Рахбари рахгумзада ё миллати вайроншуда?

rahm2.jpg

Ин шахс шиорхои хуб мезанад, суханони чолиб мегуяд вале харчанд мулло нест, ба гуфтааш раведу аз аъмолаш пархез кунед. Касе ки мегуяд, “саломатии миллат сарвати бебахост”, мебоист ба сайру саёхати бехудаи Техрону Маскав намерафт, балки бемористон ба бемористон, хона ба хона, кудакистон ба кудакистон мегашт ва аз вазиронаш талаб мекард, саломатии миллатро дар ин сармо ва бебаркй хифз кунанд, зеро он сарвати бебахост.

Аммо субхи имруз, 21 феврали соли 2008, дар пешоруи мулокоти президент Рахмон бо мухочирони точик дар Маскав ва бо андешаи он ки чаноби олй то кучо аз киссахои пурдарди мухочирони точики Русия андухгин хохад шуд ва чи стротежии рахоии онхоро аз чунин авзоъ ба кор хохад гирифт, истгохамро аз даст додам ва дар истгохи галате аз трамвай поин шудаму худ ба худ гуфтам, наход рахбари миллат маро рахгум занонад, хол он ки у рахбару рахнамост…

Сомонаи интернетй ё торнамояшро боз кардам ва ин суханони уро хондам: “Вахдат барои мо як вожа ё калимаи оддй нест, балки номаи такдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба суи  ояндаи ободу осуда ва мухимтар аз хама, кафили сарчамъивву хушбахтии имрузу ояндаи халкамон аст.”

Ба ёдам мулокотхои дигар омад. Дидори президентхои Арманистону Озарбойчон бо диаспорахои миллияшон дар Маскав бо ширкати президенти Русия, Владимир Путин чараён ёфта буд. Хузури Путин сабаб гашта буд, ки на танхо матбуъоти Русия, балки расонахои хамагонии чахон аз ин анчуманхо хабару макола нашр кунанд ва таваччухро ба вазъи мухочирони озару арман дар Русия бикашонанд. Оё Рахмон метавониста бошад, Путинро ба ин мулокот биёварад, фикр мекардам, дар холе ки кариб буд, боз истгохи трамвайи худро гум кунам.

Путин мухим аст, зеро ширкати у дар мулокоти президенти Точикистон бо точикони Русия як кадаме ба бехтар кардани вазъи мухочирони мо дар Русия хохад шуд. Обруи точикон хам хохад буд, ки президент Путин дар нишасти онхо ширкат кардааст… 

Ман шояд хоб медидам ва ё аташи вахдати миллй ва орзуи эътимодварзй ба Рахмон маро дигарбора саргич карда буд, ки интизорихои галате доштам ва вакте хакикати холро фахмидам, тарбуз аз багалам афтиду кафид ва хунаш монанди хуни чавонони точик дар кучаву паскуча ва порку чангалхои Русия заминро аргувонй кард…

Президент Рахмон дар Маскав танхо бо онхое мулокот кард, ки бо дидани дастархони пурнозу неъмат ва толори дурахшони “Президент Отел” ва наздикии гарм бо кудрати олии кишвари худ хама чиро фаромуш карданд.

Даханхо воз ва оби онхо ба шоридан омад. Онхо билоахира барои чанд лахза худро одам хис карданд, на факат одам, балки одами наздик ба хукумат, одами бесохибу бекас на, балки сохибдору бокас. Онхо барои чанд лахза “Равшан” ва “Джамшут” будани худро фаромуш карданд ва низ катлу куштори хаммиллатони худ, фанду фиреби кордихандагони Русия, горату ягмогарй ва тахкиру тавхини милисаи ин кишвар, бе чурме дар кунчи зиндонхои Русия пусидани бародарони худ, хуллса хамаи бадбахтихои точик дар Русияро билкул аз ёд бурданд.

Онхо мачоле накарданд, аз чаноби президент бипурсанд, ки агар тибки конститутсияи Точикистон кафили хукуку озодихои мо бошй, бигу, дар ин холат моро чигуна метавонй химоят кунй? Чигуна хохй тавонист, обруи точиконро боло бардорй, то онхоро на танхо дар кучаву бозор, балки телевизиону газетахо тахкир накунанд? Ва сухан на аз сад ё дусад нафар, балки садхо хазорон нафар меравад. Як милён ва ё 1 500 000 нафар! Ин хам дар холе ки мо садхо милён дуллор ба ватан мефиристем ва халкеро, ки ту бояд хуронию пушонй, вале наметавонй, мо мехуронему мепўшонем. Ин хам дар холе ки ту гунахкори мухочирати мо хастй, зеро бароямон дар ватан чои коре мухайё накардй ва мо мачбурем сарсону саргардони олам шавем. Чаро касе ин мавзўъхоро дар миён нагузошт?

Маълум аст дигар. Рафтори гуломвор дар Русия, вакте ки хар писарбачаи дайдуи рус метавонад, ба акиби профессори точик лагад занад ва профессор хак надорад, хатто садо баланд кунад, касро тадричан ба гулом табдил медихад. Лек маро вахшат фаро мегирад, вакте мебинам, ки чисмангуломон ба вартаи нихоие мерасанд, ки рухангулом низ мешаванд. Рухангуломон касоне хастанд, ки бо вучуди гуломй аз худ ифтихор мекунанд, бо гуломии худ мефахранд.

“С ними все понятно. Джамшуд он и есть Джамшуд.” 

Вале “падари миллат” чи кард? Оё вай аз он чизе ки медид, дардеро хис кард? Дилаш сих назад? Ба холи писаронаш монанди Рустам дар суги Сухроб фигон накашид, гиря накард? Напурсид, чи хол доред, фарзандонам? Чаро гариби мулки бегона ва дастнигари дари мардумонед? Котилони шумо кистанд ва аз кучо онхоро пайдо кунам ва аз кадом гиребон панча занам? Чи санге барои шумо ба сарам занам ва чи коре барои шумо аз чонам бикунам? На. Напурсид. Маъруза сар кард. Варсокй. Аз хамон шиорхои деринаи вахдату ягонагию ободй, ки худаш ба як харфи онхо бовар надорад.

