Сарвати “хидматгорон”-и халк
Бачахои “Авасто”, ки ахиран тахлилхои чолибе ба нашр мерасонанд, даст ба як тачрибаи нодир заданд. Онхо руйихати 100-гонаи сарватмандтарин ва бонуфузтарин афроди Точикистонро тартиб доданд. Дар идомаи ин тачриба журналисти точик Каюмарси Ато, ки дар радиои “Озодй” кор мекунад, ба тахлили ин фехраст пардохт. Харчанд “Авасто” ин номгуйро ба 5 ришта таксим кардааст, манзур:
- ходимони давлатй ва сиёсатмадорон
- кумондонхои собик
- вазирон ва мансабдорон
- сохибкорон
- ситорахои эстрада
хулосаи умумй ин аст, ки асосан амалдорони хозира ва пешинаи хукумат хастаи ин руйихатро ташкил додаанд. Ин хам дар холе, ки тибки конунхои Точикистон шугли онхо бо бизнес мамнуъст ва боз хам тибки конун онхо хар сол бояд даромади худро расман эълон кунанд. Каюмарси Ато менависад:
Мансабдорони Тоҷикистон дороии худро ошкор намекунанд ва мегӯянд, ки онҳо маъоши маъмулии давлатро дарёфт менамоянду тамом. Маъоше, ки ҳудудан 200 доллари амрикоист ва он дар пойтахти кишвар танҳо барои чанд рӯз барои як хонавода басандагӣ мекунаду халос. “
Иттифокан имрузхо дар шабакаи интернет Номаи саркушоди шахрвандони Точикистон Бозоров Н., Холиков Н., Юнусов Т., Тохиров А., Салимов Ю., Олимов А., Саидова М., Рузиева Г. ва 500 нафари дигар мечархад, ки дар он бар замми “сифатнома”-и аксари мансабдорони давлат моликияти онхо низ зикр шудааст.
Хеле ачиб аст, ки айни хамин номхо дар фехрасти “Авасто” низ такрор мешаванд. Пас чи гуна Точикистон кашшоктарин кишвари Осиёи Марказй ва хатто чахон бошад? Наход бо ин хама сарват боз даст дарозу гардан кач — бите, бите, надихй мемирам. Вале пурсиши мухимтар ин аст, ки агар чунин бошад, ин “хидматгорони халк” бо он мохонаи кам чунин сарватро аз кучо ва бо чи рох ба даст овардаанд? Додситони кулли Точикистон Бобочон Бобохонов бояд ба ин суол чавоб дихад. Лоакал барои он ки чаро номи худи у низ дар хамаи ин руйхатхо дар чои намоён аст? Маълум ки касе намехохад ба касе кордор шавад. Ва сармоя низ на дар Точикистон аст. Дар бонкхои дуру осуда. Ин буд, ки амнистияи эьлонкардаи Рахмон натичахои хурдакак дод.
Аммо пурсиши шахсии ман ин аст, ки чаро ин афрод бояд ин гуна сарватманд бошанду ман –мардикор? Барои кадом хизмат ба халк онхо бояд кайфу сафо кунанду садхо хазор точик дар Русия аробакашу андовагар бошанд?
Filed under: Dushanbe, Nation, Tajikistan, president, Душанбе, Точикистон




Дар вокеъ, чашми танги дунёдорро “ё каноъат пур кунад ё хоки гур.” Аввалй (каноъат) барояшон бегона аст. Дуввумй (хоки гур) бегумон ба сарвакти хама, аз чумла дунёдорон хохад расид.
http://www.ant.tj Бо ин гуна афроди олиму донишманд чи кадар ноадолатист, ки макомхои фохир ва садри фехрастхои зиеде ба мисли факиртарин кишвару фосидтарин кишвару касифтарин кишвархоро ким -кадом Зимбабвеву Конго гирифтаанд… Эй, мардумони Африко, он чой чойи мост, на аз шумо…
Миёнгини дастмузди мохонаи як ходим ё макоми давлатй шояд худуди 10 дулор бошад. Хамон гуна ки Точвар хам зикр кардааст, онхо аз тичорат мамнуъу маъзуранд. Пас он пули носавоб аз кучост, ки коххои хар кадом дар баландй бо хам сабкат доранд? Посух яке аз ин дутост: дуздии молу мулки мардум ё ришва, ки боз хам бармегардад ба дуздии молу мулки мардум. То халкум дуздидаанду мехуранд, то рузе битарканд ва гандашон чахонро фаро бигирад. Хайфи шири модар, ки дар андоми каждум рафта.
Тасхех:
…шояд худуди 100 дулор бошад.
[...] opines [taj] on the “weathiest Tajiks list”: The governmental officials in Tajikistan never [...]
[...] Manamarika i Tojvar [taj] ao amin’ny “weathiest Tajiks list” fa: Ny olon’ny governemanta ao Tadjikistan dia tsy mampihahaka velively ny hareny ary miteny fa miaina fotsiny amin’ny karamany isam-bolana izy ireo—200 USD—na dia fantatra aza fa tsy ampy mihitsy izany ao an-drenivohitra ao. Ny fanontaniako eto dia ireto: Nahoana izy ireo na mànana harem-be, raha izaho kosa tsy maintsy mandeha miondrana mivarotra herin-tsandry any Rosia ? [...]
[...] дава мислење [taj] за „списокот на најбогатите Таџикистанци“: [...]
[...] jep mendim [taj] për “listën e taxhikistanëve më të pasur”: Përfaqësuesit qeveritar në Taxhikistan [...]
[...] redet [taj] über die Liste der reichsten Tadschiken: Die Mitarbeiter der Regierung in Tadschikistan [...]
[...] redet [taj] über die Liste der reichsten Tadschiken: Die Mitarbeiter der Regierung in Tadschikistan [...]