Ду фоҷиаи дигар дар Тоҷикистони пурфоҷиа

РЎЗИ ИСТИРОҲАТИ РАСОНАҲОИ АХБОРИ ОМ

Хабарнигорони точик ҳафтае ду рўзи истироҳат доранд. Шанбеву якшанбе дунё гўё ях мебандад ва ҳодисае рўй намедиҳад. Бар замми ин рўзҳои ид низ “яхбандон” аст. Манзур расонаҳои электронист, зеро нашрияҳо асосан ҳафтае як бор чоп мешаванд. Онҳо шаш рўзи яхбандон доранд. Радио ва телевизиони давлатии Точикистон дар баробари бархе аз рўйдодҳо моҳҳову солҳо истироҳат дорад, вале дар мавриди сарвари давлат — Эмомалй Раҳмон чй будани истироҳатро намедонад.

Агар ин гуна намебуд, ҳатман мардум огоҳ мешуд, ки дар тачлили Рўзи Пирўзй дар Боғи “Ғалаба”-и Душанбе мошини милиса беш аз 20 нафарро мачрўҳ кард. Сардори милисаҳо мегўяд, сабукрави ВАЗ (шукр, гаронрав набудааст, мошини ин афрод дар гузашта фақат КамАЗ буд) дар ҳоли ҳаракат вайрон шудаву фармони он аз кор баромадааст ва ба ин сабаб он ба анбўҳи мардум, аз чумла кўдакон ва собиқадорони Чанги Чаҳонии Дувум бархўрдааст. Аз захмиёни Рўзи Пирўзй 5 нафар дар ҳоли сангин ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ба эҳтимоли қавй, Вазорати умури дохилй агар ин қазияро пинҳон надорад ва агар чаноби олй ба додситонҳову додгоҳ ичозаи таҳқиқи сонеҳаро бидиҳад, аз захмиён товони мошини худро хоҳад хост.

Сонеҳа ё садама номиданди ҳодиса шояд дуруст нест. Шоҳидони айнй гуфтаанд, мошин бо суръати баланд ба одамон наздик шуд ва аломате аз нофармонии он падидор набуд. Ронанда сигнал ё буқ намедод, ки одамон аз сари роҳи он бигурезанд. Ба диди ман, ин натичаи муносибати нописандонаи кормандони милиса аст, ки бо мардуми худ ҳамчун рамаи махлуқон ё асирони лагерҳои фошистй бархўрд мекунанд. Онҳо ин меросро аз замони чанги шаҳрвандии Точикистон гирифтаанд ва аз зеҳн берун карданй нестанд. Вагарна ҳамсари ҳамкори собиқи худро бо ратсия ба сараш намезаданд ва ё занону тифлонеро, ки назди Қасри президент ба шикоят омада буданд, латукўб намекарданд. Онҳо хуб медонанд, ки барои чунин аъмоли зишт на чазо, балки раҳматнома мегиранд. Барояшон дар кўча боздоштани чавоневу ба рўйи ў торсакй задан масъалае нест ва ё духтари раҳгузареро дашном додан. Чашну ид барои онҳо беҳтарин вақти сармастию бенўхтагист. Магар надидаед, дар чашну тантанаҳои оммавй ин қабила чи гуна рафтор мекунад?

Вале ба эҳтимоли зиёд ҳодисаи Рўзи Пирўзй ба зудй фаромўш хоҳад шуд. Ягона манбаъе, ки дар бораи он хабар додааст, торнамои радиои “Озодй” мебошад. Аз тазоҳуроти занон ва латукўби онҳо аз тарафи милиса низ танҳо ҳамин расона хабар дода буд. Матбуъоти Точикистон, ки бархе аз онҳо иддаъои истиқлолияту озодандешй мекунад, ханўз зодгоҳу насаби бузургони шимолию чанубиро муайян накардааст ва дар ҳоле, ки аъзои баданаш аз саратони маҳалгарой варамидааст, худ аз дасти маҳалгароён фиғон мекашад ва фурсату часорате барои баррасии чунин масъалаҳоро надорад. Махсусан дар рўзҳои истироҳат.

