Шўхй-шўхй зиндагонй мекунем

Аз таҳи дил мегўям, ки шўхй-шўхй зиндагонй мекунем. Ин одати имрўзии мо нест. Шояд аз умқи садсолаҳо меояд. Эҳтимол натичаи сарнавишти торихии миллати мост. Ҳама кори мо ҳазлу шўхист. Шўхиомез касбу ҳирфае дар пеш мегирем. Агар муваффақ нашудем, худро тасалло медиҳем, ки шўхие кардему гузашт. Шўхй-шўхй ба мансаби баланде мерасем, ки худ бовар надоштем, рўзе [...]

Рар моро ба Чин месупорад

Александ Рар, яке аз сиёсатшиносони маъруфи Урупо ба пурсиши шаҳрванди Точикистон Файзулло Насруллоев посухи ачибе додааст. Ҳамватани мо аз ин донишманд дархост кардааст, ки андешаи худро дар бораи авзоъ дар Точикистон бeғаразона баён дорад. Файзулло, аз чумла чунин навиштааст: Кишвар комилан ба ҳарчу марч ва фасоду ришват ғарқ аст. Он гуна ки Ф. М. Достоевский мегўяд, [...]

Хадияи Манучехр

Ин акс дар торнигори Манучехри азиз дар зодрўзи Садриддини Айнй ба нашр расид ва беҳтарин ҳадия буд. Пас аз 130 сол низ на хама корномаи Айниро шинохтаанд. Барои бархи дигар Айнй як бегонаест, ки забону хуруфи онхоро дигар кардааст. “Сипосгузорй”-и онхо дар пояи нимхайкали Айнй дар мазораш хак шудааст.

Бозгашт ба забони Ленини муаззам?

Русия хамеша дар (но)муносибтарин пайт зарба мезанад, номуносибтарин барои шариконаш ва муносибтарин барои худаш. Ин бор — дар холи бухрон дар бозорхои молии чахон ва афзоиши нархи маводи ниёзи аввал ошкоро талаб кард, ки дар баъзе кишвархо, аз чумла Точикистон, забони русй макоми аввал гирад. Намояндаи Бонки Марказии Русия, Сергей Шевтсов гуфт, давлатхои Чомеаи хамкорихои Уруосиё [...]

Оё Точвар иштибох хам мекунад?

Ин суоли як хонандаи “Андеша” аст, ки бархе аз навокиси бандаро зикр кардааст, аммо нахостааст, номаи уро нашр кунам. Дусти азизам, оре, ман иштибох низ мекунам ва ин саъодатро дорам, ки Шумо ба камиву камзарфихои ман ишора мекунед. Ман бисёр мехохам, номаи Шуморо пеши чашми хамагон бигузорам ва ба хар иштибохи худ койил оям. Ман як [...]

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.