Ман кистам?

Эй кош, донистамe, ки ман кистаме. Дар Тоҷикистон зода шудаам. Ватанам ва мардумамро дӯст медорам. Агар чун сабза умеди бардамидан доштам, орзуям ин буд, ки боз тоҷик ба дунё биёям ва боз дар он сарзамини афсонаҳои сабз аз хок бардамам. Дар хуни ман хотираҳои ҳазорсолаи ниёконам зиндааст ва ҳар шаб дар анбӯҳи дардҳо маро мехобонаду ҳар субҳ бо умеди пирӯзиҳо бедор мекунад. Ягона орзуи ман хушбахту сарбаланд дидани мардуми азизи ман аст. Барои ин орзу ман хар руз коре хохам кард. Бигзор кам ва хурд, аммо аз тахти дил ва бо хамаи ишку тавону неру. Барои ин ман аз касе хеч дастмузд, чоиза ё подоше намехохам, факат аз Худованди бузургу мехрубон дархост мекунам, ки маро ба орзуям бирасонад ва ин мардумро озоду сарбаланд дорад ва хор накунад…

43 Responses to “Ман кистам?”

  1. Salom Barodari aziz Tojvar. Biser saiti olijanob. Agar imkonyat boshad dar borai khudaton kame ziedtar ma’lumot medoded biser khub meshud :)
    Biser gamangez navishated, sabab dar chist :)?

  2. Дуруд бародари ба дил наздику аз чашм дур!
    Дируз, сомонаи туро ёфтам. Хондам, бисёр чолиб дарёфтам. Навиштахои ту хакикатанд, дарду гами хар як фарди ин миллатанд. Эх кош, мисли ту сохибхирадон зиёд бошанду мардуми рохгумкардаро даст гиранд, рах нишон диханд. Эх кош Эзиди пок моро часорату матонат, аклу фаросат бахшад, то худро окибат бишносем… Манкурти бас аст!

  3. Манам як точики бечораам ки ба ватани худ ягон кор карда наметавонам ба чуз дарди дили худро ба касе ифшо намудан. гуё барои ин суханхоро гуфтан дахони маро касе баста бошад.Шояд тарсе дар вучуди ман бошад.
    Сомонаи шуморо мутолиа намуда хеле хушхол шудам, ки касе ба ватани мо месухтааст ва мехохад вокеан ватан ватан бошад. мардумаш хушхолона ва бе танкиси умр ба сар барад. ба гуфти бобохомо: рахмат ба падарат.
    Бигзор чунин сайтхо зиёд бошанд.

  4. Салом марди хирад!
    Аз навиштахоят бар меояд, ки ту вокеан марди худшиноси, гамхор ва миллатдуст хасти. Вакте сомонаро аз риштаи тахлил гузаронидам бисёр матолиб ба хакикат наздиканд. Аммо чи бояд кард?
    истеъфои Рахмонов ё дур кардани хешу пайвандони чаноб.
    Вале мардуми мо дар хоби гафлат хаст. Он намоишхои бардуруг ба ки лозим. Мардум бинад, сарвари давлат чи кадар гамхор. Чи жожу мож.
    Кош баромадаш дар телевизион дилсузона бошад на барои реклама ва ором кардани мардум, ки мо кор карда истодаем. Хамаи шахсоне, ки чаноб барояш мухлат дод ки камбудихо ислох шавад, набояд чунин мекард. баракс хамшро ба истеъфо пешниход менамуд ва як кисмашро суд мекард.
    Чи илоч агар хамин тавр бошад. Мегуем мегуем вале…..

  5. Cалом Устод. Акнун чанд чизи маро дар колаби насри илмии “ПАРЕШОНИЯ” мутолиа кунед. Вокеан бисёр хушам омад, ки ин “мутуни” ирфониро мутолиа мекунам. Чизи дигар барои ман он аст, ки Шумо кобилияти бисёр хуби нигорандаги доред, аммо чи чизе шуморо “часпидааст”, ки наметавонед асари асил ва ё буланд биофаред. Харчанд, ки асархое барои ман асил ва буланд доред ва ман онхоро хондаам. Бовар кунед Шумо, Сайф Рахимзоди Афарди ва чан нафари ба шумори дигар ба адабиёти муосири мо насри зехнгароёнаро (насри интелекткали) овардед, ки то хол ин хонандаи “холобегам”и точик ва мунаккидони дар гами нон буда (”дар гами нон буда” вокеан ин ибора брои андеша аст) аз он истикбол накардаанд. Базехо зимни баходихи ба сомона ва навиштахои Шумо Шуморо дар катори бузургоне мондаад, ки албатта шумо бузургед. Вале ман хело афсус мехурам, ки онхо ба Шумое бахо додаанд, ки дар веблок хастед, на ба Шумое, ки дар навиштахои чидии илми ва адаби хастед. Ба хар хол онхо Шуморо рушанфикр, худогох, ва хулоса болотар аз Кант ва поёнтар аз Худову пайгамбар карор додаанд. Вале шумо хамеша дар тан либоси факири доред ва худро аз навиштахои онхо хеле поёни поён мегиред. Чи чиз имкониат намедихад, ки бузургии Шумо ба таври автомотик нубуг кунад. Ба хар хол ман аз шумо навиштани як румонеро хохиш мекунам,ки дар колаби насри зехнгарои бошад ва аз рузгори ин мардум кисса кунад.Бигзор он фонтастики бошад. Ё бигзор реоли. Ман барои шумо боз навиштаеро дар хошияи китоби охиронатон, ки калами кардаам мефиристам. Албатта ба таври инфироди. Мунтазир бош Устод. Бо умед И-и калон и-и хурд.

