IMF: Додуситади нав дар торикй ва бебарқй?

Аксаран ҳукумати Точикистонро айбдор мекунанд, ки кори он шаффофу фаҳмо нест. Ба вижа дар умури молй. Вале агар ин ҳукумат шаффофиятро аз созмонҳои байнулмилалии молй ва бахусус намояндагии онон дар Душанбе омўхтанй бошад, бегумон аз будаш ҳам хоҳад монд ва ба чое нахоҳад расид.
Суханони ахири фиристодаи Бунёди байнулмилалии асъор намунаи барчастаи ин нукта аст. Карлос Пенеруа пас аз [...]

Ифшои асрор дар додгоҳи Лондон

Ба номи ҳукумати Точикистон васиқае расид, ки бояд барои хадамоти адвокатй дар додгоҳи зидди ширкати “Ансол” зиёда аз 142 миллион доллар супорад. Ин маблағ дар тачрубаи чаҳонии адлия рекордй шумурда мешавад. Ҳеч кас барои ҳимояи ҳаққи худ дар додгоҳ ин қадар товон насупурдааст, агарчанде ки шояд ин миқдор чарима барои чурме дода бошад. Барҳақ, камбағалро дар болои шутур  ҳам, [...]

Кашфи Африқо ё Паёми соли 2008

Онҳое ки мегўянд, паёми имсолаи президенти Точикистон, Эмомалй Раҳмон гапи наве надошт, иштибоҳ мекунанд. Дуруст аст, ки ваъдаҳову нақшаҳо ва арқому адади бешумор донаро дар об ғарқ кардаанд, аммо ба назар мерасад, имсол вай бештар ба сарватҳои зеризаминии кишвар нигоҳи амиқ афканд. На танҳо ба захираҳои уран, балки ба нуқраву тило ва ҳатто сангҳои гаронбаҳои кишвар, [...]

Шаби дарозе дар интизори паём

Шаби гузашта Душанбе бисёр беқарор буд. То кафидани чашми рўз мошинҳое бо суръати баланд аз хиёбони марказй тирвор мегузаштанд. Дар кўча мошинҳои милиса ва сари ҳар чорроҳа пости милисаҳову афроди мулкипўш зиёд буд. Ин “ночной дозор” дар ёди кас давраҳои нооромро зинда мекард.
Ин мошинҳо шояд барои “спичрайтер”-ҳои президент ислоҳу иловаҳоро мерасонданд. Хоб надоштанд, бечораҳо. Бояд [...]

Дар пайи хуни тоза мегардед?

Ҳафтаномаи «Фараж» номаи Саидаҷаъфар Исмонов, раҳбари ҷиноҳи саввум ва расман эътирофнашудаи Ҳизби демократро ба Раҳматулло Зойиров, сарвари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон чоп кардааст. Исмонов дар муроҷиат ба Зойиров ӯро сиёсатмадоре меномад, ки дар Тоҷикистон таваллуд нашудааст ва «эҳтироми азалӣ» ба мардуми бумӣ надорад, аз ин хотир, ӯ набояд вазъи осоиштаи кишварро ноором кунад. Манзури оқои Исмонов [...]

Русия котилони журналистро талаб мекунад

Журналистон ва рушанфикрони точик хуб буд, агар катли хамкасби догистонии худ Илёс Шурпаевро шадидан махкум ва аз хукумати Точикистон ба дасти полиси Русия супурдани гумонбарони ин кушторро талаб кунанд. Ба нишони хамдардй ва одамият ва омурзишу бахшоиш.
Макомоти кишвар гуфтаанд, конуни асосии Точикистон ба ин рох намедихад. Ачаб сарконуне. Ба хама чи имкон медихад, аз чумла [...]

Наход Шурпоевро точикон кушта бошанд?

Хабари боздошт шудани кушандагони журналисти догистонй Илёс Шурпоев дар Точикистон дар ин лахзахое, ки ман навиштан дорам, такмил нест. Оё ин боздоштшудагон точиканд ва агар дарвокеъ онхо Илёсро куштаанд, ангезаашон чй будааст? Пурсиши дардовар ин мебошад, ки чаро аз нав номи точикон ва Точикистон дар миён аст?
Бархилофи маълумоти ибтидоии полиси Русия, аз манзили Илёс чизе [...]

Наврўз — иди мардумист ё давлатй?

Агар хоричие ба Наврўзи Точикистон аз руи намоишхои телевизионй бахо дихад, фикр мекунад, ин зодрўзи президенти кишвар аст ва ё маъракаи таблиготии интихоботи президентй. Чи расад ба хоричй, ки як шахрванди Точикистон менависад, бо дидани шабонарўзии факату факат як сару рў дар оинаи нилгун ва шунидани сирф лофу газофи бузургворона дилаш аз Наврўз хам сард шудааст.
Афшини Истаравшанй [...]

Дуздии мудхиш дар сармои торик?

Кумитаи давлатии эхсоия (статистика)-и Точикистон сирри пинхони хукуматро фош кард. Маълум мешавад, вакте ки аз сармои кушанда навзодон, занон ва пиронсолони Точикистон мемурданд, ширкати “Барки точик” бомуваффакият неруи барки кишварро ба хорича мефурухт.
Ин манбаъ гуфтааст, дар моххои январ ва феврал — авчи сармои зимистон Точикистон зиёда аз 355 миллион киловатт/соат неруи баркро ба хорич содир [...]

Аз “Амир” хабаре нест, ки нест…

Бозгашт ба чунин мавзуъ хушоянд нест, аммо тафсилоти наве пайдо шудааст, ки намегузорад, сокит бимонам. Сафири Точикистон дар Чин ва хамзамон ачири Хадамоти чосусии Русия бо исми мустаъори “Амир” дар Пекин нест. Чанд руз аст, гушии телефонро дар сафорат касе намебардорад ва чаноби сафир ба номахои электрунй посух намедихад.
Ин холат шубхаву гумонеро ба миён меорад, [...]