Posted on February 15, 2008 by tojvar
Як кудаки точик ба чанд килограмм алюмин баробар бошад? Агар неруи барк ба заводи алюмин ё арзиз намерафту ба зоишгох мерафт, чанд тифли навзод зинда мемонд?
Нависандаи бузурги рус Лев Толстой навиштааст, тамоми такопуи чахон ба як катра акши як кудак намеарзад. Вале дар кишвари мо чони кудаконро медиханд, то алюмин хосил гардад. Алюмини точик аз риштахои [...]
Filed under: Blogroll, Dushanbe, Tajikistan | Tagged: Душанбе, Точикистон, алюмини точик, арзиз | 9 Comments »
Posted on February 13, 2008 by tojvar
Насли сонй “гураи сармозада
Норасида мефитад аз шохсор…”
Агар шоъир зинда мебуд, шояд ба чунин “тахрир ё тасхех”-и кучаки байташ ризоият медод.
Мо як насли чангзада доштем, ки хандахои зебову дилрабояшро сурфаю дагдагаи тахдидомези калашникоф бурид. Онро бепадар кард. Аз хондан боздошт ва паси пештахтаи бозорхои касиф бурд ва ё ба шустани мошинхо мачбураш кард. Онро сархами назди бегонагони [...]
Filed under: Dushanbe, Internet, Tajikistan, Youth, philosophy | Tagged: Душанбе, Точикон, насли чавон, офат, сармо | 9 Comments »
Posted on February 12, 2008 by tojvar
Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон дар хакикат аз байни мардуми худ берун омад, вале ба мобайни мардуми худ барнагашт. Вай дигар он шахсе нест, ки ба зону нишаст ва парчами миллии Точикистонро бусиду ба чашмонаш молид. Вай хеле тагйир кард ё уро хеле тагйир доданд?
Ин дигар он касе нест, ки дар вартаи пурхатари кишвар пой пеш гузошт [...]
Filed under: Dushanbe, Life, Nation, Tajikistan, president | Tagged: Душанбе, Рахмон, Точикистон, сармо | 6 Comments »
Posted on February 12, 2008 by tojvar
Руйдодхои таърих як вижагии нохушоянд доранд. Агар аз сарогоз ба таври дакик мустанад нашаванд, бо гузашти айём ба андозае дигаргун хоханд шуд, ки хатто ширкаткунандаи он тахаввулот дигар худро нахохад шинохт.
Ходисахои 12-14 феврали соли 1990-и Точикистон гирифтори хамин “бемории таърих” шуданд. Барои он ки сари вакт хакикати он тахаввулот ошкор нагашт. Асноди бокимондаи он давра [...]
Filed under: Blogroll, Dushanbe, Life, Nation, Tajikistan, Youth, president | Tagged: 1990, Баҳманмоҳи хунин, Душанбе, ҳодисаҳои феврали | No Comments »