  6. дуруд бар шумо.

  7. Салом Каюмарс, агар ин сомонаи тартибдодаи Шумо бошад, хеле хуб. Комёби мехохам. Аммо дигаронро фаромуш кардан хуб нест.
    Насрулло.

  8. Салом устод (харчанд медонам ва шояд пайхас мекунам, ки кистед ва мухим нест, ки ин чо азь исми шумо ёдовар шавам) Бародар Насрулло ин чо менависанд, ки ин сойти Каюмарс аст. Каюмарси додарчаи киёматии ман аст. Уро дуст дорам, зеро хамрох лату куби баъзе муштзуронро хурдаем, аз дарди хамдигар хеле вокифем. Ин сойт аз у нест. Валло ба худо аз у нест. Зеро Худо накунад, ки баъзе качфахме аз номаи бародар Насрулло аз Каюмарс дониста ба у зараре расонанад. Худо аз он руз нигохбон бошад.
    Ин сойт танхо аз нафарест, ки соли 1992 бори аввал ба унвони “Гуреза” ва хамчуг Ватандори беВатан кадам ба Маскав ва баъдтар фаротар аз он (чониби мамолики Гарб) гузоштааст. Танхо нафарест, ки (ин хам бошад бори авал, ки чехраву исми хешро нишон намедихад) аз навиштахои каблиаш аз сабку услубаш варо метавон шинохт. У кист? Борхо аз ман хам суол мекунанд, ки “за рулем”-и ин сойт кист?
    Охир барои шумо мардуми пурсуол чи фарке дорад кй кист? Маколеро ба ёд оваред “Мангар, ки кй мегуяд, бингар чй мегуяд”. Ахсант ба Шумо устод.

  9. Дуруд ба хамаи ёрони азиз!

    Бо тамоми масъулият мегуям, номам Каюмарс нест ва хар кас агар чунин ном дорад, бояд аз он ифтихор бикунад. Номи ман Точвар аст.

    Оре, дур аз ватан ба сар мебарам, аммо бо гаму дарди ватан. Мебояд дар ин рузхои сахт дар пахлуи мардуми худ, ёру дуст ва хешу таборам бошам, наметавонам, аммо талош мекунам ба хар кас тавонам, мададе кунам. Ин навиштахо хам ба хайси карзи фарзандист дар назди ватан ва модар.

    Ба каси муайяне душманй намеварзам, аммо аз хамаи онхое, ки масъулияти ояндаи ин марзу бум ва ин миллатро бар душ гирифтаанд, талаб дорам, дар гами мардум ва насли оянда бошанд. Президент Рахмонро хуб мефахмам, дилам барояш месузад, ки гаравгони як дастаи белаёкат ва худхох аст. Вай мехохад, коре барои мардуми худ бикунад, аммо неруяш намерасад. Баъдан бисер одами хубу борахм аст ва касеро сахт озурдан намехохад. Аммо масъулияти бузурги худро то ба охир дарк накардааст. Ман аз у маком ё мансабе намехохам, факат мехохам, кудакони точик намиранд ва точик як миллати сарафроз гардад. Агар метавонад, бикунад, агар наметавонад, рохро барои дигарон, намояндагони насли чавон боз кунад, то шояд каси дигаре тавонад, мушкилотро осон гардонад.

    Махалгароёнро аз душманони шахсии худ медонам ва хар кучо хастам даст ба гардани онхо хохам зад.

    Аз озодии сухан чонибдорй мекунам, зеро бе ин ягон чомеаи дунё кадаме ба пеш рафта наметавонад. Хамзамон озодии мутлаки суханро дуст надорам ва курбони касе мешавам, ки суханаш на танхо озод, балки бомаъулият бошад.

    Чистонро хам дуст намедорам ва шуморо ба гуфтахои дусти чавонам Набиюлло мутаваччех мекунам ки мангар кй мегуяд, бинигар чй мегуяд. Ин чо чй менависад…

    Сарбаланд бошем!

  10. Як иловаи дигар.

    Ин сатрхоро барои онхое менависам, ки хамдарди миллати хешанд ва мехоханд, бе ягон гараз, то андозае ки имкон доранд, ба мардуми худ, ба хамдигар мадад расонанд.

    Онхое, ки аз ин навиштахо маънихои дигар мебардоранд, худ медонанду худо. Коре ба онхо надорам. Шояд ба хамин сабаб номи ман мухим набошад, балки баракс хонандаро мунхариф кунад.

    Намехохам маро ба ин ё он махал, гурух, махфил, минтака, иттиход, созмон ва хизбе рабт диханд. Ба гайр аз Хизби Ишки Ватан ва Миллат.

    Ба бархе аз масъалахо ба он хотир даст мезанам, ки мехохам, онхо фаромуш нашаванд, аз мадди назар дур намонанд ва боз боиси фанду фиреб хурдани мардуми бечораи мо нагарданд.

