Фитна тамом шуд ё акнун сар мешавад?*

Бехтар аст, тамом бишавад, агарчи даргумон аст, зеро ин паёми як тундрав ба тундравони дигар аст ва бо забоне дода шудааст, ки вижаи тундравон дар ду дами чабхааст. Хеч кас бехтар аз бин Лодину мушобехони у забони Вилдерсро нахохад фахмид. Онхо харду аз як хонаводаанд ва ба як султон хидмат мекунанд.
Ин дарвокеъ ба маънии томаш як фитна ва игвогарие беш набуд. Дустам Дориюш мухтавои онро дар “Як дарвеш” хеле хуб бозтоб дод ва муаллифи “Оина” мехвари финтаро ошкор кард. Сомонаи “Озодй” хабари филм ва вокунишхо ба онро нашр намудааст. Аз чумла вокунишхо дар Точикистон.
Аммо баъд. Нашунидам, ки касе аз намояндагони олами ислом гуфта бошад, ки оё мешавад, аз ин танкидхои бигзор тавхиномез сабаке бардошт? Магзи рушане хаст, ки биандешад, чаро дар бораи ислом метавон чунин хуруфу тасвирро ракам зад? Дар ивази ин хазорон нафар дар бархе аз кишвархо тазохуроти оташин бапо карданд ва доду фигон кашиданд. Магар ин нишон намедихад, ки душманон “чои нозук”-и мусулмононро ёфтаанд ва замоне ки барояшон кор ояд, ба ин “чои нозук” чуб мехалонанд ва “занбурхона”-ро ба чунбиш меоранд?
Муддате пеш кй медонист, шахсе бо номи Вилдерс дар ин дунё вучуд дорад? Холо у кахрамон аст ва хамандешонашро дар саросари олам муттахид мекунад. Холо хадамоти амниятии чанд давлат гирди у парвонаанд, то ба пояш хоре нахалад. Магар мусулмонон ба хости дили у амал накарданд?
Ончи дар филм барои шахси ман дарвокеъ вахшатангез падид омад, ин буд, ки имомхои шикамсери аъробй дар Холланд шиъори “Нест бод демокартия!”-ро мезананд. Бубaхшед, агар демократияи гарбй бароятон нохушоянд аст, дар Холланд чй мекунед? Магар аз дасти хокимони мустабиди худ дар Марокашу Алчазоир ба Холланд фирор накардаед? Оё фаромуш кардед, чигуна барои дастёфт ба корти гуреза оби чашм мерехтед? Хуб, агар низоми Холланд бароятон бад аст, чаро ба ватани худ барнамегардед?
Точикон хуб медонанд, ки чизе бадтар аз мехмоне нест, ки худро кадхудои хонаи шумо кунад. Мо дар таърихи худ ин холатхоро дидаем. Шояд хануз хам кадхудоёни мо пасмондаи мехмонони нохондаи ватани мо бошанд. Русхо мегуянд, ба дайри бегона набояд бо оинномаи хеш ворид гашт. Аъмоли ин бародарони ахли ислом шабехи лагжидани каллаи хар дар руи лаълии заррин аст. Аёс, хадди худ бишнос!
Мусулмонон дар Аврупо фатвохои ачибе медиханд. Як имоми саршинос мегуяд, агар молеро дар кучахои Аврупо пайдо кардед, шарт нест се бор бо садои баланд сохибашро бипурсед. Охиста ба чайб бигузоред, зеро ин мол дар мулки гайр дарёфт шудааст ва шумо ин чо дар холи чиход хастед ва моли кас бароятон ганимати чангист.
Ба дуконхои бозори Черкизи Маскав догистонихо моли дуздида овардаанд ва ба дукондорони мусулмон пешкаш кардаанд. Моле, ки 100 доллар аст ба 50-30 доллар. Бархе боимонхоро гумон ба дил омад ва дарёфтанд, ки ин мол дуздист. Имоме, ки ба у ручуъ кардаанд, гуфтааст, боке нест, мо дар мулки душман хастем ва ин мол ганимат ба шумор меравад, бифурушеду сармоя кунед. Бубахшед, аз бонк дарёфт кардани бахра ё сарбахши пули халоли худатон аз нигохи исломи мубин рибо дониста мешавад, чигуна моли дуздй халол шудааст?
Бархе аз хамдинони мо кочоку фуруши героинро низ як амалкарди чиходй алайхи куффор медонанд. Даххо хочиро мешиносам, ки аз пули героин ба сафари мукаддаси Маккаву Мадина рафтаанд.
Манзур, вакте мусулмонон ба кишвари бегона меоянду муким мешаванд, як исломи дигареро пеш мегиранд ва наслхои баъдинаи худро дар рухияи дигар ба камол мерасонанд. Дар натича, чавонони мусулмон дар Гарб, миёни ишку нафрат ва обу оташ, аксаран комёб намешаванд ва дар гояти яъс худро ба куи террору ошуб мезананд.
Пурсиши дигар ин аст, ки магар дар Курони мачид суханоне дар бораи муносибат ба насрониёну яхудиён, ки дар филми “Фитна” оварда шудаанд, чой надоранд? Дуруст аст, ки онхо бештар моли таъриханд, аммо чаро имруз бояд тамгае ба пешонии хар мусулмон бошанд ва моро дар бегонаситезй муттахам кунанд? Низоъи Ховари Миёна дар миёни ду бародари оли сомист, ки факат динхои дигар доранд, вале чаро бояд тамоми олами ислом аз чанги онхо зарба бинад? Магар даххо низоъи дигар дар кишвархои мусулмон пажвоки ин мунокишаи дерина нест? Оё касе ки дар чанг бохтааст, набояд тан ба сулх бидихад ва он хам бо бародари хамхуни хеш? Чаро кишвархои сарватманди араб рохи мусолихаро пеш гирифтанд, вале мусулмонони дигарро хоб бояд харом бошаду корхои худ чигил, ки фаластинихо намехоханд сулх кунанд?
Шояд ман иштибох мекунам, аммо дидани “Фитна” хамзамон бо хашму аламу эътироз боз хамин гуна фикру андеша низ маро пеш омад. Агар хамаи зиёдаравихо ва пешдоварихои ин филмро канор гузорем, он шояд даъвате низ дорад, ки мо, мусулмонон, лахзахое ба худ низ биандешем ва аз вазъе ки дорем, рохи бурунрафт бичуем. Биандешем, ки чаро Гарб ингуна рушд карду мо хануз андар хами як кучаем?
Бо ин хол имомони хирфай шамшер аз наём бармекашанд ва нидо мекунанд, ки бояд Амрико, Бритониё ва Аврупоро ишгол карду зери хокимияти худ даровард. Ин кадар кишвари араб бо миллиардхо доллари нафти дарёвор дар кишвар ё минтакаи худ чи кардед, ки дар олам бикунед? Бехтар нест чои чиходи чахонй, балое карда, мушкили худро бо Исроил хал кунед ва дар пайи ояндаи рушантаре шавед?
Дар зимн, ягона торнамои инернетй, ки ин филмро ба намоиш гузошт, имруз хабар дод, ки филмро манъ кардааст ва ин амалро рузи нохуше барои озодии сухан мешуморад. Вале ман бар инам, ки он рузи огози фитна шумурда шавад, зеро бехтар аст, мардум филмро бубинад, то хашми холй ба шабахи номаълуме надошта бошанд.
_________________________________
*Сарлавха — иктибос ва баргардон аз “Як дарвеш”
Filed under: Central Asia, Culture, Internet, Nation, Religion, Ислом, Мерос



Ман назарамро дар бораи ин филм баъд аз тамошоаш низ тагир надодам. Ин кушиши барафрухтани оташи миллатгарои ва бегонаситезист ва ягон тахлил ё пажухише нест.
Бо хамин тарик мешавад филм дар бораи кадом дине ки набошад ба навор гирифт.
Тасвирхои заруриро хам пайдо мешаванд, аз бомбаафканихо то амалкардхои хунини сартарошидагон. Дохихои насрониву, яхудиву гайра бар зидди ислом, мусалмонон, дигарпустон ва дигармиллатон низ даъват ба чангхои салибпушона даъват мекунанд. Уммуман салибдоронро дар Гарб хамчун як кахрамонон ва чонсупордагон тасвир мекунанд, ва хатто президентхо аз таклид ба онхо даъват кардаанд ва худро салибдорони кунуни мехонанд.
Дар мавриди манъ кардани намоиши филм ман розиам ки ин поймоли хукуки озодии сухан ва изхори акидааст. Аммо агар намоиши ин гуна филмхоро ичозат диханд пас филмхои тундравони исломиро низ бояд намоиш диханд. Ва ин хама на ба манфиати одамизод хохад буд. Хамин тавр саволи чиро мумкин аст гуфт ва нишон дод муаммоест ки ба фикрам рохи хал надорад.
Бебоки азиз,
Дуруст аст, ки озодии байн бояд марзхои муайян дошта бошад. Аммо пурсиш ин аст, ки ин марзхо барои хар мардум бояд дигар-дигар бошанд? Он хам дар холе ки аксарият бовар дорад, озодии баён асли рушду шукуфоии чомеъа мебошад.
Баъзе одамон аз динашон дида бештар ба рахбарашон эътикоду парастиш доранд. Пас танкиди рахбари онхо хилофи озодии баён аст?
Агар дар ватани шумо мардуми бегонае паноханда шавад ва талаб кунад, ки на бо конунхои худ, балки бо кавонини онон зиндагй бояд кунед, чи посух медихед?
Дуруст аст, ки филм нажодпарастона ва нафратангез аст, вале оё аз он хам чизи омузандае дарёфт метавон кард? Ва чаро чои нозуки мусулмононро ёфтаанду хар руз ба он мехаланд?
