Шўхй-шўхй зиндагонй мекунем

Аз таҳи дил мегўям, ки шўхй-шўхй зиндагонй мекунем. Ин одати имрўзии мо нест. Шояд аз умқи садсолаҳо меояд. Эҳтимол натичаи сарнавишти торихии миллати мост. Ҳама кори мо ҳазлу шўхист.
Шўхиомез касбу ҳирфае дар пеш мегирем. Агар муваффақ нашудем, худро тасалло медиҳем, ки шўхие кардему гузашт. Шўхй-шўхй ба мансаби баланде мерасем, ки худ бовар надоштем, рўзе ба [...]