Posted on May 14, 2008 by tojvar
Хабарҳои “Asia-Plus” яке ба дунболи дигаре турнавор меоянд. Мешавад ба онҳо чашм давонду гузашт. Сипас фаромўш кард. Вале ман одати баде дорам, ки ҳангоми хондан онҳоро бо ҳам васл мекунам. Якеро туи дигаре мениҳам ва ин дуро туи савумй. Баъд то дер гоҳ онҳо монанди гирдоб туи мағзам мечарханд. Шояд монанди зардоб ё хуноба.
Аслан онҳо [...]
Filed under: Dushanbe, Journalism, Nation, Tajik crisis, Youth, president, Вахш, Душанбе, Мерос, Точикистон | No Comments »
Posted on May 13, 2008 by tojvar
Аммо мувозиб бошед, корбурди вожаҳои “раҳпаймой” ва ”тазоҳурот” дар Точикистон манъ аст. Инчунин “митинг”, “намоиш”, “пикет” ва монанди инҳо низ. Бо вучуди ҳассосияти сарони Точикистон дар Хучанд маҳз раҳпаймой ва маҳз тазоҳурот ба амал омад. Зиёда аз 5 ҳазор чавон дар чараёни он чй будани раҳпаймоиро донистанд, аз ҳисси китфи ҳамдигар лаззат бурданд ва ба сухани сарварони [...]
Filed under: Culture, Youth, president, Мерос, Точикистон | 4 Comments »
Posted on May 12, 2008 by tojvar
Ривояти Рустаму Таҳмина ва Ҳасани Саъдулло рўйи чаҳонро гирифтааст. Аз Душанбе то Шаҳритус ва аз Хоруғ то Ашт ҳамаро сари забон қиссаи хархашаи оилавй. Онро ба “Андеша” нахуст Бебоки азиз фиристод, вале бештар ба детектив мемонд, ки зеҳни касеро ба худ накашид. Гўё Таҳмина аз тағаи худ — Ҳасан Асадуллозода “Ориёнбонк”-ро хостааст, таға гарданшахй кардааст [...]
Filed under: Economy, Internet, Nation, Tajik crisis, Technology, Youth, Мерос, Точикистон | Tagged: Хасан Садуллоев | 16 Comments »
Posted on May 10, 2008 by tojvar
Навори видю, ки ҳамандеши азиз — Бебок фиристод, аз як сў дардовар аст, аз сўи дигар ҳушёркунанда. Мазмуни онро қисса намекунам, агар рағбат доред, худ боз кунеду бинед. Монанди буридани гулўи точик ва доғистонй ваҳшатангез нест, аммо мисли наворҳои танзу тавҳини мардикорони точик чои ханда ҳам надорад.
Хулосаи ман аз дидани он як чиз аст: Бояд [...]
Filed under: Economy, Tajik crisis, Youth, migration, Точикистон | 1 Comment »
Posted on May 7, 2008 by tojvar
Навиштаи ҳамандеш АРИЁРОМ
Пажӯҳиш дар таърихномаҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад, ки шаҳраки Ваҳдат дар садаҳои миёна Андиён (Ҳаким Фирдавсӣ онро дар «Шоҳнома» овардааст), то соли 1936 Янгибозор ва то соли 1991 Орҷоникидзеобод ном доштааст. Шаҳр ва ноҳияи Орҷоникидзеобод 25 декабри 1991 бо Қарори №476 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Кофарниҳон номида шуд, аммо дар марти 2003 [...]
Filed under: Culture, Nation, Persian Culture, Андеша, Бадахшон, Бухоро, Вахш, Душанбе, Мерос, Самарканд, Точикистон | Tagged: Абарканд | 13 Comments »
Posted on May 5, 2008 by tojvar
Пас аз ду намоиши ахири Channel One TV ва сўҳбатҳои пуршўри устод Шаҳроми Ҳумоюн ва махсусан бо шунидани таронаи хонуми Гугуш ва Меҳрдоди Осмонй, ба зери номаи рўшанфикрон дар дифоъ аз номи “Халичи Форс” даст мондам.
Пештар ҳам аз ин баҳс чизҳое шунида будам, аммо намедонистам, чй андоза он тезутунд аст. Ба Дубай овардани нақшае, ки [...]
Filed under: Blogroll, Culture, Persian Culture, Youth, Андеша, Бухоро, Ислом, Мерос, Самарканд, Точикистон | 19 Comments »
Posted on May 4, 2008 by tojvar
ИН НОМА ДАР ПОСУХИ “МАН КИСТАМ?” ОМАД ВА ШОЯД НА ҲАМА ОНРО ДИДЕМ:
Ассалом бародарону хоҳарони азиз, ҳамдардон ва Тоҷвар,
Ман ҳар як мақолаи шуморо бо диққати том хондам. Албатта суханони беасос нестанд, вале банда ғаме дигар дорам. Расонаҳои интернетиро доимо мутолиа мекунам ва ғамгин мегардам. На аз инки вазирону вакилонанд хоин. Инҳо дурўза буванд. Балки ғамам [...]
Filed under: Dushanbe, Nation, Tajikistan, Technology, Youth, Душанбе, Мактаб ва маориф, Мерос, Точикистон | 6 Comments »
Posted on May 2, 2008 by tojvar
Аз даргирии Ғарм се моҳ мегузарад. Дуюми феврал дар назди бинои бахши умури дохилии ин ноҳия фармондеҳи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Точикистон Олег Захарченко кушта ва чанд тан захмй шуданд. Аз тири кй ва бо гуноҳи кй — номаълум. Ҳамчунин маълум нест, ҳукумати Точикистон қазияи Мирзохуча Аҳмадовро ба чй ранге ҳал кардан мехоҳад. Худи вай низ [...]
Filed under: Central Asia, Dushanbe, Religion, Tajik crisis, Tajikistan, Youth, Бадахшон, Гардун, Душанбе, Ислом, Мерос, Точикистон | 6 Comments »
Posted on May 1, 2008 by tojvar
Ба номи ҳукумати Точикистон васиқае расид, ки бояд барои хадамоти адвокатй дар додгоҳи зидди ширкати “Ансол” зиёда аз 142 миллион доллар супорад. Ин маблағ дар тачрубаи чаҳонии адлия рекордй шумурда мешавад. Ҳеч кас барои ҳимояи ҳаққи худ дар додгоҳ ин қадар товон насупурдааст, агарчанде ки шояд ин миқдор чарима барои чурме дода бошад. Барҳақ, камбағалро дар болои шутур ҳам, [...]
Filed under: Central Asia, Dushanbe, Economy, Rakhmon, Tajik crisis, Tajikistan, president, Гардун, Мерос, Точикистон | 3 Comments »
Posted on April 30, 2008 by tojvar
1-УМИ МАЙ — ЧАШНИ 70-СОЛАГИИ УСТОД БУРҲОН ҒАНЙ
Як дўсти руси ман афсўс мехўрад, ки Владимир Висотский то замони чанги шўравй дар Афғонистон зинда намонд, вагарна даҳшатҳои ин чанг мавзўъе барои ў мебуд, ки ҳамаи паҳлуҳои истеъдодашро боз мекард. Ман ҳоло ин суханони дўстамро ба ёд меорам ва афсўс мехўрам, ки Бурҳон Ғанй то имрўз зинда [...]
Filed under: Culture, Dushanbe, Life, Nation, Persian Culture, Tajikistan, Бухоро, Вахш, Душанбе, Мерос, Самарканд, Точикистон | Tagged: Бурхон Гани | 4 Comments »