КЎДАКОНИ АСИРАФТОДАИ ТОЧИКИСТОН

Ин матбуъот ва расонаҳои саратонзада ҳамчунин аз ҳодисае гўё хабар надоранд, ки марзбонони Узбакистон шоми 27 апрел 33 кўдаки точикро бо таҳқиру тавҳин асир гирифтанд. Инҳо мактаббачагони 12-16-солае буданд, ки барои чидани ревоч ба кўҳҳои атрофи шаҳраки Адрасмон рафтанд ва барнагаштанд. Марзбонони узбак, айнан монанди милисаҳои точик онҳоро латукўб кардаву ба замин дароз хобондаву бо қундоқи силоҳ зада, маъюб карданд ва монани мол ба мошини боркаш партофта, ба дохили Узбакистон бурдаанд. Онҳоро бо иттиҳомоти зўргўёнаи чосусй ва қочоқи маводи мухаддир дар таҳхонае дар қисми ҳарбии деҳаи Тилави ноҳияи Оҳангарони Узбакистон бе обу нон нигоҳ дошта, соатҳо бозпурсй кардаанд ва ҳатто ба қазои ҳочат ичоза надодаанд.

Афсарони узбак аз онҳо дар бораи хонаводаашон, аҳолии Адрасмон, кормандони масъули ин минтақа ва раҳбарони корхонаи маъдан, теъдоди кормандони бахши умури дохилй ва ғайра иттилоъ гирифта, ҳамчунин онҳоро мачбур кардаанд, ба коғазҳое имзо гузоранд. 28-уми апрел бахши умдаи ин кўдакони бепаноҳро озод кардаанд, аммо шаш нафари онҳо ҳамоно дар асорати нерўҳои Узбакистонанд.

Кўдакони озодшуда бо захмҳои мушту лагад ва забонй ва рўҳияи осебдида ба ватан баргаштанд, вале сарнавишти шаш нафари онҳо номаълум аст. Бо шикоят аз амали марзбонон ва дархости ҳифзи ҳуқуқи кўдакон ва илтичои озодии 6 нафари боқимонда 25 сокини шаҳраки Адрасмон ба унвони президенти Чумхурии Узбакистон Ислом Каримов нома фиристодаанд, ки матни онро Сентразия.ру нашр кардааст. Онҳо ба кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Точикистон Эмомалй Раҳмон нома нафиристодаанд, зеро хуб медонанд, эшон аз ҳуқуқи 40 зану кўдак дар майдони пеши тирезаи қасраш чй гуна дифоъ кард.

Ин ду фочиа баёнгари ҳамаи бадбахтиҳои мардуми Точикистонанд. Яке менамояд, ки дар дохил чи зулме ба онҳо раво дида мешавад ва дигаре далели ин аст, ки дар паҳлуи марзи кишвар чй гуна мазлум ва бесоҳибанд.

Расонаҳои ҳамагонии Точикистон дар ин бора низ нанавиштаанд ва ба эҳтимоли зиёд нахоҳанд навишт. Зеро барои нашрияҳои чанубгаро, сокинони Адрасмон ва аслан вилояти Суғд шаҳрванди Точикистон ба шумор намераванд ва нашрияҳои шимолгаро ҳоло бояд ҳамаи нерўи худро ба додани посух ба давлатиёнҳову раҳмониёнҳову нуралиҳову алиҳои дигар сарф кунанд. Шояд русгароён садое баланд кунанд, он ҳам монанди Сентразия.ру бо ҳисобҳои дигаре.

Дар мавриди ғаму дарди мардум ҳамаи онҳо рўзи истироҳат доранд ва вақте аз истироҳат баргаштанд, низ танҳо дардҳои ичозатшударо менависанд. Миллату раҳбараш агар дар хобанд, инҳо лолой мехонанд, то касе ҳаргиз бедор нашавад.

6 Responses to “Ду фоҷиаи дигар дар Тоҷикистони пурфоҷиа”

  1. Агар ба ман мегуфтанд, ки дар катори кимчихои сол “сухани сол”-ро муайян карданианд, ман ин ду нуктаи ТОЧВАРро сухани сол мегуфтам:
    “зеро нашрияҳо асосан ҳафтае як бор чоп мешаванд. Онҳо шаш рўзи яхбандон доранд”.

    “Матбуъоти Точикистон, ки бархе аз онҳо иддаъои истиқлолияту озодандешй мекунад, ханўз зодгоҳу насаби бузургони шимолию чанубиро муайян накардааст ва дар ҳоле, ки аъзои баданаш аз саратони маҳалгарой варамидааст, худ аз дасти маҳалгароён фиғон мекашад ва фурсату часорате барои баррасии чунин масъалаҳоро надорад.Махсусан дар рўзҳои истироҳат”.

    Ва инашро сухани аср мегуфтам:
    “Зеро барои нашрияҳои чанубгаро, сокинони Адрасмон ва аслан вилояти Суғд шаҳрванди Точикистон ба шумор намераванд ва нашрияҳои шимолгаро ҳоло бояд ҳамаи нерўи худро ба додани посух ба давлатиёнҳову раҳмониёнҳову нуралиҳову алиҳои дигар сарф кунанд. Шояд русгароён садое баланд кунанд, он ҳам монанди Сентразия.ру бо ҳисобҳои дигаре”.

    Зихй ТОЧВАР!!!

  2. Харзаномахо (ки иштибохан хафтанома унвон мешаванд) бояд хар чи зудтар хамагй таътил шаванд. Аз онхо чуз парешонй чизе хосил намешавад. Такрибан 90 дарсади нашрияхои Точикистон харзанома ё харбаномаанд, ки сохибони онхо бидуни кучактарин таваччух ба рисолати як рузноманигор дар холи кубидани ракибони худ хастанд ва дар ин миён бар оташи махалгаройи равган мерезанд. Шарм бод бар гардонандагонашон!

  3. Дориюши арчманд,

    Комилан бо шумо ҳамандешам. Даҳҳо нафарро мешиносам, ки аз хондани чанд ҳарзанома даст кашидаанд ва муқоваи онҳоро чашми дидан надоранд.

    Дареғо, озодии сухан дар Точикистон ба озодии нафрат табдил ёфтааст. Ин шояд бадтарин давраи матбуъот дар кишвар аст.

  4. Бо чунин матбуот вой бар мо! Агар ахли зиё ва калам чунин бошад, аз ом чи гила?!

  5. Азизон, бо шумо комилан ризоям. Хусусан, суханони Дориюш бароям хуш омад.
    Дар хакикат бароям риккатовар буд хондани мурочиати волидайни кудакони бечора. Чи кор кунанд, ки замин сахту осмон баланд. Худо гуем, ки дар дили узбакхо Худованд рахму шафкат андозаду бокимонда кудаконро низ халос кунанд. Хайронам, чаро ПОРДУМон, ВаЗОРАТи корХои Хоричи, ХУКумат хамуш?

  6. Дар зимн имрўз, яъне 12 май хабар расид, ки ниҳоят Вазорати умури хоричии Точикистон ва Кумитаи амнияти он барои озодии чавонони точик ба мақомоти Узбакистон мурочиат кардаанд.

    Бовар дорам, ки онҳоро ин навишта ва изҳори назарҳои Шумо ба ҳаракат овардаанд.

    Аммо то ҳанўз низ 6 шаҳрванди Точикистон дар асорати хадамоти махфии Узбакистон боқй мемонанд.

Leave a Reply