Арзизи азизтар аз чони навзодон

Як кудаки точик ба чанд килограмм алюмин баробар бошад? Агар неруи барк ба заводи алюмин ё арзиз намерафту ба зоишгох мерафт, чанд тифли навзод зинда мемонд?
Нависандаи бузурги рус Лев Толстой навиштааст, тамоми такопуи чахон ба як катра акши як кудак намеарзад. Вале дар кишвари мо чони кудаконро медиханд, то алюмин хосил гардад. Алюмини точик аз риштахои [...]

Президент чаро хомуш аст?

Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон дар хакикат аз байни мардуми худ берун омад, вале ба мобайни мардуми худ барнагашт. Вай дигар он шахсе нест, ки ба зону нишаст ва парчами миллии Точикистонро бусиду ба чашмонаш молид. Вай хеле тагйир кард ё уро хеле тагйир доданд?
Ин дигар он касе нест, ки дар вартаи пурхатари кишвар пой пеш гузошт [...]

Миллиардери точик?

Ин шахсро яке аз нашрияхои Точикистон “миллиардери точик” номидааст. Намедонам, кадоме аз ин калимаро бояд дар нохунак гирифт, “миллиардер”-ро ва ё “точик”-ро? Зеро бовар надорам, Искандар Махмудов хамкавми ман бошад. Ба овозахои он ки Алишер Усмонов хам точик аст, дода намешавам.
Сифатхои “сарватманд” ва “сармоядор” низ шояд ин чо муносиб нестанд. Агар Махмудов 7 миллиард доллар [...]