Зинда бошӣ, Маэстро Далери Назар!

Худро ба ҳар сӯ мезанам, то як чиптае пайдо кунам ва то 9 ноябр худро ба Маскав бирасонам. Зеро дар ин рӯз дар Маскав консерти Далери Назар мешавад. Чунин имкони нодирро набояд аз даст дод. Бовар дорам, ки ҳазорон нафар аз тоҷикон барои таронаҳои зебои ӯ ҷамъ хоҳанд шуд. Имрӯз мо овозхонони зиёде дорем. Аксари [...]

Зодрӯзи ашколуд ва айнакии Фаррухи Қосим

Дар Тоҷикистон 60-солагии коргардон ва ҳунарпешаи нобиға Фаррухи Қосим орому хомӯш таҷлил шуд. Баландтарин мансабдори давлат, ки ин зодрӯз ширкат кард, муъовини вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Президенти кишвар — Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашн ширкат накард, дар ҳоле ки шоҳзодаи Ҳолланд гуфта буд, орзу дорад, дар зодрӯзи Фаррухи Қосими тоҷикон нӯшбод бигӯяд. Вай дар ҳеҷ яке аз зодрӯзҳо набуд, аммо [...]

Каромат Шарипов — ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Ҳодисаи ҳайратовар! Аввалин бор тоҷикон дар Русия аз сари минбар ва бо овози баланд миллати аврпуоинажод, сафедпӯст ва баробар бо русҳо номида шуданд. Дар додгоҳи ноҳияи Ховани вилояти Владимир адвокате гуфт, ки тоҷикон ҳам монанди мо славян мебошанд ва сафедпӯстанд, яъне ба тамоми маънӣ бо мо баробаранд ва дар давраи шӯравӣ бародарони мо ба шумор мерафтанд, [...]

Ояндаи ин кишварро кӣ медуздад?

Агар дар Тоҷикистон ҷоизаи Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ мавҷуд мебуд, доварони одил онро ба Размия Мирзобекова ва Манижа Қурбонова медоданд. Барои мақолаи олиҷаноби онҳо дар бораи вазъи мактабҳои Тоҷикистон, ки дар шумораи ахири ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ба табъ расид. Ман тақрибан ҳамаи нашрияҳои кишварро солҳост, ки мехонам ва ҳаргиз чунин пажӯҳиши нишонрасу комилро дучор нашудаам. Матлаби навиштаи Рамзия ва [...]

Вазорати хориҷа садо баланд кард

Бояд ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва яке аз нависандагони “Андеша” — Ботур Қосимиро табрик гуфт, ки пас аз масъалагузории онҳо, вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, вазораташ ба Русия номаи эътироз фиристодааст. Асли матлабро метавонед бори дигар дар ин навиштаи Қосимии азиз пайдо намоед. Вале ҳамзамон метавонед, дар ин ройдиҳӣ низ саҳм бигиред. (Натиҷаҳои пурсиш: Сафоратхонаҳои Тоҷикистон [...]

Паёме ба ҳаммиллатон бо ҳадафи миллӣ

Мӯҳсини Ҷаббориён Мардуми тоҷик пода нест. Издиҳоми фишорхӯрдаест, ки соҳибу сарвар надорад. Халқест, ки ӯро ҳама фурӯхтаанд. Русҳову амрикоиҳо, чиниҳову эрониҳо кайҳост, ки тоҷиконро ба як пули пуч, як таъзими то миён ва ё як фикоҳии ЭШР фурӯхтаанд. Сиёсатбозони тоҷик, вакилону сафирон, силоҳдорону бесилоҳон, диндорону бединони кишвар низ ин халқро ба боди фано сар додаанд, зеро [...]

Посухҳои бемантиқи салафй

Мухаммадфаррухи Абдуллозода (Бознашр аз “Фараж”) Мусоҳибаи Зарангези Наврӯзшоҳро, ки дар ҳафтавори «Фараж» “аз 2 – октябри соли 2008 №40 (94) бо роҳбари салафиён ба табъ расида буд, мутолиа намуда, зарур донистам, ки ҷавобе иншо кунам. Албатта, дар он ягон масьалаи илмй нест ва зиёда аз он ягон ҷавоби мантиқӣ ҳам (ғайри чавоби хаштум) дар он [...]

Худоё, аз пайомади асафбор нигаҳ дор!

Натиҷаҳои ройдиҳии меҳмонони “Андеша” дар посух ба ин пурсиш, ки бӯҳрони молии ҷаҳон ба Тоҷикистони азизи мо чӣ таъсир гузошта метавонад, ба бартарии ин нукта ишора мекунанд, ки аксарият чунин таъсирро эътироф мекунад, аммо онро “нисбӣ ва мӯътадил” мешуморад. Вале ба назари ман, пайомадҳои бӯҳрон барои Тоҷикистон ваҳшатнок ва асафбор буда метавонанд. Албатта, орзу дораму дуъо мекунам, [...]

Бӯҳрони ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон чӣ хоҳад кард?

Бо сипос аз хушзеҳнии Сироҷиддини азиз, ин бор аввал назари иштирокдорони “Андеша”-ро то ҷое ки мумкин аст, фаҳмида, сипас матраҳ карданием, ки бӯҳрони пулии ҷаҳон ба ватани мо чӣ таъсир расонида метавонад. Баъзе аз иқтисодшиносон гуфтаанд, таъсире нахоҳад дошт, вале чанд санад ва баррасие ба дастам афтод, ки то чӣ андоза таъсир кардани варшикастагии низоми молиявии ҷаҳон ба кишварҳое [...]

Дилеммаи тоҷикон: ҳувияти миллӣ, дин ва сиёсат

Ҳасад мебарам ба онҳое, ки бо забони равону зебо менависанд. Аммо ҳасади ман ранги сафед дорад. Мехоҳам рӯзе забони модариамро ба дараҷае донам, ки битавонам бе ғалат ва зебо, монанди дӯстони ҳамандешамон Ромин, Дориюш ва дигарон бинависам ва худам аз навиштаҳои худам лаззат бибарам. Ромини азиз баҳси оид ба мансубияти миллии Рӯдакӣ ва Фирдавсиро дар [...]

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.