Чаро дили ман аз Рахмон сард шуд?

Бахроми Одина

Асли ман аз вилояти собики Кулоб аст. Ман барои президент Эмомалй Рахмон ба гуфти завчаам “тёр будам, ки худма бикушам”, аммо акнун уро чашми дидан надорам ва акнун вакте вай дар телевизор пайдо мешавад, кудаконам бе ягон гап зуд мераванду онро хомуш мекунанд, зеро муносибати маро медонанд. Бисёр касон аз чунин бакуллй дигаргун шудани ман изхори хайрат мекунанд, лекин ман медонам, ки ин тагйир бехуда ва беасос нест ва шояд на танхо ба ман, балки ба садхо, хазорон нафари дигар низ хос аст.

То ба сари кудрат омадани хукумати, ба истилох “конститутсионй” ман хамакораи бекоре будам ва дар соли 1993 тавонистам, мансаби хуберо дар Вазорати кишоварзй ба даст орам. Ин мансаб каме пули дастичапй дошт, вале барои ман мухим ин буд, ки дар пешрафти мамлакати худам сахм бигирам. Барои ин сари китобу дафтар нишастам ва то тавонистам, аз ину он вазъи кишоварзии Точикистону роххои пешрафти онро омухтам ва Худо шохид, дилу нийятам пок буд ва танхо ин буд, ки дасту остин барзада барои халки худам аз тахти дил кор кунам. Дар ин самт суханхои президенти кишвар Эмомалй Рахмон бароям илхомбахш ва намуна буданд.

Дар давоми солхо, вакте ки чукуртар ба корубор шинос шудам, дидам, ки хама ба дуздию гургй машгуланд ва натичаи баднафсии онхо ин шудааст, ки сохаи кишоварзй дар мамлакат тамоман касод шуд. Зохиран замин ба дехконон дода шуд, дар амал спонсорхо хам дехкон, хам хукуматро фиреб дода, пахтаи онхоро бепул мегиранд, ба нархи баланд дар хорича мефурушанд ва ба чои ин ки ба дехкони бечора ним тангае бидиханд, баракс онро аз худ боз садхо хазор доллар карздор мекунанд. Ин кор дар холе мешавад, ки одамони пулдор, раисону бригадирхои фасодзада ва аслан хатто ашхоси тасодуфй моликияти тайи дахсолахо чамъомадаи колхозу совхозхоро бо роххои харом моли худ карда, миллионхо нафарро, ки дар бунёд кардани ин моликият сахм доштанд, аз хама гуна хукук махрум карда буданд.

Ба болои ин мансабхои идорй фурухта мешуданд ва агар касе 200 000 доллар дода, раиси нохия шудааст, мебоист, дар ду ё се сол 600 000 доллар чамъ оварда, ба мансаби дигар мегузашт. Ин маблагро раиси нохия аз кучо чамъ карда метавонист вакте ки дар дехоти Точикистон корхонахои калон нест ва ончи буд, горат шудаву аз кор афтода. Маълум, ки аз араки чабини дехкони бечора. Кишоварзон хатто барои он ки дар замини худ кор кунанд, бояд пора диханд. Ин фишори азими фасод низ кишоварзии мамлакатро аз дарун вайрону валангор кард.

Вале ман рухафтода намешудам ва шабу руз кор мекардам. Обруи Кулоби азизам, президенти азизам ва мамлакати азизам дар миён буду намегузошт, барои ин чизхо гам нахурам ва парво накунам. Ман фикр мекардам, президент аз ин ходисахо хабар надорад ва афроди баднафси мансабдор ба чунин худсарихо рох медиханд. Чанд соли дигар гузашту фахмидам, ки пули араки чабини дехкони бечора то болотарин кабинетхои хукумат мерасидааст ва на мансабдорони алохида, балки системае гунахкор аст, ки чунин холатро ба вучуд овардааст ва ба гушам мерасид, ки президент хам дар ин сохтани ин система даст дорад.

Зимистони солхои 2007-2008 ихлоси на танхо дигарон аз Рахмон гашт, балки ихлоси мане низ, ки хамаи умр аз тарафдорони сарсахташ будам. Дакикан ходиса чунин ба амал омад. Дар мохи феврал чамъомаде бахшида ба иди коркунони сохаи аграрй барпо шуд. Маро низ катори дигарон ба чашн дар Кохи Борбад даъват карданд. Омадам, ки толор бисёр сард аст, харчанд плитахои баркй мондаанд, нуги ангуштони дасту пойи одам ях мекард. Вале намемонданд, ки бо палто дарой, бояд аз руи коида, форма иборат аз шиму кастюму галстук дошта бошй. Маро дар катори 23 нишонданд ва барномаи чашн ингуна буд, ки дар ним соати аввал мебоист президент суханронй мекард, баъдаш 4-5 нафар аз номи кишоварзон ба муддари то 15 дакикагй, пасон чамъбасти чаласа ва кабули мурочиатномаи кишоварзон бо зикри мушкилоти онхо то 20 дакикаи дигар ва дар охир ду соат консерти идона — чамъулчамъ чаласаи идона бояд 5 соат давом мекард. 