Наворхои тундравони исломй интернетро гарк кардаанд, вале дар кадом кишвари насронй шумо тазохуроти хуну оташ дар ин робитаро шохид шудаед?
салом
бале чаро ин корҳо (дашном додани динҳо ) фақат аз ҷониби мухолифони дини ислом сар мезанад ва дар давлатҳое ки даъвои демократи мекунанд? то ҳол ягон мусалмон ба ягон дине тавҳину масхара накарда аст .
аммо он Ҳуландиҳо мехоҳанд ки дини исломро дар назари мардум бад бикунанд , аммо ин дин дини як шахсу ду шахс ё пайдо карда шуда нест балки ин динро соҳиби тамоми ин заминҳову осмонҳо барои мо офарида аст ва он худ хуб медонад барои бандагонаш чи гуна дин лозим аст .
аҷибаш дар ин аст ки баъди паҳн шудани ин филм 3 нафар аз ҳуландиҳо исломи худро ошкоро дар як конфронси исломи дар ҳуландо гузошт байн карданд ва гуфтанд ки мо ба ин филм қаноат нашудем ва ҳеҷгоҳ дини ислом ин хел нест.
Салом бародари азиз Блл (?)
Максади гап ин аст, ки мусулмонон одамони хубанд, ягон дини дигарро тахкиру дашном намекунанд, аммо баъзан дар миёни худ бомба баста метарконанд ва даххо одами бегунохро мекушанд. Хол он ки Худованди бузург чонро барои ин инсон надодааст, ки ин гуна онро аз байн барй ва дигаронро низ.
На танхо бегонахо, балки шиъа сунниро мекушад ва суннй шиъаро. На танхо дар Ирок, балки дар Покистон низ. Дар исломи хакикй худкушй махкум мешавад ва хатто мегуянд, бояд чанозаи у хонда нашавад, аммо аъроб онхоро шахид эълон мекунад. Ба ин чи назар доред?
Дар ин маврид хамон байти маъмули ба хотирам мерасад, ки “Ислом ба зоти худ надорад айбе, Хар айб, ки хаст дар мусулмони мост”. Ё худ “гуфтаи мулло куну кардаашро не”. Мусулмони маънои тахкири гайримусулмонхоро надорад. Ба назари ман, Худованд барои мо акл додааст, ки бадро аз нек чудо кунем ва барои худ чизи хубро интихоб намоем. Ва гайримусулмон будан низ маънии ичозаи тахкир кардани муслмонхоро надорад. Дар Ислом низ тундравхо ва муфритхо хастанд ва дар гайримуслмонхо низ. Онхое, ки худро тарконида чони хазорон нафарро дар хатар мегузоранду мекушанд, тундравони исломиянд. Онхое, ки ба хар васила Исломро дар чахон бад мекунанд ва Куръонро мояи хушунат медонанд, тундравхои гайримуслмон хастанд. Ин коре, ки Вилдерс анчом додааст, андешаи тамоми гайримуслмонхо ва ё сокинони Холланд нест. Имруз дар порлумони Холланд Вилдерс мавриди интикоди башиддати макомоти баландпояи порлумони кишвараш карор гирифт. Ва аъзои порлумон гуфтаанд, ки хадаф аз ин кори Вилдерс чуз бад кардани Ислому Куръон чизи дигаре набуд ва онхо аз Вилдерс ба хич вачх чонибдори намекунанд. Албатта, ин гуфтаи онхо низ чанд пахлу дорад. Онхо бо ин баёнияи худ мехоханд аз хашми муслмонхоро паст кунанд. Мояи ин хама чангу хушунатхо дин аст. Ман бештар сари он фикр мекунам, ки мо бояд Худои танхоро бишносем, на сари дин ва диндорон фикр кунем. Шояд иштибох мекунам, аммо чунин аст…
Хар андешае, ки аз он сад сол гузаштааст, ниёз ба бознигарй дорад. Хамаи динхо ин бознигариро доштаанд, бо вучуди ин ки пайравони ин кешхо хамчунон ба ойинхояшон муътакид буданд ва шумори зиёде хамчунон хастанд. Талош карданд ба нахве дини худро бо замону пешрафти он созгор кунанд.
Ислом низ бояд аз ин мархила бигзарад.
Гуразми азиз хак ба чониб аст, ки Вилдерс нишони хатоеро баргузидааст.
Дар холе ки тундравию одамкушй аз номи ислом кори гурух ва созмонхоест, ки акаллиятро ташкил медиханд, Вилдерс на онхо, балки динро ва дар ин робита хамаи мусулмононро хадаф карор медихад.
Дорюши гиромй дуруст мегуяд, ки дар хамаи динхои чахонй ислохот чараён гирифт, ки сабаби сарзиндагй ва рушди онхо шуд, аммо дар ислом хануз аз хеч гуна ислохот нишоне нест ва хамаи ислохотхохони исломй кушта ё нокому бадбахт шудаанд.