    Гохе барои он менависам, ки дар ин дафтари хотираи худам бокй монанд ва пас аз муддате ба онхо баргардам.

    Пурсиши “Ман кистам?” на факат ба ман нигаронида шудааст, балки ба хар яке аз мо. Вакте худро шинохтем, Худоро хам мешиносем, Ватанро хам ва Миллатро низ.

  11. Durud bar shumo Tojvar!

    Soite ki roh andokhtaed, voqean jolib-o khondanist! Dast marizad! Man Shamsiya hastam, az baxshe farsi BBC dar Dushanbe. Mekhoham ki dar borai blognavisii tojikistoniyon barnomae rodioi tahiya bikunam, ke khele baroyam jolib ast. baroi in bo chand nafar ba istoloh “blogger”-ho mekhoham musohiba kunam, va agar shumo muvofikat bokuned, khele oli khohad bud! Andesha az jolibtarinhost! bo ijoza e-mailamro meguzoram, va muntaziri javobi shumo memonam :

    shamsiya.qasim@gmail.com

    bo sipos, shamsiya.

  12. Бародари азиз!
    Гумон мекунам, ин бехтарин сайти дунё аст. Бумуболига мегуям.
    Навиштахои пурдард, дарди миллати бесохибу гарибу тахкирдида… Аз хама мухимаш, хис мешавад, ки андешахои Шумо аз руи гаразхои сиёси ва чохталаби нестанд, балки дарди дилу гами точиконаанд. Аз ин чихат, ба дили ман наздиканд.
    Хуб мешуд, агар адреси e-mail -и худро низ дар сомона чой медодед, то тавонам бо Шумо мукотиба дошта бошам.

    Бо эхтиром-точике дар Маскав

  13. Умари чон,

    Шумо лутф ва муболига мекунед. Ман хам чун як фарзанди Точикистони азиз мубталои хамаи беморихое хастам, ки ватани ман гирифтор аст. Мо хама дар як холати хамсон хастем ва факат мушкили робитаву тафохум дорем.

    Ман фикр намекунем хеч ягон фарзанди ин сарзамин ба ватани худ бадй мехоста бошад, аммо хама иштибохе мекунем, гохе рахгум мезанем.

    Вале аз номаи Шумо замин то осмон миннатдорам ва орзуи сарбаландии хамаи точикон ва мову шуморо дар катори онхо аз даргохи Яздони пок мекунам.

    Агар номаи хусусй менависед, ки на барои нашр аст, бинависед, лек ишора кунед, ки барои ом нест, мустакиман ба ман мерасад ва хусусй ба шумо посух хохам дод.

    Сарбаланд бошед.

  14. Салом бародар Точвар. Аз худованди рахмон бароятон саломати ва сарбаланди таманно дорам. Худоё чунин фарзандони бомаърифати точикро саъодату хушбахти ато фармо. Аммо баъд: Куллияи навиштахотон хак аст. Сад афсус, ки ин гуфтахо ба гуши касоне, ки дар хакки онхо гуфта шудааст намерасад. Бародар Точвар мардуми точик азоби интихоби худро мекашанд. Банда аслан бовар надорам ки дили Рахмон (агар дил дошта бошад) ба мардум бисузад ва бихохад барои ин мардум коре бикунад. Бале гуфтахо хубанд ва аз ин гуфтахо бихамдиллох зиед шуда истодаанд, вале аз гур хабар хасту аз Рахмон не. Илочи кор ин аст, ки таекеро мегирию ин кавми манкурти точиккушро пеш- пеши таек месози. Гумон мекунам танхо рохи халоси ин асту бас. Раиси Чумхур Рахмон аз рузе, ки ба шахр омад эълом дошта буд, ки мо бо хун омадем ва бо хун меравем. Соддаги аст, агар гумон кунед, ки ин кавми манкурти точиккуш ба хости худаш аз хукумат даст мекашад. Аз худованд шабу руз талаб дорам аз ин балоеро ки ба сари мардуми точик овардааст бо лутфу карами худ решакан созад. Барои Шумо бародар Точвар ва захматхои кашидаатон аз сидк ташаккур мегуям ва бароятон муваффакиятхо орзумандам. Сарфароз бошед. Маъассалом.

  15. Бародари азиз Точвар!
    Барои посухи нома сипос мегуям.
    Дер гох аст, дар чустучуи сайте будам, ки дар он аз холи точикони дур аз Ватани азиз афтода, хусусан мухочирони Русия бинависам. Пеш аз хама, барои рохбарони Точикистон. Зеро атрофиёни тамаллуккори Президент сайтхои гайри кабули худро дар Точикистон пешбанд кардаанд. Чанд маротиба бевосита ба сайти Президент навистам, аммо бовар дорам, ки чунин навиштахои дардолудро пеш аз он, ки Президент бихонад, аз сайт нест мекунанд.
    Ман ба Шумо хамфикрам, ба Президент дилам месузад. У инсони хубу равшанфикр аст, аммо чун хама одамони шири хомхурда камбудихо хам дорад. Камбудии бузургтаринаш ин аст, ки худро бо хушомадгуёни танпарвар ихота кардааст. Шиори онхо ин аст: “Ман ба ту кор надорам, ту ба ман!” Дил мехохад бо тамоми овоз чун Лохутии бузург фарёд занам:
    Вакилону вазиронанд хоин, фош мегуям,
    Агар бар зери тегам, ё ба руи дор, ё хар ду!
    Точики бечора то ин дам зарари рухи медид- беобруги дар натичаи чанги бемаъни, бенавои ва факру ниёз. Ин кам буд магар, ки акнун аз холабегамии вазирон миллионхо доллар аз хазинаи бе ин хам касоди давлати точикон бар боди фано рафт…
    …Гуфтанихо бисёр аст. Афсус, ки минбари ошкоре нест…
    Кош сайти Шуморо дар Точикистон рох медоданд…

