Раҳпаймой ва тазоҳурот дар Хучанд

Аммо мувозиб бошед, корбурди вожаҳои “раҳпаймой” ва ”тазоҳурот” дар Точикистон манъ аст. Инчунин “митинг”, “намоиш”, “пикет” ва монанди инҳо низ. Бо вучуди ҳассосияти сарони Точикистон дар Хучанд маҳз раҳпаймой ва маҳз тазоҳурот ба амал омад. Зиёда аз 5 ҳазор чавон дар чараёни он чй будани раҳпаймоиро донистанд, аз ҳисси китфи ҳамдигар лаззат бурданд ва ба сухани сарварони [...]

Ду фоҷиаи дигар дар Тоҷикистони пурфоҷиа

РЎЗИ ИСТИРОҲАТИ РАСОНАҲОИ АХБОРИ ОМ
Хабарнигорони точик ҳафтае ду рўзи истироҳат доранд. Шанбеву якшанбе дунё гўё ях мебандад ва ҳодисае рўй намедиҳад. Бар замми ин рўзҳои ид низ “яхбандон” аст. Манзур расонаҳои электронист, зеро нашрияҳо асосан ҳафтае як бор чоп мешаванд. Онҳо шаш рўзи яхбандон доранд. Радио ва телевизиони давлатии Точикистон дар баробари бархе аз рўйдодҳо моҳҳову солҳо [...]

IMF: Додуситади нав дар торикй ва бебарқй?

Аксаран ҳукумати Точикистонро айбдор мекунанд, ки кори он шаффофу фаҳмо нест. Ба вижа дар умури молй. Вале агар ин ҳукумат шаффофиятро аз созмонҳои байнулмилалии молй ва бахусус намояндагии онон дар Душанбе омўхтанй бошад, бегумон аз будаш ҳам хоҳад монд ва ба чое нахоҳад расид.
Суханони ахири фиристодаи Бунёди байнулмилалии асъор намунаи барчастаи ин нукта аст. Карлос Пенеруа пас аз [...]

Ифшои асрор дар додгоҳи Лондон

Ба номи ҳукумати Точикистон васиқае расид, ки бояд барои хадамоти адвокатй дар додгоҳи зидди ширкати “Ансол” зиёда аз 142 миллион доллар супорад. Ин маблағ дар тачрубаи чаҳонии адлия рекордй шумурда мешавад. Ҳеч кас барои ҳимояи ҳаққи худ дар додгоҳ ин қадар товон насупурдааст, агарчанде ки шояд ин миқдор чарима барои чурме дода бошад. Барҳақ, камбағалро дар болои шутур  ҳам, [...]

Кашфи Африқо ё Паёми соли 2008

Онҳое ки мегўянд, паёми имсолаи президенти Точикистон, Эмомалй Раҳмон гапи наве надошт, иштибоҳ мекунанд. Дуруст аст, ки ваъдаҳову нақшаҳо ва арқому адади бешумор донаро дар об ғарқ кардаанд, аммо ба назар мерасад, имсол вай бештар ба сарватҳои зеризаминии кишвар нигоҳи амиқ афканд. На танҳо ба захираҳои уран, балки ба нуқраву тило ва ҳатто сангҳои гаронбаҳои кишвар, [...]

Шаби дарозе дар интизори паём

Шаби гузашта Душанбе бисёр беқарор буд. То кафидани чашми рўз мошинҳое бо суръати баланд аз хиёбони марказй тирвор мегузаштанд. Дар кўча мошинҳои милиса ва сари ҳар чорроҳа пости милисаҳову афроди мулкипўш зиёд буд. Ин “ночной дозор” дар ёди кас давраҳои нооромро зинда мекард.
Ин мошинҳо шояд барои “спичрайтер”-ҳои президент ислоҳу иловаҳоро мерасонданд. Хоб надоштанд, бечораҳо. Бояд [...]

Кандукове дар нокомиҳои кишвар дар Рўзи Замин

Дар сартосари Точикистон набарди шадиде барои замин идома дорад, ки бахше аз муборизаи моликият аст. Ҳарчанд шуравй бо шиъори “Замин ба деҳқон!” дили заҳматкашони заминро ба даст оварда буд, наздик ба 90 сол мешавад, ки шиъор рўи когаз мемонад ва ҳама соҳиби заминанд, ба чуз деҳқон.
Шояд ба ин сабаб аст, ки касе дар Точикистон Рўзи [...]

Сарвати “хидматгорон”-и халк

Бачахои “Авасто”, ки ахиран тахлилхои чолибе ба нашр мерасонанд, даст ба як тачрибаи нодир заданд. Онхо руйихати 100-гонаи сарватмандтарин ва бонуфузтарин афроди Точикистонро тартиб доданд. Дар идомаи ин тачриба журналисти точик Каюмарси Ато, ки дар радиои “Озодй” кор мекунад, ба тахлили ин фехраст пардохт. Харчанд “Авасто” ин номгуйро ба 5 ришта таксим кардааст, манзур:

ходимони давлатй ва сиёсатмадорон
кумондонхои [...]

Сарбозони чабхаи андеша ва афкор

Албатта, карор набуд, дар чанд соли кам насли зиёиёни асили точик ба воя расад ва мероси гузаштаи шуравй боз солхо дар гардани мо сангинй накунад. Аммо шигифтовар аст, ки ин кадар зуд равшанфикрони мо ба одатхои замони аморати Бухоро баргаштанд. Агар хатто ба ормонхои хамагй чанд соли пеши худ вафодор мебуданд ва накхатнушии замони шуравии худро карзе дар [...]

Вазъи сангини Бонки Миллии Точикистон

IMF (International Monetary Fund) ё Сандуки байнулмилалии пул охирин катрахои обрўи Точикистонро ба хоки сиёх резонд. Аз як су изхороти он дар 5-уми марти соли равон бо вучуди нармохангии дипломатй хукумати Точикистонро дар хилофкории молй айбдор кард ва талаб намуд 48 миллион доллар ба хазинаи IMF баргардонида шавад, аз суи дигар намояндаи ин ниход дар [...]