Ба назди мусофиракон аз ватан касе биёяд, пеш аз хама вазъи ватанро мегуяд. Ахволи мардумро. Вале вай чизе нагуфт. Шояд шарм дошт, бигуяд, ки мардуми худро ба чи холе афкандааст. Барк нест, газ нест, об нест, нон кимат. Падару модари пир ва занони бо шавхарони зинда бевамонда, навзодони аз бебаркй мурдаи ин мардикоронро ёд накард. Шояд нахост, дили бе ин хам гамбори онхоро гамгинтар кунад.

Вале инхо хама хадсу тахмин, зеро вай зохиран хеле шод буд ва ахволи мардуми кишвар шояд ба гушаи хотираш хам намеомад. Шод буд ва баланд механдид. Подшохи кишвари мотамзада. Агар хабари катлхои ахири точикон тоза намебуд, хоса катлхои гусфандвор ва сагвори точикон дар Маскав, пойтахти Русия, вай шояд аз хурсандй, аз дидани неруи фаровони барки “Президент Отел” ва эхсоси гармии рохатфизо, ки дар кишвараш тухми анко шудааст, ба ракс медаромад ва чорта чавонияшро ба ёд меовард. Вай одат дорад, дар руи хун бираксад.

Аммо рафтори вай суоли дигареро пеш овард: Чаро касе, ки “вахдат”-ро на вожаи оддй, балки кафили сарчамъй, рушд ва хушбахтии миллат медонад,  мухочирони точик дар Русияро ба “худихо” ва “бегонахо” чудо кард? Шахсан ман аз президенти кишвар чунин рафторро интизор надоштам ва холо ин сатрхоро менависаму боварам намешавад, ки вай тавонистааст, хамрохи як гурух аз хамдехагону хамвилоятхо ва чанде аз резахурони дастархони Сафорати Кулоб дар Маскав зиёфат хурад, дар холе ки бахши дигар аз сарварони созмонхои мухочирони точик танхо барои он ки хукуматашро дар беэътиной ба вазъи мардикорон айбдор мекунанд, ба ин мулокот даъват нашуданд.

Президенти Точикистон, Раиси Форуми Точикони Чахон ва даъвогари унвони “Падари миллат” кам нест, ки дар Точикистон одамонро ба кабилаву навъу сортхо чудо мекунад ва танхо намояндагони “элу ирк”-и худро вазиру сафиру раис мекунад, дар Русия низ бояд айни сиёсаташро давом дихад? Оё ин тафрикаангезй нест? Мухочирони точик бе ин хам худро дар Русия одамони навъи дувум хис мекунанд. Рахбари точикон меояд ва як бахши онхоро боз ба зернавъи дуи навъи дувум хукм мекунад.

Ба мулокот бо рахбари кишвари худ онхое даъват нашуданд, ки хануз солхо пеш то андозае ки метавонистанд, мардуми худро сохибй мекарданд. Инхо буданд, ки аввалин шуда, монанди Бўрй Карим аз музди худ як микдор пасандоз мекарданд, то ба дармондагони точик дар мулки бегона кумак кунанд. Рузгороне ки инхо монанди Сайиди Назар барои аввалин фирорихои точик дар Маскав хона мечустанд, онхо точиконро аз манзилхояшон меронданд ва хонахоро месузонданд. Вакте инхо мисли Хуршедаи Даврондухт осори адибони точикро дар Маскав ба русй тарчима ва нашр мекарданд, онхо китоби шоирони точикро дар майдони Озодй оташ мезаданд. Замоне ки инхо, монанди Юлия Хижняк намоиши осори хунару фарханги точикро дар Маскав ташкил мекарданд, онхо дастхатхои кадимй ва бозёфтхои бостониро ба хоричиён мефурухтанд. Инхо буданд, ки мисли Додочони Атовулло шуморахои пасихами “Чароги руз”-ро ба сулху вахдат мебахшиданд ва аз сарони оппозисюн боисрор такозои оштй бо хукуматро мекарданд, вале онхо дар нашрияхои ватан ба номи якояки афроди оппозисюн сиёхномахои хадамоти амниятро мунташир месохтанд. Инхо буданд, ки монанди Каромати Шариф аввалин шуда, хар як хамла ба точиконро дар Русия руихат мекарданд, то манзараи умумиро ошкор кунанд ва бонги изтироб зананд ва бо факту далел макомоти Русияро мачбур ба дарки масъала созанд ва ин Каромат буд, ки дар пайи точики бенишоншуда шуъба ба шуъбаи милиса ё мурдахона ба мурдахона мегашт.

Инхоро даъват накарданд, зеро ба назари онхо касоне, ки хукуматро танкид мекунанд, хатову иштибохи мансабдоронро нишон медиханд ва хифзи гуруру эътибори точикон дар Русияро талаб менамоянд, душман мебошанд. Магар бехтар набуд, одамони дорои акидахои гуногунро чамъ овард ва аз иттилоъ ва андешаву афкори онхо истифода кард, то як корпояи фаъолиятхои муштараки ояндаро омода сохт? Оё бехтар набуд, агар дар байни созмонхои гуногуни мухочирон хамдигарнофахмй чой дорад, рахбари аъзам онхоро сари як миз биёрад ва вахдатро ба онхо ёд бидихад?

Джамшудхоро чамъ оварданд, вале одамони дилсуз ва захматкашро на.

Онхо буданд, ки мисли Хокими Мухаббат, аз пули нони оилахои худ буридаву часпонда, ба гушахои дурдасти Русия сафар мекарданд, то аз холи зори хамватанони худ хабар гиранд. Аз пули кисаи худ, на аз хазинаи миллати Точикистон, онгуна ки чаноби Рахмон ва хамрикобонаш сайру саёхат мекунад ва хайру зиёфат. Мард буданд, онхо агар ин зиёфат ба хамшахриёни хешро аз чайби худ мекарданд, на аз хисоби давлати Точикистон, ки шарм накарда, дасти гадой ба чахоргушаи олам дароз кардааст. 