  16. Умари азиз,

    Хамаи гуфтахои Шумо дар бораи президент ва атрофиёнаш пурра дурустанд. Хуб, такдиру насиби мо, точикон хамин будааст, ки барои забони модарии худ ба по хезему барои дину мазхаби худ шиъор занему окибат ба чунин мушкилот гирифтор шавем.

    Аммо, харчи шуд, гузашт ва ончи имруз хаст, дарег, ки хаст. Имруз аз дасти мо рафтааст. Ба гуфти раовншиносон агар факат бишинему нола кунем, танхо ба гузаштаи бузурги миллати худ бинозем ва хамаи буду шуди худро ба ду-се тани тасодуфй марбут донем, ахволе ки дорем, хамин хел мондан мегирад.

    Мо бояд дар бораи оянда фикр кунем, ки оянда чй кор мекунем. Оё ба чоои як дангарагй як хисорй меояд ё аштй ва хамаи ахлу авлоду хамкишлокашро ба тори сар мо мегузорад ВА ё мо муттахид мешавем, донишу заковат ба кор мебарем ва аз байни хамаи мардуми Точикистони сарсабз бехтарин одамонро интихоб мекунем, ки мамлакатро обод карда тавонанд?

    Ин саволи асосист ва хар касе, ки ояндаи бехтари ватанашро мехохад, бояд дар сари хамин чизхо фикр ва АМАЛ кунад. Ман бисёр фикр кардам ва аз дастам факат хамин омад, ки ин сафхаро боз кунаму дарди диламро руи он бигузорам, то шояд хамдилону хамназароне пайдо кунам.

    Умари чон,
    Барои ман дар сад сол мухим нест, ин навиштахои маро шикамгафсони хукумат мехонанд ё на. Ба фикрам, агар хонанд хам, аклашон ин чизхоро намегирад ва ё виждон надоранд, ба холи халки худашон нигох кунанд.

    Барои ман бузургтарин хушбахтй ин аст, ки Шумо ва чавонони мисли Шумо ин навиштахоро бихонанд. Агар умр бокй буд, ободии ватанро аз дасти афроди мисли Шумо бубинам, агар бевафой кард, фарзандонам ба рузи бехтаре бирасанд.

    Сарбаланд бошем!

  17. Дар мачлисе, ки Президент вазиронашро “танбех” дод, аз забони у сухане шунида шуд, ки маро сахт дар хайрат гузошт: ” Афсус, мо дигар кадрхои болаёкат надорем, то ки вазиронро иваз кунем.”
    Ин чи гап аст? Магар Президент намедонад, ки кадрхои хуб ва мутахассисони болаёкат, ки баъзе якчанд маълумоти оли доранд, дар Русия муздурию мардикори мекунанд? Чаро донишу неруи ин чавононро барои ободии Ватан чалб накарда, бечораноли мекунад?
    Бовар дорам, агар Президент тарзи фикру акида ва корбарии худро дигар накунад, аз ин ба баъд хам дар интихоби кадрхо на аз руи донишу малакаи хар кас, балки аз руи дарачаи хешу табори ва аз нигохи махалгарои амал кунад, ин хама обруяшро, ки то ин дам бо нуги сузан чамъ кард, бо панчшоха бод хохад дод. Гурусна ба шер мезанад, гуфтаанд. Мардуми чангдидаву балокашидаи точик то холо сабру токат мекунад, “чанг нашавад-шуд, як бало карда рузамонро мегузаронем” мегуяд. Аммо Худо накунад, ки косаи сабр лабрез гардад…
    Гохо маро Восеъ ба ёд меояд. Кухистониён орзу доштанд, ки аз асорати мангит озод шаванду мири худро дошта бошанд. Шуриши Восеъро оммаи бенаво васеъ дастгири намуд . Аммо рузе фаро расид, ки шуришгарон ба айшу нуш дода шуданд, ба молу мулки бечорагон, ба зану духтарони мардум тачовуз намуданд. Онгох мардум аз шуришгарон дилсард шуданд, ки боиси галабаи амир шуд…
    … Метарсам, ки хамин таърих такрор нагардад. Дар он сурат ман аз тахти дил афсус хохам хурд. Афсус барои Эмомали Рахмон, ки дар огоз як фарзанди оддии дехкон буду имруз бакулли дигар аст. “Ман бачаи эрка надорам”-ин суханонаш то хануз дар гушам садо медиханд. Чи шуд, ки имруз дар ихотаи “бачахои эркаи” хушомадгу, танпарвар, ришвахур ва баднафс , ки бемуболига хоинону душманони миллатанд, мондааст? Магар чашмашро шира гирифтааст?

  18. Salom Tojvar!
    Imruz avvalin bor ba dargohi shumo qadam zadam! Umedvoram in avvalinu okhirinbor nakhohad bud!

    Mekhoham shumoro ba site-i navtasisi mo da’vat kunam: http://www.tojik.ucoz.ru

    dar qismi “Sadoi hamvatan - Forum” shumo metavoned bo digar hamvatanon hamsuhbat shaved va az fikru aqidahoi onho bokhabar shaved… Mo az doshtani shumo fakhr mekunem! Ba mo shumo barin insonhoi ozodfikr lozimand!

    Dar amoni Khudo!
    Darius!

  19. Дуруд бар Darius!

    Сипосгузорам аз даъвати Шумо ва баъд аз навиштани ин нома вориди торнамои Шумо хохам шуд.

    Махфили ёрони мо як Дориюш дорад, шахси донишманд ва дилсафед, гамхори донои миллати хеш. Холо бояд коре кард, ки дуи Шуморо аз хам фарк кардан мумкин бошад.

    Бубинем. Инак, меравам ба сомонаи Шумо.

  20. Салом ба хар касе ки дар дилаш як заррае мехру мухаббат ва тавачух нисбати миллати бостонии Точик дорад ва шарики гаму андух ва шодиву хурсандии ин мардум сарбаланд ва мутаммаддин мебошад.

    Рости чои хуши аст ки дар кадом як гушаи дунё нафароне вучуд доранд ки бо тамоми хасти ин миллати бузургро дуст дошта аз ахволи он бохабаранд ва дигаронро ба ин масъуляти хело хам бузург (аз масъулият хам бузургтар - карзи модари) рахнамои менамоянд.

    Хар харфу хар калимае ки самимона аз дил гуфта мешавад бар дилхо асар намуда дар онхо менишинад.
    Ман бародар Точварро барои ин ташаббуси нагз ва икдоми начиб ташаккур гуфта ба у гуфтаниам ки ту танхо наи балки хазорон хазор дилсузи ин миллати бузург,” кучак не “, зиёданд ва бо шумоанд.
    Ва як чизро бояд тазакур дод ки худо кунад хар коре ки мо ба он даст мезанем холисона ва факат ба хотири Худо ва ин миллати чафокашидаи Точик буда ва дар айни хол самимона бошад.
    Агар гайри ин бошад э вой дод!
    Ба шумо бурдбори таманно дорам бародар Точвар

  21. Точыври гиромй,

    Аз луфт шумо сипосгузорам. Умедворам махфили мо руз ба руз ободтар гардад.

    Darius-и гиромй,
    Ба Андеша хуш омадй, ва вокеъан сари номи мо бояд андеша кард, чун ба рохатй хонандагонро метавонад сардаргум кунад. Сарфарозу пируз бош,
    Дориюш

  22. Пузиш аз галат дар имло, Точвари гиромй.

  23. Durud hamvatanon! Az in ru bad man Darius II =))

  24. Дуруд бар Дорои 2.

    Мисли инки хоксорй кардаед ва ба Дориюш рох додаед, ки пеш бигзарад, аммо амалан империяи Дорои 2 аз хамаи салтанатхои дигар бузургтар буд.

    Кош хамаи точикони мо ин гуна донову варзида бошанд!

    Аз суи дигар ман дишаб ва шоми имруз мехмони “Чойхонаи дилкушо” будам ва коил шудам, ки дар хакикат он як империяи бузург аст, монанди салтанати Дорои 2.

    Чойи гарм хам буду сухбати гарм хам. Бархе аз гушахои чойхона ин кадар серодам буд, ки ворид шудан мушкил.

    Аз хамаи дустон хохиш мекунам, гохе ба ин чойхонаи начиб сар бизанад ва албатта дасти холй на, балки бо “Андеша”, зеро сухбат харчанд сари пиёлаи чой аст, гохе хеле чиддист.

    Ташаккур ба Дорои 2, ки тавонистааст, барои хамватанонаш ин чойхонаи дар вокеъ дилкушоро боз кунад!

  25. Салом арз медорам хузури Точвар ва боки бародарони арчманд!
    Банда муддате аст, ки сомонахои Шуморо мутолиа мекунам. Рости аз хаводисе, ки сари миллати точик омадааст дар изтироб буда, намедонистам дарди худро ба ки ифшо созам. Ва инак баъди мутолиаи сомонахои Шумо дарёфтам хамдаму хамфикри хешро… Холати имрузаи Точикистон аз як чихати дигар боиси нигарони аст, ки имруз асноди хукукии кабулшуда кариб ки руи кор намеоянд. Макомоти ваколатдори хукуктатбиккунанда онро дар хамаи холат бахри манофеъи худ истифода мебаранд, ки ин хатари зиёд дорад. Вазъи Точикистон имруза суханхои Афлотунро ба хотир меорад: “Фаноёбии давлатеро мебинам, ки дар он конун чой ва неруъ надошта, балки дар дасти шахсони алохида аст”… Боки бароятон комгори таманно мекунам.

