазор дилсузи ин миллати бузург,» кучак не «, зиёданд ва бо шумоанд.
    Ва як чизро бояд тазакур дод ки худо кунад хар коре ки мо ба он даст мезанем холисона ва факат ба хотири Худо ва ин миллати чафокашидаи Точик буда ва дар айни хол самимона бошад.
    Агар гайри ин бошад э вой дод!
    Ба шумо бурдбори таманно дорам бародар Точвар

  21. Точыври гиромй,

    Аз луфт шумо сипосгузорам. Умедворам махфили мо руз ба руз ободтар гардад.

    Darius-и гиромй,
    Ба Андеша хуш омадй, ва вокеъан сари номи мо бояд андеша кард, чун ба рохатй хонандагонро метавонад сардаргум кунад. Сарфарозу пируз бош,
    Дориюш

  22. Пузиш аз галат дар имло, Точвари гиромй.

  23. Durud hamvatanon! Az in ru bad man Darius II =))

  24. Дуруд бар Дорои 2.

    Мисли инки хоксорй кардаед ва ба Дориюш рох додаед, ки пеш бигзарад, аммо амалан империяи Дорои 2 аз хамаи салтанатхои дигар бузургтар буд.

    Кош хамаи точикони мо ин гуна донову варзида бошанд!

    Аз суи дигар ман дишаб ва шоми имруз мехмони «Чойхонаи дилкушо» будам ва коил шудам, ки дар хакикат он як империяи бузург аст, монанди салтанати Дорои 2.

    Чойи гарм хам буду сухбати гарм хам. Бархе аз гушахои чойхона ин кадар серодам буд, ки ворид шудан мушкил.

    Аз хамаи дустон хохиш мекунам, гохе ба ин чойхонаи начиб сар бизанад ва албатта дасти холй на, балки бо «Андеша», зеро сухбат харчанд сари пиёлаи чой аст, гохе хеле чиддист.

    Ташаккур ба Дорои 2, ки тавонистааст, барои хамватанонаш ин чойхонаи дар вокеъ дилкушоро боз кунад!

  25. Салом арз медорам хузури Точвар ва боки бародарони арчманд!
    Банда муддате аст, ки сомонахои Шуморо мутолиа мекунам. Рости аз хаводисе, ки сари миллати точик омадааст дар изтироб буда, намедонистам дарди худро ба ки ифшо созам. Ва инак баъди мутолиаи сомонахои Шумо дарёфтам хамдаму хамфикри хешро… Холати имрузаи Точикистон аз як чихати дигар боиси нигарони аст, ки имруз асноди хукукии кабулшуда кариб ки руи кор намеоянд. Макомоти ваколатдори хукуктатбиккунанда онро дар хамаи холат бахри манофеъи худ истифода мебаранд, ки ин хатари зиёд дорад. Вазъи Точикистон имруза суханхои Афлотунро ба хотир меорад: «Фаноёбии давлатеро мебинам, ки дар он конун чой ва неруъ надошта, балки дар дасти шахсони алохида аст»… Боки бароятон комгори таманно мекунам.

    Фаридун

  26. Рохбарони Точикистон кариб хар сол «чорабинии» пурдабдабае доир мекунанд. Максад асосан ин аст- боло бурдани обруи миллату давлати мо, чалб кардани таваччухи хоричиён. Ачибаш ин, ки хамеша бар акс мешавад: обруи мо то рафт паст меравад. Касе бо мо тичорату хамкори намекунад, агар кунад хам, пушаймон мешавад. Ба ёд орем, талаби Бунёди Байналмилалии Асъорро аз Точикистон оид ба бозгардони кариб 50 млн доллар.
    Пас, оё бехтар нест, ки аз бахри худнамойи бароему бо маблаги сарфашуда системаи марказгармии Душанбе ва дигар шахрхои бузургро тармим карда, ба кор дарорем?! Зимистони имсола моро сабак дод ё не? Мардумро бо оби нушоки таъмин намоем, на ин, ки дар ин бора факат суханпардози кунем?
    Давлати Чин хам замоне нотавон буд. Аз бахри гурури бепоя баромада, чинихо ба хама хоричиён имкон доданд, ки дар хоки Чин корхонахо кушоянду бо истифода аз неруи арзони кори ва ашёи хом фоидаи хуб ба даст оранд. Шиори рохбарони Чин ин буд: «Ин мухим нест, ки гурба чи ранг аст. Мухим он аст, ки мушхоро бикапад». Натича маълум аст: хам мардум бо кор таъмин шуд, хам ба хазинаи давлат андоз ворид гардид. Имруз Чин давлати сарватманду пешрафтаест.
    Чаро мо чунин накунем? Чаро ба умедем, ки танхо ба хотири миллати бостони буданамон хоричиён ба мо кумак мекунанд? Русхо маколе доранд:» Панири бепул танхо дар мушкапак аст».
    Чаро рохбарон мегуянд, ки мухочирати кори (дурусттар мебуд, гуем- мардикорию муздури дар гариби) ба иктисоди миллии мо судманд аст, дар айни замон, икдоме намекунанд, ки шароити кору зиндагию хукукии мардикорон бехтар гардад?! Бовар кунед, агар замони пеш дар Русия чукчахо мавзуъи латифахо бошанд, имруз точикон аз онхо хам пасттаранд. Ба холи мо акнун на факат шикамсерони рус, балки казоку киргизу узбак хам механданд.
    То ба кай ин хол?

  27. НАВРУЗИ ОЛАМАФРУЗ МУБОРАК БОД!
    Навруз ч,ашни бостонии мардуми ориёинажод аст, ки таърихи чандинх,азорсолах,о дорад. Мувофик,и ривоятх,о, онро шох, Ч,амшед асос гузоштааст.
    Навруз ончунон дар зех,ну хуни точ,икон ч,ой гирифтааст, ки на зарбах,ои дах,шатбори ис-тилогарон, на фишори динх,ои мухталиф ва на зулми сиёсатмадорони пург,араз натавонистанд он-ро аз байн бардоранд.
    Дар давраи шуравй Наврузро ч,ашни динй эълон карданд. Бехабар аз он, ки Навруз санаи астрономй аст. Чуноне, ки медонем, баробарии шабу руз дар як сол ду маротиба вок,еъ мегардад-дар бах,ор (21 март) ва дар тирамох,.(21 сентябр). Бар акс, соли нави аврупой асоси динй дорад, он аз зодрузи Исои Масех, сарх,исоб мегирад.
    Навруз ч,ашни мук,аддас аст. Навруз аз мо так,озо дорад, ки дар дилх,ои худ навбах,ор кушоем, душманию г,аразх,оро аз дилх,о биронем. Бо х,ама некуй кунем. Барои худ, барои дигарон, барои тамоми дуне хушиву хушбахтих,о бихох,ем. Ба оянда бо назари нек нигарем. Аз Офаридгор матлаби дил бихох,ем.

    Ч,ашни дустдоштатарини ман Навруз аст.

    Шеъри дустдоштатарини ман-ин бахорияи Дак,ик,ии бузург аст:

    Барафканд, эй санам, абри бих,иштй,
    Заминро хилъати урдибих,иштй.
    Бих,ишти аднро гулзор монад,
    Дарахт ороста-х,ури бих,иштй.
    Замин бар сони хунолуда дебо,
    Само бар сони ниландуда ваштй.
    Ба таъми нуш гашта чашмаи об,
    Ба ранги дидаи ох,уи даштй.
    Чунон гардад ч,ах,он х,азмон, ки гуйи,
    Паланг ох,у нагирад, ч,уз ба гуштй.
    Буте бояд кунун хуршедчех,ра,
    Мах,е, к-у дорад аз хуршед пуштй.
    Буте рухсори у х,амранги ёк,ут,
    Мае бар гунаи ч,ома куништй.
    Ч,ахон товусгуна гашту дидор,
    Ба ч,ое гармиву ч,ое дуруштй.
    Бад-он монад, ки гуйи аз маю мушк,
    Мисоли дуст бар сах,ро навиштй.
    Зи гил буи гулоб ояд бад-он сон,
    Ки пиндорй, гил андар гул сириштй.
    Дак,ик,й чор хислат дуст дорад
    Ба гетй аз х,ама хубиву зиштй:
    Лаби ёк,утрангу нолаи чанг,
    Майи гулрангу кеши зардух,иштй.

    Дустони азиз! Х,амватанони гиромй! Дар кадом гушаву канори ч,ах,он бошед, Шуморо бо Наврузи фарах,ангез самимона табрик мегуям! Ба х,ама хушбахтй, саломатй, табъи хуш ва умри дароз орзу дорам!

  28. Умари гиромй,

    Чи хуб навиштй ва сипос аз ёдкард аз Дакикии бузургвор. Наврузат пирузу хар рузат навруз бод.

  29. Имруз ид, таътил, гапа «зиёд» намекунем.
    Наврузатон муборак бошад!

  30. Устод, Шуморо бо Соли нави ниёкон муборак мегуям ва хохони онам, хамеша сарсабзу сабзкалам бимонед. Бисёр хохиш мекунам аз сомонаи шогирдонаи ман дидан кунед: http://www.sunnati.blogspot.com
    Ва агар машварате медоштед, хеле мамнун мебудам

  31. Фахр кардан аз точик будан амали табиист.
    Холо коре бикунем, ки аз точик будани мо миллат битавонад бифахрад!

  32. Фаридуни азиз,

    Сад андар сад хамназари туам ва сипос, ки зебо гуфтй. Аммо ду холати дигаре низ хаст, ки бояд дар назар дошта бошем.

    Нахуст, бисёр хамкавмони азизро медонам, ки на аз дарду алам, балки барои тамаллук миллияти хешро дар назди дигарон пушаймонвор бад мекунанд ва бархи дигар аз хашми вазъи имруза аз точик будани худ шарм медоранд. Дар ибтидои солхои 20-и садаи гузашта низ чунин холате будааст, ки пажухишгарон онро ба шеваи илмй «хувияти тагйирёбанда» ном гузоштаанд. Мо бояд ба чунин тагйирёбандахо нафрин бифристем.

    Дигар, як падидаи навтаре дар миён аст, ки бархе худро аз дигарон точиктар, точики «хуни соф» мешуморанд ва ба хеш хак медиханд, одамони барояшон нофорам ё «халалрасон»-ро точики «нотоза» ё хатто умуман аз кавми бегона бидонанд. Ин чо хам харфи аввалро суду манфиат мезанад ва баракс хамин гуна афрод хеле «тагйирёбанда» хастанд.

    Мо бояд беминнат, бепул, бемузд, бе дарназардошти бахраву манфиате барои миллати худ кор кунем, бигзор кораки хурде, аммо хар руз ва дар хар кучо.

    Сарсабз, сарозод ва сарбаланд бошем!

  33. Точвари гиромикадр,
    буздилу тамаллуккоронро хуб мешиносам. Ва набояд дур сурог кард. Хар як коргохи давлати 95% аз эшон иборат аст, чун махаки интихоб ин сифат аст.
    Вале аз падидаи наве, ки «хуни соф» доранд бехабарам.
    Замоне шунидам, ки хонуми амалдоре мегуфта, ки «Мо точика аз зоти лордхояш хастем». Ва ба тамоми атрофиен бо карохат муносибат мекарда.
    Рости хамон замон ин амалро ба нодидаги ва бесаводии у нисбат додаву ахамияти казоие надода будам.

  34. Устод арчаманд, салому дуруду паём бар Шумо ва олу асхобу оилаи Шумо.
    Дуруд аз Додгустар ба Точвари ягонаву фарзона.

    Аз Шумо бисёр муташаккирам, ки хамаруза аз Андешахои худ ба худ андеша мегирам. Бигзор хамин гуна бо мо бошед, аз мо бошед, точвару сарбуланди миллат бошед. Устод, аз Шумо як хохиш доштам: Ин ки ман дар торнамои хеш пурсишномае тартиб додаам ва дахрузаи аввал, ки бо пурсиши «Ояндаи Точикистонро бо ин хукумату хукуматдоронаш чи гуна бахо медихед?» буд дар арафаи анчомёбист. Фикр мекунам дар чамъбаст ва хулосабарой айни хол ман хеле чавонй мекунам, ки бахогузории мехмонони торнамоямро хулосабарорй намоям. Аз ин хотир аз Шумо хохиш мекунам, ки дар ин сомони хеш дар бобати суоли гузоштаи ман як хулосаяке кучак нависед.
    Каблан сипосгузорам.

  35. Эзох: … хамаруза аз андешахои Шумо ба худ андеша мегирам…

  36. Додгустари азиз.

    Нахуст лутф кунед ва дигар маро «устод» нанвисед, зеро сазовори ин лугат наям ва хамаи мо дар ин чо бо хам баробарему сухани хешро дорем.

    Ман як дуст ва хамсанги Шумоям ва аз Шумо низ меомузам, пас чигуна метавонам устод номида шавам?

    Сониян, хатман ин дархости Шуморо ичро мекунам ва ин аст, ки хамаруза торнигори ачиби Шуморо боз ва мутолеъа мекунам.

    Сарбаланд бошед!

  37. Салом аз Додгустар бар устод (!)Точвари фарзона.

    Бо ин хама хоксории Шумо, бо ин хама сазовориятон ман намитавонам, ки бидуни пешлафзи устод аз Шумо ном барам ва хатто ёд кунам. Ин ки ман Шуморо устод мегуям, ин хукуки фитрии ман аст.
    Он чй ки дар бобати хохиши ман ва лутф кардед хеле сиспосгузорам.

  38. Дуруд азиз,

    Ин сафхаи олист ва хондани. Хар шому хар сахар мисли ташнае, ки ба суи об мешитобад, ба хондани матолиби ин сафха мешитобам. Ман ташнаам. Ташнаи андешаи созанда. Ташнаи сатрхое, ки губор аз дил мешуяд, аммо гайриихтиёр дар дил андухи гароне тавлид мекунад. Сатрхое, ки дигар моро ором намегузоранд. Сатрхое, ки тачассумгари мехру ишку ватан хастанд. Сатрхое, ки моро барои мо мешиносонанд. Бубахшед, ин чо бархе аз дустон аз банда (Каюмарс) хамчун сохиби ин сафха ном бурдаанд. Вале ин иштибох аст. Ман сохиби ин сафха нестам (Кош мебудам ва ё метавонистам бошам). Аммо аз чумлаи хамандешони он хастам. Ин сафхаест, ки мову шумои паркандаро ба хам меорад. Ин сафхаест, ки андешахои парокандаи моро чой медихад. Сипос аз Андешаву сохиби Андеша, ки хар лахза бо мост (Касе хам набошад). Агар вакту имкон ва хохиш доред, як ба ин сафха сар бизанед: http://www.kayoumars.blogspot.com

  39. salom aleykum.man yak fazandi musulmon va jigarxuni tojik hastam.har chand xudro vatandust meshumoram ammo to hol baroi vatani jonu jigaram yagon xizmate nakardaam.va orzu doram ki Xudovand bad mani nokas to ruzi kiyomat umr dihadu dar rohi vatan.millat va dini xud shabu ruz xizmat kunam.
    salomat boshed

  40. Салому пайом ба шумо Точвари гироми!!
    Ман низ хело таасуф мехурам ки рохбарони имрузаи точик ба собик вазири холатхои фавкуллода Мирзо Зиёев беадлати ва номарди чиддие карданд ки назираш дар чанд соли ахир руй надода буд. Бечора Мирзо дар баркарори сулхи Точикистон хизмати хело хам арзанда карда буд вале авалчехрахои Чумхури ин хизмати уро нодида мегиранд ва чун хамагон медонем дар тамоми минбархои баланд чунон суханрони мекунанд ки гуё сулхи Точикистон танхо ба чониби хукумати имруза марбут бошад ва гуё апазитсияи точик дар баркарории сулхи Точикистон сахме надошта бошад .ман хамчун як парвардаи ин марзу бум пешниход мекунам ки ба Мирзо Зиёев унвони кахрамони милли дода шавад. Имруз сафи кахрамонхои милли руба зиёд шудан дорад ва кариб аст чун замони салтанати Брежневи ашхоСи «фидои» дар пушти костюмхои худ низ медал гирад. Ачаб давлату савлат доранд ин мардум!!
    Охир бечора нури кариб чанд соли умри худро дар гурбат гузаронд ва то охири умр барои амнияти халки точик хизмат кард вале акалан дар вакти тачлили солгарди сулхи точикон аз у ёд накарданд .
    Ба таъбири шоири шахири зидаёд ЛОИК
    Мулк сангистону мо бесангарем
    Сар ба сар сардору мо бесарварем
    Пунба бар гушем мову рахбарон
    Чун ки мо халкони пунба парварем.

    Аз шумо Точвари азиз як чахон ташакур ки чунин мавзуи хуберо марбут ба Мирзо Зиё матрах кардед .
    Бо умеди мувафакияти шумо !!!

  41. шумо дар кучо кору фаъолият доред? ва барои мо точикон аз мавзухои гуногуни точикистон дар ин сайт дохил кунед.

  42. salom alleykum..

    gap nest barodar , ki haminhel mard bacha hast ki hakikatro dar pahlu nishon medihad…

  43. Ассалом бародарону хоҳарони азиз, ҳамдардон ва Тоҷвар,
    Ман ҳар як мақолаи шуморо бо диққати том хондам.
    Албатта суханони беасос нестанд, вале банда ғаме дигар дорам. Расонаҳои интернетиро доимо мутолиа мекунам ва ғамгин мегардам. На аз инки вазирону вакилонанд хоин. Инҳо дуруза буванд.Балки ғамам аз он аст ки насли наврас надорем, ки ба оянда ба умед бингарем.
    Фикри ман чунин аст бародарон
    Шикоят аз замону макону вазирону вакилон кори хирадмандон нест. Аз сиёсат дур истед. Ба қавли мутаффакире Аъузу биллоҳи минашшайтони вассиёсати…
    Имруз ки метавонад бо боварии кулли гуяд ман метавонам ҳамчун ҳз. Юсуф сарвар гардам ва бо халқ гурусна бошам. Бовар кунед чун ба сиёсат дароед бисёр фикратон дигар мешавад.
    Биёед созмоне ташкил диҳем, ки танҳо ба омузиши насл машғул бошад, то ояндаамонро амин созем. Мактабғгимназияҳое сар то сари ватан созем ва муаллимоне ҷам орем ки дар тамоми гушаву канори ватанамон насле ба воя расонанд ки фардои моро зебо гардонад. Тоҷирони мо ба он дастгири намоянд.
    Бовар кунед бародарон қудрати қалам аз тавонои силоҳу сарвари бештар ба нафъи миллат аст. Онгоҳ малум мешавад то чи андоза ватанро дуст медорем. Он вакт бо фидоиёни ватан мегардем. Зеро касе зидди ин нест.
    Хизмат бар халқ ин хизмат ба Ҳаққ ҳаст.

  44. Салом, бародари азиз Точвар. Умедворам саломату сари хол ва дар хидмати ободиву озодии мардум комёб бошед. Ба рости аз хондани матолиби дар ин сахифа чой додаатон хеле хушам омад ва ба унвони як хонанда, ки аз он бахраи маънавие бурда аз Шумо сипосгузорам ва умедворам Худованд арчи захматхоятонро бидиход!

    Хамеша саломату сарбаланд бошед. Бо эхтироми самими Зафар

  45. Салом точвар,

    Бо ичозаи шумо мехохам тарчумаи инглисии маколаи ахир дар бораи Рустам у Хасан Асадуллаев руи сайтам «beyond-the-river.com» нашр кунам. Илтимос ба ман як email бизанед.

  46. Точвари арзандаву гиромикадр! Дусти арчманди ман ва кулли хамАндешон!
    Бисёр мехохам ин матлабро аз дукон нарубед. Ба кулли кишвари Точикистон ва кишвардорони лачомгусехтаи он бирасонед. Торнамои моро бастанд. Худ медонам, ки ин харфхоро руйи торнамои шумо бо хазор андух мерезам.
    Фарзанди ман-торнамои Ватандорро бастанд. Оё хабар доред, дар Точикистоне, ки даъвои озодии сухан мекунанд, дахони торнамои кулфзан гардид.
    Ман намедонам, то чй андоза сохтани як сомона осонй дорад, аммо бастани он аз кушодани он хам осонтар аст. Бисёр хохиш мекунам, дар ин маврид чизека иншо мекардед.
    Аммо кушиши дубора эхёи онро дорем, то як торнамояке бо номи Ватандор андаруни торонамохои дигари дунё чилва кунад.
    Лаззати бастани онро нафари масъули баста ва ашки талхи онро нафари онро созмон дода медонаду халос. Виват озодии сухан, ки торнамои мо аз имруз боз кушода намешавад. Хонандагони арчманд, мунтазир бошед, рузхои наздик ин торнамои мову шумо боз хохад шуд, бо линки дигар, аммо бо номи Ватандор.
    Шоду пируз бошед Точвари арчманд.
    Бо эхтиром хонандаи хамешагй ва хамАндеши доимии Шумо Ватандор.

  47. Ватандори азиз,

    Бисёр мутаассифам, ки сомонаи шумо дар ватан баста шудааст, аммо оё метавонед гуфт, ки чй гуна аз ин руйдод огахй ёфтед.

    Баъзан сомонахо ба иллати мушкилоти фаннии куллй боз намешаванд, вале гуфтан душвор аст, ки хукумат харчи бузурги бастани сомонахоро ба гардан мегирад.

    Ба хар сурат, хуб мешавад, агар маълумоти бештар медодед.

  48. Сомонаи Ватандор дастрас аст. Хамин холо, ки сурогаашро пахш кардам фавран дохили он шудам.
    Чун дохили он шудам ва каме аз он харза хондам, фахмидам, ки харзагуе беш нест.
    Тамоми иттилооте ки он чо буд бо хакикат иртиботе надошт, ангор нависанда аз асли хол бехабар.
    Шояд бо сари худ на он кадар ошност.
    Албатта чунин сомона баста бех.

  49. Фаридуни фарзона,

    Каме меҳрубон бошед. Ба назари ман, чи қадар ки сухани точикй дар интернет бештар бошад, ҳамон андоза хубтар аст.

    Яке аз дигаре меомўзад ва дар оянда торнамову торнигорҳои беҳтаре ба миён меояд, ки ба мардуми мо, ба вижа чавонони мо ёрмандй мекунад.

    Ҳамаи мо қадамҳои аввалро мегузорем ва албата, ин қадамҳо хатову камбуд низ доранд.

    Сарбаланд бошем!

  50. Челы, вы когда-нибудь научитесь называть веши и события своими именам (сайт – сайтом называется, во всех языках), может хватит раскручивать карту Сомони (мифа с ликом бога). Или будим жит в средневековий, когда не бут кончится эта безграмотность нашего народа, когда мулы трактуют писания, как хотят и по-своему усмотрению. Когда не бут прекратись про-исламская пропаганда везде (в общественном транспорте, на базаре, на улице и т.д.), на доело слушать эту чушь (вроде свободное общество).
    А увеличения числа таджикской речи в Интернете этому не поможет, а и исковеркали язык до неузнаваемости и не читаемости, я люблю я таджикский язык – язык Рудаки, Фирдавси и т.д. – а не это уродство что сейчас.

    И какой Таджнет – всего 280 сайтов (большая часть гос и ком сайтов) и где-то 5000 – 10000 страниц (смех), Рунет – более 1м. (только в зоне ru, не считая другие зоны) а страниц до фига …

    re: «Мо бояд беминнат, бепул, бемузд, бе дарназардошти бахраву манфиате барои миллати худ кор кунем, бигзор кораки хурде, аммо хар руз ва дар хар кучо.»
    Болит душа за нацию, хотите чтобы не гибли дети, а что вы сделали убежали на чужбину … (супер героический поступок) и какое у Вас п… (сами поймете). Приезжайте и сделайте что нибуть … попробуйте поварится в этом соку, а мы посмотрим на ваше утверждения … «душманони шахсии худ медонам ва хар кучо хастам даст ба гардани онхо хохам зад.»…

    Ватандор – а где вы там нашли (нормальный хостинг с поддержкой всего …), хотите делать нормальный сайт, так купите нормальный хостинг и домен (в обшоре или на западе) (а на бесплатных ранали-поздно вас закроют «!) и обсирайте кого хотите, и вас никто не сможет закрыть.

  51. Уважаемый abman,
    Из-за таких, как вы манкуртов мо дошли до этого. Так непонятно чего вы хотите. По моему нигде как здесь вещи называются своими именами. Научитесь вначале ясно и четко выражать свою мысль, а после поливать грязью и выливать этот сумбур.
    Кто любит язык Фирдавси и Рудаки, сейчас бы о нем так не выражался. Язык не виноват, что он болен. Мы таджики обязаны его вылечить. Один из путей: все большее количество сайтов на правильном таджикском языке. И эта страничка является оным.
    Нелепо сравнивать количество русских сайтов с таджикскими.
    Абсолютно прав тот, кто сказал, если не ошибаюсь Точвар: «Мо бояд беминнат, бепул, бемузд, бе дарназардошти бахраву манфиате барои миллати худ кор кунем, бигзор кораки хурде, аммо хар руз ва дар хар кучо.»

  52. Абман-обман,
    ты даже толком не обрусел. Мне реально очень жаль таких как ты. Ты потерявшийся чел как сам выражаешся. Ты толком не владеешь ни одним языком. Таких как ты пруд-пруди. Толку от вас мало.

    Ба маълумоти ту расида бод, ки ин забон форси ном дорад ва сайтхои бепоене ба ин забон вучуд доранд, ки аз сабаби аз асли хеш дур афтоданат ба ту дастрас нестанд. Агар дер нашуда бошадат, алифбои ниегон биомуз ва худ хохи дид!
    Listen to the wind of change…

  53. Барои кушодани чунин як сомонаи точики аз Шумо беандоза минатдорам.

  54. Дуруд бар Шумоён Точвар ва Рустам. Хафтавори мо-Вароруд сафхаи махсуси Ришханд-Пресс дорад. Мо тасмим гирифтем, ки бо сабаби музофотй будани рузномаамон сафхаи махсус дар интернет чой бидихем. Инак, бо кушишу талоши Ришханд-Таго ва чияни он кас ин сафха боз шуд. Хохишмандем, бисёр, бисёр хохиш мекунем, ки пиромуни сафхаи мо як чизаке иншо кунед. То хонандагони азиз аз будани чунин сафха огах бошанд.
    Итминон дорем, бо хондани ин сафха табъи хонандагону хамватанон каме бошад хам болида мешавад.
    Боварй дорем, ки ин хохиши мо аз вилояти Сугд ба назари эътибори Точвари фарзона ва Рустами азиз гирифта мешавад.

    Бо эхтирому самимият Ришханд-Таго. Аз шахри Хучанд.

  55. Салом бар хама мардуми шарифи Точикистон
    мебахшед ки як тазакури точики доданиям ба он касоне ки забони худашонро тоб дода ба забонхои бегона бо мардум гап мезананд дар хаикикат як иддаи мардуми мо тарзи суханвари ва тарзи бархурдро намедонаанд хело мутаассифам,,,,,
    баъзе вакто ин фикр бар сарам меояд барои чи? мардуми мо вате мехоханд худашонро нишон диханд ба сурати мусбати ки дар асл ин сурати онхо нест худашонро нишон медиханд фикр мекунам!!!! Албатта хич кас ро ба зери киноя Бурдани нестам вале дар хакикат ин асли мавчудист дар чомиаи Имрузаи мо ,,Як савол ба хонандагон Оё Забони точики он кадар заъиф шудааст ё инки вожахои истифодаро надорад ки мардум мунчар ба тобдихии забони худ мешаванд?

  56. salom brat …
    Man yak savol pursidaniy budam..
    site tojikiy futbol bud hamun chi shuda bosha ….
    eki domain name hudro alish kard,,,,,,,,,,,,?

  57. Салому дуруд бар Шумо, Тоҷвари азиз.

    Ҳар дам ба як сайти нави тоҷикӣ дучор мегардам, шоддилу пурумед мешавам, ки забони дурдонамонанди мо зиндаю ояндадор мемонад. Баъди хондани сатрҳои бисёр пуртавозую некгуфтори Шумо, дилам боз болида шуд.

    Хуш бошед.

  58. Хама суханхои гуфта сад дар сад рост ва алмовар лекин ба канд гуфтан дахон ширин намешавад.
    Точикистонро обод кард на руссияро
    Аз давлату давлатдорон талаб кардан лозим аст бигузор ба хар як шахрванди точикистон кор ёбад на ба чину турку афгон точикистон ватани мост ва мо бояд онро обод созем.Агар ин Чинхою Туркхо 5ё10 соли дигар истанд ба худи мардхои точик зан дигар намерасад.Миллати тозаи точик чазир хохад шуд.

  59. Суруд бошад нон хам мешавад
    шиори точикон
    дар точикистон ба чои заводу фабрика сохтан хар шахс ба худ овозхон сохта истодааст

  60. Суруд бошад нон хам мешавад
    шиори точикон
    дар точикистон ба чои заводу фабрика сохтан хар шахс ба худ овозхон сохта истодааст.

  61. Мехрочиддин Сафаров

  62. Бародарони азиз ба дини ислом гапхои хархела нагуед ба ислом бовар надори кори худата кардан гир ислом чи айб дорад
    Ислом бар зоти худ надорад айбе
    хар айбе хаст дар мусулмонии мост.
    Мо худ мусулмон аз кофар рафтори бад дошта бошем ин айби кист?боз Рудакию Фирдавси
    хар чизе ки нависондаанду гуфтанд бисёр хуб лекин ба Шохномахони шиками халкро сер намекуни ба ман дар хозира Рудакию Фирдавсии Шумо чи даркор як лукма нон борои фарзандонам ёбам ана Рудакию ана Фирдавси
    Брежнев гуфта буд нон бошад суруд хум мешавад
    ишкам ки сер шуд ана баъд Рудаки мегуй ё Фирдавси мегуй онаш кори Шумо .бародарон Шумо дар чи акидаенд рост ё дуруг гуфтам .Мани бесавод хамин кадарашро мефахмам агар савод мешуд ё вазир мешудам ё ягон каси дигар баъд мечафидам
    сомоничонро дар назар дорам халкро не

  63. Salom barodaroni aziz man ba shumo tamomi khursandii dunyoro tamanno doram. Man VATAN-i khudro dust medoram va man mehoham, ki monandi gul hamesha shukufon boshad.

  64. Умар додарам Шумо то хол аз лаб хоб хастед.
    Ба канд гуфтан дахон ширин намешавад.
    У нангу номусе ки миллати точик 15 -20 соли пеш дошт у нангу номус дар миллати мо холо дида намешавад аз кучо точикистон обод шавад.Ободонии миллати точик дар нангу номуси миллат аст.Мо мегуем ки ватанамонро дуст медорем (хама фарди точик ин суханхоро мегуяд)
    кани у дустдори як бор ба атроф назар кун кихо ва чихоро мебини.
    якбор шодравон Лохутии бузургро хон шеъри
    Ё хар ду

  65. Барои чи хама гунг мондед?
    ягон одами зинда хаст%зик шудам хамаи навиштачотро 4-5 бор мутолиа кардам ягон кас гапи мегуфтани надорад?

  66. bovar barodari aziz az khursandi dar liboshoyam namegunajm.ofarin bar shumo sad ofarin .baze ho megan ki tojikon tarsu hastand vaqte ki tojikon feli ro mebini bovar mekuni ki rost megan chun barqashon namedihand sokit va farzandonashon dar Rusia mekushand sokit dar hole ki muqasir davlat ast…
    dar borai tahsil dar kishvar hoi avrupoi megufted siposguzor meshudam

  67. мусибат аз мусалмон хост ё агёр ё харду…..
    Я давно уже небывал у вас в гостях. Красивые места, добродушные люди…Что с вами стало? Почему такой талантливый и трудолюбивый народ сейчас живет в такой нищете? Желаю вам всего наилучшего и всех благ 🙂
    С уважением ко всему сообществу, кофир. 🙂

  68. since when london is translated to Tajik as «Ландан» , is it is a mistyping?

  69. Саломи гарму чушон!
    Банда баъзе аз маколоти шуморо гох-гохе мутолеа мекунам. Вокеан, харчанд дар порае аз андешахои шумо мувофик набошам, вале хакко ки ин маколот хикоят аз дурандеши, озодбаёни ва истиклолияти шуморо мерасонад. Дар он чи аз гуфтахои шумо, ки перомуни вазъи сиёси ва ичтимоии асафангези кишвари азизамон аст, сад дар сад мувофикам. Шумо хуб дарди чомеаро ташхис медихед. Аз ин бобат бо Шумо, ба унвони як нафар точик ифтихор мекунам. Вале ба назар мерасад дарки ранчу дард ба танхои корае нест. Бояд илоч ва даворо хам хуб ташхис дода ва сипас онро барои мардум пешкаш кард. Дар навиштахои Шумо пешниходи рохи халли вокеи кам ба чашм мехурад.
    Банда ба унвони як нафар мусулмон, шояд дар гуфтахои шумо ба суроги дидгоххоятон рочеъ ба дину диёнати мардуми кишварамон гардам. Ва хак хам дорам, зеро дин, чизе нест, ки барои хар ислохгаро раво бошад аз он чашмпуши кунад. Ислохгарои муваффак дар навбати аввал, ба фикри ислохи дини мардум хам бояд бошад. Агар Икбол бузург аст, ба хотири хамин нукта аст. Албатта ман шуморо ба бедини муттахам намекунам. Харгиз чунин нест. Ва хак хам надорам, ки ба чунин чизе касеро муттахам созам. Ин кори одамони бехирад аст.
    Манзури ман факат дидгоххоятон перомуни дину диёнат аст. Ва ин ки чи гуна ба ислохи чанбахои маънавии мардум бошем.
    Ба хар хол, бо тулони кардани сухан, вакти шарифи шуморо намегирам. Банда ба унвони як мусулмон ва дар сони точик, бо дарки мушкилоти динии мардум ва низ зухуру бурузи фиркахои мухталифи мазхаби дар Точикистон, ки вокеан мояи дарди сари мардум шуда аст, сайтеро рохандозии кардаам, ки ба таври тахассуси ба масоили дин мепардозад. Агар вакт доред саре ба он зада, назари шарифи худро барои банда ирсол фармоед, ки мояи хушнудии мо мешавад. Зеро назари шумо рочеъ ба ин сайт барои ман хеле мухим аст.
    Ва агар мувофик бошед, бо навиштани дидгоххои худ дар ин сайт, хонандагони моро сероб намоед.
    Банда исмам Сайидюнуси Истаравшани аст. Баъд аз хатми коршиносии аршади фалсафа ва хикмати исломи дар Сурия, холо чанд сол аст, ки дар Эрон дар риштаи доктории маорифи дини ва фалсафа машгули тахсил мебошам.
    Боз хам ташаккури худро бароятон аз навиштахои басо гании шумо иброз медорам. Худо нигахдори Шумо!
    Бо камоли эхтиром, Сайидюнуси Истаравшани.

  70. Сайидюнуси ба чашм дур ва ба дили наздики ман, дуруд бар Шумо!

    Сипоси бекарон аз лутфу мархамати Шумо.

    Эроди Шуморо то андозае мепазирам, банда дар улуми динй донише ба чуз аз 5 рукни ислом ва бархе аз фарзхову суннатхо надорам. Э кош дар мактаби мо, ки то холо таърихи Юнони Кадимро бо тамоми тафсилот меомузонанд, аз дини падару бобоён хам бахрае медоданд. Вале ман даричаи сабзи худовандро худам ёфтаам, бе он ки касе ба ман онро нишон дихад. Холо бештар ин хел фикр мекунам, ки дину имони ман корест дар байни ман ва Худованд. Инро хам донистаам, ки Ислом хамаи мардуми оламро катъи назар аз ранги пусташону миллияту кавмияти онхо бо хам баробар ва бародар мехонад. Баъзе динхои дигар, харчанд ишки зиёдтар ба Худованди ягона нишон медиханд, танхо барои кавму нажоди худашонанд ва талош мекунанд, донишхои динии худро аз дигарон пинхон ва дарег бидоранд.

    Агар мо инро нафахмем, дар байни ду хувияти мо — динй ва миллй ихтилоф ба миён меояд. Бинобар ин набояд Исломро моли аъроб шумурд, балки моли хеш, дини хеш.

    Торнамои Шуморо дидам ва дар хакикат бисёр оличаноб аст, ман онро ба хайси бехтарин манбаъи донишхои динй дар торнигори худ чой додам ва пайваста онро мутолиъа хохам кард.

    Аммо дар мавриди ин ки мо хамандешон дар ин торнигор бештар мушкилотро баён медоранд, то роххои хали ин мушкилотро, бояд бигуям, ки аз дасти мо факат хамин меояд. Мо дар раъси мамлакат нестем, ки мушкилотро хал кунем. Харчанд пешниходхое хам дустон ин чо дар миён мегузоранд. Хукумати Точикистон дар як тилисми баде баста шудааст, ки хеч кораш пеш намеравад ва ин тилисм Эмомалй Рахмон аст. Диндорон мегуянд, подшох сояи Худост, дар ин маврид ман бовар надорам, ки ин одам сояи Худо бошад. Рахбар бояд касе бошад, ки чанд кадам он суи рохро бинад ва миллаташро аз балохое ки меоянд, хифз кунад, он гох вай сояи Худо буда метавонад. Ин касест, ки намегуяд, бо хости Худо омадааст, балки мегуяд, бо хун омадаам, бо хун меравам. То ин тилисм боз нашавад, кори ин хукумат пеш рафта наметавонад. Мардум бояд дарди худро бигуяд, фикри хамдигарро бифахмад, он гох бо хамфикрию хамандешй мумкин аст, рохи хал худ пайдо мешавад.

    Умедворам, ин ба ин макон боз борхову борхо мехмон хохед шуд ва изхори андешахои Шумо ба халли мукшилоти миллат мадад хохад кард.

    Сарбаланд бошем!

  71. Саломи мучаддад
    Аз посухи шумо ба номаи банда ташаккуро худро бароятон иброз медорам. Боз хам ифтихор мекунам, ки сарзамини мо одамони бузурге мисли шуморо парварида. Бо гуфтахои шумо дар ин нома мувофикам. Хамчунин сипосгузорам, ки сайти мо мавриди тафаккуди шумо карор гирифт ва ин мояи хушхолист.
    Мутаассифона хузури гиромиятон бирасонам, ки сайти тоза рохандозишудаи мо ба далели номаълуме баста шуд. Бинобар ин Мо тасмим гирифтем фазои мустакилле барои худ харидори карда ва фаъолияти хешро дар он идома бидихем. Анкариб сайти мо бо нишонии чадид ба рох андохта хохад шуд. Нишонии он ин аст:
    http://www.kemyaesaadat.com/
    Феълан дар кайди сохт аст, вале ба зуди фаъол хохад шуд. Албатта банда хадс мезадам, ки онро сохибони UCOZ.RU хоханд баст. Зохиран касоне шикоят карданд. Баъзе аз мутаассибони дини (гумон мекунам, ки ваххобихо бошанд) чунин тахдидеро хам аз тарики ирсоли нома ба емайли банда расонда буданд.
    Хеч гап не. Ба зуди бо адреси мустакил ба рох андохта хохад гардид.
    Шояд то он муддат баъзе аз маколахоямро бароятон ба нишонии шумо ирсол хохам намуд. Агар мавриди писанди Чаноби Шумо карор гирифт, метавонед дар сомонаи хеш чой бидихед. Вагарна, ихтиёр бо Шумост.
    Дар поён боз хам камоли эхтироми худро бароятон мерасонам.
    Бо салом Сайидюнус.

  72. Салом
    Худоро шукр аз дируз боз аз нав пойгохи мо (http://istaravshani.ucoz.ru/) рох афтод. Вале чунон ки ишора шуд, ба хар хол мо ба зуди пойгохи мустакилли худро ба нишонии (www.kemyaesaadat.com) рохандози хохем намуд.
    Бо камоли эхтиром
    Сайидюнус

  73. Salom baraodaram Tojvar. Tashakkuri ziyod.
    Barodar Quvvayu neruhoi javononi dohili kishvar va horijro jalb namudanamo lozim.
    Bigzor bachahoe ki Tojvar ro mehonand ba e mailhoi dustonu rafiqoni javonashon firistan.Tabligot kunand ki honandagon va hamfikroni mo ziyod shavand barodar.
    In ham rohi halli baze mushkilihoi jamiyat va javononamon shuda metavonad.
    Hudo Hofiz

  74. Ман он руяки мастам, ки аз рузи аластам,
    На ин чисмаки хоки, ки паймон шикастам.

    Наям Озари бутгар, на Фиръавни ситамгар,
    На Бубакру на Умар, ки дунё парастам.

    Наям Амру на Антар, на Мусои паямбар,
    На Исмоили акбар, ки курбони ту хастам.

    Наям пиру на барно, наям окилу доно,
    На дарвешу на воло, ки аз сатри нарастам.

    На инам ману на он, на буддову мусалмон,
    Наям аклу на имон, ки донад, ки чи хастам.

    На шайтонаму рахмон, на гамгинаму хандон,
    На аз зохиду риндон, ки майхона парастам.

    Ки донад, ки «киям» ман, ки не балки «чиям» ман?
    Зи Нур ё ки зи хокам, ки аз хар ду бирастам.

  75. Кадами номубораки Рахмон,
    Хар кучое расад шавад вайрон! (Эчоди халк)

  76. Аз калай растему бар дасти лакай афтодаем!!!

  77. Salom barodari aziz. man tashakyr megyaym az shymo, ki baroi khonandagon ideya medihed. vale az shymo khohish menamoaym, ki bazan bidyni ehsos sykhan megyftet nyran alo nyr meshyd…

  78. Salom,Rustam.Ba fikram,agar hato nakunam, badi makola
    dar borai Bozor Sobir.Vada bud,ki hamai fikroi mardum ba mo ravon mekuni.Ammo shoyad az hotirad barobad?
    Bo salom Gulchehra S.

  79. Эх.бародар Рустам! Ба точики сухан меорои вале сахт носуфта!Худро механпараст меписанди аммо ба кавли худат»Онро фаромуш сохтаи»!Чигуна Ватанро дуст медори ?Вакто,ки он туро парвардаасту холо давраи бенавоиро аз сар мегузаронад ва ту кишвари «аристократ»(начибзодагон)-хоро ихтиёр карда умр ба сар мебарию боз бо камоли ифтихор мегуи,ки онро фаромуш кардаи!Метарсам,ки ту боз хамон диссидендхои ояндаи инглис набошй!Ватанро агар дуст доранд аз Ватан фирор намекунанд!Суханбозиву хуккабозие беш нест.Аз номи Ватан бар зарари Ватан!

  80. Кабул аст, бародар Алй.

    Пас беш аз 1 миллион нафар, ки холо дар саросари дунёянд, низ ватанро дуст намедоранд.

    Беватан нест, хар он кас ки кунад ёди ватан.
    Дар ватан будаи бе ёди ватан беватан аст.

  81. Абдукодири Абдукаххор!

    «Бечора Мирзо Зиёев»-и шумо аввали мохи январи соли 2008 маблаги 250 хазор доллари дар замони вазири вазъияти фавкуллода буданаш чамъ кардаро (?) ба умеди мансабгирии навбати бо ду дасти адаб ба рахбари вакти дастгохи президент супорид. Аммо тири «бечора Мирзо»-и шумо хок хурд, рузи 26-уми январи с.2008 фармони «интизории» президент интишор нашуд.
    Вакте ки «бечора Мирзо» ба рахбари дастгох занг зада гуфт, ки «он сафеди бояд баргардонида шавад», рахбари вакти дастгохи президент дар посух гуфт «он чизе ки рафт дигар барнамегардад…»
    Бо хамин «бечораи Мирзо»-и шумо аз маблаги дуздиаш чудо шуд. Барои хамин шумо мехохед он кахрамони миллат эълон шавад?

  82. Ба zubaidullo@gmail.com аз Массачусетс!

    Хеле мехохам бо модарат сухбат кунам, ки чи хел касиферо мисли ту ба дунё овардааст.

    Маслихати ман ин аст, ки ба форумхои дигар бирав. Ба он форумхое, ки ашхосе монанди ту модару хохарашонро ба худ сипар мекунанд.

    Ё ки аввал ба забони одамй харф заданро омуз, сипас биё. Ту хатман аз онхое хастй ки бо пули давлату миллат ба Амрико хондан рафтай. Вой бар холи миллате, ки фардо ту «дар Амрико хондагии» он мешавй! Хайфи ту!

  83. Салом Бародари кироми Рустам!Пеш аз хама бахшиш мепурсам аз густохона ва бо ачалаву бетааммулона мазаммат карданам!Сарфи назар аз ин Шумо иштибох мекунед,вакте,ки худро ба «армияи миллионнафараи гастарбайтерхо(каминаи камтарин низ аз зумраи онхост!Дворник!!) шомил донистаед,ононро эхтиёч мачбур кардаасту Шуморо на эхтиёч!Аз ин лихоз хурдагирии Шуморо на бештар аз таквияти суханпардози(эскалация риторики) медонам…
    Зеро мардикорон дар раванди ивази менталитети гуломтабиатонаи мо сахми чашмрасе гузошта наметавонанду (Ин гулом ибни гулом ибни гулом,Хуррият андешаи уро харом!)Шумо ва дар симои Шумо дигар фарзандони фарзонаи миллат метавонед таъсири амике гузоред ва моро тезтар аз ин(бо мадади Худо) зиллат рафохият дихед.
    Сарбаланд бошед!

  84. Салом ба бародари азиз Алй! Ман медонам, ки хамаи мо дили озурда ва хотири ошуфта дорем ва гохе бо алам сухан мекунем.

    Шумо хам маро бубахшед. Рости гап, дили ягон хамватану хамхуни худро ранчондан намехохам, аммо хар руз чанд номаи пур аз дашному хакорат мегирам. Хеле шуд, ки аз навиштани ин блог сад чон безор шудаам, лекин ватан ватан аст, лукмаи дахани ман хар руз захр мешавад, вакте азобу машаккати мардумамро мебинам.

    Ман факат як хадаф дорам, ки мардуми мо дар ин давраи вазнин озодона фикр кардан ва барои хакки худ мубориза бурданро фаромуш накунад. Агар дар бораи хукуматдорон менависам ё номахоеро дар ин мавзу нашр мекунам, ин чо максад ин аст, ки онхо бояд донанд, корхои нодуруст ва зидди манфиати мардум ки мекунанд, пинхон намемонад ва дафъаи оянда инро ба назар гиранду каме инсоф нишон диханд.

    Сарбаланд бошем!

  85. Бародари арчманд Рустами Субхони,
    Оё мақолаи ахире, ки ба унвони «Точики мусалмон, ё мусалмони точик?» бароятон ирсол намудам, дарёфт шуд?

  86. Бале, бародари фарзона Сайидюнус,

    Макола ба дасти ман расидааст ва имруз ба нашр хохад расид. Даст марезод.

  87. Сипоси фаровон, бародари гироми!

  88. Салому пайёоми зиёд ба шумо бародар Точвар!
    Ахсан ба шумо барои ин фикрронихои хубатон!
    Ман хам ин сомонаи шуморо пайдо кардаму хонда аз у бисёр бахра гирифтам чун ки даоди дили халкро шумо ирсол доштаед бароад!

    Ватан барои хар яки мо азизу гироми аст!
    Ба кавли устод Лоик Шерали!

    Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст,
    Ватан асту мадори ҷону тан аст.

    Гунаҳи мост, ҳолия ин хок
    Мадфани мурдагони бекафан аст.

    Бо ҳама ашку хуну тиру туфанг,
    Чӣ кунам, ин замин диёри ман аст.

    Гарчи мерос монда аз Ҳурмузд
    Боз ҳам пойгоҳи Аҳриман аст.

    Пур зи зоғу заған шуда ин бум
    Гузари булбулон ба марғазан аст.

    Ройзан пур шудаст дар девон,
    Ройзан нест, балки роҳзан аст.

    Анҷуман мекунанд ҳар ҷое,
    Худкушӣ раҳкушои анҷуман аст.

    Ҳайфи Гурдофариди Фирдавсӣ,
    Гурдзода бубин, ки гӯркан аст.

    Гарданафроз мардуме будем,
    Гарданомон ба ҳалқаи расан аст.

    Дар диёри сухан суханвар нест,
    Сӯхт ҳар кас, ки ошиқи сухан аст.

    Сайру гашти чаман фаромуш кун,
    То гулӯмон нуҳуфта дар лаҷан аст.

    Байни мо баҳси мову ман то ҳаст
    Чамани гул ба қабзаи шаман аст.

    Ҷанги байни маҳал аҷал овард
    Эй бародар, бас аст, дилбазан аст.

    Як васият кунам, ба ёд бигир
    Дар танат гар на ҳеҷ пираҳан аст,

    Тоҷико, асли хешро дарёб
    Варна фардот бенишон шудан аст.

    Бозёбии хеш агар хоҳӣ
    Бозгаштат ба асли хештан аст.

    Навбати дови рӯбаҳон бигузашт,
    Навбати шермарду шерзан аст!

    Худован ба хамаи мардуми точик хусусан ба рохбархоямон имону тавфик ато кунад ки аз паи бехбудии халку миллат бошанд!

  89. салом ва дуруд ба бародарон ва хамватанони гироми. Мехостам, ки маро дар бораи Бадахшон каме маълумот дихед ва шояд илова бар ин дар бораи сиёсати он

  90. Салом Рустам!
    Дусти ман Устод Равшан Хакимович Камолов ду нома фиристонда будаанд. Аз ман хостанд ки то аз шумо саол кунам, ки чаро он номахо дар торнома оварда нашуданд?
    Ман чавоби шуморо мунтазир!
    Саломат бошед!

  91. САЛОМ БАРОДАРИ ДУР АЗ ВАТАН БАРОЯТ САЛОМИ ТАМОМИ АХЛИ ТОРИКИСТНРО МЕРАСОНАМ

  92. Салом бародари азиз,ташаккури зиёд барои сайт. Бисёр хуб мешуд агар дар бораи Навруз хучастапай якчанд шеърхои бузургонро омода мекардед. Сарбаланд бошед.

  93. Политолог мурдану шумо политолог шудед
    Аз кадом кавру замон пайдо шудед

  94. Салом!
    Сайти хубе аст то андозае ки фахмедам. Гар чи худам аз кавми точик нестам, меллатам тотор ва факат ёдгирандаи забони форси астам, дилам барои бародарони азизи мусулмони точикистон хам месузад. Офарин бар касоне ки ба души худ чунин коре сангин ро гирифта ин сайти пурмазмуну чолибе ро сохтаанд. Намедонам чигуна хисси ноумиди ва ёъс аз сари кишвархои чахони ислом рахо шавад. Хар чо ке мерави тахидастию факри махз мебини ки хамрохи он зулму зурию ситамгари мешавад. Танхо рохи начот – бозгардиши ба Ислом дини поки мост.

  95. Салом!- баъд аз салом, чи кор кунем ки аз хамаи ин халос шавем?

  96. Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотух бародари азизу гироми Рустам Назиров аввалан барои ик корхои хайри анчомдодаат сипосгузори менамоям ва дуо менамоям, ки Худованд чазои хайрат бидихад. Ман хело хушнуд хастам, ки дар дар ин вебсайт низ дар бораи фишор бар сари яке аз рухониёни шинохтаи точик эшони Нуриддин Турачонзода дида мешавад. Зеро оилаи эшони Турачон яке аз оилахои рухонии шинохта хам дар Точикистону Туркманистон ва умуман дар Осиёи миёна ба хисоб меравад. Бинобар ин мо нагузорем, ки нисбати ин шахсони муътабар хам эшони Нуриддин ва хам Хочи Акбари Турачонзода фишор оварда шавад. Вактхои охир бо воситаи рузномаву мачаллахо нисбати Хочи Акбар Турачонзода яке аз олимони дини мубини ислом ва сиёсатмадори шинохта низ маколахои биасосу фишорхои дар замони чанги бародаркуши мавчуд буда оварда шуда истодааст. Бори дигар ман минатдории худро нисбати шумо баён меорам ва аз Шумо хохиш менамоям, ки хеч вакт нисбати by гуна нофахмихо хомуш набошед ва аз даргохи Худованд таманнои онро дорам, ки ингуна шахсони гамхори дини мубини ислому халку миллати точик бударо дар панохи худаш нигах дорад.

  97. Salom Barodar Tojvar medoned man ham dar khorij tahsil mekunam va har ruz az Khudovandi muttaol duo mekunam ki mardum moro hidoyat kunad va dar zindagiashon gamro nabinand va hamin orzuro dar oyandai Tojikiston doram …
    In kore, ki shumo mekuned Inshoalloh Khudovand kabulash mekunad va chi kadar metavoned az maksadi khud nagarded .. dar zindagi pastiu balandihost in hamaash meguzarad ….
    Agar yagon khizmat boshad mo dar ikhtiyori shumo baroi vatan jonam ro fido mekunam……vassalom

  98. Мехостам алокамандони сомона дар мавзуи «Агар мушовири Президент мебудам!!!» сухбат ва андешарони намоянд. Шояд андешахои чолибе ироа бикунанд, ки барои пешбурди миллати точик ва давлати Точикистон фоидабахш бошад. Аз даргохи Худованд ба кулли хаммилатон саломати ва осоиштаги хохонам. Бигузор Худованд мушкили хамаи хаммилатонамро, ки бахри зиндагии осуда ва хушбахтии хар фарди ин миллат амалеро пиёда месозанд осон гардонад.

  99. SSDSD

  100. Бародари азиз!
    Мехостам аз сайти мазкур суханону андешахое, ки ба сиёсати имрузаи давлат, Президент ва хам сохтмони НБО Рогун мухолифаткунандаро бартараф намои! Мо шабу руз мехнат мекунем, ки давлатамон обод шавад таракки ёбем. Сиёсати имрузаи давлата халк ба назарам дуруст дарк кардааст. Ман агар дар ин мавзуъ бо ту бахс намоям мумкин хотираи сервер нарасад, лекин мо бояд мард шавем. Мард миёна баста мехнат мекунад. Гайбату сифат аз чихати мусулмони хам нодуруст аст.

  101. Бародар Собир Каримов!

    Аз чунин макола-гайбатномаатон, ки ба анонимкахои давраи коммунисти шабохат дорад, аз точик буданам шармам омад. Интренет барои «собиркаримовхо» чои муносибест барои пахш кардани анонимкахо. Наход хисси бадбании як точик ва эхтимол зодаи Исфараи бостонии Точикистон ба бародари худ чунин бошад?!
    Маълум аст, бе ин хам мавзуи Исфара бо шарофати баъзе аз чехрахои мубхаму шубхаангези шахри бостони таи чанд соли охир бештар дар сахифахои матбуот ва хоса, Интернет инъикоси пайдарпаи хешро ба бар кардааст.
    Ин хам маълум аст, ки ду номзади асоси дар интихоботи параменти аз ин минтака Мухибулло Курбон ва Амир Каттаев хастанд. Хар ду хам фарзанди хамин диёр ва ватанашон Точикистонро хеле дуст доранд. Хар ду хам ашхоси лоике мебошанд.
    Лекин Шумо, бародар «Собир Рахимов», ки номи кахрамони чанг генерал Собир Рахимовро ба худ лакаб гузоштаед, мудохила ба кори хонаводагии як шахс, фарк надорад касе ки бошад, хак надоред! Ин «компромат»-и Шумо, баръакс бар зидди манофеъи А.Каттаев хаст. Мардум он кадар гул нестанд, ки аз ин «усул»-и муборизаатон ноогох ва ё маданияти мардуми бостони то дарачае расида бошад, сари ин гапхо андеша накунанд ва суоле назди хеш нагзоранд: «Бо пахши чунин «компромат» бо усули гайриинсони бештар ки манфиатдор аст?!
    Шумо, бародар бо ин коратон ба номзади вокеан арзанда Амир Каттаев хизмати хирсона кардед!
    Дуюм, Мухибулло Курбон як нависанда ва сиёсатшиносест, ки солхои тулони дар сафорати ИМА дар ЧТ ба сифати мушовири сиёсии сафири як кишвари абаркудрат ифои вазифа мекунанд. Банда шахсан 20 сол аст, ки М.Курбонро надидаам, аммо ба хисоби ман, ишон такрибан 60 солаанд, Шумо, бародар фарз мекунем агар хамин гуфтаатон хам дуруст барояд, дар синни чавони, ба навиштаи калами бурроатон 30 солаги рух дода бошад хам (хол ин ки ин мавзуъ ба касе хам дахл надорад агар рух дода бошад хам, хануз маълум нест ки он воекият дорад?!) мебахшед беш аз 30 сол гузаштааст. 30 сол пеш кучо масчиду мусалмонии сартосари буд?!
    Сеюм, агар вокеан Шумо мусалмон бошед, чи тавр як нафарро ва он хам бародари хамшахриатон хаст, дар Интернети чахони ба ин усул ба намоиш мегузоред?! Дар кучои «Куръон» гуфта шудааст, ки хамин рафтори Шумо кори хасана аст?! О, мебахшед, туфи худатон ба руи худатон меафтад!
    Худатон як назар намоед, дар кариб 20 сол республикаатон ба кадом холат расид! Аввал, парламенти як кишварро тули беш аз 10 сол боевикхои сангаки мисли хонаи очаашон зеру забар карда гирифтанд, холо дах соли охир аксарияти парламон аз ашхоси ноухдабаро ва гайрихирфави иборат аст, ки хар рузро мешуморанд то рузи мохонаи 500-доллариашон наздик шавад!
    Ба рости, айб аст! Ба чогахи касе сар халондан ва бо чуб, мебахшед, ахлоттудаи хонаводаи касеро тагу ру кардан, ба Худо айб аст!
    Режими бондитии сангаки хамаатонро дар ин 20 сол ёд дод ба сари синна задан ва фарёд кашиданро: «Ориёи», Мусалмон», «Ханафи», «Точик»!!! Гадову пойлуч, бе хонаву бе ватан, бе нону бе об, бе барку бе газ, бе иктисодиёту бе ичтимоиёт – хама гарки идеяхои популистии режими сангаки пахну парешон, хама «стукач»- фуруш-фуруши хамдигар ба хотири зинда мондан дар «чангали сангаки»…
    Айб аст, миллат, айб!

  102. Ман кистам? Хеч кас, аслан вучуд надорам!!! Чи ? Оё назари дигаре доред ё…?
    Ман кистам хангоме, ки хохарам агар сатр бар тан кунад раво нест ва агар урён бошад боке нест?
    Ман кистам хангоме, ки мардикори сарзамини бегонаам?
    Ман кистам хангоме, ки маддохи зимомдорони золими кишварам?
    Ман кистам хангоме, ки дар сардии зимистон харорати дохили хонам аз берун сардтар аст?
    Ман кистам хангоме, ки рушноии нури чарог факат барои муддати 2 соат, дар 24 соати шабонаруз насибам мегардад?
    Ман кистам хангоме, ки фахшу дашном ба таври кушода ва алани, салому алеки одии човонони сарзаминам гаштааст?
    Ман кистам хангоме, ки мутолеъа ва дарс омузи, шарму пасту бе арзиш гаштааст?
    Ман кистам хангоме, ки Шабнами Сураё, сарманшаъи зиндагии духтарони Ватанам гаштааст?
    Ман кистам хангоме, ки пушти сари муфтие, ки корхонаи шаробфуруши – ро мефурушад ва аз Исломи ноб фарсаххо дурр аст, намоз мегузорам?
    Ман кистам хангоме, ки одам бахисоб рафтан,факат махсуси зодаи махали хосе будан аст?
    Оё ман хастам? Оё хастам то бигуям кистам?
    Мавчем, ки осудагии мо адами мост… Мо осудаем, мо нестем.

  103. Ба хамаи воридшавандагони ин Web-сахифа гуфтаниям, ки нисбати сарвари давлат ва дигар шахсони мансабдор инкадар гапхои бекора назананд. Факат аз даргохи оллохи ягона талаб намоянд, ки ба он мансабдорон тавфик ва инсоф дихаду милати точикро гулгулшукуфон гардонад

  104. Салом ман Рустам, мехостам бо Шумо хамкори кунам , сомонаи ман http://www.rustam.okis.ru
    Мехостам маводхои Шуморо ба сомонаи худ чойгир кунам Шумо рози хастед?

  105. Салом! маро, яъне як нафар зан-гули сари сабадро, модарро ба сухбат хамрох намекунед? Ба Точвар гуфтаниам, ки ман хам аз ватан рафтаниам. Чунки хамчун аспирант кадр накарданд, хамчун зан-модар, коргари бехтарин (хамкорон мегуянд) хатто як хучра хобгох надоданд. Ба кадри илм дар ин чо намерасанд, берун аз Точикистон рафтаниам, аммо ягон адреси ннаик нест. Мехохам ягон нафар кумак намояд, ки бо адреси аник ба хорича равам ва кор карда ба худ хона харам ва ёди ватан накунам. Дар ватане, ки рузхои иду истирохат хам барои 270 сомони мехнат намои, лоики як хучраи хобгох нашави, аламовар аст. Лекин раккосахо сохиби хобгох шуданд, корманди илм не! хайфи илм дар Точикистон! Агар ягнон маслихат медихед ба ин адрес нависед: zebo_69@inbox.ru

  106. Ман Хочазода Чамолиддин ватани азизамро дуст медорам!

  107. Ассалому алайкум. Ба шумо гуфтаниям, ки бетараф будан ин худ як хинат ба ватан аст. Бале бале!!! Агар ману ту имрӯз фикри ояндаи Тоҷикистонро накунем, мо ба Тоҷикистон лозим нестем.
    Бетерафи имрӯз шуморо ба хатигиҳои грамматики оварда расонид бародар.
    Офарин дасти шумо дард накунад 🙂

  108. салом марди хакики ватан вакте ман ин сомонаро хондам дарк намудам ки шумо марди ватан дусту ватан парвар будаед, ва аз шумо хохиш дорам, ки то нафаси охирин ба ватани худ хизмат кунед

  109. Аз суханат бармеояд ки афсари Фронти хунхори точик будаи ки хуни точикр рехтиву боз дар гурези ва пайк мечуи ки боз рези

  110. Dar in jo be akloham bisyor budaast…Az kafo shishta zanak barin Nolidan kati Vatan obod nameshavad… Bo savol meti man Kistam…Tu dur az vatan hej kas nesti..Misli sagi devonai… Vahti on rasiaasdt ki vatanro Obod namoem hamakasa…Ba Tanqid kardani yakdigar obod nameshava vanamon!!!

  111. Салом ба бародари сохиб хираду аз чашм дур. ман як шахрванди Точикистон номам Ахлидин бар шумо бародари азиз гуфтани хастам ки хеч вакт худро аз ватан дур фикр накунед. Чунки шуморо ватан ва бузургони он дуогу хастан ва хамеша бо ёди ватан бошед.
    ман ки худ донишчу хастам ва хамеша дар фикрам он хаст ки чихел хизмати ватан ва хизмати кардаи Рохбари ин давлатро бар гардонам . Др назди худ максад гузоштаам агар худованди мутаол рози бошад як макони илм омузи ва коркуни барои маъюбоне ки кобилияти кори доранд бунёд кунам чунки, мухточи хечкас набошанд ва аз мехнати худ дастмуз гиранду ва ба он нафароне ки кобилияти кори надоранд аз хисоби бакияи кори инхо ба онон маблагхои муаяни мохона дода дихам ва хамаи маъюбони ватанро дар ин дарбор нигохубин кунам ва холо тамоми талошамро барои илмомузи равона кардаам то ки рохи ин накшаамро дарёбам ва фикр мекунам ин як катраи хизмат аз бахри беканор барои ин ватан мешавад ва хурмате аз гуфтаи рохбари ин сарзамин,Ва дар охир таманиёти шуморо барои ин ватан бори дигар интизор хастам.ва маслихате аз шумобарин ватандуст гирифтаниам.

  112. Бародарон ман хаминро гуфтани хастам ки харки ношукрикунад аз нони дахонаш хохад монд ва барои бародар Рустам гуфтани хастам ки пеш аз онеки ту ин мактубро навишти бояд рузхои гузаштаро ба хотир меоварди . Оё он рузхое ки бародар душмани бародар буд аз хотират рафт?
    Оё он рузхое ки хати сиёхи фарзанд барои модарон меомад аз хотират рафт?
    Оё нолаи чонсузи модарро барои фарзанд нашунида буди?
    Оё он рузеро ки фарзанди ин диёр дар мулки бегона аз гуруснаги чон медод аз надида буди?
    Оё мисрахои «якбори дигар ханда ба лаб мешуда бошад»-аз хотират рафт?????????
    Пас чаро шукронаи ин тенчию серию при намекуни ?
    Манбошам дуогуи он хастам ки худован бар рохбари ин давлат умри дароз бидихад ва хамеша дар сари тахт бошад ва ватанро аз ин бештар ободу зебо бинам.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: