Ҷанге, ки ҳанўз идома дорад…

Точикон мисли эстонҳо кўҳистонию хунгарму бочасорат нестанд, ки ин пайкараро аз маркази шаҳри худ бардоранд ва ба сари қабри соҳибаш бигузоранд. Ҳайкали шахсеро, ки хуни шояд ҳазорон сокини Афғонистон ва аз чумла точикони Афғонистон дар гарданаш аст, ҳанўз бо хашму виқор ба гадоёни раҳгузар нигоҳ мекунад. 
Дар чанд ноҳияи кишвар акнун ба тачлили Рўзи чанговари интернатсионалист [...]

Имзое барои Халичи Форс

Пас аз ду намоиши ахири Channel One TV ва сўҳбатҳои пуршўри устод Шаҳроми Ҳумоюн ва махсусан бо шунидани таронаи хонуми Гугуш ва Меҳрдоди Осмонй, ба зери номаи рўшанфикрон дар дифоъ аз номи “Халичи Форс” даст мондам.
Пештар ҳам аз ин баҳс чизҳое шунида будам, аммо намедонистам, чй андоза он тезутунд аст. Ба Дубай овардани нақшае, ки [...]

Сарнавишти гулдухтарони мо

Ишқ, албатта, кори шахсист. Ишқ монанди тўфоне ногаҳон меояду чашми касро кўр мекунад. Инсон намефаҳмад, киро ва чаро дўст доштааст ва ягон нуқси ўро намебинад. Кас ҳатто фаромўш мекунад, худ аз кадом табор аст ва манзури ишқи ў аз кадом билод. Ишқ фақат хушию саъодатро намудор мекунад ва нокомию бадбахтиро пинҳон медорад. Аммо издивоч низ оё кори хусусист? [...]

Мирзохучаи нав?

Аз даргирии Ғарм се моҳ мегузарад. Дуюми феврал дар назди бинои бахши умури дохилии ин ноҳия фармондеҳи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Точикистон Олег Захарченко кушта ва чанд тан захмй шуданд. Аз тири кй ва бо гуноҳи кй — номаълум. Ҳамчунин маълум нест, ҳукумати Точикистон қазияи Мирзохуча Аҳмадовро ба чй ранге ҳал кардан мехоҳад. Худи вай низ [...]

Кашфи Африқо ё Паёми соли 2008

Онҳое ки мегўянд, паёми имсолаи президенти Точикистон, Эмомалй Раҳмон гапи наве надошт, иштибоҳ мекунанд. Дуруст аст, ки ваъдаҳову нақшаҳо ва арқому адади бешумор донаро дар об ғарқ кардаанд, аммо ба назар мерасад, имсол вай бештар ба сарватҳои зеризаминии кишвар нигоҳи амиқ афканд. На танҳо ба захираҳои уран, балки ба нуқраву тило ва ҳатто сангҳои гаронбаҳои кишвар, [...]

“Босмачиҳо” аз мо набуданд, мучоҳидон аз мо

Достони фарри Мирзо Зиё, ки чанде пеш навиштам, нишон дод, ки азҳони аксари кулли номанависони ин торнигор ҳанўз гирифтори таблиғоти 70-солаи шўравист. Джага барои онҳо ҳамон босмачист, ки дар оғози садаи 20 барои ватани худ силоҳ бардошт. Яъне унсури чиной ва зиддиқонунист. Як вазири имрўзии кишвар бо он ҳама аъмолаш фарри қонунй ва қобили қабул [...]

Дар пайи хуни тоза мегардед?

Ҳафтаномаи «Фараж» номаи Саидаҷаъфар Исмонов, раҳбари ҷиноҳи саввум ва расман эътирофнашудаи Ҳизби демократро ба Раҳматулло Зойиров, сарвари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон чоп кардааст. Исмонов дар муроҷиат ба Зойиров ӯро сиёсатмадоре меномад, ки дар Тоҷикистон таваллуд нашудааст ва «эҳтироми азалӣ» ба мардуми бумӣ надорад, аз ин хотир, ӯ набояд вазъи осоиштаи кишварро ноором кунад. Манзури оқои Исмонов [...]

Сарбозони чабхаи андеша ва афкор

Албатта, карор набуд, дар чанд соли кам насли зиёиёни асили точик ба воя расад ва мероси гузаштаи шуравй боз солхо дар гардани мо сангинй накунад. Аммо шигифтовар аст, ки ин кадар зуд равшанфикрони мо ба одатхои замони аморати Бухоро баргаштанд. Агар хатто ба ормонхои хамагй чанд соли пеши худ вафодор мебуданд ва накхатнушии замони шуравии худро карзе дар [...]

Накибхони Туграл. Камоли бешу бахти кам.

26-ум ё 28-уми март зодрўзи шоъири номвари точик Накибхон Туграл буд. Зодрўзи ў хамингуна ду торих дорад. Ва соли таваллудаш низ дар бархе аз осор 1865 аст, дар бархи дигар 1864. Ва хамин гуна зиндагию ашъори ин шоъири ширинсухан ба чиддият омухта нашудааст. Аммо шеъри у дар забони халк аст ва хамин чанд руз пеш [...]

Фитна тамом шуд ё акнун сар мешавад?*

Бехтар аст, тамом бишавад, агарчи даргумон аст, зеро ин паёми як тундрав ба тундравони дигар аст ва бо забоне дода шудааст, ки вижаи тундравон дар ду дами чабхааст. Хеч кас бехтар аз бин Лодину мушобехони у забони Вилдерсро нахохад фахмид. Онхо харду аз як хонаводаанд ва ба як султон хидмат мекунанд. 
Ин дарвокеъ ба маънии томаш [...]