Сиёсат
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
жжж
_____________________________________________________
Дар пасманзари омодагии президенти Русия ба поёни раёсат, қиёси президентҳои Гурчистон Шеварднадзе ва Саакашвилй, аъмоли раҳбари нави Туркманистон Бердимуҳаммадов ва сарнавишти президенти қирғиз Оқоев ба он меандешам, ки як раҳбар аз худ чи меросе ба мардумаш мегузорад. Эмомалй Раҳмон, ки дар давраи сахти ҳаёти кишвар бози давлат ба сараш нишаст ва акнун аз пойи ин боз ба сари худ бастаасту раҳо намекунад, мехоҳад ё на, як руз не як руз, бояд аз курсии раёсат бархезад ва ин курсиро ба каси дигар диҳад. Аммо чи меросе хоҳад гузошт?Шубҳае нест, ки вай ба кишвар хидмати зиёд кард ва тардиде нест, ки агар мехост ё метавонист, хидмати бештаре мекард. Вале як бахши мероси вай абадан ин миллатро дар ҳошияи торих нигоҳ хоҳад дошт. Раҳмон маҳалгароиро ба сатҳи олии сиёсати давлат расонд. Агар саромадони хучандй бо дастур ва бозиҳои Маскав ин корро мекарданд, Раҳмон бо машварати атрофиёни нодида ва тангназараш кореро кард, ки душмани мо накарда буд. Вай қавми худро бологузару болонишин кард ва дигаронро ба ғулому бечораву дастнигару мардикор табдил дод. Ин алам, мутаассифона, абадан аз дили мазлумон нахоҳад рафт ва войи он руз, каси дигаре ба курсии қудрат нишинаду ин роҳи нобакучоро идома диҳад.Наврасони мо имруз гоҳи интихоби касби ояндаи худ ошкоро мегуянд, ки ба кадом ришта набояд сар зананд, зеро ҳаргиз ба он соҳа ба кор нахоҳанд рафт. Масалан, кор дар ҳукумат, сафоратҳои хоричй, сарварии бонку ширкатҳои давлатй пешопеш насиби онҳоест, ки дар минтақаи чаноби олй таваллуд шудаанд. Беҳтараш бояд асову анбон гирифт ва ба Русия рафту мардикор шуд…




Чаноби Точвар, ман муддати кутох аст, ки аз сайти Шумо бохабарам ва аз баъзе чои он мутолиа кардам. Бояд ба кобилияти Шумо икрор шавам. Ман кобилияти таъсиси чунин сайтро дар назар дорам, хушнависи бошад дар хуни точикиамон модарзодист. Факат каме вакт барои саводомузи чудо намоему бас. Шумо метавонед ба гуфтахои ман рози набошед.
Он чизе, ки дар хакки давлату хукумати Точикистон ва рохбарони он менависед ин ба инсофи Шумо ва хонандагони сайт вобаста аст. Ман шодам ки нисбати дигар муаллифони маколахои игвоангезонаи сайтхои дохиливу хоричи Шумову пайравонатон бовичдонед. Ахсант.
Дар чое хондам ки ин сайтро шикамгафсони дар хукумати Точикистон буда намехонанду намефахманд. О ман бохабару хонда истодаам ку ва шиками ман гафс нес ку.
Аз аксари навиштахо гуё ки мардуми Дангара ё минтакаи Кулоб бо оби тилло гусл мекарда бошанду боки ахолии Точикистон барои онхо тилло чамъ мекарда бошанд. Он кадар мардинае ки аз ин минтака ба мардикори рафтаанд шояд нисбатан аз дигар манотики Точикистон зиёд бошад. Масалан дар шахри Кулоб гайр аз мусафедону наркоманхову чанд каси дигари нашъачалоби гумрох кариб ки дигар чавонмард намондааст. ё ин ки дар дангара аллакай хама сохиби вазифаи давлати дар Душанбе бошанд. Суханони Шумо хакикатанд, лекин то ондарачае не дустон.
Биёед икрор шавем ки агар аз кадом гушаи Точикистоне ки васфаш мекунем, дигар шахс сарвари кишвар мебуд хамин махалгароиву хешутаборбозиро мекард. Чи бародарони Бадахшони магар ба гайри бадахши вазифахои асосиро медоданд ми? Мардуми Раштонзамин хешу табори кам дорад? Мардони Водии Хисор магар ба ин кор кодир нестанд? Аз сугдиён ва зарафшониёни гуё рондашудаи даврони ленинободихо буданд харф намезанам.
Агар ба иззати нафси касе аз хонандагон расида бошам бахшиш мепурсам.
P.S. Ба ман маколаи “Ноу револушн” илтимос… ва комментарихояш ману боз чанде аз шикамгафсонро писанд омад. Миннатдорем, ки аккалан бо сухан мардуми шарафмандамонро дастгири мекунед.
Манзарат, ки ман “аккалан бо сухан мардуми шарафмандамонро дастгири мекунед” навиштам. Ман надонам, шояд Шумо аз дар точикистонбудахо зиёдтар манфиат ба кишвар биёред.
Ташаккур.
Хонандаи азиз,
Сипосгузорам аз некандешии Шумо. Дуруст аст, ки то холо мо аз тарафи хар рохбар, сарфи назар ки аз кучост, махалгарой ва хешутаборбозиро дидаему мебинем.
Дуруст аст, ки дар ибтидои кораш Эмомалй Рахмон ба афроди боэътимоди худ мебоист такия мекард. Он вакт чунин зарурат буд.
Аммо ба ин нуктаи гуфтаи Шумо розй нестам, ки хама хамингунаанд. Ва набояд насли нав низ хамингуна бошад. Хуккумат, агар ишголгар, ачнабй ва мустабид нест ва ин халкро халки худ мешуморад, бояд фарзандони бехтарини онро чамъ оварад ва аз тамоми мардум намояндагй кардаву ба тамоми мардум хидмат кунад.
Менависед, ки магар бадахшихо вазифахои асосиро ба дигарон медоданд? Як бор хайати хукумати давраи Шотемурро бинед. Додаанд ку? Махсусан ки ин давраи аввали хукумати шуравй буд ва сарони хукумат як микдор озодй доштанд. Чаро Нусратулло Махсум Лутфуллоев хамаи вазиронро аз дехаи худаш наовард?
Ин рохи бурунрафт аз вазъи феълй нест, ки кормандони як вазорат аксаран хешу табори хам бошанд. Чунин холат шароити фасод ва ришватро ба вучуд меорад.
Бисёр афсус, ки чанд сол пеш исми Кулоб ва солхои ахир Дангара ба рамз ё символхои кудрат табдил ёфтаанд. Бовар дорам дар харду минтака низ афроде хастанд. ки аз хамаи манотики кишвар дида бадтар зиндагй мекунанд. Аммо як бор руйихатти хеч не, сафирони Точикистонро варак занед, наход одамони дипломат танхо дар як нохия ба дунё оянд?
Аз мусохибаатон миннатдорам ва аз посухатон каноатманд низ хастам.
Ман бо гузаштаи худ мефахрам, вале намехохам ки ба он фуру равам (яъне он кадар аз Шотемуру Махсум иттилое надорам ба чуз онеки рохбари кишвару кахрамонони миллат буданду хастанд). Факат кушиш мекунам, ки ба имрузу фардо нигарам, вазъи оилаамро пагох хубтар кунам. Мехмонамро конеъ гардонаму ба хамсояаам кумак расонда тавонам ва чамъиятро ба кадри имкони худ дастгир бошам. Ин хама факат фардо бояд шавад. Аз имконятхои худ берун намебароям чунки бехуда намегуян “пота ба чени курпат дароз кун”. Агар натавонам кумак карда дигар узру бахшиши зиёд хам намепурсам. Медонам ки хозир мардуми мо неки куни накуни боз ягон гап аз пасат мезанад.
Руйхати сафиронро варак задам, вазиронро хам.
Аксарият, чи тавре навиштаед аз як нохия нею, аз як вилоятанд. Аз дигар манотик хам хаст хушбахтона. Лекин фикр дорам ки аз чудои ангехтан хубтар аст мардуми як минтакаро ба минтакаи дигар кучондаву омезиш созем (чигунае ки аллакай Эмомали Рахмон пешниход карданд). Мумкин 30-40 сол баъд хама точикистонием мегуянд. Худо хохад.
Ман як таклиф дорам. Биёед танкиду гапхои ба одам сахтмерасидагиро бас кунеду кам - кам дар баробари камбудихои чодошта таърифро нисбати Сарвару аъзоёни Хукумат чо дихед. Илтимос.
Ман умедворам, ки хам масъулин мактубу маколахои Шуморо ба Чаноби Президент мерасонанду хам Чаноби Оли онхоро бо хисси баланд мехонад.
Биёед кам хам бошад корхои хуб кардаи эшонро чустучу карда нависед. Агар накарда бошанд хам бе тахкиру гапи зиёд номашонро нанависед.
Дар навиштахои Шумо хаст ин пешниходоти зикршуда, лекин боз дигарон низ пайрави мехохам кунанд.
Эхтироми маро кабул доред.
Хонандаи гиромй,
Агар ичоза хаст, мо хам суол кунем.
Оё ин номаи Шумо даъват ба бозгашт ба даврони Брежнев аст?
Ба назари ман аз омезиши мардум фоидае нахохад буд, бояд тафаккур иваз шавад.
Кушиши омезиши мардум дар солхои 50 бо ташаббуси бузургмарди точик Гафуров буд. Гарчанде ин икдом хадафхои сиёсии дигар хам дошт, ки холо мавзуъи ин бахс нест, вале дар натича мардуми ба нохияхои дигар кучбаста дар хамон чамъиятхои махдуди махаллии худ боки монданд.
Чаноби Оли чи кор кардааст, ки мо у ва атрофиенашро таъриф кунем? Шармовар аст бо доштани ин хама маъданхои табии мо дар кишвар хатто гугирд ва сузанро истехсол намекунем.
16 сол магар мухлати кам аст?
Гумон аст ки масъулин ва рахбарон номаву маколахоро бихонанд. Агар онхо номуси чавонмарди медоштанд, кишварро ба ин холи табох намерасонданд, ки хатто занхои точик мачбур шуданд ба президенти Русия Путин (!!!) ном нависанд. Хок бар сари ингуна сарвари давлат ки шахрвандонаш ба рахбари кишвари дигар нома менависанд. Чаро ки доди онхоро дар Точикистон касе намешунавад.
Шояд бояд аз “чаноби олй” барои он таъриф кунем, ки хамасола як милюн точик ба саодати дидор бо Маскав ва дигар шахрхои Русия мушарраф мешаванд.
Шояд барои он ки дар Точикистон шабхои мо романтик аст. Барк надорем.
Шояд барои он ки набуди василахои дурусти хамлу накл дар Точикистон боис мешавад, ки мо каме пиёда рох равем ва ин барои саломати мо судманд аст.
Шояд барои он ки моро ба гузаштагонамон наздиктар кардааст. “Батрак”-у “мардикор” дигар мутааллик факат ба гузашта нест.
Шояд барои он ки таассуби диниро барангехтааст ва мо акнун аз аморати Бухоро хам хеле фарк намекунем.
Шояд барои он ки кишварро зери панчаи зур “ором” нигох доштааст, аз рохи асорату хабсу табиъду корхои дигар бо мухолифонаш.
Шояд барои он ки мардум метарсанд тазохурот кунанд ва давлат метарсад тазохурот бибинад.
Шояд барои он ки “аввалин хукумати ориёи”-ро ташкил кардааст, ки тасодуфан хама аз як махалланд. Пас решаи Ориёноро мушаххас кардааст.
Шояд…
Пас мо хушбахтем!
Мухтарам Хонанда!
Оё Шумо аз номи худди Чаноби Олй ба ин торнигор ворид шудаед, ки мутмаинед, шоханшохи Точикистон онро хонда шодмона хохад шуд?
Ягон газети кишвар як калимаи озод наменависад ва акнун Шумо мехохед, дар ин чо хам хеч кас як калима чаноби олиатонро танкид накунад?
Кай Шумо мефахмед, ки бе танкид ва бидуни як нигохи хушмандона ба рафтори сарвари давлату аъзои хукумататон окибат хам худ ва хам мамлакатро ба марги якин мебаред?
КАЙ ШУМО ШУКР КАРДАНРО ЁД МЕГИРЕД???????
эээээээээ………
Barodar Khonanda,
shukr as chi? Hama shukr kunem, ki as sarmoi zimistoni gusashta namurdem yo shukr as on kunem, ki nomi Tojik bo aroba va kucharubi dar jahon mashhur ast? Shoyad shukr kunem, ki 1,7 Million Tojik dar ghulomi va sole hasor nafar kushta meshavad dar Rossiya? Shukr kunem, ki yak oila tamomi kishvarro moli shakhsi kard va aholii onro ghulom?
Umedvoram javobi arsandaero meyobi.
Хонандаи мухтарам,
Токиро аз сар гирифта фикр кунед, ки магар мо бояд аз чунин вазъияти бухронии имруза дар тамоми сохахо, набудани истехсолоти дохили, ба зону задани фарханг ва забон, бесаводии саросари (талабахои синфхои болои ва донишчуён баъзан як аризаи оддиро навишта ва матлаби худро баён карда наметавонанд) ва духтару чавонзанхое, ки бо танфуруши чи дар дохил ва чи дар хорич машгуланд шукр кунем?! Кариб 1.5 млн мардуми кобили кор дар дигар кишвархо махсусан дар Русия мардикоранд, аз ин шукр кунем?!
Бо хамин шукр карданхо то ин чо расидем, фардо вакте Точикистонро аз даст додем, боз бояд шукр кунем?!
Шумо шарм намедоред?!
Dar bahs aksar ba shakhsiyat dakhle nemekunam, ammo in barodar imruz khelo tabyi maro khira namud.
Mekhoham biguyamash magar kar, kur yo mankurt ast, ki meguyad shukr boyad kard yo Tojikistonro as pushti shishai tirashudai moshini hukumati mebinad? Dar holate, ki kashoki dar navadu panj dar sadi kishvar doman pahn kardast in khiramaghs as Shukr harf mesanad.
Шояд мо аз рохи каноъату шукргузорй то ба ин чо расидем. Миллатхое, ки аз вазъи худ норозй буданду дар бехбуди он талош карданд, акнун зиндагии бехтаре доранд.
Холо як пурсиш аз хонанда: Шумо кай каноъатро ёд мегиред ва ин давлат кай аз горати мардум сер мешавад?
Шояд аз бас каноъат кардему шукр гуфтем, ба ин хол гирифтор шудем. Миллатхое, ки аз вазъи зиндагии худ норозй буданду дар бехбуди он кушиданд, акнун вазъи бехтаре доранд.
Холо як пурсиш аз Хонанда: Шумо кай каноъатро ёд мегиред? Ин давлат кай аз горати мардум сер мешавад?
Хонандаи азиз,
Ба он тавре ки дар ин чо мебинед, холо номаи дучумлаии Шумо пурхонандатарин асар дар ин торнигор аст. Лутфан сукут наварзед ва андешаи худро бинависед.
Аммо ба нукта ва аломатхои суоли зиёд хочат нест. Хама мефахмем, ки дар дил чи кадар гам дорем. Хама як чизро мехохем, аммо хар кас ба таври худ.
Ман дар ин лахза дар фикри навиштани матлаби нав хастам ва онро шояд ба Шумо мебахшам.
Сарбаланд бошед.
Шояд аксари хонандагони ин торнигор ва интернет аз Точикистон касоне бошанд, ки як дарача холи бехтари моли доранд. Зеро интернет алхол дар ватан арзону дастрас нест.
Ва чун мо-мардуме, ки ин чо сар мезанем, холи хубтаре дорем, хукуки сар печидан аз мушкилихову нодида гирифтани доги рузро надорем!
Шукр гуфтан хуб аст, вале на ба маънои даст бардоштан аз талоши рузи хубтаре ба мардумамон.
Агар коре аз даст омад, шукр гуед ва хамоно дар паи кори нав бошед!
Муваффак бошем!
Шояд аз назари рифохи холи андаке бехтар дорем, вале аз назари маънави аз онхое, ки дар Ватан хастанд бештар дар азобем…
Шукр кунед ва он маоши каме, ки мегиред, хамчун шукрона ба дасти окои Убайдуллоев супоред. Шояд неругохи Рогун сохта шавад ва шукри шумо афзун.
Ин гуна шармсории давлатро таърих ёд надорад. Макомоти давлат акнун бо эълони ошкоро ва фишори мачбурй охирин дирами мардумро аз дасташ кашида мегиранд.
Фикр намекунам, ки Хонандаи азиз аз ин икдом шод бошад. Хатман вай аз касонест, ки бо маоши хармоха зиндагй мекунад ва даромаде аз ришват надорад, он гох нони фарзандонашро чигуна таъмин хохад кард?
Куфти хорич буданро аз бас хурдем, куфрамон даромад. Магар хар он ки хорич аз кишвар аст, хорич аз мехри механ аст? Магар фарзанд аз канори домони модараш харгиз дур намешавад? Оё ин шеваи дурусти ташвики мардум ба механдустист? Агар дар механ тамоми дару дарвозаро ба руят баста бошанд чй? Агар аз шумо имкони тахсилу кор дар сарзамини худатонро гирифта бошанд чй?
Ба чй чизи ин давлати бепадар бояд шукр кард? Хонанда, лутфан як мавридашро бигу, то бишнавем. Зехни бозе дорад, ки назархои мухталифро бипазирад, то фарзандони миллат дар хидматаш бошанд? Ё мехохад хама табдил ба робот ва кишвар табдил ба инкубатор шавад? Тавони тахаммули бачахои он обу хокро дорад?
Аз ин бояд шукр кард, ки лукмаи кудаконро аз дахонашон ва пули мардумро аз чайбашон мезананду ба бахонаи Рогун намедонам чи чизе ба сараш меоранд?
Хонанда, чаро хомуш шудй? Де бигу дигар! Шукри кадом хушбахтй? Як мавридашро бигу, то шояд мо бандахои носипос хам сари акл оем.
САЛАФИ КИРО ГУЯНД?
Салаф ба каломи араб шомил буда, маънии аслиаш гузашта аст ва ба сифати салаф шахсоне ёд карда мешаванд, ки корхои накуро дар Ислом анчомиданд ва унвонии “САЛАФИ СОЛИХИН”ро, яъне унвонии Гузаштагони накукорро мушарраф гаштанд.
Дар Чумхурии Точикистон бошад имрузхо гурухе ба номи салафия дида мешавад, ки даъвои Исломро мекунанду аксарияти корхоро бидъату хато мехисобанд ва худро пайравони хакикии Хазрати Мухаммад (саллаллоhу ъалайhи васаллам) мешуморанд. Оре хар як фарди мусулмон бояд ва бешакку шубха пайрави расули акрам (саллаллоhу ъалайhи васаллам) бошад, на пайрави ягон роху равиш ва на пайрави ягон мазхабу олим.
Агар мазхаб бидъат бошад, пас салафи гуфтан бидъат нест, магар?
Албатта салафи гуфтан хам бидъат аст, ё инки дар тамоми чамомадхои салафиён гайбат кардани мусулмоне одат шудааст “ГАЙБАТ ОДАТИ ЗИШТЕСТ ДАР ИСЛОМ, КИ ХУКМИ ОН БАРОБАРИ ХУРДАНИ ГУШТИ БАРОДАР АСТ”, инчунин дар хакки бародарони исломи бадгумониро раво мепиндоранду бо нафрат ёдашон мекунанд. Яъне хилофи ояйи каримаи Куръон мекунанд “ИННАМАЛ МУЪМИНУНАЛ ИХВА” Агар Салафиён барои ислохи камбудихо ё бидъатхо дар дини мукаддаси Ислом ба чумхури ташриф оварда бошанд, ин амали некест ногуфтани, чунки дини хакикии мукаддаси ИСЛОМ сар то по тарбияту рушноист, ки окибати инсонро ба “ЧАННАТ”-и абади бурда мерасонад. Дуруст аст, ки аксарияти муллохои мо ИСЛОМ-ро ба кулли намедонанд, вале надонистани ИСЛОМ шаходат аз он медихад, ки дар Чумхурихои Осиёи маркази, махсусан дар Точикистон зиёда аз 70 сол буд, ки ахли куфр хукумат ронданд ва тули ин солхо уламои хакикии исломро нобуд гардониданд, китобхои зиёдро сузониданд ва махдудиятхоро дар дин чори намуданд. Онхое, ки ба ном диндор буданду илми кофии исломи надоштанд пешвоёни дин гардиданд, аз нодони бидъатхо чори намуданд ва билохира динро манбаъи даромади худ карор доданд. Чунин муллохои нодон то холо хам хастанд, вале ин маънои онро надорад, ки дар Точикистон гайри салафия дигар пешвоёни хакикии дин нест. Пешвоёне хастанд бехтарин амалхои расули акрам (саллаллоhу ъалайhи васаллам)-ро ичро мекунанд, аз хама мухим он аст, ки дар бахсхои илми одоби хакикии исломи, одоби паёмбари гиромикадрамон Мухаммад (саллаллоhу ъалайhи васаллам)-ро ичро карда ба дигарон низ таълим медиханд. Аксарияти Салафиён чи? На одоб дар онхо дида мешавад ва на тарбия. Дар аксари маврид дагалона муносибат карда, ба чои муттахидшавии мусулмонон парокандагиро байни чамъият тавсия медиханд. Ин суханон ба тамоми салаффиён тааллук надорад, чунки дар байни эшон шахсоне низ хастанд, ки сидкан дар дини мубини Ислом хидмат кардаистодаанд, вале аксари салафиёни имруза махсусан ахли уламоашон аз кабили Мухаммадиву Умед, ба шахсони фитнаангез шомиланд. Чунки айби мусулмонеро ошкоро ва бидуни одоби исломи дар чамъият овоза карда , байни мусалмонон ихтилоф андохтаанд, ки дар мавриди шунидани номи салафия аз чониби ханафимазхабони Точикистон, аксарияташон аз нодониву нофахми ба салафиён нафрат меоваранд. Аз нигохи дини мукаддаси Ислом, нафрат доштан нисбати бародарони мусулмон катъиян манъ ва нодуруст буда, окибати моро ба парокандаги мерасонад, вале ин нафрату бадбини аз нодурустии даъвати салафиён огоз ёфтааст.Яъне барои фахмонидани кори хак хатман ва бечуну чаро одоби паёмбари Ислом, Хазрати Мухамад (саллаллоhу ъалайhи васаллам)-ро бояд истифода намуд. Мухаммади ва шогирдонаш бошанд чи кор кардаистодаанд? дар бахсхои илми хамеша хилофи Ислом мекунанд, яъне худро ба кулли хак шумурда, одоби исломиро ба чо намеоваранд ва шахсонеро, ки ба кулли дар акидаи худ пайвастаанд аввалан Шиъахоро бадном карда онхоро кофир эълон мекунанд, баъдан мазхаби Абу-Ханифаро хато гуфта, охиста-охиста нисбати ин 2 равия нафрату бадхохиро чо менамоянд. Акидаи Салаф ин аст, ки Шиъахои Ирон ба кулли кофиранд, вале ин нодуруст аст, чунки новобаста аз Шиъа будан хар касе набошад, хох ахли тасаннуъ ва ё ахли салафу тассаввуф, яъне хар касе бошад, ки Хукми ИЛОhИ ва шариъати Исломиро инкор намояд ва ба ояхои каримаи Куръони Шариф имон наоварад-У КОФИР АСТ. Вале фикр мекунам, ки на хамаи Шиъахо дар акидаи куфранд ва на хамаи эшон кофиранд.
Агар тамоми Шиъахои Ирон кофир бошанд, пас саволе ба миён меояд, ки чаро Ирон дар маъракахои Исломи то хол ширкат меварзад, чаро аз номи Исломи бузург баромад мекунад, Чаро дар баробари ахли куфр истодагари мекунад. Ё инки мо мусулмонон номуси исломи надорем, ки кофире аз номи дини мо баромад карда, ин дини мукаддасро бадном кардааст ва солхои сол аст, ки ифтихори Ислом мекунад, худро дар чахон давлати Исломи муаррифи кардааст, магар у кофир аст? Агар шиъахои Ирон кофир бошанд , пас мо беномус хисоб мешавем, ки таи 40-сол аст, ки кофир ба чахониён худро Мусулмон муаррифи кардааст ва шаъни мусулмононро паст задааст, вале мо аз номи бузургу мукаддаси дини худ дифоъ намекунем ва шаъну шарафи дини худро химоя намекунем.
Шояд ин хама бозихои сиёсии ахли куфранд, ки ба хотири аз байн бурдан ва пароканда кардани мусулмонон пешбини шуда, максад ихтилоф андохтан дар чомеаи Исломист. Фикр мекунам, ки максади асоси-фитнаангези асту халос. Факат хадаф хами насту бас. Чаро тули ин солхо хам салафиён арзи хасти менамуданд ва хам шиъахо, вале ба кули ахли куфр зикр намудани Шиъахо аз чониби салафиён иброз намешуд, факат онхоеро кофир мегуфтанд, ки заруриёти диниро инкор мекарданд ва ба баъзе масъалоти шаръи имон надоштанд, вале имруз бошад чи? Тамоми Шиъахои Иронро ба куфр мехонанд, то ки ягон мусулмон дифоъи ислом нанмояд. Шиъахоро дар давоми хокимияти Исломи ташкил намуданашон хеч кас нагуфт ки кулли эшон кофиранд ва замоне, ки Амрико иброз намуд, ки бояд Иронро бизанад, ногахон аз кучое Ахли Салаф ба ном гурухе дар манотики мусулмонон пайдо гаштанд, ки тамоми Шиъахои Иронро ба куфр Хонда, китобхои хоинони Исломро аз номи “ШИЪА” БАРОВАРДА МУНТАШИР ГАРДОНИДАНД.
Ай Мусулмонон!!! Шумо пеш аз хама ба хуш оед, фикр кунед ончи шунидед, тачзияву талил ва тахкик намуда, пас он амал намоед. Чаро мо бояд чизеро шунидем бе тахкик амал кунем. “Оё ин аз руи адолат аст?” Не албатта, чунки бе тахкик амал кардан фардо “РУЗИ КИЁМАТ” чавобгарии чидди дорад. Хеч вакт аз ёд набояд баровард, ки суханвари аз амалкуни сар то по фарк доранд. Яъне шахси воъиз бояд ба гуфтаи хеш амал намояд, агар дар кирдору рафтори у аз гуфтахояш дида нашавад, пас барои бовар кардани у тахкик лозим аст.
ВОЪИЗОН ХУД ЧИЛВА ДАР МЕХРОБИ МИНБАР МЕКУНАНД,
ЧУН БА ХИЛВАТ МЕРАВАНД, КОРХОИ ДИГАР МЕКУНАНД.
Агар салафиёни имруза даъватгари асил бошанд, бояд аввалан одоби исломи дошта , гузаштагони Исломро гайбату тухмат нанмоянд, махсусан Имоми Аъзам (р.ъ)-ро, ё инки Ояйи Карима ба онхо тааллук надорад.
“АССАБИКУНА ВАСАБИКУН”,
яъне пешиниён аз Шумо дида пешкадамтар буданд ва аз Шумо дар хама чабха бартари доштанд. Онхоро ба неки ёд кунед. Фардо рузи киёмат ягон салафи, ё ханафиву шиъаро аз кирдорхои якдигар намепурсанд, факат аз амалхои кардаи худ пурсида мешаванд+..
АЙ МУСАЛМОНОН БЕДОР ШАВЕД, КИ ИН ОЛИМОНИ ФИТНААНГЕЗ “БАЪЗЕ АЗ САЛАФИЁН ВА ХАНАФИЁНУ ШИЪАХО” ШУМОРО БА ГУМРОХИ МЕАНДОЗАНД.
Яке аз нишонахои шайтони лаъин он аст, ки ихтилоф андозад аз рохи кач вагар аз рохи кач ихтилоф андохтан ба у муйасар нагардад, ба рохи рост ручуъ мекунаду мусалмонро аз рохи рост фиреб медихад, яъне он шахсоне, ки бо АХЛИ ФИТНА, агар хамрохи дошта бошандд кори хакке, ки шуниданд онро кабул намоянд акидаи хаккро бипазиранд, вале бо онхо дар иртибот нашаванд, ки окибаташон гумрохист. Махсусан бо Мухаммади ва амсоли эшон.
Аз кулли хонандагон хохиш менамоям, ки ба ихтилоф дода нашавед ва барои шубханокии чизе ё касе тахкик намуда, пасон амал намоед.
(СУХАНОНИ МАЗКУР БА ХАММАИ САЛАФИЁН ТААЛЛУК НАДОРАД, ФАКАТ БА ОНОНЕ, КИ ДАЪВАТРО БО ФИТНА ЯКЧОЯ ИСТИФОДА БУРДАИСТОДААНД)
ВАСАЛАМУ ЪАЛАЙКУМ ВАРАhМУТУЛЛОhИ ВА БАРАКОТУh