Президент чаро хомуш аст?
Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон дар хакикат аз байни мардуми худ берун омад, вале ба мобайни мардуми худ барнагашт. Вай дигар он шахсе нест, ки ба зону нишаст ва парчами миллии Точикистонро бусиду ба чашмонаш молид. Вай хеле тагйир кард ё уро хеле тагйир доданд?
Ин дигар он касе нест, ки дар вартаи пурхатари кишвар пой пеш гузошт ва гуфт, ман ин мулкро сохибй ва ин мардумро сарварй мекунам. Мардум низ ба у бовар кард ва уро начотбахш номид. Аз хамаи рахбарони дигар махз Эмомалй Рахмон (он замон Рахмонов) ба мардум наздиктар намудор мешуд ва дар хакикат дар он давраи асафбор наздиктарин каси одамон ба назар мерасид.
Акнун чанд накли кавл. Хамохангсози доимии умури СММ дар Точикистон, Майкл Чонс: “Ба Точикистон фалокати башарй тахдид мекунад ва кишвар ба танхой наметавонад, ин мушкилро паси сар кунад.”
Акмалиддин Ихсоноглу, Дабири кулли Созмони Конфаронси Исломй: “Мардуми Точикистон дучори садамаи бузурги ичтимой шудаанд ва ба мададу хамдардии созмони мо ва тамоми олами ислом мухточанд.”
Марк Данзон, мудири бахши урупоии Созмони Чахонии Бехдошт: “Бар асари бўхрони энержии Точикистон саломатии хазорон нафар зери хатар мондааст. Махсусан вазъи саломатии пиронсолон, кудакон, занони хомила нигаронкунанда аст ва бояд ба онхо кумак кард.”
Урмас Пайет, вазири умури хоричии Эстония: “Хабархои марбут ба вазъи мардум дар Точикистон моро нигарон кардааст. Дар чунин вазъият мо точиконро танхо намегузорем.”
Хамин гуна аз хар тараф садое ба гуш мерасад. Дар ин байн ягона садое, ки хазорон нафар интизори онанд, баланд намешавад. Ин садои президенти Точикистон, кафили хукуку амнияти мардуми кишвар аст. Чаро ў ба мардум мурочиат намекунад, ки аз хамаи сангинии вазъият хабар дорад ва хамаи талошхоро мекунад, то мушкили одамонро то чое ки мумкин аст, осонтар кунад. Шояд атрофиёнаш ба у иттилоъ намедиханд, ки дар кишвар чи мегузарад?
Наход рахбар танхо дар рузхои иду шодмонй миёни издихом биравад ва кудакони мардумро канор гирад? Магар рахбаре, ки дар чашну сур раксида метавонад, одат надорад, дар мусибат изхори хамдардй кунад? Магар рахбари миллат марги хар тифли навзодро набояд монанди марги фарзанди худ кабул намояд? Пас, кист сохиби ин мардум ва ин миллат?
Мегўянд, ин рузгорон камёбтарин чизи дунё шишаи плостикие ба номи “баклашка” шудааст. Онро пур аз оби чуш мекунанд ва огуш мегиранд ва ё аз ду пахлуи кудак мегузоранд, то аз сармо намиранд. Шояд ин аст, наздиктарин гамгусору начотдихандаи точикон дар айёми яхзадагй?
Filed under: Dushanbe, Life, Nation, Tajikistan, president | Tagged: Душанбе, Рахмон, Точикистон, сармо





Банди охири навиштаатро хондаму баданам мур-мур кард. Тасвири шиканчабор, аммо ростин. Вале ин рахбару рахбарй харгиз ба мо дили хуш надодааст. На ба хангоми бо ду дасти боз бозвор раксиданаш ва на ба хангоми фирор аз чашми дардбори мардуми ранчуру ситамдидааш.
Худо дуруггуям накунад: у борхо ин талошро кардааст. Ба хангоми нишастхои тарсноки давлатй гурриши садои у ба тасаввури худи у ва як мушт фиребхурда гуё садои мардум аст, ки ангушти тахдидро самти макомот такон медихаду мегуяд: “Ман медонам, ки шумохо чи кор карда гаштед! Хамашро медонам!”
Агар намедонист, ин ситаму машаккатро ба хисоби афроди перомунаш мегузоштем. Вале чун медонад ва чуз ангушт дигар чизеро такон намедихад, нафрини ситамдидагон нисораш бод.
Хатто дар ин сармои кахратун хамдардию дилсузии бегонагон араки шармро бар рухсор чорй мекунад. Вале аз рухсори рахбар, ба таъбири точикй, хун мечакад. Боз хам мачбурем аз худамон домангир шавем, ки ин гунахои хунчакон хосили биниши сиёсии мост. Ва хатто марги фарзандонамон дар нахустин сонияхои зиндагй ба мо чигару чуръат намедихад, ки садои “Хошо!” сар дихем. Шояд хамонхо хушбахт буданд, ки бидуни кашидани зачри рузгор дар бозори Черкиз моро рахо карданд, рахбарамонро хам… ва рафтанд.
Бо пузиш, ки аз фарти самимият шуморо бидуни кучактарин шинохт “ту” хитоб кардам. Пас аз мурури чанд навишта ангоштам, ки синни барумандтар аз мо доред. Поянда бошед.
Дусти арчманд, Дориюш.
“Ту” хитоб кардан дар ин пайт нишони наздикист. Агар рахбари мо аз мо дурию бегонагй мечуяд, мо бояд ба хам наздиктар ва азизтар бошем.
Холо фикр мекунам, чаноби Рахмон бароям хеч фарке аз чанобон Набиеву Махкамов надорад ва айнан хамон накшро мебозаду бехабар аз он ки ин рохест ба суи бохт. Ин хам дар холе ки у худро аввалин “фарзанди точики кухистон” дар сари кудрат медонад. Пешиниёнаш гуё точик набудаанд. Аммо холо худи у то кучо точик аст, бигзор мардум казоват кунад. Ман хам гирифтори “хофизаи хун” будам, ки рахбари мо бояд хуни пок дошта бошад, аммо баъд аз ин кадар шебу фароз холо фикр мекунам, фарке надорад, то кучо ин рахбар бояд аз лихози женетик “пок” бошад. Точик касест, ки дар гами точик самимона бисузад ва марги тифли точик баробари марги тифли худаш бошад.
Тазоди дигар ин аст, ки дар сухан у чизи дигар мегуяд ва дар амал кори дигар мекунад.
Интизори инро доштам, ки хатти барки худро катъ мекард, то ба зоишгохи Душанбе барк дода шавад. Вале хайхот.
Бадтар аз хама, ин холат исткилолияти давлати моро зери хатар гузоштааст ва сохиби ин давлат гуё хабаре надорад. Вай намефахмад, ки вазифаи таърихияш хидмат ба ояндаи кишвар аст, на ба атрофиёнаш, ки имруз серу пуру шодмон бошанд ва фардо мардум ба гурашон туф кунад.
Сарбаланд бошем.
Точвар
Salom Tojvar,
ba suoli peshinai man javob nagufted. Man mekhostam pursam, ki yagon vasoiti tamos bo shumo hast ba gayr as vositai in somona.
Manuchehr
P.S. Javobro metavoned ba pochtai elektronii man firisted.
salom mardumi tojik imruz mo tojikon yo donishjuyon dar khoriji kishvar khun megiryem baroi azobi mardumi azizi tojkiston.
vaqte in khabarhoi nokhushro meshunavem va azobi mardumi azizamonro
va duo mekunem to ki khudovan baroi mardumi tojik yagon rohbari odilro nasib gardonad toki in mardumi bo farhangu bo tarikhro az in zulumot berun barorad
va az khudovand duoi khayr dorem baroi mardumi tojik
va hamdardi moro qabul namoed hamvatanoni aziz
Дуруд ба Абдуллои азиз.
Ташаккур барои нома ва хамдардии самимонаат. Худованди бузург ва олмапанох ба бандагонаш хамеша имкони интихоб мегузорад. Дар хар холат инсон метавонад, ба ин ё он рох равад. Барои ин Худовандаи мехрубон ба инсон фаросот додааст, ки пеш аз интихоби рохи рост ё каж фикр кунад ва неку бади тасмими худро тахлил намояд.
Дар масъалаи рохбари одил ва беадолат хукуматдорони кишвари мо ба мо хеч гуна хакки интихобро койил нестанд. Онхо, ки худ гуломтабиат хастанд, барои мардуми мо шароиетро пеш меоранд, ки интихоб карда натавонад. Некро аз бад чудо накунад.
Номзадхои “ракиб”-и Рахмон дар интихоботи гузашта накши хамин гуна “обсофкунак”-ро бозиданд. Худро он кадар очизу бекифоят нишон доданд, ки дар пахлуи онхо Рахмон ситораи дурахшон шуд.
Аммо мардум метавонист ба хамаи онхо “на” бигуяд. Ба руи номи хамаашон хатти бутлон кашад, ки накашид. Дуруст аст, ки фиребу найранг хам зиёд буд. Аммо агар 80 дарсад зид овоз медоданд, инро дигар пинхон доштан ва ё тагйир додан мушкил мебуд.
Хуб, унаш гузашт, дар интихоботи оянда чи мекарда бошем. Наход ин сахтихоро фаромуш кунем ва боз ба чунин афрод овоз дихем?