СЕ ХАТОИ САНГАК САФАРОВ: Катли Чиёнхон, Сергей, Талаб Кузнетс ва бархам додани вилояти Кулоб

«Фараж» №34 22.08.2001 С.ХАЛИЛИЁН

Мусоҳиба  бо собиқ   командири горди миллии Кӯлоб Исмоил Иброҳимов.

-   Соли   1992,   моҳи   май баъди аз маӣдонхо баргаштан  дар  вилояти  Кӯлоб  чй корхо шуд?

- Мо рӯзи 8 маӣ аз Душанбо ба Кӯлоб омадем ва 9 май дар масҷиди Мулло Ҳаӣдар Шарифзода ҷамъ шудем. Як руз пас ба ОКТ-38 омада, штаби гвардияи Кӯлобро ташкил кардом. Баъдан штабро ба бинои обкомпартия овардем. Вақто дар обкомпартия будем, Сангак манро бо ҳамроҳии Рустами Абдураҳим ба кабинеташ даъват кард ва гуфт, ки Қурбон Мирзоалиовро аз вазифа гирифтан даркор. Мо бошом, дар ҷавоб пурсидем, барои ин, чӣ кор кардан даркор? Ваӣ аввал номи раиси ноҳияи Данғара Рамазон Зарифовро гирифт. Баъд номи ҲабибуллоТабаровро гирифт, ки он вакт Табаров раисии РАЙПО-и ноҳияи Ховалингро ба ӯхда дошт. Баъд марҳум Сӯҳроб Афғонов ва Султони Чолро барои овардани Табаров ба Ховалинг фиристод. Онҳо рафта Табаровро аз Ховалинг ба штаб оварданд. Рӯзи дигар дар бинои собиқ комиҷроияи вилояти Кӯлоб ҳамаи қумакдонҳо ва мардум ҷамъ шуданд. Сангак аз ҷой хеста, ҷониби Қ.Мирзоалиев гуфт, ки:

 -Мирзоалиев! Медонӣ, ки Табаров барои ҷои туро гирифтан омадааст?”

Бо ин гуфтааш Сангах обрӯи Табаровро розонд. Маҷлисро пӯшида эълон карду ҳама баромада рафтанд.

-  Барои чӣ қумандонҳои Кӯлоб Сангакро дар масҷиди Шайх Камол маҳкам карданд?

- Барои он, ки қисме аз қумандонҳои дар Кӯлоб Буда, мегуфтанд, ки барои чӣ Сангак ҳамроҳи хешу табораш аз Шугнов рафта, тилло меораду моро намемонад? Ваӣ бигузор кори худашро кунаду Рустами Абдураҳим аз паи кори худаш шавад. Ман Сангакро халос кардаму ӯ ба Қӯрғонтеппа рафт. Ин ки Қурбон Мирзоалиев ӯро озод карда бошад, дурӯғ аст.

-  Барои чи вақте Сангак ба Қӯрғонтеппа рафт, шуморо ҳамроҳи худ набурд, то ки дар он ҷо ба фронти халқӣ сардори штаб таъинатон кунад?

-  Вай ба ман гуфт, ки ту дар Кӯлоб бимон, ки гвардия пароканда нашавад.

-Мирзоалиев сабаби ҷанги шаҳрвандиро дар маҳалгароии дохилии собиқ ноҳияҳои вилояти Кӯлоб мебинад. Шумо чӣ?

- Дар вазифаи раиси вилоят кор шуда, чунин посухдодан хеле нодуруст аст. Сабаби ҷанги шаҳрвандии тоҷикон наҳалгарони дохилии Кӯлоб набуд. Сабаб тамоман дигар чиз буд, ки инро ҳама медонанд ва ҷои шарҳ додан ҳам нест.

 -   Лангари  Лангариев  чй хел шахсият буд, нисбати ӯ чӣ гуфта натавонед?

