Ояндаи ватани мо дар кучост?

Бародари гиромй Ботур Косимй дар яке аз навиштахои хеле хуби худ мухимтарин мушкили Точикистонро муайян ва тахлил карданд. Он кас ихтисори себаробарии мансабхои идорй ва аз ин хисоб се баробар зиёд кардани маоши кормандони давлатро рохи халли мушкили аввалиндарачаи кишвар номиданд. Вале ин шояд як мушкил ва як халномаи кутохмуддат мебошад.  Дусти дигари мо нависонд, [...]

Медвед пуштибон пайдо кард

Шояд сухане даркор нест ва ин акс баёнгари вазъият аст. Вале рушан нест, афсари рус ба кй гузориш медихад ва кач шудани чехраи Рахмон аз офтоб аст, дард, ногуворй ё гузаронда натавонистани тугмаи пичак? Чаро вай бояд тугмаашро гузаронад? Солхои хидмат дар артиши Шуравиро ба ёд овард? Ба хар хол, Рахмон ягона сарвари давлат шуд, [...]

Сарнавишти “хурдхо” дар дасти “калонхо”?

Русия мехост, бо тахдиди шинохти расмии Абхазия ва Осетияи Чанубй чахонро дар асорат нигох дорад, аммо ногахон кадаме пеш гузошту худро ба асорат андохт. Аз ин ба баъд Русия асири амали хеш хохад буд ва акнун дунё ба изофаи Косово боз ду намунаи барчастаи дигар хохад дошт. Маскав агар чунин мехрубону гамхори кавмхои кучак ва [...]

Софии пиндор — оромибахши дил

Точикистони моро сарвазири нав мебояд, шахси навчавон, пургайрат, донишманд, кавиирода, гамхору сохибкор, чашмсеру шикамсер ва тавоно. На танхо барои он ки имсол карор аст сарвазири феълии кишвар Окил Окилов билоахира бознишаста шавад, балки ин шояд ягона, осонтарин ва охирин рохи начоти кишвари бечораи мо бошад. Агар маколаи нави сиёсатшиноси борикбини точик Рашид Абдуллоро дар “Азия-Плюс” баракс аз охираш сар карда [...]

Ба дифоъ аз Латифи Пидром бархезед!

Мурочиатнома Иқдоми Ҷиргаи ҷавонони ҳизби миллигарои «Афғон миллат» ва гурўҳҳои тундрави дигар дар содир кардани ҳукми қатл барои шоир ва донишманди тавонои Афғонистон ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, Латифи Пидром, ки 15 сол боз узви раёсати Ҷамъияти байналмилалии «Пайванд» низ ҳаст, иқдоме бар зидди як шахс нест, балки иқдомест басо хатарнок бар зидди як [...]

Медведев оё Медведзода хохад шуд?

Маколае дар шумораи ахири хафтавори “Нигох” (“Филкина грамота” аз Путин) боз хам рушан нишон медихад, ки Русия ва хукумати он ошкоро ба зидди хувияту пешрафти милли мо, Точикон, амал мекунад. Дар ин матлаб мухочирони точик аз бадрафтории милисаи рус дар баробари номхои миллии мо навиштаанд. Шояд баъди як хамсоякишвари мо, Русия дуюмин давлатест, ки бехбудй [...]

Падидаи Давлати Рахмониён

Замоне ки Давлати Рахмониён нахустин номаашро ба чоп расонд, валвалаи зиёде бапо шуд, аммо бо гузашти айём, чанд нуктае аз навишта ва гуфтахои вай дар зехнхо такшон шудаву бокй монд. Албатта, шинохти доне, ки бо шоридаву бухор шудани об бокй монд, ба тарзи тафаккур, сатхи рушди маънавию ахлокй ва интихоби афрод бастагй дорад. Хар мурге [...]

Нӯшбоди андӯҳ дар зодрӯзи Сино

Марзҳо дар ин рӯз бояд боз бошанд ва ҳама “қарсак бизанему ба Афшана биравем”, то зодрӯзи ин бузургворро дар зодбумаш ҷашн бигирем бо дуъои зода шудани вориси деринтизораш, аммо дареғо, сад дареғ, ҳазорон дареғ!.. Абӯалии Сино барои аҳли башар қонунҳои тиб, беҳдошт ва дорусозиро навишт, аммо дареғо миллаташ имрӯз на қонуни тиб дорад, на пизишки [...]

Матбуоти тоҷик (Ба муносибати солгарди таъсиси “Овози тоҷик”)

  Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон ба будани як қавми бузурге бо номи “тоҷик” бояд касе инкор надошта бошад. Соҳиби маданияти кӯҳна ва адабиёти куҳансол будани ин қавмро низ ҷои инкор нест. Ин буд, ки баъд аз пайдо шудани осори таҷаддуд ва навӣ дар Бухоро ва Туркистон аввалин рӯзномае, ки аз [...]

Аксе аз махаллаи 33-и шахри Душанбе

Тоза ва озода нигох доштани пойтахти точикон бисёр мухим аст, вале Точикистон худ бе мадади чомеъаи байнулмилалй аз ухдаи ин кори сангин намебарояд, махсусан барои он ки нисфи ахолияш кучахои Маскаву шахрхои дигари Русияро поккорй мекунанд.

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.