Агар хануз Файзали Саидов кахрамон аст, сулх нашудааст

Толибшоҳи САЙИДЗОДА«Миллат» №34 24.08.2011  Ин матлаб пас аз тамошои телесериали сиёсии ТВ- и Тоҷикистон бахшида ба 20- умин солгарди Истиқлол ва бо бардошт аз пешниҳоди раиси Бохтар ҷаноби Абдуалим Исмоилов дар мавриди ба Файзалӣ Саидов, қумондони Фронти халқӣ додани номи қаҳрамони миллӣ иншо шудааст.

СЕ ХАТОИ САНГАК САФАРОВ: Катли Чиёнхон, Сергей, Талаб Кузнетс ва бархам додани вилояти Кулоб

«Фараж» №34 22.08.2001 С.ХАЛИЛИЁН Мусоҳиба  бо собиқ   командири горди миллии Кӯлоб Исмоил Иброҳимов. -   Соли   1992,   моҳи   май баъди аз маӣдонхо баргаштан  дар  вилояти  Кӯлоб  чй корхо шуд? – Мо рӯзи 8 маӣ аз Душанбо ба Кӯлоб омадем ва 9 май дар масҷиди Мулло Ҳаӣдар Шарифзода ҷамъ шудем. Як руз пас ба ОКТ-38 омада, штаби [...]

Чахон як руз метаркад…

Султонов М, Султонов Х. («Точикистон» №28 14.07.2011 ) Ба Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон расо 20 сол пур мешавад. Дар ин солҳо Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт ва сиёсати беруна ба муваффақиятҳои калон ноил гашт. Аз ҷумла, соҳиби марзи ягонаи худ шуд ва миллати тоҷикро муттаҳид намуд. Лекин муттаҳидӣ ва ягонагии халқи тоҷик набояд дар [...]

350 доллар — нархи ҷасади тоҷик?

Баҳриддини АЛИЕВ «Нигох» №37 01.12.2010 Марзбонони узбак барои баргардонидани ҷасади тоҷике, ки худашон куштанд, бешармона берун аз «ставка» маблағ талаб намуданд. Агар тоҷиконро касе «халқи бетолеъ» унвон барад, инкор намекунам, он ҳам танҳо аз лиҳози ҳамсоягӣ бо узбакистонӣ. Чандсол пеш чунин андешае ҳаргиз ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад. Ҳатто вақте фаҳмидам, бузургони моро ба монанди Абӯалӣ [...]

Узбакистон, дузди зуре, ки сохиби говро бастааст

УЗБАКИСТОН, ДУЗДИ ЗӮРЕ, КИ СОҲИБИ ГОВРО БАСТААСТ Абдулазизи ВОСЕЪ «Озодагон» №45 17.11.2010 Дар чанд мохи ахир эхсос мешуд, ки низоъхои лафзӣ, ҷангхои иттилоотӣ ва истифодаи фишангхои мухталиф барои фишор ба Точикистон аз сӯйи хамсояи “дар ба девор”-аш ба нуктаи авч расидааст. Аммо маълум мешавад рахбарияти давлати хамсоя холо на аз хамаи фишангхояш истифода кардааст. Командаи [...]

Ватандорӣ, ватандорӣ…

АНДЕШАЕ ЧАНД АЗ ЯК ТОҶИКИ УЗБАКИСТОНӢ Шероз ХУДОЙҚУЛОВ «Нигох» №25 08.09.2010 Эҳсоси милли доштан ва ба қадри меҳану обу хоки ин диёри бихиштосо, ки ба ном Тоҷикистони азиз аст, расидан, манфиатҳои миллиро аз ҳама чиз боло донистан барои ҳар як точик ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Дар раванди мазкур агар чунин эҳсосот поку беолоиш ва [...]

Ҳ. Табаров: «Ӯзбекистон Кӯлобро кӯмак кард»

Хуршеди ҲАМДАМ «Начот» №29 22.07.2010 Ба ҷои муъаррифи: Ахиран, китоби Ҳабибулло Табаров, собиқ вазири кишоварзӣ бо номи “То мард сухан нагуфта бошад”, мунташир шуд. Дар ин китоб хотираҳо ва ёддоштҳои муаллиф, аз ҷумла дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳ.Табаров, раёсати баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии вақтро дар моҳи ноябри соли 1992 бар ӯҳда [...]

Максади норавшани хамсояи наздик

Додоҷон РУЗИЕВ «Чумхурият» №66-67 29.05.2010 Ё чи гуна идораи сиёсати хориҷии Узбекистон, роҳбарияти Ширкати давлатии саҳомии «Ӯзбекистон темир йуллари» муроҷиатҳои чандинкаратаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, масъулони Роҳи оҳани Тоҷикистонро мавриди омӯзиши амиқ қарор надода, бо баҳонаҳои беасосу бебунёди худ вазъиятро беш аз пеш вазнинтар мегардонанд.

“Сабасаи аввал”, аквариум, ватаннонамо

Абдулазизи ВОСЕЪ «Озодагон» №21 26.05.2010 Телевизионхои Точикистон ба максад расиданд. Ман аз телефони мобилиям безор шудам. Он кадар ин куттичаи хурди сиёхакро, ки то ин вакт хамеша мушкилкушоям буд, бад дидам, ки мабодо агар садои зангаш баланд шавад дилам бехузур мегардад. Инак, 33-рузи расо мешавад, ки (аввалин гузориш дар борам истифодаи нодурусти телефонхои хамрох шоми [...]

Точикон бояд чй кор кунанд?

Мухиддин Ба хама салом, хамватанон.  Он шароите, ки мо дар Точикистон дорем, дили маро месузонад. Ман худ тахрири бисер иктисодиети давлатхоро омухта ба он хулоса хастам, ки мо точикон аввал тафакури худро ба як равонаи муайян оварда, холати хозираи иктисодиету давлатамонро хуб донем.

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.