Гулчин
Бадриддини Ҳилолй
Зи оби чашми ман гил шуд ба роҳи ишқ манзилҳо,
Надонам, то чи гулҳо бишкуфад охир аз ин гилҳо.
Шикастй аҳд, бар дилҳои ғамгин, сўхтй доғе,
Зиҳй доғе, ки то рўзи қиёмат монд дар дилҳо.
Ман аз хубон басе ғамҳои мушкил дидаам, лекин
Ғами ҳичрон бувад мушкилтарини чумла мушкилҳо.
Сазад гар бар сари тобути мо гирянд дар кўяш,
Чаро, к-аз манзили мақсуд барбастем маҳмилҳо.
Чу он маҳ ёри ағёр аст, гирди ў магард, эй дил!
Чаро парвона бояд шуд барои шамъи маҳфилҳо?
Зи тўфони сиришки худ ба гирдобе гирифторам.
Ки умри Нўҳ гар ёбам, бубинам рўи соҳилҳо.
Ҳилолй чун ҳарифи базми риндон шуд, бихон мутриб:
“Алоё айюҳасссоқй адиркаъсан вановилҳо…”
Нақибхони Туғрал
Қомате дар зери бори ишқ хам дорем мо,
Нағмае аз сози дил бе зеру бам дорем мо.
Хоксорй нест кам аз дастгоҳи эътибор,
Бурёи фақр ҳамчун тахти Чам дорем мо.
Сози беоҳанги мо матбўи табъи кас нашуд,
Ҳарчй меояд зи мо, бар худ ситам дорем мо.
Ҳастии мо нест ин чо ғайри сомони арақ,
К-аз нигини хеш чои ном нам дорем мо.
Гар ба мо аз чоми қисмат бодаи ишрат нашуд,
Шаҳди роҳат аз насиби заҳри ғам дорем мо.
Нест кирдоре, ки аз мо дастгири мо шавад,
Дасти уммеде ба домони карам дорем мо.
Аз вучуди мо, ки имкон нанг дорад дам ба дам
Ҳастии оғозу анчоми адам дорем мо.
Гар ҳамин бошад сулуки шеваи ихвони даҳр,
Кай умед аз лутфи холу меҳри ам дорем мо!
Сар назад бо номи мо як ахтар аз бурчи шараф,
Толеъе з-иқболи бисёр кам дорем мо.