Онхо буданд, ки солхо пеш, вакте дар Музейи Осори Шарки Маскав номи “Сомониён”-ро ба забон меоварданд, ин хукуматдорон он вакт ба бомбаборони Гарм машгул буданд. Вакте инхо Созмони хукуки башари Осиёи Марказиро дар Маскав таъсис медоданд, мулокотороёни имруза он вакт дар кучахои Душанбе бадахшонихоро сар мезаданд. Замоне ки инхо барои гурезахои точик чои кор меёфтанд, онхо мардуми мутахассисро ронда, хатто дарвозабонии хочатхонахоро ба хамдехагони худ медоданд. Айёме ки точикони Маскав барои кудакони мухочир мактаб ташкил медоданд, аз шарри голибони чанги ватан хазорон кудак дар хиёбонхо ва дур аз китобу калам ба сар мебурданд. Ин гуна тазодхоро тулонй мешавад ин чо овард, аммо онхо хоханд гуфт, ёди гузаштаро ангехтан даъват ба чанг аст.

Вале фикр намекунад, ин чанобон бо хамин тафрикаангезихо чангро идома медиханд? Хануз хам, мо точикон дар чашми ин чанобон ба ду кисмем: Точикони хуб ва точикони бад. Ширкаткунандагони мулокоти Маскавро хамон гунае интихоб карданд, ки солхо боз мехмонони Форуми Точикони Чахонро интихоб мекунанд. Точики барои онхо хуб даъват мешавад, точики барои онхо бад, даъват намешавад. Гуё инхостанд, ки хакки точик будану точик набудани моро низ чузви салохияту вазифаи худ карор додаанд. Ёд доред, Рахмон рахбари тарафи дигари сулху вахдатро, ки ба хотири сулхи точикон аз хама чизи худ гузашт, устоди равоншод Сайид Абдуллохи Нуриро ба чашни сулху вахдат даъват намекард? Магар хакки маънавие ба ин дошт? Ин раванд хамоно давом дорад ва магар ин нест идомаи чанги шахрвандй ва хокимияти тафаккури чанганда???

Дар зохир — сулх, дар ботин — чанг. Боз хохиш мекунад, ки инкилоб нашавад.

Пас ин инкилобро магар пинхонкорон омода мекунанд ва ё худи чаноби Рахмон ва атрофиёнаш? Хуб, агар Рахмон президенти факат як бахши муайяни ахолии Точикистон бошад, бахши дигари ахолй бояд президенти худро чустучу кунад. Агар вай рахбари танхо точикони “хуб” аст, пас бояд точикони барояш “бад” касеро президент кунанд, ки онхоро ва хамаи миллати точикро ба як чашм бубинад ва хама барояш “хуб” бошанд, бидуни хеч истисно. Чи дар ватан ва чи берун аз он. Чи дар раёсат ва чи дар сафорат ва чи дар вазорат! Агар ин шахс дар ивази некии мардуми хеш хамин гуна тангназар бокй монданй хаст, бояд барояш дар як гушаи Точикистон маконе сохт ва хамаи точикони барояш “хуб”-ро низ ба он макон бурд ва бигзор хар кадар ки мехохад бо онхо бираксад, аммо ин миллатро осуда гузорад, аз тафаккури чангиёна рахояш кунад, то мардум худ рохи нур, озодй ва ободиро дарёбад.

Дар хамин мулокот чаноби Рахмон гуфт: “Ман ба хамаи хамватанони бурунмарзй мурочиат карда, мехохам як нуктаро таъкид намоям, ки хар яки шумо хамчун оинаи миллат дар хоричи кишвар халки худро бо сатхи фархангу маърифат ва рафтору одобатон муаррифй мекунед.” Дар бораи сарфу нахви забони ин порча чизе намегуем, магар ин ки боз як тахкир ба унвони забони модарии мост, аммо агар хар яки мо оинаи миллат дар хоричи кишвар бошем, чанобашон оинаи тира, зангзада ва вахшатангезанд. Ин оина моро дар Русия боз хам бадтар нишон дод, афсус…

About these ads

27 Responses

  1. Нафрин бар ӯ. Марг бар ӯ.

    То чӣ андоза дили одам бояд дардман бошад то чунин ҳарфҳои пур аз дардро руи коғаз бирезад.

    Аммо навиштани ибораи ҳарфи Сафорати Кӯлоб ба фикрам хуб набуд. Иштибоҳ мекнуем агар ҳамаи Кӯлобро гунаҳгори ин ҳама бадбахтиҳо имрӯз бигуем. Кулобиҳои бечора ҳам хонаҳои на гармтар аз ману дигарҳо, шиками на сертар аз мо,тани а пӯшидатар аз мо доранд. Мардуми оддӣ аз ҳар ҷое набошад қурбони худхоҳии чанд сифлае гаштааст. Ва он сифлагон қартаи маҳалро танҳо ба хотири манофеъи шахсии инфиродиву оилавии хеш ба кор меандозанд, набояд мо ҳам фирефтаи ин бозии онҳо бигардем ва мардумамонро ба Тоҷикистону кӯлоб ҷудо бикунем.

    Мутаассифона, ҳеҷ замонате нест, ки агар ҷои Раҳмон нафари дигаре аз Хуҷанд, Хоруғ, Ишкошим, Фархор, Ашт, Масчо, Айнӣ, Ҳисор ё ҷои дигар мебуд, ин корро такрор намекард.

  2. Барои иштибоҳҳои имлоӣ пӯзиш мехоҳам

  3. Tojvari mutabar,

    Az shumo hoish mekunam toki bajon taksim kardan ja’m kardanro az hud bikuned. Maksad in sahifa na ba parchaho taksim kardani mamlakati gul gul shukufonamon balki barodari, dusti va vahdati milliro boz qavitar namudan meboshad, baroi hamun vakteki makolahoyatonro menavised ba in husus etibor bikuned. Dar hama jo doimo shahsoni belayoqad budan va hohad mond ammo in ba on mano nameoyad ki hamai on shahsoneki dar onjoho mezistand belayoqad hastand. Yo inki dar yak mahalla yak kase kori ahmaki kardaast, mo hamai sokinonni on mahallaro ahmak nombar kardanamon beadolati ast.