-Лангарӣ бисёр бачаи чахон ва хушёр буд. Лекин феълаш тез буд. Чандин маротиба бобои Салмонро гуфтам, ки писаратро насиҳат кун. Ман ба худи Лангарӣ мегуфтам, ки ту ҳамагӣ як капитан ҳастӣ, бо Сангак ҷанҷол накун, чанд бор оштиашон кунонидам. Сабаби маҷрӯҳ шуда, вафот кардани Лангариев, ба қатл расидани Р.Абдураҳим ҳам гуноҳи худашон буд. Лангарӣ назди ман омада гуфт, ки Курғонтеппа меравам. Ман ба ӯ гуфтам, ки Қӯрғонтеппа нарав, ки туро мепарронанд Нагузоштам,ки вай Қӯргонтеппа равад. Ман силоҳаш додам, лекин ваӣ ба Норак рафт ва аз он ҷо тани оғӯштаи хунашро оварданд. Рустами Абдураҳим бошад, ба Душанбе рафт ва ниҳоят ба қатл расид.

-   Дар  митингҳои   шаҳри Қӯрғонтеппа шумо ҳам иштирок доштед?

- Вакте дар Қурғонтеппа митинги калон шуд, мо ҳамакаса ба он ҷо рафтем. Ману Р.Абдураҳим ва Қ.Мирзоалиев ба воситаи совхози Туркманистон неву ба воситаи аэропорт ба нохияи Вахш рафтем. Моро раиси Шӯрои ҳамонвақтаи ноҳияи Вахш Фаӣзулло Қувватов пешвоз гирифта, ҷой доданд. Ман ҳамроҳи Р.Абдураҳим будам, шабона Сангак ба наздамон омад. Ҳамон вакти мо дар хонаи Қувватов дар ноҳияи Вахш будан, митинг кардем. Ҳолу зори халқро дидем, мурдаҳояшонро дидем. Собик, раиси вилояти Кӯрғонтеппа Курбоновро ҳамроҳ карда буданд. Мо бо гурӯҳҳо тақсим шудем. Бо ҳамроҳии Р.Абдураҳим мурдаҳои кӯлобиҳоро дар хонаҳо дидем. Шаб вақте ба Кӯлоб омаданӣ шудем, моро омадан намонданд. Ҳамин вақт ба назди мо як йигити тануманд ва шердил даромад. Баъдтар фаҳмидем, ки ин ҷавонмард Ёқуб Салимов будааст. Бо ӯ мо он ҷо шинос шудем. Сахари барвакт Ёқуб ба мо чанд нафар муҳофиз дод ва моро то пости Калининобод бурданд. Баъди он вохӯрӣ Ёкуб ду-се маротибаи дигар ба Кӯлоб омада буд, мо бо ӯ вохӯрда будем.

 -   Нисбати   собиқ  раиси шӯрои олии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов  чй гуфта метавонед? Баъди ба асирӣ гирифтан,  оё ӯро дар ҳақиқат ба Кӯлоб оварда буданд?

- Нисбати он ки гуё Қадриддин Аслоновро баъди асир гирифтан, ба Кӯлоб оварда бошанду ӯ дар назди митингчиёи баромад карда бошад, ин гапҳо нодуруст аст, Қ. Аслоновро ҳеҷ вакт ба Кӯлоб наоварда буданд.

-   Нафарони шоҳид мегуянд, ки сабти баъди асири дар ноҳияи Фархор баромад карданаш маҳфуз аст ва аз он ҷо ба Кулоб оварда шудаааст..

- Нисбати сабт дар Фархор чизе гуфта наметавонам. Лекин Қ.Аслонов дар Кӯлоб хеҷ вақт набуд.

-     Дар    бораи  тақдири қумандонхои кӯлобӣ Сергей ва Талаб Кузнетс чӣ маълумоте доред?

