Чахон як руз метаркад…

Султонов М, Султонов Х. («Точикистон» №28 14.07.2011 ) Ба Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон расо 20 сол пур мешавад. Дар ин солҳо Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт ва сиёсати беруна ба муваффақиятҳои калон ноил гашт. Аз ҷумла, соҳиби марзи ягонаи худ шуд ва миллати тоҷикро муттаҳид намуд. Лекин муттаҳидӣ ва ягонагии халқи тоҷик набояд дар [...]

350 доллар — нархи ҷасади тоҷик?

Баҳриддини АЛИЕВ «Нигох» №37 01.12.2010 Марзбонони узбак барои баргардонидани ҷасади тоҷике, ки худашон куштанд, бешармона берун аз «ставка» маблағ талаб намуданд. Агар тоҷиконро касе «халқи бетолеъ» унвон барад, инкор намекунам, он ҳам танҳо аз лиҳози ҳамсоягӣ бо узбакистонӣ. Чандсол пеш чунин андешае ҳаргиз ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад. Ҳатто вақте фаҳмидам, бузургони моро ба монанди Абӯалӣ [...]

Ватандорӣ, ватандорӣ…

АНДЕШАЕ ЧАНД АЗ ЯК ТОҶИКИ УЗБАКИСТОНӢ Шероз ХУДОЙҚУЛОВ «Нигох» №25 08.09.2010 Эҳсоси милли доштан ва ба қадри меҳану обу хоки ин диёри бихиштосо, ки ба ном Тоҷикистони азиз аст, расидан, манфиатҳои миллиро аз ҳама чиз боло донистан барои ҳар як точик ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Дар раванди мазкур агар чунин эҳсосот поку беолоиш ва [...]

Доктор РАВОКИ: Мардуми Самарканду Бухоро дар тангнои фикрию забониянд

Шохмансури ШОХМИРЗО – «Озодагон» №26 07.07.2010 Фархангу тамаддуни форсизабонони Осиёи Миёна хамеша дар маркази таваччухи мухаккикону донишмандоне дар хорич аз ин минтака будааст, ки эй басо бо пажухишу ковишхои мондагор дар ин замина бӯстони адабро ганитару пӯётар кардаанд ва барои хамватанони худ дурдонахои ноёбро аз конхои маърифати хамзабонон ҷуста ёфта ва пешкаши ахли адаб намудаанд. [...]

Аз рох ба Туркистон харосе надорам

Чавоби Алим Шерзамонов ба маколае, ки дар сомонаи НИАТ ХОВАР нашр шудааст. Маколаи Ақдоди Абумуслим бо номи «Рохе, ки ту меравй ба Туркистон аст» хафтаи гузашта дар сомонаи ХОВАР нашр шуда буд, байни сосиал-демократхои точик пурра махкум шуда, хамчун «найрангхои навбатии пешазинтихоботй» эътироф гардид.

Чаро аз хубиҳои он даврон нагўем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар робита бо масъалаи “худшиносии миллӣ”, ки ҳамагӣ қабул дорем яке аз муҳимтарин авомили водоркунанда ва руҳиябахшандаи афроди ҷомеа ба сўи гом ниҳодан барои тараққӣ ва пешрафти ҳамаҷониба ба шумор меравад, бештар баҳсҳои назарӣ матраҳ шуда, ва дар бораи намунаҳои зиндаи он, ки чӣ чизе масалан аз масодиқи худшиносӣ ба шумор меравад, то [...]

Самарқанду Бухоро дар ивази нерӯгоҳи Роғун?

Хитобаҳои ҳаррӯзаи Ислом Каримов бар зидди нерӯгоҳи Роғун ҳарчӣ бештар ба шиъорҳои зидди-Исроилии Маҳмуди Аҳмадинажод монанд мешаванд. Президенти Узбакистон ҳарчанд монанди ҳамтои иронии худ нагуфтааст, ки Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон тарошида шавад, аммо даъвои бедалелаш бештар чунин зермаъно дорад, ки Тоҷикистон ҳаргиз аз зону барнахезад. Роғунро сохтани Тоҷикистон маънои бархостан ва қавӣ шуданро дорад. Исроил дар посух ба суханони [...]

Тоҷики мусалмон, ё мусалмони тоҷик?

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ Яке аз масоиле, ки ҳалли дурусти он барои бештари андешмандон ва рўшанфикрони ҷомеаҳои мухталиф, минҷумла ҷомеаи Тоҷикистон, душвор ва дар бархе маворид, ҳалношуданӣ менaмояд, ташхиси он аст, ки робитаи дин (албатта муроди мо аз дин дар ин мақола, дини ислом мебошад) бо ҳувияти миллӣ чигуна аст? Оё пойбандии [...]

Нописандии Би-Би-Сй кори эронихои он аст

Хануз аз сарварони Би-Би-Сй посухе ба номаи ман наомадааст ва шояд хам наояд. Аммо як рохи дигари баёни андеша боз гашт, ки торнигор ё веблоги сардабирони ин расона аст ва бояд номахоро ба он низ фиристод. Бахусус, ки сардабирон бо ифтихори тамом мегуянд, телевизиюни нави Би-Би-Сй барои Эрон, Афгонистон ва Точикистон (!) аст, ки чамъан 100 [...]

Форсизабонони навъи дувум?

Телевизиюни нави Би-Би-Сй ё точиконро узви хонаводаи форсизабонон намешуморад, ки хилофи илму торих аст ва ё онхоро форсизабони навъи дувум медонад, ки як табъизи ошкорои кавмию нажодист ва ба расонае, ки иддаъои ростию хакикат ва эхтироми инсонхоро дорад, комилан зебанда нест. Дар холе ки хазорон нафар аз точикон нахустин барномаи онро бо шодию фарах истикбол карданд, [...]

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.