    Фаридун

  26. Рохбарони Точикистон кариб хар сол “чорабинии” пурдабдабае доир мекунанд. Максад асосан ин аст- боло бурдани обруи миллату давлати мо, чалб кардани таваччухи хоричиён. Ачибаш ин, ки хамеша бар акс мешавад: обруи мо то рафт паст меравад. Касе бо мо тичорату хамкори намекунад, агар кунад хам, пушаймон мешавад. Ба ёд орем, талаби Бунёди Байналмилалии Асъорро аз Точикистон оид ба бозгардони кариб 50 млн доллар.
    Пас, оё бехтар нест, ки аз бахри худнамойи бароему бо маблаги сарфашуда системаи марказгармии Душанбе ва дигар шахрхои бузургро тармим карда, ба кор дарорем?! Зимистони имсола моро сабак дод ё не? Мардумро бо оби нушоки таъмин намоем, на ин, ки дар ин бора факат суханпардози кунем?
    Давлати Чин хам замоне нотавон буд. Аз бахри гурури бепоя баромада, чинихо ба хама хоричиён имкон доданд, ки дар хоки Чин корхонахо кушоянду бо истифода аз неруи арзони кори ва ашёи хом фоидаи хуб ба даст оранд. Шиори рохбарони Чин ин буд: “Ин мухим нест, ки гурба чи ранг аст. Мухим он аст, ки мушхоро бикапад”. Натича маълум аст: хам мардум бо кор таъмин шуд, хам ба хазинаи давлат андоз ворид гардид. Имруз Чин давлати сарватманду пешрафтаест.
    Чаро мо чунин накунем? Чаро ба умедем, ки танхо ба хотири миллати бостони буданамон хоричиён ба мо кумак мекунанд? Русхо маколе доранд:” Панири бепул танхо дар мушкапак аст”.
    Чаро рохбарон мегуянд, ки мухочирати кори (дурусттар мебуд, гуем- мардикорию муздури дар гариби) ба иктисоди миллии мо судманд аст, дар айни замон, икдоме намекунанд, ки шароити кору зиндагию хукукии мардикорон бехтар гардад?! Бовар кунед, агар замони пеш дар Русия чукчахо мавзуъи латифахо бошанд, имруз точикон аз онхо хам пасттаранд. Ба холи мо акнун на факат шикамсерони рус, балки казоку киргизу узбак хам механданд.
    То ба кай ин хол?

  27. НАВРУЗИ ОЛАМАФРУЗ МУБОРАК БОД!
    Навруз ч,ашни бостонии мардуми ориёинажод аст, ки таърихи чандинх,азорсолах,о дорад. Мувофик,и ривоятх,о, онро шох, Ч,амшед асос гузоштааст.
    Навруз ончунон дар зех,ну хуни точ,икон ч,ой гирифтааст, ки на зарбах,ои дах,шатбори ис-тилогарон, на фишори динх,ои мухталиф ва на зулми сиёсатмадорони пург,араз натавонистанд он-ро аз байн бардоранд.
    Дар давраи шуравй Наврузро ч,ашни динй эълон карданд. Бехабар аз он, ки Навруз санаи астрономй аст. Чуноне, ки медонем, баробарии шабу руз дар як сол ду маротиба вок,еъ мегардад-дар бах,ор (21 март) ва дар тирамох,.(21 сентябр). Бар акс, соли нави аврупой асоси динй дорад, он аз зодрузи Исои Масех, сарх,исоб мегирад.
    Навруз ч,ашни мук,аддас аст. Навруз аз мо так,озо дорад, ки дар дилх,ои худ навбах,ор кушоем, душманию г,аразх,оро аз дилх,о биронем. Бо х,ама некуй кунем. Барои худ, барои дигарон, барои тамоми дуне хушиву хушбахтих,о бихох,ем. Ба оянда бо назари нек нигарем. Аз Офаридгор матлаби дил бихох,ем.

    Ч,ашни дустдоштатарини ман Навруз аст.

    Шеъри дустдоштатарини ман-ин бахорияи Дак,ик,ии бузург аст:

    Барафканд, эй санам, абри бих,иштй,
    Заминро хилъати урдибих,иштй.
    Бих,ишти аднро гулзор монад,
    Дарахт ороста-х,ури бих,иштй.
    Замин бар сони хунолуда дебо,
    Само бар сони ниландуда ваштй.
    Ба таъми нуш гашта чашмаи об,
    Ба ранги дидаи ох,уи даштй.
    Чунон гардад ч,ах,он х,азмон, ки гуйи,
    Паланг ох,у нагирад, ч,уз ба гуштй.
    Буте бояд кунун хуршедчех,ра,
    Мах,е, к-у дорад аз хуршед пуштй.
    Буте рухсори у х,амранги ёк,ут,
    Мае бар гунаи ч,ома куништй.
    Ч,ахон товусгуна гашту дидор,
    Ба ч,ое гармиву ч,ое дуруштй.
    Бад-он монад, ки гуйи аз маю мушк,
    Мисоли дуст бар сах,ро навиштй.
    Зи гил буи гулоб ояд бад-он сон,
    Ки пиндорй, гил андар гул сириштй.
    Дак,ик,й чор хислат дуст дорад
    Ба гетй аз х,ама хубиву зиштй:
    Лаби ёк,утрангу нолаи чанг,
    Майи гулрангу кеши зардух,иштй.

    Дустони азиз! Х,амватанони гиромй! Дар кадом гушаву канори ч,ах,он бошед, Шуморо бо Наврузи фарах,ангез самимона табрик мегуям! Ба х,ама хушбахтй, саломатй, табъи хуш ва умри дароз орзу дорам!

  28. Умари гиромй,

    Чи хуб навиштй ва сипос аз ёдкард аз Дакикии бузургвор. Наврузат пирузу хар рузат навруз бод.

  29. Имруз ид, таътил, гапа “зиёд” намекунем.
    Наврузатон муборак бошад!

  30. Устод, Шуморо бо Соли нави ниёкон муборак мегуям ва хохони онам, хамеша сарсабзу сабзкалам бимонед. Бисёр хохиш мекунам аз сомонаи шогирдонаи ман дидан кунед: http://www.sunnati.blogspot.com
    Ва агар машварате медоштед, хеле мамнун мебудам

  31. Фахр кардан аз точик будан амали табиист.
    Холо коре бикунем, ки аз точик будани мо миллат битавонад бифахрад!

  32. Фаридуни азиз,

    Сад андар сад хамназари туам ва сипос, ки зебо гуфтй. Аммо ду холати дигаре низ хаст, ки бояд дар назар дошта бошем.

    Нахуст, бисёр хамкавмони азизро медонам, ки на аз дарду алам, балки барои тамаллук миллияти хешро дар назди дигарон пушаймонвор бад мекунанд ва бархи дигар аз хашми вазъи имруза аз точик будани худ шарм медоранд. Дар ибтидои солхои 20-и садаи гузашта низ чунин холате будааст, ки пажухишгарон онро ба шеваи илмй “хувияти тагйирёбанда” ном гузоштаанд. Мо бояд ба чунин тагйирёбандахо нафрин бифристем.

    Дигар, як падидаи навтаре дар миён аст, ки бархе худро аз дигарон точиктар, точики “хуни соф” мешуморанд ва ба хеш хак медиханд, одамони барояшон нофорам ё “халалрасон”-ро точики “нотоза” ё хатто умуман аз кавми бегона бидонанд. Ин чо хам харфи аввалро суду манфиат мезанад ва баракс хамин гуна афрод хеле “тагйирёбанда” хастанд.

    Мо бояд беминнат, бепул, бемузд, бе дарназардошти бахраву манфиате барои миллати худ кор кунем, бигзор кораки хурде, аммо хар руз ва дар хар кучо.

    Сарсабз, сарозод ва сарбаланд бошем!

  33. Точвари гиромикадр,
    буздилу тамаллуккоронро хуб мешиносам. Ва набояд дур сурог кард. Хар як коргохи давлати 95% аз эшон иборат аст, чун махаки интихоб ин сифат аст.
    Вале аз падидаи наве, ки “хуни соф” доранд бехабарам.
    Замоне шунидам, ки хонуми амалдоре мегуфта, ки “Мо точика аз зоти лордхояш хастем”. Ва ба тамоми атрофиен бо карохат муносибат мекарда.
    Рости хамон замон ин амалро ба нодидаги ва бесаводии у нисбат додаву ахамияти казоие надода будам.

  34. Устод арчаманд, салому дуруду паём бар Шумо ва олу асхобу оилаи Шумо.
    Дуруд аз Додгустар ба Точвари ягонаву фарзона.

    Аз Шумо бисёр муташаккирам, ки хамаруза аз Андешахои худ ба худ андеша мегирам. Бигзор хамин гуна бо мо бошед, аз мо бошед, точвару сарбуланди миллат бошед. Устод, аз Шумо як хохиш доштам: Ин ки ман дар торнамои хеш пурсишномае тартиб додаам ва дахрузаи аввал, ки бо пурсиши “Ояндаи Точикистонро бо ин хукумату хукуматдоронаш чи гуна бахо медихед?” буд дар арафаи анчомёбист. Фикр мекунам дар чамъбаст ва хулосабарой айни хол ман хеле чавонй мекунам, ки бахогузории мехмонони торнамоямро хулосабарорй намоям. Аз ин хотир аз Шумо хохиш мекунам, ки дар ин сомони хеш дар бобати суоли гузоштаи ман як хулосаяке кучак нависед.
    Каблан сипосгузорам.

  35. Эзох: … хамаруза аз андешахои Шумо ба худ андеша мегирам…

  36. Додгустари азиз.

    Нахуст лутф кунед ва дигар маро “устод” нанвисед, зеро сазовори ин лугат наям ва хамаи мо дар ин чо бо хам баробарему сухани хешро дорем.

    Ман як дуст ва хамсанги Шумоям ва аз Шумо низ меомузам, пас чигуна метавонам устод номида шавам?

    Сониян, хатман ин дархости Шуморо ичро мекунам ва ин аст, ки хамаруза торнигори ачиби Шуморо боз ва мутолеъа мекунам.

    Сарбаланд бошед!

  37. Салом аз Додгустар бар устод (!)Точвари фарзона.

    Бо ин хама хоксории Шумо, бо ин хама сазовориятон ман намитавонам, ки бидуни пешлафзи устод аз Шумо ном барам ва хатто ёд кунам. Ин ки ман Шуморо устод мегуям, ин хукуки фитрии ман аст.
    Он чй ки дар бобати хохиши ман ва лутф кардед хеле сиспосгузорам.