- Он вақт Сангак ба Қӯрғонтеппа нарафта буд. Ман дар поликлиникаи УВД қарор доштам. Ногох, садои тирро шунидам. Ба ронандаам Хаӣриддин амр кардам, ки зудтар мошинро ба кор дарор ва ба самти штаби горди миллӣ ҳай кун. Ҳамин тавр мо аз дари қафои штаб даромадем, ки мурдаи Сергей, Талаб Кузнетсу додари Талаб дар рӯи замин огӯштаи хун хобанд ва Сангак таппонча дар даст болои сари онҳост. Аз Сангак пурсидам, ки барои чӣ ин хел кардӣ? Баъд ваӣ як карточкаро бароварда, ба ман нишон дода, гуфт, ки “ман инро аз кисаи Талаб гирифтам, ваӣ опозитсия аст”. Ман ба ӯ гуфтам, ки Талаб оппозитсия хам, ки мешуд набояд ту ин корро мекардӣ. Ин кор дар штаб, дар бинои ОКТ-38 шуд. Сабаби ин зиддият тиллои Шугнов буд. Дар масҷиди Шайх Камол дар баӣни қумандонҳои мо собиқ маҳбусон ҳам буданд, ҷиноятгарон ҳам буданд.

-  Дар бораи Ҷиёнхон Ризоев чӣ гуфта метавонед?

- Дар ҷанги гузашта, бачаҳои беҳтарин ва шуҷои Кӯлоб талаф ёфтанд. Аз ҷумлаи онҳо Ҷиенхон Ризоев буд. Ҷиёнхон шахси принсипнок буд, ҳамчун корманди ҳақиқии милиса. Барои ишғоли вазифаи раисии вилояти Кӯлоб ду-се нафари дигар ҳавасманд буданд. Аз ҷумла яке аз онҳо Рустам Абдураҳимов буд. Барои ҳамин мо дар фикр шудем, ки киро ба ин вазифа таъин куном. Ҳамроҳи Пирӣ Ҳисаӣнов, ки вазифаи сардори ШКД-и вилояти Кӯлобро ба ухда дошт, сӯҳбат кардем. Ман ба ӯ гуфтам, ки номзад ба раисии вилоятро ёфтан даркор Аз вазифа озод кардани Қ.Мирзоалиевро бошад, Сангак пешакӣ нақша кашида буд. Пирӣ Ҳисайн ба ман рӯ оварда гуфт, ки мо киро ба номзадии раиси вилоят пешбарӣ мекунем? Ман гуфтам, ки биё Ҷиёнхон Ризоевро даъват кунем. Ман, Пирӣ Ҳисайнов, Азиз Халил якҷоя бо у вохӯрдем. Ман ӯро Ҷоник мегуфтаму ӯ маро амакӣ мегуфт. Ман гуфтам, ки “Ҷоник, раиси вилояти Кӯлоб туро таъин мекунем”. Вай бошад гуфт, ки “амакӣ, ман наметавонам”. Ман гуфтам, ки мо ҳамроҳи ту ҳастем. Мо ин маслиҳатро 10 рӯз пештар карда будем. Шахсҳои ташаббускор раҳматии Қурбон Зардаков, Ҳабибулло Раҳимов ва дигарон Ризоевро бовар кунониданд ва ӯ розӣ шуд, вазифаи раисии вилоятро ба ӯхда гирад.

-   Дар   бораи   165   килограмм тиллои рабудашуда чӣ маълумот доред?

