Ҷанге, ки ҳанўз идома дорад…

Точикон мисли эстонҳо кўҳистонию хунгарму бочасорат нестанд, ки ин пайкараро аз маркази шаҳри худ бардоранд ва ба сари қабри соҳибаш бигузоранд. Ҳайкали шахсеро, ки хуни шояд ҳазорон сокини Афғонистон ва аз чумла точикони Афғонистон дар гарданаш аст, ҳанўз бо хашму виқор ба гадоёни раҳгузар нигоҳ мекунад. 

Дар чанд ноҳияи кишвар акнун ба тачлили Рўзи чанговари интернатсионалист тайёрй мебинанд. Вакили мачлис Бозор Собир буд, ки дар соли 1990 пешниҳод кард, ин афрод на қаҳрамон, балки фиребхўрдагони торих шумурда шаванд ва агар худи онҳо ҳисси миллй доранд, нишону чоизаи шўравиро рад кунанд. Вакили дигари мачлис Рашид Алимов барои намоиши эътироз чавонони интернатсиoналистро ба гирдиҳамой даъват кард. Ҳадаф дошт, чавонон шоъири миллатро маҳкум кунанд. Бозор бидуни ҳаросе ба ин тазоҳурот омад ва аз минбари он сухан гуфт ва сабабҳои пешниҳоди худро шарҳ дод. Вай гуфт, на шумо, балки онҳое гунаҳкоранд, ки шуморо ба куштани ҳамхунони худ фиристоданд. Ин куштор чойи ифтихор надорад.

Чавонони майдон бархе донистанд, масъала чист, дасти шоъирро фишурданд, аммо бархе ҳамон носазо гуфтанд, зеро надонистанд, ки бозичаи дасти сиёсати руспарастй буданд ва зидди миллати худ қиём мекарданд. Ба шунидам, бархе аз онҳо дертар фармондеҳони Чабҳаи халқй шуданд ва кореро, ки дар Афғонистон карда буданд, дар ватани худ идома доданд. Шояд чашнҳое, ки имрўз ҳукумати бархе аз навоҳии Точикистон барои онҳо барпо мекунад, дар асл тачлил аз шибҳинизомиёни Фронти халқист?

Оре, солҳо гузашт. Бозор Собир ҳоло як гурезае дар Амрикост. Рашид Алимов — сафири кабири Точикистон дар Чумҳурии Халқии Чин. Дар зимн, муздури хадамоти чосусии Русия бо кличкаи “Амир” ахиран садо баланд кард. Вай ба торнамои Бозиҳои олимпии Чин сўҳбат дод. Шояд бисёр мехост, бидонанд, ки касе ўро ба ҳабс нагирифтааст. Ва бо ин садо задан бигўяд, ки ҳама дар ҳукумат нўкари ин ё он хочаанд ва ин як падиди оддист. Нақароти мусоҳибаи вай ин аст, ки “торихро бояд ба ҳоли худ гузошт. Ончи буд, гузашт.” Ин ҳарф аз умқи вучудаш берун меомад ва шояд дар ҳақиқат мехоҳад, гузаштаи талхи Ню Йоркро зудтар фаромўш кунад. Ва ё шояд ба хидмати Пекин гузаштааст ва бояд сухане чун қавли комсомолй бидиҳад. Гузаштаро бояд фаромўш кард.

Аммо чи кунем, рафиқ Рашид Қутфуддинович, ин чавонони интернатсионалист, ки ҳоло падари чанд фарзанд ҳастанд, намехоҳанд, гузаштаи доғдори худро фаромўш кунанд. Шояд ба фарзандонаш аз қатлиоми точикон дар Афғонистон ва куштори точикон дар Точикистон достон мегўянд? Мумкин ба мактабҳо мераванд ва ба мактаббачагон дарси матонату садоқат медиҳанд? Баъдаш мо мегўем, чаро дар зеҳни насли навраси мо ин гуна ошуфтабозор ҳукмрон аст. Як сў фиғон мезанем, ки мо ориёнем, точикем, форсизабону форсинажодем ва аз сўи дигар лоф мезанем, ки чй қадар дар Афғонистон ориёнро, точиконро, форсизабону форсинажодонро ба чаҳаннам фиристодем.

Солҳо гузашту дунё хеле дигар шуд. Хеле аз бозиҳо ошкор шуданд, хеле аз биноҳои дурўғин фурў афтоданд ва хеле аз кўрҳо бино шуданд, вале ин очизон ҳамон бозичаи дасти дигарон ки буданд, мондаанд. Ва чойи ин ки пайкараҳои лаънати торихро аз реша баркананд, бар пояи онҳо гул мегузоранд. Ҳанўз ҳам нафаҳмидаанд, ки хуни ноҳаққи дар Афғонистон резондаамон, оқибат ватани худамонро ҳам гулгун кард. Ҳанўз чашм боз накардаанд, бубинанд, ки чаро ва кй гунаҳкор буд ва ҳоло кй гунаҳкор аст?

Дмитрий Лихачев, рўшанфикри бузурги рус гуфтааст, бадбахтиҳои як чомеъа то замоне такрор мешаванд, ки мардумаш тавба ва омурзиш накунанд ва аз роҳи маъзарат бо торихи хеш оштй накунанд. Ин ҳам яке аз пешниҳодҳои Отахон Латифй ва Гулрухсор дар оғози солҳои 90 буд, ки нахуст бояд ҳақиқати гузаштаи хешро ошкоро гуфт, аз рўҳи гузаштагон бахшоиш пурсид ва он гоҳ метавон ба пеш ҳаракат кард. Русҳо хеле дертар аз мо ба ин фикр расиданд, аммо дар ичрои он таъхир накарданд. Онҳо ҳамаи ширкаткунандагони ҳодисаҳои соли 1917-ро афв карданд ва дар чустучўи турбати охирин подшоҳи сулолаи Романовй шуданд. Сипас гуфтанд, бо ҳамин чанги мо тамом шуд.