Президент 34 дакика дер омад. Дар танаффус шунидам, ки гуё дар вакташ омада буд, аммо дар долон, дар намоишгохи дастовардхои хочагии кишлоки Точикистон каме бештар таваккуф кард ва сипас дар кадом кабинет чанд пиёла арак нушид, ба хамин сабаб дер омадааст. Вай оруг дода, ба минбар баромад ва на аз руи когаз, балки озод сухан кардан гирифт. Сухани кучагй ва берабту назм. Дар ёдам мондааст, ки собик раиси порлумон Сафаралй Рачабовро ном гирифт ва ба худаш, ки дар толор нишаста буд, ишора кард гуфт, ки шумо ширу гушт мегуед, мана, масалан, Рачабов ба Душанбе ба кор омад ва говашро хам овард. Холо хамаи махсулот аз худаш мебарояд. Як руз шухй кардем, ки як курутов намешава, моро даъват кард. Хай ругана мерехту мерехт, мо пурсидем, аз руган бой хастй, гуфт, гови худаш, шир аз худаш, руган хам…

Худо бигираша, чанд бор курутов карду баъд бас кард. Сабаб доштай, шунидем, ки говаш мурдай. Ба хамин шакл рахбари давлат бо чанд хазор корманди сохаи кишоварзй, ки Кохи Борбадро пур карда буданд, гап мефурухт. Ин аввалин сонияе буд, ки ман дар у шак овардам. Наход сардори давлат дар бораи мушкилоти соха хамин хел сухан кунад? Хар кадар ки бештар гап мезад, суханаш хамин кадар бемаззатар ва беадабонатар мешуд. Ба хамин шакл ба чои ним соат 2 соати расо гап зад ва дар охир гуфт, ки ба фикраш басай. Сипас рафту дар президиум нишаст. Раиси чаласа Окил Гайбуллоев хайрон монд, чй кор кунад, зеро регламент кайхо хоку туроб шуда буд. Вай хамчун ягона илоч аз суханронии кишоварзон даст кашид ва эълон кард, ки “мо ин чо як мурочиатнома тайёр кардаем ва мехохем онро хонда, ба овоз монем.” Рахмон ба тарафи у тег кашида, гуфт, “мурочиатнома ба кй? Ба ман ки бошад, ман худам дар хамин чоям, ягон хел мурочиатнома даркор нест, бас кунед, хамин корхои кухнаро. Мурочиатнома ба кй даркор?..”

Ин суханон Гайбуллоевро музтар карданд ва вай мачбур шуд 15 дакика танаффус эълон кунад. Мардум ба берун шитофтанд ва азбаски аз хунукии толору суханхои берабт хаставу дилмонда шуда буданд, ба хар тараф пароканда шуда, аз назди Кохи Борбад дур шудан гирифтанд. Чанде аз масъулон худро ба хар тараф зада, кушиш мекарданд, одамонро баргардонанд ва хатто одамони кучаро аз дасту китфашон гирифта, ба тарафи кох мебурданд, ки нараванд.

Ману як хамкорам хам фикри рафтанро доштем, ки як шиносамонро дидем, ба намоишгохи чаласа хар хел чизхо оварда буд, моро даъват карда, як обу ноне дод, шикамхоро сер кардем ва фикр кардем, консертро хам тамошо кунем, махсусан ки ба мо гуфтанд, президент хам консертро тамошо мекунад. Вакте ки ба толор баргаштем, хамагй 40-50 нафар монда буд ва аз мо хостанд, дар каторхои пеш биншинем. Дар натича ман се курсй баъди президент Рахмон нишастам ва шохиди бисёр чизхои дигар шудам, ки дили маро аз у бакуллй сард кард.

Мунира ном баранда ба сахна баромад ва хануз салому табрикашро нагуфта буд, ки президент тарафаш дод зад, “бху ку кихоянд дар кансерт!” Баранда хабари зиёде надошт, аммо когазхояшро тахуру кардан гирифт, то номи хунармандони консертро бигуяд, Рахмон бетокатй карда, “Парда хастай” гуфт. Мунира аз сахна чавоб дод, ки “Ха, Парда Косимович хастанд.” “Бгуш, ки соз бхона, набоша, кавраша меканум,” – гуфт президент.

Дар чои дигари консерт, вакте хонанда Бобочон Азизов ва бародараш мехонданд, президент хеле бетокатй кард ва маълум буд, ки аз сару либоси Азизов хушаш наомада буд. Вай аз чои нишасташ Азизовро ба назди худ даъват кард. Овозхон хайрон шуд, зеро дар холи таронахонй буд. Бо нуги ангушташ ба сари синаи худ ишора кард, ки “маро мегуед ё каси дигарро?” Рахмон бо овози баланд гуфт, туро мегуям, дигар киро? Вакте Азизов назди катори аввал омад, маьлум шуд, ки садои вай аз фонограмма мерафтааст, зеро суруд давом дошт. “Ин чй ахвол аст?” суол кард президент ва сипас Убайдуллоевро ба наздаш даъват кард ва дастур дод, ки се чуфтй шиму кастум ба ин хонанда диханд ва ташкил кунанд, ки пул кор кунаду зиндагияшро нагз кунад. Убайдуллоев гуфт, хамаашро мекунад ва аз президент хохиш кард, чаноби олй осуда бошанд. Вай хар сари чанд вакт назди президент меомад ва кушиш мекард, уро ором намояд.

Дар чанд чойи консерт, президент онхоеро, ки дар наздикаш нишаста буданд, аз китф мегирифт ва дод мезад: “Бхе, як ракс бикун!” Хама худро ба канор мекашид ва рад мекард ва хатто Козидавлат Коимдодов, ки ду курсй аз президент дуртар шишта буд, бо норозигй ба ин даьват чавоб дод.

Нихоят Парда Косим баромад ва баробари руи сахна омадани вай президент фигон кашид: “Мапарон абру!” Аммо Парда ин бор суруди дигареро хонд, ки тамоман ба табъи раисичумхур нафорид. Вай батакрор такозо кард, ки “абру” хонда шавад. Маълум шуд, Парда хам бо фонограмма мехондааст, зеро вакте мачбур шуд барои президент “Абру”-ро бихонад, хама диданд, ки асбобхои мусикй чур набуданд ва доира хам аз хунукй садои хуб надошт. Хамин ки “Абру” сар шуд, президент хест ва дастонашро ду тараф монанди болхои укоб пахн карда, ба раксидан даромад. Ман медидам, ки аслан хушёр нест. Шиносам, ки дар танаффус моро бо гушти мург ва нон зиёфат дода буд, гуфт, баъди араки бисёр уро дар пеши минбар дар холе нигох доштанд, ки дар зери минбар плитаи баркй гузошта буданд ва вай метафсид. Арак ва гармй кори уро карда буданд.

Хулоса, ин чо буд, ки дигар токати ман ток шуд ва бархоста, толорро тарк кардам. То хонаамо, дар гушаи дигари шахр пиёда омадам ва харчанд аз кадам задан гарм мешудам, дарунам ях баста буд ва аз чашмонам ашки шашкатор мешорид. Ман фикр мекардам, ки чаро такдири як мамлакат ва ин кадар мардум дар дасти касест, ки чунин ахволеро дорад.

Ба хона омадам ва ба завчаам гуфтам, бояд кудаконро бигирему ба ягон мулки дигар равем. Пурсид, боз чй шудааст? Гуфтам, ин мамлакат бо ин сарвараш ояндае надорад. Хайрон шуд, ки ту барои ин президент худкушй мекардй, чй шуд, ба ин фикр омадй. Ба вай хикоятро гуфтам, аммо дарде ки дар дилам мондааст, ногуфтанист. Холо барои он ин фикрхои худро ба шумо навиштам, ки баъд аз ин кадар вакт мебинам, одамони мисли ман хазорон бор зиёдтару зиёдтар мешаванд. Мехохам, фахмам, ки ман хато кардаам ё дуруст.

About these ads

39 Responses

  1. Bahromi Odina, uzr yak khohish doram. Ba savoli shakhsiyam javob megufted xelo minnatdor meshudam.
    Ba suroghaam dd_aibolit@mail.ru e-mailatonro mefiristonided, suolamro ba on mefiristonidam.

  2. Barodari giromi, Bahromi Odina!

    Baroi daleri va rushanfikriaton yak jahon sipos meguyam. Navishtaaton khele ta’sirbakhsh bud baroyam. Voi bar holi mardumi mo bo chunin rohbari rohgumzada…

    Bahri haqiqat va adolat hamai mo boyad muboriza barem. Haqiqatro ziyod ruypush kardanashon imkonnopazir ast. Haq doim oshkor meshavad va nohaqon hatman boyad muvofiqi qonunu qoida munosibati sazovor megirad.

    Khasta naboshed, diltang namoned, ki poyoni ruzi siyah safed ast. Inshoolloh, khudovand ba mo rahm bikunad va quvvatamon bidihad, ki az chunin qallobonu khoinoni millat ba khubi raho yobem.

    Bo orzui oyandai behtar!

    – Botur Kosimi (Istaravshan)
    Vermont, IMA

  3. Салом ба Бахроми Одина ва хамаи дигар хонандахои ин сомона. Ман низ аз бародар Бахром хохиш доштам, ки агар имкон дошта бошанд, тарики манзили электронии ман-abdulaziz2007@list.ru ба ман чавоб нависанд. Дар мавриди баъзе масоил мехостам сухбат дошта бошам. Боки барои хамагон муваффакият мехохам. Хуш бошед!

  4. In hel chizhoro mehonamu nametonam bo kalimahoi hub presidentro sukhan zanam , Haqorat kardan in beodobist, va befahmist lekin bahshish ba kulli eshon ki in commentro mehonan ” AVLODATA …… EMOMALI, TU NOMUKALLAFI ABLAH DUSHMANI HALQ BAROMADI….Shahsan turo jazo metiyam Insholloh ”

    Bo ehtirom
    TaJDiplomat
    USA

  5. Мухтарам Бахроми Одина!
    Барои часорататон хазорхо тахсину офарин!
    Шумо, ки мутахасиси кишоварзи хастед ба хама далелхоятон бовар кардам. Умедворам, ки ошкоргуиро ба нафъи ин миллати сарсахту бадбахти мо давом медихед.
    “А король-то голый!” – мегуфт дар намоишномаи Швартс кудаке. Ва ин як сухан накши халкунанда бозид. Мухим ин аст, ки хамаи мо аз гуфтани хакикат боз наистем ва карзи фарзандии худро дар назди халку ватан адо кунем! Маколахои дигари шуморо интизорам.

  6. Ба рости ин наклро боре хам шунида будам, аммо тасавур хам намекардам ки то ба ин дарача бошад.
    Рахмат Бахроми Одина!!!
    Барои ошкорбаёни ва барои вокифи аз ин намуд чаласахо.
    Ва гуфтаниям, ки Рахмон медонад, ки мо халки точик ба хама сахтихо токат карда метавонем ва барои хамин хар он чи ки ба манфиати худ ва наздиконаш аст мекунад.
    ТО БА КАЙ ИН САХТИХОРО ТОКАТ МЕКУНЕМ???
    ОЁ ВАКТИ ОН НАРАСИДААСТ КИ ХАМА АЗ ЯК ГИРЕБОН САР БАРОРЕМУ БАР ЗИДДИ ЧУНИН АМАЛХОИ НОШОИСТА НИСБАТИ ХУД, НИСБАТИ ХАЛКИ ХУД ЯГОН ЧОРАЕ АНДЕШЕМ????

  7. Илтимос илтимос боз илтимос холо вакти ягон чиз нарасидааст боз ба катли миллати бе ин хам ками точик даст накашед
    мева ки пухт худаш меафтад.
    ё пусида меафтад
    Бар сари фарзанди одам хар чи ояд бигзарад

  8. Садхо ташакур ба часорататон Бахроми Одина
    кош мисли Шумоён дар чумхури нафарони зиёде мебуд.Хама такя ба худованд дорем лекин як чизро фаромушт сохтаем ки то харакат накунем худованд ба мо чизе нахохад дод .

  9. Амал созад агар ҷоҳил дусад сол,
    Кунад зоеъ ҳама дар охири сол.
    Ба гардун гар барояд марди омӣ,
    Ба хоки тира боз ояд зи хомӣ.

  10. Dustam Bahrom ,

    Baroi chi dili shumo az man xunuk shudast , bar]aks shumo boyad bo sarvari davlati xud , yane Man iftikhor kuned, zero man san[sati millati xudamonro baland mebardoram , va za timatiyu , 50 centu tatu -matu bezor hastam.Bolotarin az in Man Parda Kosimovro ba Eurovidenya -2009 ravona kardaniyam , ana vaqte ki dar onjo u joi 1-ro girift , hamai shumo dar holate , ki 1 cd -i uro bo sabti Abru naparon – ro bo 20-30 $ xaridori karded , az guftahoyaton pushaimon meshaved dar on holat.

  11. Ассалому ъалайкум бародарон ва душманони нихоят гироми. ман низ мисли шумо як точик астам. шояд точики камбагал бошам, лекин нисбат ба шумо ман ба халку ватани худ мехру мухаббати комил дорам. чунки ман, агарчи аждахор сарвари давлат хам бошад, ватанамро НАМЕФУРУШАМ бародарони гироми. магар айби шумо нест, ки чунин одами беадолат давлатро сарвари мекунад? интихоби шумо барин курон буд, ки ояндаи давлатамонро ба проблемахои глобали дучор кардед. ба ман низ подшох ва подшохии у маъкул нест, лекин ба хурмати халк набояд чунин гапхои дагал гуфт ба нисбати президентатон. ман узри мехохам аз касоне, ки бо гапхои ман норози астанд . бояд донист, ки гап задан бояд ба микдори кудрати амал бар он зада шавад
    ТО ПАНДИ ДИГАР ХУДО ХОФИЗ

  12. Бародар Максуд,

    шояд хак ба чониб хастй, аммо махфили мо махфили озодандешон аст, барои хамин ту хам тавонистй фикру назари худро баён намой ва ин хакку хукуки ту аст. Аммо набояд хеч касро мачбур кард, ки ин тавр ё он тавр нагуяду нанавивисад: магар бо исботу далел.

    Як нафарро танкид кардан кай боз маънии бехурматй ба халкро гирифтааст? Баракс ба хурмати хамон халк, касе ки масъули зиндаву мурдаи ин халк шудааст, бояд кор кунад ва талош нишон дихад. Афсус, ки то имруз як кори неки ин шахсро мо надидем, ки надидем. Вагарна худ уро ба осмони хафтум мебардоштем.

  13. Accaлом бародар Рустам,

    Чи хеле ки шумо гуфтед ин махфили шумо, махфили озодандешон аст барои хамин хама метавонад фикру назари худро баён намояд ва ин хакку хукуки хар шахс аст.
    Фикри ман ин аст ки ман дар ин махфил факат дар бораи бади фикр меронанду халос.
    “Афсус, ки то имруз як кори неки ин шахсро мо надидем, ки надидем. Вагарна худ уро ба осмони хафтум мебардоштем” – Агар шумо то хол кори неки ин шахсро надида бошед, маълум аст ки намехохед дидан ва ё кабул надоред корхои шударо.
    Аз дасти президент хеч чиз намеояд агар мо халк дастгири накунем. Мо холо азоб кашида истодаем аз сабаби бебарки ин хам аз президент вобаста нест. Вай харакат карда истодааст ва ба фикрам ин хам чизе хаст ки у карда истодааст.
    Агар Худо хоста бошад хамаш нагз мешавад. Мо бояд бо каму зиед додаи Худо шукр гуем.

    узри зиёд агар ин навиштахо ба касе сахт расад

    Рахмат

  14. Кандадро зан Салимбой!
    Офарин!
    Ахсан!
    Мадак буди ту!

  15. Ba fikram un saiu taloshhoe ki Prezident karda istodaast hamaash baroi kissai khudash na baroi behbudii vatan, khalqu mullat. Agar, President nisbati teoriyaho sokhtan amali khub mekard allakai dar Tojikison peshraft meshud ammo afsus… sad afsuss ki javonii mo boi in mamlakatiu millati stupid behuda meguzarad

  16. ассалом бародар… ман касеро такид кардан намехохам, лекин гуфтаниам ки хамин шахсро ки худамон интихоб кардем, худамон бар сари худ ин балоро овардем, пас аз кадом чихат бояд дод кард ки у наметавонад халкро рохбари кунад. бар гузашта салавот гуфтаанд БАРОДАР бояд аз оянда андеша намуд. у хам марг дорад ва рузе ба дасти он меафтад, бояд шахси дигарро интихоб кард ва агар имруз дар бораи корхои ношоями (0) гап занем, фардо низ дар доми бало меафтем. киро шоистаи ин чой медони? киро медони аз давлатдорони точикистон ки метавонад чои ин хаждахорро сазовор бошад? ана аз ин бояд андеша гард на аз гузаштаи торик. мо ки ба пеш меравему ба кафо нигох мекунем, дар ягон чо хатми бо як дарахт во мехурем ки ин боиси норохатии чисми мо мешавад, пас бояд ба хамон самте, ки ба он равон хастем нигох кунем ва кадам гузорем. аз шумо махзарат мехохам агар шуморо норохат кардам лекин Худованди мо гуфтааст: СУХАНИ ХАК ХАМЕША ТАЛХ АСТ ВА БОРИ ХАК БАР ХАМА КАС ВАЗНИН АСТ(Хазрати Али)

  17. Ахсан бар Бахроми Одина! нихоят рузи он расид, ки сухани хак аз дили тангу тори банда баромад. Барои часорату мардонаги офарин! Кош, дар вакти интихоби навбатии Чаноб хамингуна мардони шучоъ садо баланд намуда, ба чояш нафари дигареро интихоб мекарданд, ки имруз аз интихобкардаи хеш пушаймон намешуданд. Вой бар мо, вой бар он нафароне, ки то хол Уро бузург мешуморанд… Дилам месузад! Бехуда намегуянд “бузургонро аз дур бояд шинохт”…
    Имруз баъзе нафарон мушт бар сар мезананд, ки мо нафаре дар баробари чаноби оли надоштем, (ки дар баромадхояш чунин суханрони кунад!) ки чойгузин хонем. Ин хатои махз аст! Ин кадар чавонмардоне буданд, ки барои халку ватанашон мехостанд чон супоранд ва ояндаи неки Точикистонро хатто пешгуи кунанд, аз байн бурданд. Баъзеи аз онхо паси панчара рафтанду бокимонда фирори шуданд… Чаро аз ин касе харф намезанад!!!

  18. Salom barodaroni ahli islomi tojik, agar galat nakunam Janobi Oli hamajoniba bahri vatan mekhohad talosh kunad, ammo nafsi khudu oilaashrovu vazironashro hej idora nametavonad kardan baroi hamin inqadar norozigihoi khalqro ba khud jalb mekunad… Janobi oli boyad khudro va vazironu korgaronashro boyad majbur sozad to az ribokhuri dast kashan vagarna ham KHUDOVANDU ham khalq az u norizost…

  19. Бетамизихои мардум аз сухан пайдо шавад,
    Пистаи бемагз агар лаб во кунад расво шавад.

  20. Ба Бахроми Одина: аввалан ман медонам , ки шумо бо ному насаби худ нестед чунки мард нестед
    баъдан гуфтаниям , ки шумо ин кадар фитнаву дуругро аз кучо ёфтаен акалан 10% гапи шумо рост нест.
    Барои чи рост нест?: барои он ки шумо кайд карден ки гуё дар консерте ки Президенти кишвар Эмомали Рахмонов иштирок дошт шумо низ иштирок доштед. ба фикри ман ин дуруги махэ аст.

  21. Ман аник медонам ки шумо аз рухониёни кишвар хастеду пешравии давлату хукуматро намехохед. Агар ин кадар демократистен навиштахои худро дар рузномахо низ чой дихед ё ки метарсен агар тарсен пас ин аз паси пардагапзаниро монед. Номардхо агар Эмомали Рахмон намебуд шумо боз ба хамон солхои 1915-1924 бармегаштен дар он холат зарур буд ки Ленин аз сари нав зинда шаваду ба шумо аз сари нав озоди бахшад. Агар шумо одам бошеду ягон зарра аклу фаросат дошта бошед ба маънои ин гапхо сарфахм меравед. Дар охир гуфтаниям ки ин навиштахои маро бигузоред то хамма хонанд.
    Номардхо!

  22. Mukhlisoni in somona!
    Andesha in hudud nadorad vale meboist subardinasiyaro rioya kard.Novobasta az shakl. (Hete)
    Agar har yak shahrvandi Tojikiston va azoi dastajami tojikoni olam sofdilona va adoltona tavasuti maktub yo khud pochati elektroni andeshahoi khudro isrol mekard oidi in yo on hokimiyati dvlatdori ba sari tojik in balo nameomad. Aslan dar arsai jahon sistemi najoti kullan hukmron ast. To in sistema barknor nashavd mo nametavonem sari in masala bahoguzori kunem.Baroi hali in masala yagona fishorovari tanho v tanho istifodai siloh.Yak misoli oddi cahro Prezidentkiy gvardiya nomguzori kardand saravval? Pason Nasionalniy Gvardiya shud? Yane inro khub analzi kunem ba maksud merasem.Baroi in kalomi raboniro ba yod ovard “Assobirini vasobirin” sabur boshed.

  23. Чашмонат магар нобиноянд Мурод Рачабов?

  24. Мурод Рачабов,

    Ленину Сангак Сафароват хамааш яканд бондитхо ва котилони миллат. Сангак хам мисли Ленин мегуфт агар 90 фоизи ахоли кушта шаванд хам 10 фоиз дар коммунизм зиндаги хоханд кард. Аммо шогирди Сангакат Эмомали Рахмон хамаи гузаштагону устодони худро ба нол зад. На факат 300 хазорро кушт аввал дар чанг, тадричан хадди аксари мардуми худро ба хорича фиристода, аз он чо тобутхоро кабул карда истодааст. Дар ин 20 соли рахбарии Эмомалиат агар хар сол 1 хазор точик дар Россияву дигар чохо кушта шуда бошанд дар 20 сол 20 хазорро кушта шуд. Дар дохил тадричан ахолии “нодаркор”-ро ё ба зиндон мефиристад ё мисли Солехову Мирзочага ба катл расонда, ба гардани дигарон бор мекунад. Сиёсати Эмомалиат аз сиёсати бандитхо Ленину Сталин ва Сангакат хеч фарке надорад.
    Мисли ленинчиён сохаи кишвоарзиро несту нобуд каданд, Эмомалиат хам айнан хамин корро кард. Хамаи ин бо накшаи устоди Эмомали Сангак Сафаров анчом дода мешавад, ки мисли Ленину Сталин беш аз 20 соли умри хешро дар зиндону бадарга гузаронидааст.
    Сангак вокеан асархои устоди коммунизм Ленину Сталинро дар 23 соли зиндони буданаш хуб омухта, онро дар Точикистони бесохиби вайрона дар амал пиёда кард.
    Бародар, агар зинда бошем хатман китоберо дар ин бора навишта барои насли ояндаи кишвар (агар Эмомали онро нест накунад) такдим хохем намуд, ки мисли насли мо фирефтаи бондитхо ва дуздону котилон нашаванд ва сарнавишти худашонро худашон муайян кунанд.

  25. Салом ба кули хонандагони ин сомонаи бемантик!
    Хурсанд аз онам ки ин бародари мо бо номи “Афшин” дар таърих сахифаи наверо кушод, вале хафа аз онам ки дар ин сахифааш Ленину Сталин ва Сангакро бандит ва туремчик ном ниходааст: Ачоиб……..
    Дар хакикат Ленин дар зиндон буд, аммо у барои мо шуда дар зиндон афтод то моро аз гуломи начот бахшад. Хамин кушишихои инкилобии у сабаб шуд ки уро ба зиндон кашиданд….. Ман намедонам шумо мактаб хондаги ё не, хай ман ба шумо чи хам гуям . Лекин як чизро бояд кайд кунам ки агар Ленин намебуд мо то хол гуломи Рухониён будем….
    Чуноне ки хозир баъзе аз беаклон хастанд ва шуда истодаанд…..
    Боки худатон фикр кунед нагзакак сони пушаймон нашавед

  26. Ба бародари гироми Саидакбар: Чашмони ман шукри худо биноянд ба фикрам чашмони худи шумо нобиноянд ки ин хамма пешравихои Точикистони азизро намебини. Албата хастанд курсинишиноне ки коро факат ба нафъи худ мекунанд ба инхо мисол шуда метавонанд М. Убайдуллоев ин гурги борондида хеч не ки сер шавад, М. Алимардонов Торочгари бонки милли ва амсоли инхо зиёд хастанд хеле зиёд. Аммо дар ин чо президент гунахгор нест чунки у як нафар аст ва мо бояд ба у ёри расонем то ин гургонро аз сари рама дур кунем.
    Чони нодон дар азоб. ……………

  27. Мурод Рачабов! Ку ягон пешравиеро ба ман нишон бидех!!!!!!!! Чи пешрави? Ин хама фанду дуругро хар лахза метавон аз рузномахо, садову симои хукумати шуниду дид… Хохиш мекунам, як пешравиро ба ман нишон дех! Манзури ту агар сулх аст, бояд шарм кард аз ин гуна “пешрави”…Ман интизори чавоб!!!!

  28. Мухтарам Мурод Рачабов!
    Агар Шумо дузду каллобонро ному насабашро донед (инро кариб хама медонад), магар макомоти дахлдор нодон аст, ё донад хам нотавон аст?
    Агар Шумо, макомот ва дигарон донад – пас президент намедонад?
    Агар хама донанд пас барои чи “хифзи гуштро ба гург месупорем (ё хифзи алафро ба буз)”?

  29. Мурод Рачабов,

    “пешравии давлату хукумат” мегуи, ку хамон “пешравии давлату хукуматат” дар тули кариб 20 сол??? Хама гадову гастербайтер хаминро “пешрави давлату хукуматат” мехони? “Пешравии давлату хукуматат” аз почтовый переводхои гастербайтерхои точик ва гранту карзхои хоричи???
    Ту ё худро ба нодони мезани ё аъзои хамин хонаводаи дузд хасти. Тамоми дунё медонад, ки дар Точикистон факат як оила – оилаи дузд зиндаги мекунаду дигарон гулому гастербайтерхо! Офтобро бо доман пушида намешавад, бародар!

  30. Ба бародари гироми Афшин:
    Шукри худо на дуздам ва на аз оилаи ин дуздон балки як нафар шахрванде хастам ки барои миллати як умр чафодида дилам месузад. Барои он дилам месузад, ки хануз 18 сол шудааст ки мо дар фазои истиклоли кишвар озодона нафас мекашем ва мо бояд кушиш кунем ки ин ганчеро ки бо чандин талошу кушишхо ба даст овардаем аз даст надихем, балки аз он истифода бурда давлату хукумати худро пуркуват гардонем…..
    Масъалаи дуюм ин аст ки шумо мегуед дар Точикистон факат як оила зиндагии хуб карда метавонад ва ин хам бошад оилаи дуздону горатгарони амволи давлати мебошанд. Ин гапхои шумо сад фисад дуруст аст ман дар ин масъала тарафдори шумоям чунки аз дасти ин хоинони миллат ман хам ба дод омадаам, аммо дар ин масъала президент чи гунох дорад? ягон зарра хам гунохи президент нест аз он ки мансабдорони мо дузду авбош бошанд. Шумо бояд нагз дар хотир дошта бошед, ки президент як нафар аст ва аз дасти як нафар идора кардани як галлаи калони хайвонхои вахши намебарояд. Мо бояд хамма чониба дастгири президент бошем ва ба у ёри расонем. Ва хулоса ман аз сиёсати пешгирифтаи президент рози хастам шумо хам бояд рози бошед, чунки шоир мефармояд:
    Намак хурди намакдонро маяндоз…
    Ва дар охир аз забони Лоик гуфтаниям:
    Харомам бод шири поки модар,
    Ки мардиро ба номарди фурушам.

  31. Ба фикрам, ин Мурод Рачабов аз моҳ афтидаги аст…

  32. Ба Мурод Рачабов)))))
    Бехтарин гулом он гуломе, ки гуломиша намефахмад ва бо занчирхои худ фахр мекунад…..

  33. Мурод Рачабов!!! Хохишмандам, исбот намо, ки чонибдори ба чанобат амали дуруст аст ва он кадом сиёсатест, ки аз он рози хасти?

  34. Намедонам ин Мурод аз кучо афтода аст, лекин якчанд савол барои хамма: шахсе, ки бо ярок хамрохи бегонагон бародари худро мекушад ва ватанро ба ин бегонагон мефурушад , чи гуфтан мумкин? Дуюм: то вакте , ки ин бегона(русия) дар ватани мост, магар мо рузи хубро мебинем? Сад фисад , ки НА . АНДЕШЕД . . .

  35. Салом ба хаммаи он касоне ки ин сомонаро мутолиа мекунанд.
    Ба саидакбар!
    Хщхишмандам шумо гуед, ки барои чи аз сиёсати пешгирифтаи президент норози хастед?
    Ба студент!
    На ман балки шумо ва хамфикронатон аз мох афтодаги. Барои чи шумо ин хамма талошхои сарвари давлатро, ки бахри ободонии кишвар мекунад намебинед . Магар чашмонатон нобино аст…..
    Хохишмандам дигар дар ин мавзуъ бахс накунед.
    Хак хак аст. Шахси бухтонгуй ба максад намерасад, чунки фармудаанд: Чохкан зери чох…..
    Худо хофиз

  36. <<Ба Мурод Раджабов
    Шумо то инчо факат ва факат рухониёнро зеои танкид гузоштеду Падари мехрубонатонро таърифу тавсиф кардед, Хуб аст ки каме гуфтанихои пучхам ки доштед гуфтед, Аввалан рухониёне ки хама аъзои ин гургхо хастанд мусалмони вокеъи хисоб намешаванд ва эътиборе назди муслимин надоранд магар назди ту ва падарат, Дуввум ин сиёсати пешгирифтаи падарат хаст ки хама мусалмонхои хакикиро бо воситаи хамин рухониёни дуруг гуят ба зиндон бе ягон гунохе кашида истодааст, ва хама хуб медонад ки мусалмонон дигар ба Падарату ин мулохои шайтон ки имонашонро ба падари ту фурухтаанд бовар надоранд. Хамин чавонони зебо боадаб бо бахонаи Таблигив салафи зиндони ва дуздону гургон дар озоди чаро, Оё аз Худо наметарсед ки дуои мазлум кабул асту балохо пай дар пай. хама гунохро бори рухониюн яъне мусалмонон мекуниву намедони ки ин рухониюн хизматгори аслии падаратон хастанд. Дар тамоми хаёти башарият ин мусалмонони хакики зери шиканчаи ба ном мулову ба ном сиёсатдор буданду мемонанд. ва боз……….

  37. Hamiilatoni man. Hamaaton salomat boshed. Az hamai Shumo ehtoromona khohish doram hangomi bahsu suhbat ba badguyi va siyohsozii hamdigar dast nazaned. Ozodii bayon in hangpmest ki hama shakhs ozodona andeshai khudro bayon sozad. Tanho bo dalel metavon nodurust budani andeshaero isbot sokht, na bo munosibati subektivi va manfiatjuyona. Khohish mekunam, ki dar bahs tavozun va prinsipi ehtiromi hamdigariro vayron nasozed va ziyodan democratic boshed. Boqi hama dar panohi Khudo boshed.

  38. Ба Огои ТВ.
    Ба маълумоти шумо расонам, ки ман рухони гуфта хаммаи мусулмононро дар назар надорам. Ман танхо дар бораи якчанд нафари онхо гуфтам…
    Агар шумо дар хакикат “деловой” хастед пуч будани гапхои маро исбот созед.
    Ман интизори чавоби шумо

  39. салом хонандаи азиз!
    Мо бояд фаромуш насозем, ки точикем, ватандорем, таъриху фарханги кухану бой дорем. Бо Рудакиву Айни, бо Чомию Лоик ва дигар бузургон мо бояд ифтихор кунем.
    ” Бо вучуди хама камбудиву норасоихо, бояд бидонем, мо мисли амрикоиву яхуди бе ватан нестем.
    ” Биёед аввал шукр аз он кунем ки Ватандорем.
    Пасон аз ноумед шудан бурд нахохем кард.
    Ваввум ин ватани ману туро танхо ману ту ! – бо илму дониш, хунару малакаамон обод хохем кард.
    Охир. Як саволро доим аз худ бипурс: “Имруз чи хизмате ба (Ватан) кадам?”.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

%d bloggers like this: