Дар ҳошияи хабарҳои “Asia-Plus”

Хабарҳои “Asia-Plus” яке ба дунболи дигаре турнавор меоянд. Мешавад ба онҳо чашм давонду гузашт. Сипас фаромўш кард. Вале ман одати баде дорам, ки ҳангоми хондан онҳоро бо ҳам васл мекунам. Якеро туи дигаре мениҳам ва ин дуро туи савумй. Баъд то дер гоҳ онҳо монанди гирдоб туи мағзам мечарханд. Шояд монанди зардоб ё хуноба.
Аслан онҳо [...]

Раҳпаймой ва тазоҳурот дар Хучанд

Аммо мувозиб бошед, корбурди вожаҳои “раҳпаймой” ва ”тазоҳурот” дар Точикистон манъ аст. Инчунин “митинг”, “намоиш”, “пикет” ва монанди инҳо низ. Бо вучуди ҳассосияти сарони Точикистон дар Хучанд маҳз раҳпаймой ва маҳз тазоҳурот ба амал омад. Зиёда аз 5 ҳазор чавон дар чараёни он чй будани раҳпаймоиро донистанд, аз ҳисси китфи ҳамдигар лаззат бурданд ва ба сухани сарварони [...]

Достони Рустам ва Хасан Саъдуллоев

Ривояти Рустаму Таҳмина ва Ҳасани Саъдулло рўйи чаҳонро гирифтааст. Аз Душанбе то Шаҳритус ва аз Хоруғ то Ашт ҳамаро сари забон қиссаи хархашаи оилавй. Онро ба “Андеша” нахуст Бебоки азиз фиристод, вале бештар ба детектив мемонд, ки зеҳни касеро ба худ накашид. Гўё Таҳмина аз тағаи худ — Ҳасан Асадуллозода “Ориёнбонк”-ро хостааст, таға гарданшахй кардааст [...]

Арвоҳи Рўдакию Мавлавй мезанад-о

Ба унвони ЮНЕСКО дархосте расидааст, ки ба муносибати солрўзи Абдуабдуллоҳи Рўдакй таҳти рамзи ЮНЕСКО ду китоб ба 8 забон нашр шаванд. Яке “Великие люди Востока” ва дигаре “Великие люди Узбекистана”. Ин дархост аз намояндагии ЮНЕСКО дар Тошканд расидааст ва мавриди баррасист. Таври маълум соли гузашта – Соли Байнулмилалии Мавлоно зери парчами Туркия дар ЮНЕСКО сабт шуд [...]

Ду фоҷиаи дигар дар Тоҷикистони пурфоҷиа

РЎЗИ ИСТИРОҲАТИ РАСОНАҲОИ АХБОРИ ОМ
Хабарнигорони точик ҳафтае ду рўзи истироҳат доранд. Шанбеву якшанбе дунё гўё ях мебандад ва ҳодисае рўй намедиҳад. Бар замми ин рўзҳои ид низ “яхбандон” аст. Манзур расонаҳои электронист, зеро нашрияҳо асосан ҳафтае як бор чоп мешаванд. Онҳо шаш рўзи яхбандон доранд. Радио ва телевизиони давлатии Точикистон дар баробари бархе аз рўйдодҳо моҳҳову солҳо [...]

Жакони Салафия ва салафиён

Симои ў хуб дар хотирам мондааст. Риши навбаромадаи теғнодида, барҳои сурхранги рўй ва чашмони барроқ. Аммо беш аз инҳо – худбоварии бепоёни ҳаммарз бо кибр ва нурафкании иродаи ботинии қавияш маро ба важд оварда буд. Вақте сўҳбат мекард ва ҳар гоҳ дар нимсуханаш ба кас менигарист, ба як довари доно ва поймарди диловар мемонд ва ин ҳам дар баҳори соли [...]

Агар ифтихор ва номус анвоъ доранд…

Дар Қазоқистони ба мо дўст арўсаке ба фурўш баромад, ки “Духтари точик” ном дорад ва дар пеши тоқияш “Бону” навишта шудааст. Ширкате, ки онро сохтааст, мегўяд, тарҳи лўхтакро бо машварати мардумшиносони точик омода кардааст. Намедонам, то чй андоза ин амал ахлоқист ва оё дар Точикистон арўсаке бо номи “Духтари қазоқ” дар фурўш ҳаст ё хайр, [...]

Рўзи душанбе, дар шаҳри Абарканд…

Навиштаи ҳамандеш АРИЁРОМ
Пажӯҳиш дар таърихномаҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад, ки шаҳраки Ваҳдат дар садаҳои миёна Андиён (Ҳаким Фирдавсӣ онро дар «Шоҳнома» овардааст), то соли 1936 Янгибозор ва то соли 1991 Орҷоникидзеобод ном доштааст. Шаҳр ва ноҳияи Орҷоникидзеобод 25 декабри 1991 бо Қарори №476 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Кофарниҳон номида шуд, аммо дар марти 2003 [...]

Ҷанге, ки ҳанўз идома дорад…

Точикон мисли эстонҳо кўҳистонию хунгарму бочасорат нестанд, ки ин пайкараро аз маркази шаҳри худ бардоранд ва ба сари қабри соҳибаш бигузоранд. Ҳайкали шахсеро, ки хуни шояд ҳазорон сокини Афғонистон ва аз чумла точикони Афғонистон дар гарданаш аст, ҳанўз бо хашму виқор ба гадоёни раҳгузар нигоҳ мекунад. 
Дар чанд ноҳияи кишвар акнун ба тачлили Рўзи чанговари интернатсионалист [...]

Имзое барои Халичи Форс

Пас аз ду намоиши ахири Channel One TV ва сўҳбатҳои пуршўри устод Шаҳроми Ҳумоюн ва махсусан бо шунидани таронаи хонуми Гугуш ва Меҳрдоди Осмонй, ба зери номаи рўшанфикрон дар дифоъ аз номи “Халичи Форс” даст мондам.
Пештар ҳам аз ин баҳс чизҳое шунида будам, аммо намедонистам, чй андоза он тезутунд аст. Ба Дубай овардани нақшае, ки [...]