Аммо чанги мо идома дорад, гоҳе сарду гоҳе гарм ва худованди пок аз ояндаи талх нигаҳ дорад, раҳгумзадагонро!

____________________________

Аксҳо аз торнамои Ferghana.ru

6 Responses to “Ҷанге, ки ҳанўз идома дорад…”

  1. Мехостам ба як чузъиёти ин матн ибрози назар намоям. Оё Точвари азиз вокеан хам исбот кардааст, ки Р. Олимов гунахкор аст? Зеро аз навишта чунин бар меояд.
    Шахсан ман, баъди хамон овозахо дар мавриди чосус будани Олимов, аз як дустам, ки вокеан кобили эътимод аст ва корманди вазорати корхои хорича мебошад, пурсон шудам. Ба гуфти у, хакикати ин овоза, куллан тасаввурнашаванда аст.
    Ва бо чи далел мо бояд хукм кунем?
    Агар гап сари хомушияш равад, пас шояд таваччух овозаро ба хакикат табдил бидихад?
    Умуман, фирк мекунам, ки агар мо Андеша мекунем, бояд он куллан сахех бошад.
    Ба хар хол ман хамоно исботи ин казияро интизорам…

  2. Албатта суханони Кудато вобаста ба тасдик намудани овозахо дар гирди номи Р.Олимов дурустанд. Лекин дар ин чо мо метавонем матали халкиро истифода барем, ки мегуянд”То шамол нашавад дарахт намечунбад”. Аз ин ру, он шахсе, ки дар химояи Олимов истодааст аз ВКХ албатта он манфиати давлати Точикистонро хифз мекунад. Лекин нисбати шахсияти Олимов хаминро гуфтаниям, ки у аз худ дипломати мохирро метарошад, аммо дар асл бошад у аз хокимони имруза дар махалгарои устухон надорад. Бовар кунед, одамоне, ки бо Олимов сар ба сар шудаанд ин гуфтахоро тасдик мекунанд. Ман тарафдори суханони Точварам. Зинда бошед.

  3. Ёрони азиз. Ман аслан орзуе надорам як точик ҳам дар хиёнат ё чосусй мутаҳҳам шавад, зеро ин лакка ба номи ҳамаи мост. Билъакс орзу дорам ин шахс бо овози баланд ҳамаи иттиҳомотро рад кунад. Аз ин лиҳоз дилам ба ин бародарамон месўзад.

    Аммо вақте ки тамоми дунё дар ин бора ҳарф мезанад, китобу мақолаҳо ба нашр мерасанд, аммо ин кас сукут меварзад, намедонам, бояд он суханонро, ки овоза нестанд, балки ҳуруфи катбй ва чопиянд, чи гуна қабул надошт?

    Ҳамзамон, агар ин тавр ҳаст ё на, масъалаи чудо, аъмоле ки кас дар гузашта кардааст, манзурам ташкили таҳоҳуроти зидди Бозор Собир таърихест, ки ҳазорон шоҳид дорад ва онро наметавон рад кард.

    Пас худро бовар медиҳам, ки дар ҳарду ҳолат навиштаи ман саҳеҳ аст. Вале боз мегўям, агар имрўз Р, Алимов иттиҳомоти чидди чосусиро рад кунад, манам, ки аввалин шуда, онро ин чо нашр мекунам ва тамоми корро мекунам, ки ба инглисй баргардон ва дар ҳамаи нашрияҳое, ки номи ў ва дар ин зимн ҳамаи мо, точиконро, сиёҳ кардаанд, ба чоп расад.

    Агар иштибоҳ мекунам, бинависед. Дар баробари далел тағйир додани андеша барои ман душвор нест.

    Сарбаланд бошем.

  4. Barodar Kudato,

    chi joi malomot agar Raisi Jumhur to diruz josusi Uzbakho va Russho bud. Dar solhoi avvali hukmronii u sarvari vazorati mudofiai Tojikiston rafik Shishlyakov, kormandi rasmii SNB-i Uzbakiston bud. Dar daftari Raisi Jumhur sarbosoni FSB shabu ruz budand va sarvari Vasorati bekhatari nis vasali Uzbakho bud.

    In benomuson baroi manfiatashon na tanho Vatan bali Modari khurdomefurushand.

  5. Кудатои гиромй,

    Дар вокеъ, хамон тавре, ки Точвари арчманд ишора кард, достони Рашид Олимов як мочарои мунташира асту мактуб. Аммо он чи Шумо мегуед, бештар ба шоеъа мемонад. Лутфан он шоеъаро, ки мегуед, манбаъаш як корманди Вазорати хорича аст, ин чо дар миён бигзоред. Нафахмидам, хакикати ин мочаро чй хаст, ки тасаввуршуданй нест?

  6. Бародар Рустам,
    худи Шумо ишора кардаед, ки “достони Р.О. як мочарои мунташира асту мактуб” (агар даъвои чосус буданашро дар назар дошта бошед), пас хакикати дар назарбуда низ хамин аст.
    Ва сониян, холо мо баъзан аз овозахо сухане менависем. Аммо ин маънои онро надорад, ки ун аллакай “сухани мунташира” шуд.

Leave a Reply