Агар ифтихор ва номус анвоъ доранд…
Дар Қазоқистони ба мо дўст арўсаке ба фурўш баромад, ки “Духтари точик” ном дорад ва дар пеши тоқияш “Бону” навишта шудааст. Ширкате, ки онро сохтааст, мегўяд, тарҳи лўхтакро бо машварати мардумшиносони точик омода кардааст. Намедонам, то чй андоза ин амал ахлоқист ва оё дар Точикистон арўсаке бо номи “Духтари қазоқ” дар фурўш ҳаст ё хайр, аммо барои шахси ман ин чандон амали неке намудор нашуд. Шояд касе бо ин амал мехоҳад, симо ва либоси бонувони точикро таблиғ кунад, лекин гуфтумони эҳтимолии ду чаҳонгарди хоричй дар ин бора ба касе хушоянд нахоҳад буд:
– Ман сари роҳ шаш духтари точик харидам, тўҳфа ба дўстонам…
– Кори хубе кардй, ман ҳам дуто аз онҳо харидорй кардам.
Чаро дар Қазоқистон арўсакҳои “Духтари ўзбак” ё “Духтари қирғиз” ба фурўш набаромадааст, маълумам нашуд. Шояд бинишу арзишҳои ман ғалат аст ва баракс бояд ифтихор кард, ки бо ин арўсакон симои духтари точик машҳур мешавад? Онгуна ки торнамои Арияна дар Сентразия.ру худро бо башараи хунуки Михаил Галустян дар нақши Джамшуд мавриди таблиғ қарор додааст. Ман, албатта, ба ин сомона замоне туф кардам, ки мақолаҳои точикситезона ва саропо дурўғи Гога Хидоятовро нашр кард. Аз он рўз аст, ки дигар онро боз намекунам. Мухолифат бо ҳукумат ё мансабдорони Точикистон чизи оддй ва қобили фаҳм аст, аммо дар ин роҳ шарик шудан бо онҳое, ки миллати моро таҳқиру тавҳин мекунанд, агар хиёнат набошад, ба камияш як бадахлоқист ва роҳи ман аз бадахлоқон чудост. Бовар дорам, ҳар точики баномус, ки дар Сентразия.ру рекламаи “Наши в Раше”-ро, ки Арияна сохтааст, дида бошад, дигар умре дорад, торнамои Ариянаро боз намекунад. Бояд боз накунад.
Афроде ҳам ҳастанд, ки танзу таронаҳои русиро, ки дар онҳо точикон ба сабки Галустян ё Юрий Лужков суистифода шудаанд, ба дўстонашон ҳадиявор мефиристанд ва ё ҳатто дар шакли Дивиди ба бозори Душанбе мебароранд. Пас шояд ман ҳам бояд ба ин ифтихорот ху бигирам ва кафкўбй кунам, ки ниҳоят дар оғози садаи 21 қазоқҳои азиз ба дарки зебоии духтари точик расиданд ва онро ба фурўш бароварданд? Чаро на, вақте худи точикон онҳоро дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба бародарони мусулмонашон мефурўшанд? Бояд фахр кард?! Оё фурўши духтарони точик дар Дубай аз фурўши ҳамин арўсакҳо ва Дивидиҳо сар намешавад? Ё аз тан додан ба он ки хуб мекунанд, духтарони мо ба мардони бегона издивоч мекунанд, зеро мардҳои точик арзиши онҳоро намедонанд ва ба қадрашон намерасанд?
Чаро дидгоҳи ман дигар аст ва агар дар ҳамаи масъалаҳо бо чанде ҳамназарам, охирин дўстонам ҳам дар ин масъала бо ман мухолифат меварзанд? Шояд чашми ман аз он сўхтаву хираву пуроб шудааст, ки бо навиштани вожаи “точик” дар чустучугоҳи YouTube ҳазорон видеои таҳқири бонуи точикро мебинам, ки мурдагавҳое рўйи ин торнамо гузоштаанд ва ангуштонам аз дархостнависии кўр кардани онҳо харош хўрдаанд?
Чаро душмани мо барои он ки ба аъсоби мо расад, бонувони моро ҳадаф мегирад? Шояд барои он ки бонувони мо маҳаки номуси моянд? Вале чаро бояд ингуна бошад? Аслан ба ман чй, кй бо кй издивоч мекунад. Аммо оё мурдагавон ин қадар рақсҳои бараҳна ва наворҳои ҳайвониро аз кучо пайдо мекунанд, ки решаашонро бисўзй? На, маро чй кор, онҳо точикони он сўи Омўро дар назар доранд, на моро?
Деҳи мо бо як деҳи узбакнишин ҳамсоя аст. Солҳои зиёде пеш аз ин ҳамсоягони мо танҳо замоне чуръат кардаву ба хостгорй меомаданд, ки арўсе дар шаби тўй ронда шавад ва ё зане нуқси дигаре дорад. Ҳоло ними деҳа бо забони ўзбакй ҳарф мезанад. Аз модарони точик кўдаконе ба дунё меоянд, ки забони модарияшонро намедонанд. На дар Бухоро ё Самарқанд, балки дар худи Точикистон!
Солҳои 70-уми садаи гузашта дар Ўзбакистон лўхтаке бароварданд, ки ба сарбози қўрғошимии Ҳанс Крисчиан Андерсен монанд буд. Танҳо кулаҳхуду чавшан дошт ва ба чойи милтиқ найзае дар даст. Бо он “Солдат Тамерлана” ном ниҳоданд. Мақолаи Отахон Латифй (сано ба равони покаш, ки ҳамеша маро илҳом мебахшад!) дар “Правда” дар бораи ин арўсак ва ба маънии ин ки оё кўдакони худро бо чй бозичаҳо ва дар кадом рўҳия тарбия мекунем, сабаб гардид, то билофосила бо дастури Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Шўравй истеҳсоли ин лўхтак манъ шавад.
Шояд ин рўйдодҳо дар миён будаанд, ки биниши ман дигар аст?..
Filed under: Central Asia, Culture, Nation, Technology, Youth, Мерос




Лутфан ин гузориши игвагаронаи зидиточикиро аз телевизиони Екатеренбург тамошо кунед. То чи андоза ин бегонаситезони рус моро бад мебинанд.
http://vkontakte.ru/video.php?act=s&id=61546398
Паёми хамватанеро пазиро бошед, Точвари гиромиманзалат!
Вокеан ин лухтаки назаррабо аз як тараф зебоии точиконаро муаррифй намояд, аз тарафи дигар як чизи мубхамеро дар майнаам милод месозад: Хандахариш ба хукумати Точикистон, ки занонашро саришта карда наметавонад. Ё шояд андешаамро баргалат иброз доштам? Ба хар бобат ингуна лухтакхоро бо сурати чехрахои зебои актёрони хинд хам дидаам. Ба худ мегуфтам ки таблиготи зебоии хиндуён аст. Пас аз он ки дар сомонаи “Центразия.ру” мусохибаи “Лола”-и лесбиянакаи точикро хондам, сари ман дигар андешае бобати таблиготи зебоии точикдухтарон намонд. Аз пештар бештар хамчун моли фурушй назар кардан ба зани точик, ки нигохи вижаи махсусан туркнажодон шудааст (вактхои охир ин ба авчи аълояш расида) диламро мисли нохуни даррандае мехарошад.
Сазои сари ин хукуматдори ланг! Агар чунин хам гуфтам, барои дигарон (чашмтангони тангназар) фарке надорад ку байни халки оддй ва хукуматдор. Метарсам, ки дар ояндахо фитахои сабти аъмоли фахш аз Дубай, ки кахрамони он гуна порнофилмхо точикдухтаронанд дар бозорхои Душанбе фурухта мешаванд. Аз он руз нигохбон бош, худоё!
Агар мешуд аз нангу номуси миллат бо барчидани хамаи арусакхои «Духтари точик» аз даккахои Казокистон дифоъ кард, шояд хамин ал-он бо хам карор мегузоштему озими Олмотиву Остона мешудем ва бо музокироту гуфтугухои мутамаддинона чилави тавлиди онро мегирифтем. Аммо дарег, ки нангу номуси миллат муддатхост бо анхои мухталиф зери суол рафтааст. Нангу номус бидуни шинохти хуввияти миллй вучуд надорад. Ва миллати мо хануз ба шинохти хуввияти худ комгор нашудааст.
Ман, ки маъмулан, такрибан хамеша, аз назароти Точвари гиромй дифоъ мекунам, дар вокеъ, баъзан эхсос мекунам, ки дидгоххои мо дар мавриди бархе чизхо мутафовит аст. Мавзуъи духтарони точикро, ки шавхари хоричй ихтиёр мекунанд, як бор гуфтем. Ин чо факат мехохам таъкид кунам, ки зохиран ба номуси он духтарон тачовуз нашудааст ва аксаран бо майли худ бо шавхаре азрохрасида мераванд. Пас дахолати мо дар он амр мудохила дар зиндагии шахсии як духтар аст. Ва дигар фурсати он фаро расида, ки мардони точик хам арзиши духтарони точикро ба хубй бишносанд ва хамон гуна ки аз занони рус мувозибат мекунанд, мурокиби занони точик бошанд. Зани точике, ки аз хар лихоз метавонад аз майхорагони рус чанд сару гардан болотар биистад. Хатто аз лихози донишу савод, агар имконаш фарохам бошад.
Аммо хисоби танфурушон чудост. Онхо бардагони чинсианд ва дар вокеъ номусашон ва номуси миллат (агар вучуд дошта бошад) мавриди хатку тачовуз вокеъ шудааст. Дар ин бора бояд чорае андешед.
Дориюши азиз,
Нахустчумлаи чустори “Гулдухтарон…” ин аст, ки ишқ кори хусусист. Ҳатман, дар байни 200 издивоче ки солона миёни духтарони зебои точик ва мардони хоричй сурат мегирад, чандтое ҳастанд. ки аз рўи ишқи поку ҳақиқй ба амал меоянд.
Сухан аз фароянд, тамоюл ё тендентсияе ҳаст, ки духтарони таҳсилкардаи точик асосану асосан дар фикри издивоч бо хоричиёнанд. Ҳанўз пеш аз он ки он хоричиро бубинанд, ошиқаш ҳастанд, зеро матбуъоти мо танҳо намунаҳои хубро менависад ва онро ҳам бо обуранги пурдурахш. Он журналисте, ки дар Душанбе нишастаасту менависад, дар умраш Веронаро надидааст, оби даҳан резонда менависад ва духтаракони наврасро ба кажроҳа мебарад.
Касе таҳқиқ намекунад, аммо аз рўи дидаҳову шунидаҳоям, мутмаъинам, ки намунаҳои ноком аз шодком ба маротиб бештаранд. Чаро он журналисти обидаҳан дар бораи намунаҳои ноком чизе намегўяд?
Точвари гиромй,
Дар худи Точикистон хамаруза ба номуси эхтимолан садхо духтари точик расман (!) тачовуз мешавад. Тачовуз ба номус паёмади издивочи нохостааст, ки шахсияти занро барои хамеша саркубу мутеъ мекунад ва як неруи созандаи билкувваро мекушад. Ин нигаронкунанда нест? Теъдоди ин бахтхои баргашта зиёд аст ё 200 нафаре, ки бо майли худ бо кадом хоричие издивоч кардаанд?
Чаро духтарон ба фикри издивоч бо хоричихоанд? Мутаассифона, пажухише чомеъ дар бораи зиндагии хонаводагй дар Точикистон сурат нагирифта, то мусибати заношуйи барои духтарони точикро нишон дихад. Ва агар бархурди мардхо бо зан тагйир накунад ва чашми духтарон ба чахони хорич бозтар шавад, мутмаиннам, ки чанд сифри дигар хам ба пушти 200 афзуда хохад шуд. Бисёр боъиси таассуф аст ва манро хам ба шиддат норохат мекунад. Аммо дар чустучуи далели ин падидаи номатлуб назархои мо зохиран мутафовит аст. Ман ишколро дар фарханги занситез ва мардсолори точикй мебинам, ки хатман бояд тагйир кунад.
Точвари азиз,
Дар паси хамин матлаб линкеро гузошта будам ба барномаи телевизиони Екатеренбург, нафахмидам ки он кучо шуд, шояд худам иштибохан кураш кардам. Ним соат як бегонаситези фашисти рус Санников точикхоро лагаткубиву тахкири лафзи медод. Кариб дар хамаи гунохои мавчудаи халки рус точикхоро гунахкор мекард, хатто видеонавор бо суруд намоиш дод ки чи тавр точикон русхоро аз такрики фуруши хероин мекушанду ва гайра.
Раиси диаспораи Точикони Екатеренбург “Сомон” Фаррух Мирзоев дар он филм хамчун яке аз пуштибонони хероинфурушон нишон дода шудааст. Вожахои “звери” “нелюди” “убийцы” борхо такрор шудаанд дар васи халки мо. Муаллифони филм дар пасгуфтор мегуянд ки сафири Точикистон ин филмро дид ва гуе норизоияташро баён кардааст, ба фикрам барои ангезиши бегонаситези хукумати Точикистон (агар дар хакикат гамхори халку миллат мебуд) мебоист муаллифони филм ва телевизиони Екатеренбургро ба додгох мекашид.
Баъид медонам ки офарандагони лухтаки точик духтар
бо ягон гарази бад онро ба фуруш гузоштаанд. Ман зочахои монанди киргиздухтар ва казокдухтарчахоро низ дидаам. Дар Амрико Барбихои миллатхои гуногун низ хастанд.
Мавзуи номуси духтарони точик ин пеш аз хама кори дохилии он хонадон аст ва издивоч мекунанд е намекунанд ба хоричихо ин хам кори шахсиашон, лисбиянкаанд ё чандшуаанд кори мо нест. Ман ин аъмоли онхоро дастгири намекунам ва хатто махкум мекунам аммо аз ману шумо ки мепурсад? Мухимаш донистан ки сабаби аз байн рафтани ахлок дар чис? Чавобаш дар руи об аст - хукумати кунуни ки 15 сол лачоми кишвар дар ихтиёраш аз ухдаи кораш набаромад ва натавонист мардумро ло акал дар сатхи каме баландтар аз кашоки нигах дорад. Бар акс ин хукумат ё “клика” хар кореро анчом дод ки точикон ватанро тарк гуянду ба чунин хол зананд. Албатта духтари точик орзу дорад ки ягон хоричи чол ё шал вайро аз ин вахшат ба ягон кишвари осудатар барад. Агар кишвар ором, сарватманд башад ва тавонад шахрвандонашро бо чои кор ва зиндагии осуда таъмин кунад аксарияти мушкилихои матрахшуда худ ба худ аз байн мераванд аз чумла фоишаги ва гуруз гурези духтарон ба хорича.