-  Нисбати чӣ кадар тилло ва куҷо шуданаш маълумот надоран. Лекин дар бораи пулхои маӣдони “Озодӣ” ҳамин қадар гуфта метавонам, ки вақте модар ошёнаи дуюми Шӯрои Олӣ дар утоқи корие кррор доштем, дар кунҷи хона 9 линча пур аз пули коғазӣ буд, даҳонашон нобаста буд. Вақте моро рӯзи 8 маӣ аз майдони “Озодӣ” ба Кулоб оварданд, дигар маълумоте надорам, ки он пулҳо куҷо шуданду кӣ онҳоро бурд. Мо бо тилло не, балки бо пули тариқи хаӣрия ҷамъ кардан мардум яроқу силоҳ, мехаридем. Боз ҳаминро гуфтаниам, ки вақте чизҳои овардаи моро дар Ленинобод боздошт карданд, бо роҳбарии одамҳои худи мо, нафари махсус омад ва аз ман 22 миллион пули ҳамон вақт талаб кард, ки агар ҳамин қадар пул нафиристед, одамҳоятонро мекушанду чизҳои овардаатон низ ба дастатон намерасанд. Баъд ман ба назди Қ Мирзоалиев рафта гуфтам, ки 22 миллион сумда… 22 кило тиллоамон бидеҳ. Мирзоалиев гуфт, бирав, банкро бин. Ман аз он ҷо ба назди директори банки ҳамонвактаи Кӯлоб, раҳматии Неъматов рафтам. Ваӣ бисёр одами хоксор ва шарифе буд. Неъматов баъди салому алеӣк гуфт, командир чӣ хизмат кунем. Ман гуфтам, “22 миллион сӯм даркор аст. Мирзоалиев мегӯяд, ки рафта тилло бигар”. Ваӣ гуфт, ки “57 кг тилло дар хазина дорам, биё бигир”. Ба ӯ гуфтам, ман пошакӣ назди Қ.Мирзоалиев рафтам, ки қарори раиси вилоятро дихад, баъд қонунӣ карда, омада мегирам. Пул ҷамъ кардем, Қ. Мирзоалиев аз хар куҷо пул ҷамъ карда, ба мо дод ва мо он маблаги бударо фиристодему одамҳоямонро халос карданд.

- Он чизҳои мегуфтаи шумо чӣ буд?

-Яроқ.

-Маротибае бо нафарони олирутбаи Узбекистон вохурдед?

- Як вакту генералҳо ва депутатхои Узбекистон, ки ба Кулоб ташриф оварда буданд, дар фурӯдгоҳи Кулоб 6о онҳо вохӯрдам. Ногуфта намонад, ки ҳар рӯз як ё ду чархбол орд аз Узбакистон ворид мешуд. Вакте Ҷ. Ризоевро раиси вилоят таъин кардем, як бегоҳ ба ман занг зад, ки амакӣ ба қисми дивизияи 201 (полки дар Кулоб буда) биё. Ризоев он ҷо ҳамроҳи Р. Абдураҳим мунтазири омадани мам буданд. Мо ба як чархбол савор шуда, ба самти номаълум парвоз кардем. Ман напурсидам, ки мо ба куҷо парвоз дорем? Як чархболи дигар бошад, моро роҳбаладӣ мекард. Соати 7-00 ба фурӯдгоҳи шахри Тирмизи ҷумҳурии Ӯзбекистон фуромадем. Мошине бо супориш омада, моро савор кард ва ба биное бурд, ки одамони бисёре нишаста буданд. Дар ҳамон шабу рӯз дар ноҳияи Колхозобод ҷангҳои шадид мерафт.

Як нафар марди қадпаст аз ҷояш хеста, гуфт, ки манро Ислом Каримов супориш додаааст, ки барои мардуми Кулоб чӣ чизе лозим бошад медихед, дареғ намедоред. Ҷамъомаду сӯҳбат тамом шуд.

Ба ростӣ мо номи он намояндаи Ислом Каримовро напурсидем. Соат 11-и шаб шуда буд. Ваӣ сардори авиатсияи Тирмизро наздаш хонд ва пурсид: “Как обстановка в Кулябе?” Ин масъули авиатсия посух дод, ки  “Жизнь гарантируется на 50%”. Баъд ин мард моро бозгаштан нагузошт. Ва ҳокими Тирмиз супориш дод, ки меҳмононро шаб меҳмондорӣ кунед ва фардо саҳар онҳоро гуселонед. Фардо саҳар моро дар як чархбол савор карданду дар чархболи дигар орд бор карда, ба Кӯлоб гусел карданд.

-  Нисбати Ҳайдар Шарифзода чӣ гуфта метавонед?

- Ҳаӣдар Шарифзода як шахсияти динӣ аст. Дар Кӯлоб ба қадри худаш эхтиром дорад. Ман низ шахсан ҳамчун як шахси диндор эҳтиромаш мекунам.

-  Аз кормандони кумитаи амнияти миллй ва шахсиятҳои шинохтаи дар сохтори ҳукуматӣ он вақт кор мекарда, киҳо бо шумо он замон ҳамкорӣ доштанд?

- Он замон сардори КАМ-и вилояти Кӯлоб Соловёв гуфтани рус буд, он кас аз тарс ба карибии штаби мо намеомад. Ман чанд карат ба ӯ гуфтам, ки сабабгори ҷанги шаҳрвандии мо шумоед. Акнун пешгирӣ кунед, ин ҷангро. Дар ҳамон давра бачаҳои Кӯлоб, ки дар органҳои қудратӣ кор мекарданд Абдураҳмон Азимов, раҳматии Мирзоватан Ҳасаналиев, Саидамир Зуҳуров буданд, ки гаӣр аз Соловёа ҳамаашон ба штаб меомаданд ва мо якҷоя нишаста, нақта мекашидем ва бо ҳам маслиҳат мекардем. Ин ашхос барои барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ бисёр хизматҳои бузург кардаанд.

-  Бо сарвари давлат Эмомалй Раҳмон он замон шиносоӣ доштед?

- Вакте дар ШКД-и ноҳияи Дангара кор мекардам, Э.Раҳмонро мешинохтам. Баъд вакте мо ин шахсро раиси Шӯрои вилояти Кӯлоб интихоб кардем, баъди се рӯзм кор ӯ манро даъват карда, гуфт, ки “Иброхимов штаби гавардияро ба Себистони Дангара бубар, ки вазъият он ҷо ба даст”. Баъд ман бо супориши Э.Раҳмон штабро ба Себистони Дангара бурдам.

-  Барои чӣ шумо дар сессияи 16 – Шӯрои Олй иштирок накардед?

- Ба номи ман аз сессияи Шурои Олӣ баркия омад, ки ман дар сессия иштирок кунам. Ман ба Сангак телефон кардам, ки ман ба сессия даъват шудаам, бояд ба сессия равам. У гуфт, ки ту агар ба сессия равӣ, аз тарафи Нораку аз тарафи дигар мухолифин хуҷун мекунанд, ҳама меҳнатхои мо барбод меравад. Барои ҳамин, ту ба сессия наё ва он ҷо истода, муҳофизат намо.

-  Дар гуфтушунидҳои сулҳи тарафҳои муқобил шумо чанд “маротиба иштирок кардед?

- Ман як маротиба дар мавзеи Саӣёд дар гуфтушунид иштирок доштам. Аз тарафи мо – ман, Ёқуб Салимов, Рустами Абдураҳим, Сангак ва бобои Салмон иштирок доштанд. Аз он тараф бошад, як зумра шоирон буданд, номашон дар ёдам намондааст. Дар ҳамон гуфтушунид масъалаи кушодани консулгарии Эронро дар Тоҷикистон дар байн монданд. Ман он ҷо баромад карда, зид баромадам. Барои чӣ? – гуфта пурсиданд. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки ҳар як халтаи орди равон мекардаи давлатҳои хориҷӣ, қотили садҳо халқи тоҷик аст. Ҳамин тавр ҷанҷоламон шуд. Ду-се маротибаи дигар Сайфиддин Тураев Кулоб омада буд, бо ӯ низ дар хузури командири кисми низомии 201  дивизияи Русия Лактионов сӯҳбат доштем. Ҳамчунин, намояндаи оппозитсия Пояндашоев омада буд, бо ваӣ низ дар қисми низомии русхо дар ҳузури Лактионов сӯҳбат доштем.

