IMF: Додуситади нав дар торикй ва бебарқй?
Аксаран ҳукумати Точикистонро айбдор мекунанд, ки кори он шаффофу фаҳмо нест. Ба вижа дар умури молй. Вале агар ин ҳукумат шаффофиятро аз созмонҳои байнулмилалии молй ва бахусус намояндагии онон дар Душанбе омўхтанй бошад, бегумон аз будаш ҳам хоҳад монд ва ба чое нахоҳад расид.
Суханони ахири фиристодаи Бунёди байнулмилалии асъор намунаи барчастаи ин нукта аст. Карлос Пенеруа пас аз мулоқот бо президент Раҳмон гуфт, ихтилофи IMF бо Точикистон паси сар шуд ва бунёд барномаи наверо бо ин кишвар амалй хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар гуфта мешуд, IMF ҳамкорияшро бо Точикистон то замоне бозмедорад, ки як аудит ё ҳисобрасии мустақил вазъи кор дар Бонки Миллии Точикистонро рўшан накунад. Раёсати БМТ ба чунин бозрасй ризоият дод ва ҳукумат низ аз ин тасмим пуштибонй кард.
Ҳоло чй тарошае аз бом афтод, ки IMF лаҳни гуфторашро нарму ширин кард? Бонки Чаҳонй (додарзодаи IMF) ҳатто садои дилхурўши “муллочиринг”-ро даровард ва эълом дошт, барои эҳёи шабакаи энержии Точикистон 6 миллиону 500 ҳазор доллар кўмак хоҳад кард. Ин бандахудо ҳам гуфта буд, то ҳақиқати ҳоли 48 миллион доллар ошкор нашавад, даст ба оби хунук нахоҳад зад. Ҳоло чй чиз тағйир кард, ки тасмимҳо иваз шуд?
Одатан, намояндагони ин ду созмони чаҳонй тақрибан ҳамеша ошкоро ва рўшан сухан мегўянд, то аз он чo ки бо пулу мол сари кор доранд, зимни кўчактарин торикй мавриди шубҳа қарор нагиранд. Лекин дар мавриди Точикистон ториксухании онҳо аз бебарқиҳои суннатии мо ҳам гузашт. На аз “минг-минг”-и Пенеруаи кушодчеҳр чизе маълум шуд ва на аз “ҳм-ҳм”-и Люк Мореси чарбзабон. Торнамои ин созмонҳоро ҳам беҳуда боз накунед, он чо чизе нест. Дар бораи қурби манати туркманй хабар додаанд, дар бораи сарнавишти кишвари мо на. Мансабдорони Точикистон, чойи гап нест, бе ришвае дар шакли лутфу таърифу хушомад ё фишоре дар шакли нимишораҳои таҳдори огаҳй аз аъмолашон абадан даҳон боз намекунанд. Пас як шаҳрванди Точикистон аз кучо бояд бидонад, ки дар ватанаш чй мегузарад?
Бар замми ин, чаноби олй кори фолбинҳоро ҳам манъ кардааст, то аз онҳо ояндаи ватанатро фол бизанй. Агар ин чо додуститаде дар миён бошад, он чй тичоратест ва ба манфиати кист? Оё боло рафтани нархи нерўи барқ, як тавсияи доимй ва забонзади IMF аз кишварҳои чаҳони савум, ин чо нақше дорад? Мо ихтилофро фаромўш мекунем, шумо ҳафтаи оянда нархи барқро ба ҳамон 50%-е, як сол пеш гуфта будем, боло мебаред. Шояд таъсиси Шўрои мудирони Талко (корхонаи алюмини точик) сабаб гаштааст? Оё ташкили он чунин маъниеро дорад, ки корхона аз назорати чаноби олй берун оварда шуд? Шояд ин як омодагй ба хусусигардонии Талко ба манфиати “муштариён”-и муайян аст? Мумкин дар зери ҳамаи ин ҳодиса бистари обанбори Роғун ва бурида шудани дасти Русия аз он хобидааст? Вагарна чаро баъд аз се рўзи мулоқоти Раҳмон бо Пенеруа сафири Русия дар Точикистон Рамазон Абдулатифов бо Раҳмон гуфтушунид кард?
Hамояндагони мўҳтарами Бонки Чаҳонй ва IMF, мебинед, ки набуди шаффофият касро ба кадом кўю барзан мебарад? Чаро натавонистед, ҳамаи мазмунро, агар он хатарнок нест, рўшану фаҳмо ба мардуми Точикистон бигўед? Агар бо Раҳмон корро пазондаед, эшон фақат сарвар ва хидматгори ҳамин мардуманд ва аз иродаи ин мардум намояндагй мекунанд. Магар шумо парвардагони дунёи демократй нестед?
Ва ниҳоят, оё тасмими аудит ё ҳисобрасии БМТ ба чои худ боқй мемонад ва ё бо ҳамин, “ба гузашта салавот”, фаромўш шуд? Шояд он бисёр асроре ифшо мекард ва харчу дахли ин кишварро аз фасод пок кардаву ба низом меовард? Чаро шубҳа мекунам? Зеро акнун аз тафтиши молии Талко ва “Барқи точик” сухан меравад ва он ҳам зери суъол аст, чун касе намедонад, харчи бузурги ин таҳқиқи молии байнулмилалиро кй хоҳад пардохт. Шояд ин фақат як қартаи “кузур” буду қартаи дамкўтаҳонро зад? Ҳақиқат кучост?
Filed under: Dushanbe, Economy, Nation, Rakhmon, Tajik crisis, Tajikistan, Technology, president, Душанбе, Норак




“Бар замми ин, чаноби олй кори фолбинҳоро ҳам манъ кардааст, то аз онҳо ояндаи ватанатро фол бизанй”.
Дар идораи кориямон сахар кати хама карахту хаста менамуданд. Ман ин аникдотро накл кардам, дигар хама ба ках-ках даромад, як лахзае ташвиши сангини зиндагии кишварро фаромуш карданд.
Боракалло Точвар!