Posted on May 6, 2008 by tojvar
Аксаран ҳукумати Точикистонро айбдор мекунанд, ки кори он шаффофу фаҳмо нест. Ба вижа дар умури молй. Вале агар ин ҳукумат шаффофиятро аз созмонҳои байнулмилалии молй ва бахусус намояндагии онон дар Душанбе омўхтанй бошад, бегумон аз будаш ҳам хоҳад монд ва ба чое нахоҳад расид.
Суханони ахири фиристодаи Бунёди байнулмилалии асъор намунаи барчастаи ин нукта аст. Карлос Пенеруа пас аз [...]
Filed under: Dushanbe, Economy, Nation, Rakhmon, Tajik crisis, Tajikistan, Technology, president, Душанбе, Норак | 1 Comment »
Posted on May 4, 2008 by tojvar
ИН НОМА ДАР ПОСУХИ “МАН КИСТАМ?” ОМАД ВА ШОЯД НА ҲАМА ОНРО ДИДЕМ:
Ассалом бародарону хоҳарони азиз, ҳамдардон ва Тоҷвар,
Ман ҳар як мақолаи шуморо бо диққати том хондам. Албатта суханони беасос нестанд, вале банда ғаме дигар дорам. Расонаҳои интернетиро доимо мутолиа мекунам ва ғамгин мегардам. На аз инки вазирону вакилонанд хоин. Инҳо дурўза буванд. Балки ғамам [...]
Filed under: Dushanbe, Nation, Tajikistan, Technology, Youth, Душанбе, Мактаб ва маориф, Мерос, Точикистон | 6 Comments »
Posted on May 3, 2008 by tojvar
Ишқ, албатта, кори шахсист. Ишқ монанди тўфоне ногаҳон меояду чашми касро кўр мекунад. Инсон намефаҳмад, киро ва чаро дўст доштааст ва ягон нуқси ўро намебинад. Кас ҳатто фаромўш мекунад, худ аз кадом табор аст ва манзури ишқи ў аз кадом билод. Ишқ фақат хушию саъодатро намудор мекунад ва нокомию бадбахтиро пинҳон медорад. Аммо издивоч низ оё кори хусусист? [...]
Filed under: Culture, Dushanbe, Life, Nation, Tajikistan, Technology, Youth, philosophy, Бадахшон, Душанбе, Ислом, Мактаб ва маориф, Мерос | 35 Comments »
Posted on May 2, 2008 by tojvar
Аз даргирии Ғарм се моҳ мегузарад. Дуюми феврал дар назди бинои бахши умури дохилии ин ноҳия фармондеҳи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Точикистон Олег Захарченко кушта ва чанд тан захмй шуданд. Аз тири кй ва бо гуноҳи кй — номаълум. Ҳамчунин маълум нест, ҳукумати Точикистон қазияи Мирзохуча Аҳмадовро ба чй ранге ҳал кардан мехоҳад. Худи вай низ [...]
Filed under: Central Asia, Dushanbe, Religion, Tajik crisis, Tajikistan, Youth, Бадахшон, Гардун, Душанбе, Ислом, Мерос, Точикистон | 6 Comments »
Posted on May 1, 2008 by tojvar
Ба номи ҳукумати Точикистон васиқае расид, ки бояд барои хадамоти адвокатй дар додгоҳи зидди ширкати “Ансол” зиёда аз 142 миллион доллар супорад. Ин маблағ дар тачрубаи чаҳонии адлия рекордй шумурда мешавад. Ҳеч кас барои ҳимояи ҳаққи худ дар додгоҳ ин қадар товон насупурдааст, агарчанде ки шояд ин миқдор чарима барои чурме дода бошад. Барҳақ, камбағалро дар болои шутур ҳам, [...]
Filed under: Central Asia, Dushanbe, Economy, Rakhmon, Tajik crisis, Tajikistan, president, Гардун, Мерос, Точикистон | 2 Comments »
Posted on April 30, 2008 by tojvar
1-УМИ МАЙ — ЧАШНИ 70-СОЛАГИИ УСТОД БУРҲОН ҒАНЙ
Як дўсти руси ман афсўс мехўрад, ки Владимир Висотский то замони чанги шўравй дар Афғонистон зинда намонд, вагарна даҳшатҳои ин чанг мавзўъе барои ў мебуд, ки ҳамаи паҳлуҳои истеъдодашро боз мекард. Ман ҳоло ин суханони дўстамро ба ёд меорам ва афсўс мехўрам, ки Бурҳон Ғанй то имрўз зинда [...]
Filed under: Culture, Dushanbe, Life, Nation, Persian Culture, Tajikistan, Бухоро, Вахш, Душанбе, Мерос, Самарканд, Точикистон | Tagged: Бурхон Гани | 4 Comments »
Posted on April 29, 2008 by tojvar
Аз таҳи дил мегўям, ки шўхй-шўхй зиндагонй мекунем. Ин одати имрўзии мо нест. Шояд аз умқи садсолаҳо меояд. Эҳтимол натичаи сарнавишти торихии миллати мост. Ҳама кори мо ҳазлу шўхист.
Шўхиомез касбу ҳирфае дар пеш мегирем. Агар муваффақ нашудем, худро тасалло медиҳем, ки шўхие кардему гузашт. Шўхй-шўхй ба мансаби баланде мерасем, ки худ бовар надоштем, рўзе ба [...]
Filed under: Culture, Life, Nation, Tajikistan, Youth, philosophy, Мерос, Точикистон | 1 Comment »
Posted on April 25, 2008 by tojvar
Шаби гузашта Душанбе бисёр беқарор буд. То кафидани чашми рўз мошинҳое бо суръати баланд аз хиёбони марказй тирвор мегузаштанд. Дар кўча мошинҳои милиса ва сари ҳар чорроҳа пости милисаҳову афроди мулкипўш зиёд буд. Ин “ночной дозор” дар ёди кас давраҳои нооромро зинда мекард.
Ин мошинҳо шояд барои “спичрайтер”-ҳои президент ислоҳу иловаҳоро мерасонданд. Хоб надоштанд, бечораҳо. Бояд [...]
Filed under: Dushanbe, Rakhmon, Tajikistan, Youth, president, Душанбе | 5 Comments »
Posted on April 22, 2008 by tojvar
Дар сартосари Точикистон набарди шадиде барои замин идома дорад, ки бахше аз муборизаи моликият аст. Ҳарчанд шуравй бо шиъори “Замин ба деҳқон!” дили заҳматкашони заминро ба даст оварда буд, наздик ба 90 сол мешавад, ки шиъор рўи когаз мемонад ва ҳама соҳиби заминанд, ба чуз деҳқон.
Шояд ба ин сабаб аст, ки касе дар Точикистон Рўзи [...]
Filed under: Life, Nation, Tajikistan, president, Мерос | Tagged: Иқтисодиёт | 1 Comment »
Posted on April 18, 2008 by tojvar
Ин акс дар торнигори Манучехри азиз дар зодрўзи Садриддини Айнй ба нашр расид ва беҳтарин ҳадия буд. Пас аз 130 сол низ на хама корномаи Айниро шинохтаанд. Барои бархи дигар Айнй як бегонаест, ки забону хуруфи онхоро дигар кардааст. “Сипосгузорй”-и онхо дар пояи нимхайкали Айнй дар мазораш хак шудааст.
Filed under: Culture, Internet, Nation, Tajikistan, Youth, Бухоро, Гардун, Душанбе, Мерос, Самарканд, Точикистон | 23 Comments »