Даъват шудани Эшони Нуриддинҷон ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат

Қиёми САЪД, TojNews Душанбе. 13-уми декабр. TojNews - Раиси Кумитаи дини Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат нисбати Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Эшони Нуриддинҷон аризаи даъвогӣ навиштаанд. Аз субҳи имрӯз то шом Эшони Нуриддинҷон дар Прокуратураи шаҳри Ваҳдат мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора ба TojNews [...]

Паёми Кабирӣ. Чӣ гуна пеши роҳи фитна ва тафриқаро бигирем?

Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон Бародарон ва хоҳарони гиромӣ! Дар ин рӯзҳо лозим донистам бо паёме ба шумо, аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ муроҷиат намоям ва инчунин мухотаби ин паём метавонад ҳар касе бошад, ки ба масоил беғаразона ва холисона нигоҳ менамояд.

Посухи Эшони Нуриддин ба Шӯрои уламо: “Ман шиа нестам”

Эшони Нуриддин бародарону ҳаводоронашро ба оромиш даъват карда ва гуфтааст, ба дасиса дода нашаванд. Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ меварзид, ин бор ба баёнияи Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо баёнияе посух гуфт. Ӯ дар ин изҳороти худ иддаои Шӯрои уламоро, ки хонаводааш — Тӯраҷонзодаҳоро барои ёдоварӣ аз рӯзи [...]

Тўраҷонзодаҳо бори дигар дар саргаҳи иғво истодаанд…

Баёнияи Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар замони муосир, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи дину фарҳанг ҳамгироӣ ва ҷаҳонпайвандӣ таъсир мегузорад, як навъ иртиботи қавӣ миёни мазоҳиб ва мусалмонони мамолики гуногун ба мушоҳида мерасад. Равобиту муносиботи фарҳангии байни кишварҳои исломӣ тадриҷан авҷ мегирад, ки ин як падидаи ногузири замони мост. Баробари ҷиҳатҳои [...]

Мунокиша дар Сафорати ЧТ дар Русия аз чи далолат мекунад?

«Озодагон» №46 07.12.2011 Ба қарибӣ дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия намояндаи Хадамоти мухочирати Точикистон ба намояндаи Харакати мухоҷирони точик даст ба гиребон шудааст. Ба ин манзур “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: Абдулло ДАВЛАТОВ, рахбари созмони “Иттиходи точикони Русия” Бояд бигуям, ки дар дохили консулгарии Тоҷикистон дар Русия ва атрофи он на якбору дубор муштзанӣ шуда [...]

Раҳмон тоҷиконро ба ҷанги сунниву шиъа мекашад

Сафари Толиб Маслиҳатчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи режими ӯ даст ба иғвогарии нав заданд. Маълум шуд барои нигаҳдории режиме ки баъди шармандгияш аз тарафи ду пилоти рус мебоист замин кафаду он бидарояд, бояд дасисае нав сохт, ки ҳуши мардумро ба тарафи дигар барад. Ин дафъа атрофиёни президент ба масъалаи нозуке чанг заданд, [...]

Президент ғами курсии гармашро хурд

Эҳсони Шариф, Сиёвуши Ёдгор Дилам бар муҳоҷир месӯзад. Бар муҳоҷире, ки пайи қути лоямуте барои худу аҳли оилааш, дур аз Ватан ранҷ мекашаду, имрӯз олоти бозии дасти сиёсатмадорон, қурбонии қаҳри нози миллатгароёни бузургманиш, аз Президенти як кишвар сар карда то аъзои қатории гурӯҳҳои неофашистӣ гаштааст. Хуб шуд, ки ба хотири наҷоти онҳо додгоҳи вилояти Хатлон [...]

Мочарои летчикхои рус дар Точикистон

Мушкинисо Хочаева «Фараж» №48 09.11.2011              Ва барои  ҳимоя  аз скинхедҳо зиндонӣ  шудани  муҳоҷири тоҷик Суди шахри Қургон-теппа ду лётчики ширкати Русии “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро ба муддати даҳуним соли зиндон махкум кард. Парванда алайҳи лётчикҳои ин ширкат Владимир Садовничий, шахрванди Русия ва Алексей Руденко, шахрванди Эстония, ки бо се гумох, убури гайриқонунии марз, вайрон кардани меьёрҳои [...]

Наздикони президент аз “конуни Саидов” берун бошанд?

Озодаи ФИРУЗ «Начот» №42 19.10.2011  Ҷомеаи Фасодзада мисли дарахти сабзест, ки зохираш бузургу хушранг аст, вале дохилии онро кирм хона карда, эҳтимоли аз байн рафтанд он ҳаст. Хурдани кирм дар он мухит ба як мачрои табиъи тавдил ёфта, агарчи дарахт барои дигар чиз офарида шудааст ва рисолати хос дорад. Ҳар як инсон ҳам мисли ҳамон дарахт [...]

Панч вазири бадтарини Точикистон

Киёми САЪД («Нигох» №09 18.05.2011)  Чанде қабл Оҷонсии иттилоотии TojNews.tj назарсанҷиеро ба муштариёнаш пешкаш намуд. Натиҷаи овоздиҳии истифодабарандагони пойгоҳи интернетии www.tojnews.org ин шуд, ки аз 12 вазири тоҷик панҷгонаи вазирони номардумитарин маълум гардид, Ба рӯйхати «номаҳбубон» вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва [...]

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.