    Hulosa on ast ki ba fikri mo, in sahifa shuuri milliro boyad bedor bikunad, toki yagon kori foidanok baroi hamvatanonamon bikunem. Na onki az pasi taksimoti vatan shavem. Hamai gushai kanori mamlakatamon in Vatani hamai mo meboshad. Hamai shahrvandonamon in Vamvatanonamon meboshand. Mo millat hastem, na kabilai chingakchuk…

    Bo salomi nek,
    Diplomat

  4. Follower – и азиз.

    Манзури ман аз ибораи “Сафорати Кулоб” бадгуй дар хакки мардуми шарифи Кулоб нест, балки рафтори онхоест, ки сафоратхои Точикистонро ба сафорати махал ; дехаи худ табдил медиханд. Ташкили мулокоти Маскав кори хамин гуна як сафорат буд. Онхое ки дар хорича зиндагй мекунанд, нагз медонад, ки як бахши шахрвандони мо дари ин сафоратро бо пояшон боз мекунанд, аммо бахши дигар тарсону харосон, зеро худро дар он чо бегона ва бесохиб хис менамоянд.

    Ин ишора ба он маънист, ки сафоратхои кишвари мо бояд Сафорати Чумхурии Точикистон бошанд, на муассисаи шахсии сафирон ва намояндагии махалхои алохида.

    Сарбаланд бошем.
    Точвар

  5. Davom….

    Mo boyad na tanqidi hom bikume bar ziddi mamuriyati davlati, balki ba hatohoi onho rohhoi navini hali onro ba miyon orem, toki kishvaramon inkishof yobad.

    Bale shiorho ba gush hush meoyad, ammo shikami odam ser namekunad. Mo az pasi amali gardonidani on shiorhoi hush omez shudanamon lozim ast. Mardum kor mehohad, na shior.

    To boz did,
    Diplomat

  6. Diplomati aziz,

    Шояд ман дар эхсосот зиёдаравй кардаам. Аз хамаи онхое, ки шояд озурда шаванд, узр мехохам, вале хакикатро онгуна баён мекунам, ки мебинам. Ва агар аз эроди шумо ба андеша афтам ва фикрам дигар шавад, сипосгузор хохам буд. Хадаф аз табодулаи афкор хамин аст.

    Аммо чаро ингуна навиштам ва на тарзи дигар? Ба ду сабаб:

    1. Президент Рахмон бояд лидери хамаи мардуми кишвар бошад. Афроди дигари мансабдор метавонанд, тарзи дигар амал кунанд, манзур сафирон ё вазирон, лекин вай Сарвари Миллат ва Давлат аст ва набояд, мардумро ба хубу бад, худию бегона, итоаткору мустакил ва гайраву хоказо таксим кунад. На аз руи конун ва на аз руи виждон ба ин хак надорад.

    2. Агар Рахмон дар хар кишвари дигаре ин корро мекард, дардеву аламе дар миён набуд. Вале дар Русия, ки точикон ин кадар хору залиланд ва такрибан хар руз як точик кушта мешавад, мебоист, нозукй ва диккати бештар нишон медод, то бахшеро аз худ розиву хурсанд ва бахши дигарро гамгину бепанох бикунад.

    Мо хешу наздикони дар чанги Точикистон кушташударо ба хотири хифзи вахдат, исткилолият ва сулху оромии кишвар бахшидем. Вале агар хешу наздикони мо бо сабаби дар ватан кор пайдо накардан мачбур ба мухочират шуданду аз дасти нокасон дар Русия кушта шуданд, низ бояд бубахшем? Шояд мебахшидем, агар рахбари мо дарди моро дарк мекард ва дар ин мулокот маърузаи расмй намехонду одамвор аз дарди дили мардикорон мепурсид ва маслихат мекард, ки барои хфизи онхо чи кор кунад.

    Сарбаланд бошем.
    Точвар

  7. Follower- и арчманд,

    Бозу боз навиштаи шуморо хондам ва бозу боз фикр кардам, то худро розй ба ин кунам, ки дорам иштибох меравам, аммо нашуд.

    Намедонам. Шумо бо чанде аз сафоратхои Точикистон дар хорича сарикордор шудаед, аммо ман дар бисёре аз онхо будаам. Бо дидани парчами миллй дилам гум задааст, вале баъд аз мулокот ва муносибати сарди кормандони ин сафоратхо аз мачбури дари онхо буданам, гиряам омадааст.

    Як душмани сарсахти режими охундхои Эрон вакте ба сафорати кишвараш меравад, бо у муносибати инсонй мешавад ва мушкилашро бе ягон талху пичинг ба ичро мерасонанд. Вале дар сафоратхои мо ингуна нест. Фикp мекунед, на ба порчае аз ватани худ дар кишвари бегона ворид шудаед, балки ба хонаи шахсии каси дигар ва он хам вакте у дар сари дастархон асту хушаш намеояд, мехмони нохондаеро бубинад.

    Чи тур онхо сафорати як деха ё махал набошанд, ки аксаран хатто богбону фаррошу ронандаи мошини онхо хамдехагони сафиронанд?

    Харчанд худамро мачбур кунам хам, наметавонам, онхоро сафоратхонахои Точикистон хисоб кунам. Онхо маро бегона мешуморанд ва ман хам мачбурам бегона бошам.

    Шояд рузе ин хол иваз шавад.
    Ба умеди он руз.
    Точвар

  8. Мавзуи хуб, вале бахси на он кадар созанда. Чаро?
    Зеро зохиран мавзуи махал аз мохияти аслии масъала дида бартари пайдо кардааст. Шояд канорачуи аз чунин оханг гирифтани масъала, хамчун хакикати талх, ногузир хам хаст… Вале…
    Таври маълум, руз аз руз таваччухи чавонони хушёри мо ба ин сахифа зиёд мегардад. Бардошти хар кадоме дар робита ба ин кабил мавзухо гуногун хохад буд. Ва метарсам, ки бархе умки мавзуро дарк накарда, рахгум мезананд…
    Аз чониби дигар, мутаасифона, хастанд инсонхое, ки хатман ин хамаро аз гаразе беш намепиндоранд.
    Мавриди зикр аст, ки як нуктаи мухими дигареро иброз дорем. Имруз дар Точикистон чанги ду рузнома (баъзан зиёда аз ин) – “Миллат”-у “Фараж” фазои миллии моро тира кардааст. Таърифи устод Бозор дар “Фараж”-у, аз устод Лоик дар “Миллат” тухми анкоро мемонад. (Ичозат дихед, ки дурушти кунам) Аблахи ба дарачаи оли расидааст…
    Аз ин хотир метарсам, ки махсусан мукобили Андеша низ сахифаеро боз хоханд кард. Яъне имруз Точвар гуяд, ки девор сафед, пагох хоханд гуфт, ки на, сиёх аст.
    Хулоса, насли Шумо бо ин бемори натавонист мубориза барад. Акнун чорае андешед, ки акалан мо чавонхоро низ ба он мубтало насозед. Илтимос!!!

  9. Далери азиз.

    Ташаккур барои суханони далерона!

    Ман хама гуна иттихомро мепазирам, ба гайр аз махалгарой. Ман хатто тобу токати махалдустиро хам надорам, онуган ки дар ин авохир, бархе мехоханд, махалгароии худро зери шиори махалдустй пинхон кунанд.

    Точикистон он кадар пахновар нест, ки ман як гушаашро дуст дораму дигарашро на. Аз суи дигар дар рагу решаи хонаводаи мо Ромит, Гарм, Файзобод, Кулоб, Хучанд, Масчо ва Шахрисабз ба хам омехтаанд. Ман худамро мутмаъинан ба ин ё он махал нисбат дода наметавонам, шояд алами ман хам дар хамин аст.

    Аммо барои он ки махалгароиро аз байн барем, бояд харфи дили худро ошкоро бигуем. Ва даъвати ман аз хамагон хамин аст. Танхо он гох метавон, ба хулосае омад.

    Далеру сарбаланд бошем.
    Точвар

  10. Мантикан хари дехаи худро аз аспи дехаи хамсоя бехтару зеботар шуморидан нишонаи аблахист. Аммо мутаассифоа, аксари мардуми мо хамин гуна аблаханд. Биеед, дустон, як бор ифтихор аз миллати “бузургирку ориенажодамон”-ро як су бигзорем ва икрор шавем, ки аксари мардуми ТОЧИК АБЛАХанд.

    Ин чо на Кулобу Дангараву Мастчоху Ашту Хисору Хучанд гунахгоранд. Ин чо мардум гунахгоранд, хама баробар, чи кулобиву чи хучандиву чи мастчохиву чи кофарнихони.

    Хаштод дар сади ин мардум, агар на бештар, он гунаанд, ки агар ду нафарашон чое чамъ оянд худро ба шахрхои мавлудашон таксим мекунанд, агар аз як шахр бошанд худро ба дехот таксим мекунанд, агар аз як деха бошанд гузархояшонро таксим мекунанд, агар аз як ОИЛА бошанд, хамоно хам рашку бухлу хасад дар дил нисбат ба якдигар мепарваранд.

    Мо чаноби Рахмон ва хукумати уро гунахгор медонем. Аммо биеед бубинем, ки ое танхо ин хукумат хаст, ки чунин аст? Ое дар хамин гирду атрофамон хамаи ин разолатро мушохида намекунем? Дар Русия ду аробакаши точик агар аз шахрхои гуногун бошанд агар пайт ебанд дар к…-и якдигар занчабил мезананд.

    Ман хеле хеле хеле Точикистонро дуст медорам. Маъзарат мехохам барои ин харфхо, аммо мо бояд икрор шавем, ки мо МУШКИЛ дорем. Барои халли мушкил – сараввал вучуди онро бояд эътироф намуд, хамин гуна нест?

    Хушбахтона, хушбахтона боре хам руи ниез ба сафоратхои ТЧК наовардаам, ва бовар кунед, дар хамин Точикистон низ агар боре корам ба ниходе бияфтад, дилам дар харос меафтаду хобам намебарад ки чи гуна корамро буд кунам.

  11. Точвари мухтарам, ман мушаххасан касеро ба махалгарои муттахам намекунам. Зеро худи чунин хукм метавонад худи маро инкор кунад. Умуман андешаам ин аст, ки бо “харфи дили худро ошкоро гуфтан” мо ин чараёнро вусъат медихем, хамчунон, ки рузномахои номбаршуда зери чунин шиор ба масъалахои махал пардохта, дар натича рахгум задаанд.
    Албатта, Шумо инчо истисноед, зеро дар мачмуъ, аз навиштахоятон бармеояд, ки некният хастед. Вале рафшан карда гуям, вакте махалгароиро умкан (гаштаву баргашта) махкум мекунем, пас моро дигар хел кабул кардани мешаванд.

  12. Dustoni aziz,

    dar barobari ablahi, khalki Tojik (80 %) bos yak khislati pasti digar dorad; in lagandbardori. Agar yak ablahe ba kursi nishinad as u khudo mesozand, hol on ki u pistai bemaghse besh nest va mur guyad memurandu khes guyad mekhesand. As in sarkhami on Ablahon istifoda mekunand, bos ablahtar meshavand, khudo nakunadu shakhse paydo shavad va guyad, ki tu nohaki uro ba dor mekashand.

    In khislat ba mardumi Tojdor munosib nest, in khislat khislati ghulomon ast. Badbakhti dar on ast, ki mo hissiyoti ozodi nadorem, fikr mekunem, ki agar sarvaroni mo naboshand moro gurg mekhurda boshad.

    Be darki ozodii botini mo ba yagon maksad namerasem.

    M.

  13. Манучехри арчманд,

    Комилан дуруст менависй, ки мо хисси озодй ва озодихохй надорем ва ё ин эхсос дар ботини мо бисёр сусут заъиф шудааст. Сабаб дар он аст, ки аксарияти мо мухточем ва бузургони мо гуфтаанд:

    Шерро хам мекунад рубахмизоч
    Эхтиёчу эхтиёчу эхтиёч.

    Озодй замоне ру мезанад, ки мо мухточ набошем. Бархе аз ширкатдорони он чаласаро мешавад фахмид, ки мухточанд ва умед доранд, ки мумкин аст, лаганбардорй барояшон дари макому мансаберо мекушояд ва зиндагияшонро таъмин мекунад.

    Аммо он чо касоне хам буданд, ки ба хеч гуна тамаллук эътиёч надоранд ва метавонистанд, рухи озоди миллатро нишон диханд.

    Вале аз хама асосй рахбар агар дилсуз бошад, мардуми худро ба озодиву озодагй одат медихад. Зеро хамин мухточй метавонад, мардумонашро зери дасти бегонагон барад ва бар зидди худи у бишуронад.

    Лаганбардору тамаллукгаронро агар бинед, касе ки зуртар бошад, ба хамон кас таъзим мекунанд, аз дасти касе нони бештар бихуранд, ба он даст буса мезананд.

    Орзуи ман ин аст, ки чаноби президент ин хакикатхои содаро дарк кунад ва аз худаш меросе нагузорад, ки боиси бадномии у дар торих гардад.

    Мехохам рахбари сарбаланд моро сарбаланд гардонад, на сарпаст.

    Ба умеди он руз.
    Точвар

  14. Дар мавриди махал комилан Точвар хакбачониб аст ва нашояд суханони уро дар канори чанги махаллии Фаражу Милат бигзоред, ки ба он замоне пардохта будам. Дар он чанг тарафхо бо киноя махалхои якдигарро мекубанду махалли худро матрах мекунанд. Вале Точвар сухбат аз мушкиле мекунад, ки халли он хаётист. Шумо чи гуна мехохед як мушкилро, бидуни ин ки номашро ба забон биёред, хал кунед? Бобои азиз, давлати мо махалгарост ва дар ин шакке нест. Ва аслан кай набуд? Давлатхои пешини мо хам махалгаро буданд. Пас чаро норохату нигарон бишавем аз ин ки як фарди фарзона чизхоро бо номи дакикашон ба забон меорад?

    Рисолати мо ин аст, ки махалгароиро табдил ба гунохи кабира бикунем ва махалгароёнро дар курсии шармсорй бинишонем, ба диди тангу шуъури махдудтари онхо бихандем, ба ришхандашон бикашем, заъфи онхоро нихояти сарафкандагй бидонем, аз он бихаросему вахшат кунем, гу ин ки одам куштаанд. Чун махалгарои дуоташа кодир аст дар айни зарурат одам хам бикушад. Пас аз ин мараз бояд як лулии тарснок ва як далкаки кобили тараххум дар зехнхо мучассам кунем ва бо он берахмона, то ба марги комил ва нихоиаш пайкор кунем.

    Сипос аз Точвар, ки дар суханони у буе аз ишки манфури худхохона ба кишлок намеояд. Зехни у густардатар аз ин харфхост ва дар саросари навиштахои у ишки азизу дустдоштанй ба механ мавч мезанад.

  15. Пузиш аз лакнати матн:
    Дар мавриди махал комилан Точвар хакбачониб аст ва нашояд суханони уро дар канори чанги махаллии Фаражу Миллат бигзоред, ки ба он замоне пардохта будам.

    Хуруфро куракй ва палмосида чидам ва мумкин аст аз ин иштибоххо бештар дошта бошад. Бо бузургворй бибахшед.

  16. Аммо беш аз 80 дар сади ин “миллат” хамин гуна аблаханду махалгарову лаганбардору гуломмизоч….Пас ое метавон афкори хамаи онхоро дигаргун кард?

    Бехтараш, кош Сарез сарозер бишаваду саросар хамаи ин Аблахистонро шуста бибарад….

    Маъзарат мехохам, агар харфхои сари эхсосот гуфташудаи ман боиси норохатии шумо шуда бошад, аммо якин ин аст, ки намешавад дунеро бо харф дигаргун сохт, намешавад мардумро бо харф дигаргун сохт…

    Ман акнун мефахмам Сталинро…

  17. Follower – и фарзона,

    Фикр мекунй, дар айни авчи понтуркизми ибтидои садаи 20 мардум буд, ки миллатро аз марги якин начот дод?

    Авом буд, ки талош карду андешаи ташкили чумхурии точиконро аз дахони ду аждар, яке аждари понтуркизм ва дигаре аждари болшевизм, берун кашид? На. Авом мисли имруз бо хам барои як лукма нон дар кашокаш буд, мисли имруз тамаллуку худфурушй мекард, вале афроди алохида дар зери хатари марг, чони хешро ба гарав гузоштаву то охир тапиданд ва нихоят кушта хам шуданд, аммо натича ин аст, ки мо холо Точикистон дорем.

    Дар хотирахои номбардорони он давра омадааст, ки харгиз кишвар чунин хукумати вохид, мутаффик, якпорчаву якдаст, дилсузу кавие надошт, харчанд аз намояндагони хамаи махаллу минтакахои точикнишини Осиёи Марказй буд. Он хукумати точикон команда ва ё тими хамандешон ва хамбастагону хамкорон буд.

    Оё андешаи миллиро дар давоми солхои истибдоди идеолужики шуравй ва русгардонии саросарй авом хифз кард ва ба даврони мо расонд? Боз хам на, хосон, ягонагон ва фарзонагон ин корро карданд. Бо навиштаи торихномахо, ашъори сузманди миллатдустона, сохтани театри миллй ва синамои даъватгар ва хатто диссидентии миллй.

    Пас мо набояд аз авом корномаеро интизор бошем. Зеро худ шохид будй, чанге хам ки дар ватани азизи мо сар зад, авом огоз накардааст, балки афроди муайян, хосон шурўъ карданд.

    Вазъи сиёсй ва хатто гохе торихи ояндаи як миллат ё як кишварро исбот шудааст, ки 10 то 15 дарсади он чамъият ё бунёд мекунад ё хароб.

    Заъфи авомро бояд бахшид, вале заъфи хосонро на. Рахмон хамин гуна заъф нишон медихад. Хар кадамаш заъф аст ва барои ояндаи миллати мо хатарнок.

    Ман ба зодгохи Рахмон харфе надорам, вале ба кору кирдори у харф дорам, зеро ин кирдор ба ояндаи фарзанди ман низ асар хохад гузошт. Ба хама бояд аз ин дидгох бахо дод. Мухим нест ё чи шахсест, аз кучост, хамсараш кисту фарзандаш кист. Мухим ин аст, ки чи мекунад.

    Сарбаланд бошем.
    Точвар

  18. Follower-и гиромй,

    Медонам манзурат чист. Шояд эхсосот он манзурро бо шуру шарр андаке даромехта, вале максуди ту максуди хамаи фарзонагон аст. Хамеша ононе, ки таври дигар фикр мекарданд, аз авом гиламанд будаанд ва хак доштанд. Чун авом харгиз ба таври дастачамъй якбора равшан намешавад. Яъне торих ба ёд надорад. Аз ин чост, ки яке аз мазомини “авом” мутазодди “пешрафтгароист”. Бори маъноии ин вожа дар хамаи забонхо голибан манфист. Хама талош мекунанд чузъи “хавос” ё нухбагон бошанд, хос бошанд. Русхо хатто истилохи нописандтеро хам ба авом нисбат медиханд: “чернь”, сиёхилашкар. Дар баробари он “равшанойи”-ро карор медиханд: равшанфикр. Тамоми паёмбарон аз шахру диёри худ ронда буданд, аз Зартушт гирифта то Мухаммад ва хатто баъд аз Мухаммад. Ва тамоми онхо тавонистанд яктана шеваи зиндагй ва афкори милюнхо танро ба дилхохи худашон тагйир диханд.

    Аммо хадиси Точикистон андаке мутафовит аст. Ба ин холат ба забони тозй “кахт-ур-ричол” мегуянд. Мехохам харферо, ки моххо пеш гуфта будам, бозгуям, ки мо равшанойиро гум кардаем ва дар кишвар касеро намебинам, ки ба маънии дакики вожа равшанфикр бошад. Ба бовари худи ман, вопасин равшанфикри ростини мо Имомназари Холназар буд, ки хатто барои як он рисолаташро фаромуш накард, бо виждонаш муъомила накард ва бедарег барои атрофиёнаш тобид. Агар бистарй набуд, мутмаиннан авоми зиёдеро ба суи равшанойи хидоят мекард. На бо мушту лагад, на бо дасти зури истолинй, балки бо кудрати мантик ва сухан. Шуданист.

    Пируз бошй,
    Дориюш

  19. Дориюши гироми,

    Ман шуморо мешиносам, иншоаллох ки дар шинохти шахсияти шумо иштибох накардаам ва барои ман намунаи равшанфикр шумо хастед. Ман метавонам бо мисолхои мушаххас бинависам ки аз кучо хислатхои накуи гиромии инсониро дар шумо мебинам.

    Аммо дар мавриди тағйири афкори ин мардум шумо иштибох мекнуед. Ин мардумро, ки аз гадояш то ба шохаш хама заррае гарди инсони дар тан надоранд, агар ба гушашон панду ахлок бихонед, ахмакат медонанд.

    Вакте ки шоиру нависандаву рузноманигору олиму муаллими ин мардум хама фасодзадаву гуттавар ба фиску фучуранд, вакте нафси хайвонияшон ба акли инсонияшон хамеша пируз аст, чи гуна метавон оммаи онро ба рохе бурд?

    Ба наздики дар интернет хонда будам, ки бино бар натоичи як пажухиши олимони Бритониё мардум хислати мисли гусфандро дорост. Аз паси хар бузу харе ин мардум меравад ва барояш фарк надорад ки он буз е гов онхоро суи чох мебарад е суи коh.

  20. Follower-и арчманд,

    Бо илтифот моро шарманда накун. Умедворам рузе рузгоре сазовори унвони равшанфикрй бишавам, ки холо нестам, факат чуёи онам.

    Бо ин ном намешиносамат, вале аз суханонат буи ошнойи меояд. Ва медонам мисли хамаи мо то хадде афсурдайи. Ва инро хам медонам, ки шуълаи умеде калбатро фурузон нигах доштааст, вагарна ба ин сарои андеша сар намезадй. Пас бояд коре кард, ки он шуъла хамчунон фурузон бимонад.

    Дар чахон иттифокоте меуфтад, ки моро водор мекунад ба муяссар будани хар коре имон биоварем. Хама чиз шуданист. Ширинкорони сирк ба гуши хамон хар хам чизхое фаротар аз азон мехонанду ёд медиханд, ки мояи шигифтии бинандагон мешавад. Аммо бовари ман бар ин аст, ки мардуми мо ба куллй хануз ба он мархила нарасида. Тархи ин мавзуъ ба худии худ баёнгари он аст, ки мо хануз хамагй хар нашудаем.

    Рафтори гуспандй факат дар тудахои мо на, миёни хамаи тудахо хаст. Дируз мехостам аз худпардоз (банкомат) пул бикашам. Он хам дар пойтахти фохирае чун Ландан. Саффи дарозе дар баробари як мошин мунтазир буданд. Дар холе ки як худпардози дигар дар фосилае 50-сонтй карор дошт ва касе пушти он набуд. Хама ба ин фикр буданд, ки чун пушти он хилват аст, лобуд мошин кор намекунад. Рафтаму кортамро андохтам. Аз казо мошин кор кард ва саффи тулонй нисф шуд ва дигарон хам аз худпардози дуввум кор гирифтанду ба худашон хандиданд. Ин як намунаи содаи пайравии тудахо аз як тан аст.

    Барои мардуми мо хам бояд рохи он худпардозро нишон дод. Бояд мазиятхои зистан дар озодиро ошкор кард ва ба так-таки онхо гуфт. Аз хар рохе, ки дар ихтиёр дорем. Бояд аз фаросуи зехни махсурашон харф зад ва деворхои зехнашонро шикаст. Бояд дар аз пушти охур берунашон оварду дар сахро рахо кард ва зебоии гулу сабзаро барояшон таълим дод. Мушти истибдод мардумро ба хадде саркуб карда, ки зиндагй барояшон чизе чуз буи таппак намедихад. Маълум аст, ки ин навъ зиндагй одамро махдуду манкубу шикаста мекунад.

    Холо мехохам аз худат бишнавам, ки чи пешниходе дорй. Агар фикр мекунй дигар зехни инсоние намондааст, ки руи он кор кунем, рохи халос кучост?

  21. Dariush-и арчманд,

    Ba savoli shumo javobe mediham,

    ROHI HALOS DAR KUJOST?

    Dar VAHDAT + ITTIFOQ + YAK DILI = ROHI HALOS = TARAQIYOTI VATAN

    Bo ehtirom,
    Diplomat

  22. Бародарони азиз!

    Худованд ёру мехрубонатон бод, ки чунин порталро бахри баррасии миллатнигори бахшидаед. Кайхо интизори чунин мубохиса будам. Комёб бодед, Точвар!

    Оиди бахси фавкуззикр чизе илова кардан кори мухол аст, вале мехостам чанд нуктаро тазаккур намоям.

    Маколаи аз мост, ки бар мост, махз ба точикон бахшида шудааст ва то он даме, ки мардуми точик гусфандвор зиндаги ва гом мезанад, чизеро интизори кашидан нашояд. Чаро? Рост, ки мардуми якдили надорад, вале махз Diplomat барин шахсиятхо миллатро фурухтаанд. Оиди кадом якдили, иттифоки, вахдат сухан гуфтан мумкин аст, агар дар кишвар бухрони махалгароиву тундгароии дуняви фаввора мезанад. Мардум кайхо умеди худро аз авлоди Рахмон кандаанд ва медонанд, ки бахри кучактарин манфиат миллатро омода аст, хиёнат кунад. Ку, он савганд ба номи Худо ва шири сафеди модар, магар аз ин савгандшикани шарм медорад. Хайф бод, он шири модар барои чунин палидон, ки шири халоли модари хешро дар баробари кори харомона гузошт. Ё у набуд, ки дар вохурии Москва нагуфт: Аз хунуки ягон точик намурдааст ва он кори душманони миллат аст! Аблах ба вазири хеш нигар, ки дар хама чо чор мезанад, ки фулону фулон аз хунуки ва бебарки мурданд. Ку, салохият! Ба рости аз чунин давлатдори шармам меояд…..

  23. Ибни Синои гиромй.

    Агар шумо дар хакикат хеч умеде аз оянда нанмедоштед, ин чо нома намезадед ва дарди дили худро намегуфтед.

    Замоне ки мо дигар ба хама чизи атрофи худ бетафовут шавем ва парвои чизеву касе надошта бошем, маънй ин хохад буд, ки дигар умеде ба бехбуд нест.

    Лахзахое пеш бо илхом аз номаи шумо матлаби дигареро санад задам, ки хадаф аз он саросар сиёх надидани вокеъият аст. Хукумати имрузаи мо яксон аз бехирадон ва ришвахорон таркиб наёфтааст. Чанд тане дар ин хукумат низ хастанд, ки вазъияти кишварро бисёр хуб ва бо тамоми вахшаташ мефахманд ва то чое ки метавонанд, захмат мекашанд.

    Дарего, ки чунин афрод хеле каманд ва аз дасташон кам чиз меояд. Ба гуфтаи яке аз онхо низоми кор дар хукуматро конун коида на, балки суду манофеъ хал мекунанд. Дар дохили хукумат б оз як хукуматчае хаст, ки Рахмон зери фишори он аст. Аз уст, ки бар уст, ин хукуматча ва ин тартибу низомро худаш сохтааст ва шояд барояш писанд хам хаст.

    Дигар ин ки бояд мардум аз холо ба соли кахтй омода шавад ва инчунин ба интихобтхои оянда. Рузи интихобот мардум бояд ин бадбахтихои худро фаромуш накунанд, балки аз руи хамин вазъият ба мансабхохон бахо диханд.

    Ба умеди он руз.

  24. Diplomat,

    yak iboraat tabi maro xira namud. oidi on ki boyad ba hukumat xatogihoro biguftu rohi durustro nishondod, hamesha…
    Oxir manu tu boz chi kor kunem, hol on ki hamma roh nishondihivu xato islohkuni naf’e to hol naovardu naovard… yak solu du sol ne.. dahsolaho guftaistodaand, ham az darunu ham az berun.

    Oxir manu tu kuru befahm hastem, ki namebinemu namefahmem, ki ghizoi in hukumati palid hamon xatokorivu, rasvogarivu noadolatii doimist?!!!

    bo iborai kutoh, in hukumat ba mo yak tifli kuchaki navqadam shuda mondaast, ki hej buzurg shudan namexohadu. Uro yakumra az dastonash dosht tai-tai po-po gui guyo, ki vazifai yakumrai mo boshad.

    Man ziyod ba in toqat nadoram, bo lafzi rusho- gonyat ikh v sheyu nado, bas ast!!!

  25. Tojvar hamvatan,

    chi rohe hast, ki hayotamonro az ta’siri in chand nafaroni shum xalos kunem? Mekovamu javobi maa’qul nameyobam, roi xuninash bad, muhojiratash
    sangin… xudkushi harom, chi boyad kard?
    Naxod tu bovar doshta boshi, ki bo guftanu guftanu guftan in yakh obshavad?

  26. Манучеҳри азиз,

    Бузургони мо гуфтаанд, об ки қатра қатра мечакад, сангро шикоф мекунад.

    Аз гуфтану гуфтан ё он афроди шум ба виждон меоянд, ё фарзандонашон аз гиребонашон мегиранд ё халқ бармехезад ё Худо ба мо раҳм мекунад, аммо ҳатману ҳатман дигаргуние мешавад.

    Ин гуфтанҳо огоҳй ба ҳукуматдорон аст, ки дунё бесоҳиб нест ва ҳар кор саволу чавобе дорад.

    Ба он рўз хоҳем расид!
    Сарбаланд бош.

  27. Рохи хеч миллате якшаба тай нашудааст. Ман мутмаиннам, ки мо хануз хастем ва нафас дар кафаси сина хаст ва рамаке бокист. Пас набояд навмед шуд, азизон.

    Точвар корзори шарифе ба рох андохтааст. Аз хама сидкан хохиш мекунам, ки ба он бипайванданд ва бигуянд. Бигуянду бигуянд, то гуши фалак аз гуфтанамон пур шавад. Гуфтани мушкилот огози рох аст. Хар миллате аз хамин рох ва ба хамин шакл бедор шудааст. Миллати мо, ки кашанг зери ситам гунуда, як рузе бояд бедор шавад. Ин аз вокеъиятхои табиъии торих аст. Хобу бедорй, Боз хобу бедорй. Аммо бедорй бидуни сарусадо намешавад. Пас бояд гуфт. Тамоми мушкилотро руи об овард ва дар халлашон кушид. Сипос аз чахду талоши азизоне чун Точвар.

    Зимнан, Манучехр, сипос аз номае, ки ба торнамои Лужков фиристодй. Даст марезод.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

%d bloggers like this: