Гулчин

Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба ҳақ нолам зи ҳаҷри дӯст хоро,
Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.

Қазо гар доди ман настонад аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.

Чу ориз барфурӯзӣ мебисӯзад,
Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро.

Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лахте,
Нишинӣ бар мазорам сӯгворо…

Ҷаҳон ин асту чунин аст, то буд
Ва ҳамчунин бувад инанд боро!

Ба як гардиш ба шоҳаншоҳӣ орад,
Диҳад дайҳиму тоҷу гӯшворо…

Ту-шон зери замин фарсуда кардӣ,
Замин дода мар эшонро зағоро.

Аз он ҷонбӯз лахте хуни раз деҳ,
Сипарда зери пой андар сипоро!

Саъдии Шерозӣ

Омадӣ, ваҳ, ки чи муштоқу парешон будам,
То бирафтӣ зи барам сурати беҷон будам.

На фаромӯшиям аз зикри ту хомӯш нишонд,
Ки дар андешаи авсофи ту ҳайрон будам.

Бе ту дар домани гулзор нахуфтам як шаб,
Ки на дар бодияи хори мағелон будам.

Зинда мекард маро дам ба дам уммеди висол,
Варна дур аз назарат куштаи ҳиҷрон будам.

Ба таваллои ту дар оташи меҳнат чу хиҷил,
Гуиё дар чамани лолаву райҳон будам.

То магар як нафасам бӯйи ту орад дами субҳ,
Ҳама шаб мунтазири мурғи саҳархон будам.

Саъдӣ аз ҷаври фироқат ҳама рӯз ин мегуфт:
«Аҳд бишкастию ман бар сари паймон будам!»

Бадриддини Ҳилолй

Зи оби чашми ман гил шуд ба роҳи ишқ манзилҳо,
Надонам, то чи гулҳо бишкуфад охир аз ин гилҳо.

Шикастй аҳд, бар дилҳои ғамгин, сўхтй доғе,
Зиҳй доғе, ки то рўзи қиёмат монд дар дилҳо.

Ман аз хубон басе ғамҳои мушкил дидаам, лекин
Ғами ҳичрон бувад мушкилтарини чумла мушкилҳо.

Сазад гар бар сари тобути мо гирянд дар кўяш,
Чаро, к-аз манзили мақсуд барбастем маҳмилҳо.

Чу он маҳ ёри ағёр аст, гирди ў магард, эй дил!
Чаро парвона бояд шуд барои шамъи маҳфилҳо?

Зи тўфони сиришки худ ба гирдобе гирифторам.
Ки умри Нўҳ гар ёбам, бубинам рўи соҳилҳо.

Ҳилолй чун ҳарифи базми риндон шуд, бихон мутриб:
«Алоё айюҳасссоқй адиркаъсан вановилҳо…»

Халиллулоҳи Халилӣ

Мурда бод ин орзуҳои сиёҳ,
Мурда бод ин душманони ҷони ман.
Мурда бод ин дарди дармоннопазир,
Мурда бод ин ранҷи бепоёни ман!

Ҳар қадар ман пир мегардам, дареғ,
К-орзуҳоям ҷаритар мешаванд.
Ҳар қадар ман мешавам зору наҳиф,

Ин сияҳкорон қавитар мешаванд.

Эӣ ҷунун! Раҳме ба ҳоли зори ман,
Пок кун ин лавҳи занголудро.
Ҳиммате, эй марг, то вайрон кунӣ
Ин бинои шумо дудандудро.

Орзуҳо мавҷҳои зиндагист,
Ҷунбише доранду ороме кунанд.
Ҳар нафас пайдову пинҳон мешаванд,
Ҳар замон оғозу анҷоме кунанд

Дар дили ин мавҷҳои ношикеб,
Зери ин дарёи зулматофарин.
Гавҳари рахшанда ғайр аз ишқ нест,
Тобноку рӯҳбахшу дилнишин.

Ишқ, эй шохи гули зебои ман,
Навбаҳори сад таманнои манӣ.
Дар дили ман мениҳӣ нури ҳаёт,
Бӯсагоҳи орзуҳои манӣ.

Ишқ, эй ту кимиёи зиндагӣ,
«Эй табиби ҷумла иллатҳои ман.»
Шеъри ман, мазмуни ман, илҳоми ман,
Шӯри ман, мастии ман, саҳбои ман.

Машъале дар синаи ман барфурӯз,
Дар шаби ғам Хизри роҳи ман ту бош.
Чун дили ман матлаъи анвори туст,
Баъд аз ин хуршеду моҳи ман ту бош!

Нақибхони Туғрал

Қомате дар зери бори ишқ хам дорем мо,
Нағмае аз сози дил бе зеру бам дорем мо.

Хоксорй нест кам аз дастгоҳи эътибор,
Бурёи фақр ҳамчун тахти Чам дорем мо.

Сози беоҳанги мо матбўи табъи кас нашуд,
Ҳарчй меояд зи мо, бар худ ситам дорем мо.

Ҳастии мо нест ин ҷо ғайри сомони арақ,
К-аз нигини хеш ҷои ном нам дорем мо.

Гар ба мо аз чоми қисмат бодаи ишрат нашуд,
Шаҳди роҳат аз насиби заҳри ғам дорем мо.

Нест кирдоре, ки аз мо дастгири мо шавад,
Дасти уммеде ба домони карам дорем мо.

Аз вучуди мо, ки имкон нанг дорад дам ба дам
Ҳастии оғозу анчоми адам дорем мо.

Гар ҳамин бошад сулуки шеваи ихвони даҳр,
Кай умед аз лутфи холу меҳри ам дорем мо!

Сар назад бо номи мо як ахтар аз бурҷи шараф,
Толеъе з-иқболи бисёр кам дорем мо.

Зиё Қоризода

Эй булбули шӯрида, шӯр аз ту фиғон аз ман.
Боз о, ки ба ҳам нолем, ин аз туву он аз ман.

Бархез, ки ин хумро ҷӯши дигаре бояд,
То чанд бубандад шайх даст аз ту, даҳон аз ман!

Хам гашт яке пире, бо тозаҷавоне гуфт:
«Бархез, ки бархезам, тир аз ту, камон аз ман.»

Эй лолаи саҳроӣ, доғи дили шайдоӣ,
Гулбоғи ҷаҳон аз ту, хунинкафанон аз ман.

Аз маъракаи Майванд то пайкараи Пайвор,
Нақшест ба хуни дил, ном аз ту, нишон аз ман.

Гургони хиёнаткеш умре ба либоси меш
Муфте, ба худо, бурданд об аз туву нон аз ман.

Вақт аст, ки афрӯзад хуршеди саҳаргоҳон,
Вақт аст, ки биздояд шак аз ту, гумон аз ман.

Вақт аст, ки дар гардун овоза барандозем
Ин базми тапишзоро, шӯр аз ту баён аз ман.

%d bloggers like this: