Сиголи сарбастаи ормони миллй

Ламъахои нури сафед? Рамзи кухистони барфкулохи мо, ки як замон аз дидани онхо орзуи парвози фарахмандона пайдо мешуду холо хофизаи чисм бо хотирахои сармо ларза ба андоми мо меафканад? Ситорахои нурафшон! Навзодоне, ки бе чурме дар аввалин нафас поку озода аз олам гузаштанд ва ба ситорахои осмони тираи мо табдил ёфтанд? Парвози арвох?
Акс, накш, тасвир, манзара, ангора, каламй зехни [...]

Адреналини мавриди ниёзи аввалия

Маро ба тамошои филми “Мугул” даъват карданд. Каламеро гирифтам ба мунодй нишон додам ва гуфтам, бехтар аст, ман бо ин харду чашмамро кур мекунам, то чунин музахрафотро набинам. Шигифтии мунодй хадду канор надошт. Китф дархам кашид ва рафт. Намедонам ба синамо ё чои дигар.
Шунидаам, ки ин филмро ба чоизаи Оскар пешниход кардаанд. Аммо нагирифт. Оё [...]

Сангфурушон ва сари шишаии мо

Ман намехостам, ки “Андеша” нишемани матолиби “дасти дувум” бошад. “Нав пеш ор, ки навро тароватест дигар.” Мехостам, дар сархатти чабхаи навандешон бошам. Вале чи кунам, чун Симурги илхом маро ба парвоз мебарад, вокеъияти сахту сангин аз поям мекашад. Навандеш бош, аммо заминй.
Кутох, ин бор хам иктибосеро пеши ёрони хамандеш менихам. Моле эълом додааст, ки барои [...]

Сукут — аломати… чист?

Хама гуна давлат ба хурдтарин даъвои марзии кишвар ё мардумони дигар дафъатан агар эълони чанг хам накунад, дастикам посухи дандоншикан медихад. Аммо ин хакикати давлатдорй, монанди бисёр хакикатхои дигар, ба давлати Точикистон дахл намекунад. Вазорати корхои хоричии он ва Сафорати он дар Русия шояд танхо замоне эътироз мекунанд, ки агар касе номи рахбари давлат ва ё калимаи “Дангара”-ро на [...]

Ба пеш, ба Олимпиадаи Сочи!

Ин аксро дар садхо сомонаи интернетй осон метавонед пайдо кард. Дар зераш навиштаанд, ”Кафшергарии точикона”. Яке аз кафшергарон чашманди хифозатй надорад ва оташпорахо хатари сухторро ба миён меоваранд. Дар акси дигар аз зери фарши киррехта ду музаи кухна намудор аст. Зерхат: “Ин чоро точикон бетон карданд.” Манзараи як утоки хароба ва пурчанг. “Тармими точикона.” Вожаи “точик” дар Русия на танхо [...]

“Кй метавонад бигўяд, точиконаш кистанд?”

Як зани рус бо номи Олга Кондрашова дар шабакаи чахонии интернет пурсишеро нашр кард, ки ба духтараш як чавони точик талабгор баромадааст, аммо вай намедонад, точик кист.
Ин суол дар давоми чанд мох аз машхуртарин пурсишхои интернетии Русия бокй монда, хазорон нафар ба он посух додаанд. Ба шаклхои гуногун:

Мардумони бисёр маккор, агар духтари шумо издивоч кунад, чавон тамоми [...]

Рахбари рахгумзада ё миллати вайроншуда?

Ин шахс шиорхои хуб мезанад, суханони чолиб мегуяд вале харчанд мулло нест, ба гуфтааш раведу аз аъмолаш пархез кунед. Касе ки мегуяд, “саломатии миллат сарвати бебахост”, мебоист ба сайру саёхати бехудаи Техрону Маскав намерафт, балки бемористон ба бемористон, хона ба хона, кудакистон ба кудакистон мегашт ва аз вазиронаш талаб мекард, саломатии миллатро дар ин сармо [...]

Рохи нур мехохем дар зулмати сард

Дар сари болини набераи бемор. Акс аз Мейер Фостер.
МИЛЛАТИ МО БА КУЧО МЕРАВАД?
Бахс ва ё дакиктараш гуфтумоне, ки ба дунболи матлаби пешина чараён гирифт, метавонад, моро ба вахдати андеша ва амал бикашонад. Шояд хамин арзишмандии бахс сабаб гашт, ки шумори хонандагони “Андеша” ба маротиб зиёдтар шавад. Дар хакикат мо, точикон дар вазъе хастем, ки наметавонем [...]

No Revolution, илтимос…

“Ба сабаби бухрони мудхиши энержй ва эхтимолу селу обхези бахорй, боло рафтани нарххо ва бад шудани вазъи зиндагй имсол дар Точикистон инкилоби рангин мешавад!” Ин чумларо имруз дар торнамохои русй хондам, лабханд задам ва дере нагузашта фаромуш кардам.
Аммо дертар шумораи тозаи “International Herald Tribune” ба дастам афтод ва зерсарлавхае диккати маро ба худ кашиду он суханонро ба [...]

Толиб дар либоси демукрот

Гузориши TajikistanWeb.com -ро дар бораи намоиши эътироз алайхи вазири фарханги Афгонистон Абдулкарими Хуррам, ки барои корбурди вожахои дарии точикии форсй журналистонро ба чазо кашидааст, мехонаму фикр мекунам, оё ин вазир чашни Наврузро дар Афгонистон манъ мекарда бошад? Хамон гуна ки Толибон ин иди кадимиро манъ карда буданд.
Толибон зери парчами исломи бахусуси хеш орзуи бахокбурдаи Зохиршох, подшохи афгонро, [...]