  38. Дуруд азиз,

    Ин сафхаи олист ва хондани. Хар шому хар сахар мисли ташнае, ки ба суи об мешитобад, ба хондани матолиби ин сафха мешитобам. Ман ташнаам. Ташнаи андешаи созанда. Ташнаи сатрхое, ки губор аз дил мешуяд, аммо гайриихтиёр дар дил андухи гароне тавлид мекунад. Сатрхое, ки дигар моро ором намегузоранд. Сатрхое, ки тачассумгари мехру ишку ватан хастанд. Сатрхое, ки моро барои мо мешиносонанд. Бубахшед, ин чо бархе аз дустон аз банда (Каюмарс) хамчун сохиби ин сафха ном бурдаанд. Вале ин иштибох аст. Ман сохиби ин сафха нестам (Кош мебудам ва ё метавонистам бошам). Аммо аз чумлаи хамандешони он хастам. Ин сафхаест, ки мову шумои паркандаро ба хам меорад. Ин сафхаест, ки андешахои парокандаи моро чой медихад. Сипос аз Андешаву сохиби Андеша, ки хар лахза бо мост (Касе хам набошад). Агар вакту имкон ва хохиш доред, як ба ин сафха сар бизанед: http://www.kayoumars.blogspot.com

  39. salom aleykum.man yak fazandi musulmon va jigarxuni tojik hastam.har chand xudro vatandust meshumoram ammo to hol baroi vatani jonu jigaram yagon xizmate nakardaam.va orzu doram ki Xudovand bad mani nokas to ruzi kiyomat umr dihadu dar rohi vatan.millat va dini xud shabu ruz xizmat kunam.
    salomat boshed

  40. Салому пайом ба шумо Точвари гироми!!
    Ман низ хело таасуф мехурам ки рохбарони имрузаи точик ба собик вазири холатхои фавкуллода Мирзо Зиёев беадлати ва номарди чиддие карданд ки назираш дар чанд соли ахир руй надода буд. Бечора Мирзо дар баркарори сулхи Точикистон хизмати хело хам арзанда карда буд вале авалчехрахои Чумхури ин хизмати уро нодида мегиранд ва чун хамагон медонем дар тамоми минбархои баланд чунон суханрони мекунанд ки гуё сулхи Точикистон танхо ба чониби хукумати имруза марбут бошад ва гуё апазитсияи точик дар баркарории сулхи Точикистон сахме надошта бошад .ман хамчун як парвардаи ин марзу бум пешниход мекунам ки ба Мирзо Зиёев унвони кахрамони милли дода шавад. Имруз сафи кахрамонхои милли руба зиёд шудан дорад ва кариб аст чун замони салтанати Брежневи ашхоСи “фидои” дар пушти костюмхои худ низ медал гирад. Ачаб давлату савлат доранд ин мардум!!
    Охир бечора нури кариб чанд соли умри худро дар гурбат гузаронд ва то охири умр барои амнияти халки точик хизмат кард вале акалан дар вакти тачлили солгарди сулхи точикон аз у ёд накарданд .
    Ба таъбири шоири шахири зидаёд ЛОИК
    Мулк сангистону мо бесангарем
    Сар ба сар сардору мо бесарварем
    Пунба бар гушем мову рахбарон
    Чун ки мо халкони пунба парварем.

    Аз шумо Точвари азиз як чахон ташакур ки чунин мавзуи хуберо марбут ба Мирзо Зиё матрах кардед .
    Бо умеди мувафакияти шумо !!!

  41. шумо дар кучо кору фаъолият доред? ва барои мо точикон аз мавзухои гуногуни точикистон дар ин сайт дохил кунед.

  42. salom alleykum..

    gap nest barodar , ki haminhel mard bacha hast ki hakikatro dar pahlu nishon medihad…

  43. Ассалом бародарону хоҳарони азиз, ҳамдардон ва Тоҷвар,
    Ман ҳар як мақолаи шуморо бо диққати том хондам.
    Албатта суханони беасос нестанд, вале банда ғаме дигар дорам. Расонаҳои интернетиро доимо мутолиа мекунам ва ғамгин мегардам. На аз инки вазирону вакилонанд хоин. Инҳо дуруза буванд.Балки ғамам аз он аст ки насли наврас надорем, ки ба оянда ба умед бингарем.
    Фикри ман чунин аст бародарон
    Шикоят аз замону макону вазирону вакилон кори хирадмандон нест. Аз сиёсат дур истед. Ба қавли мутаффакире Аъузу биллоҳи минашшайтони вассиёсати…
    Имруз ки метавонад бо боварии кулли гуяд ман метавонам ҳамчун ҳз. Юсуф сарвар гардам ва бо халқ гурусна бошам. Бовар кунед чун ба сиёсат дароед бисёр фикратон дигар мешавад.
    Биёед созмоне ташкил диҳем, ки танҳо ба омузиши насл машғул бошад, то ояндаамонро амин созем. Мактабғгимназияҳое сар то сари ватан созем ва муаллимоне ҷам орем ки дар тамоми гушаву канори ватанамон насле ба воя расонанд ки фардои моро зебо гардонад. Тоҷирони мо ба он дастгири намоянд.
    Бовар кунед бародарон қудрати қалам аз тавонои силоҳу сарвари бештар ба нафъи миллат аст. Онгоҳ малум мешавад то чи андоза ватанро дуст медорем. Он вакт бо фидоиёни ватан мегардем. Зеро касе зидди ин нест.
    Хизмат бар халқ ин хизмат ба Ҳаққ ҳаст.

Leave a Reply