Наврўз — иди мардумист ё давлатй?

nawruz.jpg

Агар хоричие ба Наврўзи Точикистон аз руи намоишхои телевизионй бахо дихад, фикр мекунад, ин зодрўзи президенти кишвар аст ва ё маъракаи таблиготии интихоботи президентй. Чи расад ба хоричй, ки як шахрванди Точикистон менависад, бо дидани шабонарўзии факату факат як сару рў дар оинаи нилгун ва шунидани сирф лофу газофи бузургворона дилаш аз Наврўз хам сард шудааст.

Афшини Истаравшанй дар торнигори “Герби шердор 2″ навиштааст: “Ба дил задаст хар сол дар арафа ва рузхои Навруз варсоки хондани бисёрихо оиди сумалаку хафтсину хафтшин. Хол он ки хафтсину хафтшин хуруфи араби буда худ гувохи медихад, ки хазор соли охир пайдо шудаанд. Навруз бошад таърихи 6-7 хазорсола дорад!

Аз барномахои телевизиони Точикистон чунин хулоса метавон кард, ки як кушиши давлати кардани ин чашни соф гайридиниву гайридавлати мушохида мешавад. Хам дар Хучанд хам дар Душанбе митингхои давлатиро дидем. Намоишхои театрикунонида шуда худи иди Навруз набуда имитатсияи чашни Наврузи буданд.”

Торнигори “Як дарвеш” суханронихои бешумори президенти Точикистонро бо ногуфтахои эхтимолии чаноби олй пайвастааст, то андаке хам бошад, ин чашни сохтаро бо вокеъият нисбате бидихад. Ва хам изхори хайрат шудааст, ки президент аз 27 китобу рисолаи кадимй иктибос кард, оё ин хамаро кай хонда бошад. Аммо Афшини Истаравшанй ишора ба он мекунад, ки ба ин тарзу тарик фалсафаи аслии Навруз аз миён бардошта мешавад:

Мазмуну маънои асосии Навруз аз нав кардани либос, тамир кардани хониву чой, таъкиди хамнавоию хамбастаги бо табиат, аз дилхо берун кардани кинаву кудурат ва то навандеши кардан гуё ки тамоман аз ёди журналистон рафтааст. Онхо аз ёд бурдаанд, ки аз замонхои бостон ин чониб Наврузро мардум берун аз шахр дар огуши табиат чашн мегирифт. Мардум панч руз ид мекарданд, ва дар анчом рузи шашум подшох чашни худро мегузаронд ки аз гайри давлати будани ин чашн гувохи медихад.
Мо нафахмидем, ки президенти кишвар дар ин руз авфи гунохи махбусонро ба накша дошт ё не? Яъне ичрои рукнхои асосии Наврузи дар накшааш буд ё не?”

Дар барномахои радиои “Озодй” сафирони Амрико, Бритониё, Олмон ва Хиндустон хар кадом чудогона Наврузро ба мардуми Точикистон муборак гуфтанд, вале хар кадом як бор ёдовар шуд, ки ин мардум як зимистони сахтеро пушти сар гузошт ва азоби алимеро кашид ва бояд ба ин осебзадагон мадад кард.

Дар тафовут аз сафирони хоричй, ки карор аст, ба хифзи манофеъи кишвари худ дар Точикистон ва минтака машгул бошанд ва метавонанд, ба азоби мардуми барояшон бегона аслан эътиное накунанд, рахбари Точикистон аз машаккати мардум дар зимистон ёд накард ва аз номи давлати худ маъзарате хам нахост. Факат боз хам ваъдахо дод, ки дар оянда вазъ тагйир хохад кард.

Як оини дигари кадимии Навруз дар газали Хофиз омадааст, ки мегўяд, “беш аз панч рузе нест хукми мири наврўзй”. Ба ин оин подшох дар панч рузи аввали Навруз аз тахт мефуромад ва ба чои вай як баргузидаи уламову удабо панч руз подшохй мекард. Албатта, гумон аст, дар панч руз Мири наврўзй хамаи мушкили мардумро хал кунад, аммо дастикам бисёре аз ин мушкилотро руи об мебаровард ва асрори дузду ришвахоронро фош менамуд. Подшох хам вакте панч руз аз кудрат дур мемонад, як бор медид, ки шахси одй будан чй чизест ва у то кучо саозовори подшохист.

Агар давлати Точикистон ин кадар мухлиси Навруз аст, ки иди мардумиро ба регламент оварда, нагузошт, хар минтака хар вакте ки дуруст  медонад, Наврўзро чашн бигирад, шояд бад набуд, ин суннатро хам як бор ба чо меовард ва лоакал панч рўз телевизионро аз он сару гардан начот медод.

P.S. Дар зимн иди Навруз бо мавлуди Паёмбари Ислом хазрати Мухаммад саллалоху алайхи вассалам низ мусодиф омада буд ва бад набуд, аз ин ид низ ёде мешуд дар пахлуи Наврўз, ки яке аз хувияти миллии мосту дигаре динй.”

17 Responses to “Наврўз — иди мардумист ё давлатй?”

  1. Точвари азиз,

    мо барои хамеша аз Рахмон гилагузори мекунем, аммо айб дар сари ин мардуми “табармусулмон” хам аст. Бубинед, тамоми се мохи зимистон мардуми Хучанд аз беоби, бебарки, бегази ранч мебурд. Нолахои ин мардум ба фалак печида буд. Тамоми зимистон ин мардум ташна бар чони Рахмон буданд, вале боз ба пешвози у баромаданду даст пеши бар гирифтанд ва сар хам карданд, дасти уро бусиданд. Ин мардум магар наметавонист аз Рахмон додхои кунад? Ин мардум магар наметавонист, пеши рохи Рахмонро бигираду аз вай шароити хуб барои зиндагии хубро такозо кунад? Ин мардум магар наметавонист истеъфои Рахмонро талаб кунад? Метавонист, аммо буздили кард. Сазои ин мардуми буздил ин аст ва барои мардуми буздил хамингуна сарвар лозим аст. Аз чунин тарсуии мардуми буздил суиистифода карда, Рахмон хам коидахои барои худаш мувофикро рохандози мекунад. Расму оинро ба танзим медарорад, Наврузро давлати мекунад, марказхои тичориро мехарад, хохад ба мардум газ медихад, нахохад не! Гап бисёру, кош, ба гуфтан хал мешуд!

  2. Беш аз пеш боварманд мешавам, ки хар мардуме сазовори хукуматест, ки дорад.

  3. Шумо азизон албатта аз ” Еддоштхо” онро дар хотир доред, ки падари устод Айни аз палав пухта ба ошпази амир пешниход кардани писари бузургаш чи гуна хафа шуда буд.
    Магар рузе, ки Раиси Чумхур ба Боги Ботаникии пойтахт ташриф овард, он чавонони дегхои ош дар дасту нимтаъзим истода он нафратро ба хотири Шумо наоварданд?
    Метарсам, ки рузе ба “тортук”-бари низ бирасанд.

    Тортук- ба амири Бухоро нозанинонро барои мансабу чох тухфа мекарданд, у пас аз шаби аввал он муштипарро ба дарбориенаш мефурухт.

  4. Як китобе хонда будам, дар бораи ду чавон ки хамдигарро дуст медоранд. Пиар мансаби баланд мег7ирад, аммо баъд аз фахмидани он ки духтарро ба хони Куканд тортук мекнуанд, аз бахри мансаб гузашта бо хатар ба чонаш уро гирифта мегурезад. Хеле навиштаи чолиб буд, номаш мутаассифона аз едам рафтааст, ба фикрам калимаи Каждум дошт.

  5. Давлати шудани Навруз хеч бадие надорад!
    Аммо усули чашнгирии он, ки гуё хама файзу барори Навруз аз пои кадами Э.Рахмон аст, комилан ботил аст. Ин хел бошад, пас хама сардихои зимистон низ аз касофатии у буд?

  6. [...] only Navruz celebrations attended by higher officials in different parts of the country. Tojvar comments that it is too hard to see one and the same face on TV all the time [tj]: If a foreigner watches [...]

  7. Ба Точвар офарин мегуям, ки озодандешиву ошкорбаёниро дар блоги Андеша ривоч медихад. Аз он ки чанд чумла аз гуфтахои дар блоги Герби шердор чопшудаи бандаро ихтибос намуд, сипосгузорам. Бархе ба ин акидаанд, ки нисбати хукуматдорон оханги суханро сахт набояд кард. Вакте ки суханхои мулоим таъсир намекунад, чи илочи дигаре дорем?
    Вакте ки дар иди Навруз чанд тан чавонмардон худро дар назди президент дунг карда намадмоли мекунанд ва инро намоиши хунари мардуми меноманд, магар мешавад ин хамаро масхарабози наномид? Ё ки ру ба руи сардори давлат рост истода дар васфи у шеъру тарона хондан магар хушомадгуи, маддохи ва лаганбардори нест?
    Телевизиони Точикистон уро дохии точикони чахон номидааст. Хамин «дохи» буд, ки ба карордоди режими виза байни Узбекистону Точикистон имзо гузошта буд ва точикони ду республикаро аз хамдигар чудо кард!
    Ва гуё намедонад, ки хар як давлати сохибистиклол хак дорад, ки хар як карордоди ба манфиати миллаташ мухолифро бе пурсидани ичозати давлати дигар лагв кунад.
    Чунин ба назар мерасад, ки Телевизиони Точикистон бо маблаги мардуми точик нею аз пулхои «бо араки чабин» ба даст овардаи президент маблаггузори мешавад. Ин гуна намоишхои телевизионро «Бенефиси Эмомали Рахмон» номидан лозим аст.

  8. [...] festimin e Nevruzit nga ana e zyrtarëve të lartë në pjesë të ndryshme të shtetit. Tojvari komenton se është e neveritshme të shohësh një fytyrë të njëjtë në TV tërë kohën [tj]: Nëse [...]

  9. Афшини Истаравшании гиромй,

    Ба махфили Андеша хуш омадед. Шумори мо хар чи бештар бошад, бехтар аст. Дуст дорам бидонам, ки оё шумо хам торнигор доред ё касд доред торнигоре рох биандозед.

  10. Шодам, ки ин матлаби банда ба инглисй низ нашр шудааст, аммо забони дувумро нафахмидам. Касе медонад, ин чи забон аст?

  11. Кадами Афшини Истравшании азизро муборак медонам ва оруз дорам, аз мехмонону мизбонони доимии ин кошона бошад ва дарвокеъ агар ният дорад, сафхаи худро боз кунад, мо хамагй бояд ба у кумак расонем.

    Афшин ба шахсе мемонад, ки суханхои зиёд дар дил дорад ва роду озода аст.

    Бори дигар хуш омадй мегуям!

  12. Ба фикрам, он забони дувуми кадоме аз забнхои скондинови аст, шояд финни, шояд шведи…

  13. Ин забон shqip ном доштааст

  14. Бо ин забон дар Албания харф мезадаанд,

  15. Сипосгузорам аз чуяндагию пуяндагии чаноби Follower!

    Ва боз мутмаъинтар мешавам, ки торнигорхои мо дар оянда фазои бештару бештар ва забонхои бештару бештарро гасб хоханд кард.

    Сарбаланд бошем!

  16. Дар вокеъ, Shqip номи махаллии забони олбониёист, ки афзун бар Олбониё дар каронаи Болкон, Макдуния, Косово ва Сербистон хам ба он сухбат мекунанд. Хушхолам, ки матолиби мо ба забони олбониёйи хам пайванд хурдааст.

  17. Ин хам ручуъе дигар ба навиштахои мо ба забони испониёйи:

    http://es.globalvoicesonline.org/2008/04/06/tayikistan-noruz-politizado/

Leave a Reply