-  Ҷомй Мизонов чӣ гуна шахсият буд ва кй ӯро ва бачаҳои гурӯҳашро кушт?

- Ҷоми ҳамроҳи худ 27 нафар бачахои ҷасури Данғараро ҷамъ карда, шабу рӯз паи муҳофизати мардуми Данғара буданд. Вакте ман штабро ба Себистон бурдам. Ҷомӣ назди ман омад ва гуфт “мо чӣ коркунем, командир?” Ман гуфтам “бачам, хамроҳи бачаҳоят истодагарӣ кун, ки оппозитсия ғалаба накунад”. Аз баӣн чанд вакт гузашт. Мо дар назди бинои ҳукумати Дангара митинг ташкил кардем. Дар ҳамин ҷо ду-се нафар, дар ҳаки Ҷомӣ хар хол суханҳо гуфтанд. Ман ба онхо гуфтам, ки ин хел гапхоро нагӯед. Чанд рӯз баъд фаҳмидам, ки Сангак Ҷомӣ ва 27 нафар ҳамроҳашро дар Калйнинобод паррондааст. Ҷомӣ бисер бачаи далер буд ва дар нотарсӣ мисли Талаб Кузнетс буд. Баъди ин ҳодиса ман ба назди Сангак даромада, ба ӯ гуфтам, ки се хатоии сахт кардӣ дар ҳаётат. Аввал ин ки вилояти Кӯлобро барҳам додӣ, дуюм раҳматия Ҷиёнхонро паррондӣ, сеюм Ҷомиро бо бачаҳояшу Сергеӣ ва Талаб Кузнетсро куштӣ. Ҳамин вақт вай пистолеташро ҷонибам бардошт. Ман гуфтам, ки “маро ҳам паррон. Талабу Сергейро паррондани ту нишони ваҳобй будани онҳо нест”.

-  Бисер мехостам, дар бораи кӯмаки қисми низомии дар Кӯлоб будан Русия ба горди миллии Кулоб ва фронти халқй маълумот диҳед…

- Қисми дивизияи 201 дар Кӯлоб буда, ба мо хизмати сахт кард. Бахусус командири қисми харбии мазкур полковник Лактионов бисёр шахси ҷасур ва дӯсти мо тоҷикон буд. У дар кӯмак кардан ба мо ҳеҷ гоҳ зид набуд. Танҳо сардори штаби қисми низомии мазкур Дансевич бисёр одами бад буд. Намехост, ки ба мо кӯмаки силох, ва ё техникӣ аз ҷониби онҳо шавад. Шиносоӣ бо Лактионов ба воситаи Мирзоватан Ҳасаналиав амалӣ шуд Лакшонов моро пешакӣ огаҳ мекард, ки ман фалон вақт ба фалон мӯҳлат ба рухсатии меҳнатӣ меравам ва дар вақти рухсатӣ будани ман шумо метавонед, аз ин кӯмак бархурдор шавед.

-  Кӯмак чӣ буд, мошинҳои зиреҳпӯш, силоҳ ё..?

- Кӯмак буд. Ҳар кадомашро дар алоҳидагӣ намеғӯян.

-  Дар охир шояд гуфтание доштед, ки ман напурсидам?

-Ман  ҳиш доштам, аввал бахшида ба 20 солаги истиклолияти давлатӣ вилояти Кӯлобро аз сари нав баркарор мекарданд. Баъдан, дар аз  авф эълоншуда барои хотири модари пири Ёқуб Салимовро шод кардан, ӯро авф мекарданд, бисёр кори хуб мешуд. Ҳамчунин, ҳамаи он маҷрӯҳон ва иштирокчиёни ҷанги бародаркушро ба нигохубин мегирифтанд. Имтиёз медоданд. мисли иштирокчиён ва ҷанговарони ҶБВ.

About these ads

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

%d bloggers like this: